Daily Archives: 05.08.2020

images

5500-СОЛАГИИ САРАЗМИ БОСТОН ИСБОТИ ҚАДИМА БУДАНИ МИЛЛАТИ ТОҶИК

Сарчашмаҳои таърихӣ гувоҳӣ медиҳанд, ки бозёфтҳои маданияти қадимаи халқи тоҷик ба ҳазорсолаи чоруми то мелод, мансуб буда, аввалин шаҳрҳову нахустин давлатҳои таърихии мо дар ҳамин сарзамин ба вуҷуд омадаанд, ки намунаи баҳтаринашон шаҳраки қадимаи Саразм мебошад.
Эмомалӣ Раҳмон
01

Корҳои фаҳмондадиҳӣ идома дорад

Бо мақсади пешгирии паҳншавии мавҷи дуюми бемории сироятии Covid-19 кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Конибодом санаи 5-уми август дар мағозаву мавзеъҳои серодами ҷамоати деҳоти Патар корҳои фаҳмондадиҳиро роҳандозӣ намуда, ба сокинон ниқобҳои муҳофиҳатӣ ва Муроҷиатномаи  кумиҷроияи шаҳрии ҳизбро тақсим намуданд.

Иқдомоти башардӯстонаи Пешвои миллат

Миллати тоҷик имрӯз дар фазои озоду кушоди соҳибистиқлолӣ умр ба сар бурда, баҳри гулгулшукуфоии диёри хеш дастҷамъона  заҳмат мекашад. Ҳар як сокини кишвар хуб медонад, ки ин ҳама дастовардҳои беназири замони истиқлолият бо номи фарзанди фарзонаи халқи тоҷик  Асосгузори сулҳу  ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавъам аст.

01

Захираи маҳсулот барои зимистонгузаронӣ

Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон оид ба дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самаранок истифодабарии замин бо сокинони шаҳру шаҳракҳои Гулистон мулоқот доир намуданд.