Daily Archives: 06.08.2020

IMG_20200806_102728

Корҳои фаҳмондадиҳӣ идома дорад…

Баҳри пешгирии паҳншавии бемории сироятии коронавирус санаи 6-уми августи соли ҷорӣ кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Конибодом якҷоя бо намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим ва Бахши кор бо ҷавонон ва варзиш дар бозори Марказии шаҳр аксияи тарғиботӣ ба роҳ монда

117295028_2641978426069390_6402946930431292517_n

Ҷаласаи якҷояи аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

20200730_141121

БА САЛОМАТИИ ҲАМВАТАНОН БЕТАРАФ НЕСТЕМ!

Тибқи нақша-чорабинии КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд  ҷиҳати пешгирии хуруҷи мавҷи дуюми бемориҳои сироятӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ аз ҷониби гурӯҳи тарғиботчиён бо иштироки Набизода Мадина Раҳмат- узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мутриба Бобоҷонова- мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи КИ ҲХДТ дар вилоят ва  Ҷалолзода Миршакар Саид- Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон мулоқоти рӯ ба рӯ  бо истиқоматкунандагони биноҳои бисёрошёна баргузор гардид.

изображение_viber_2020-08-06_14-31-19

Идомаи корҳои фаҳмондадиҳӣ

Имрӯз санаи 06.08.2020 бо мақсади пешгирии паҳншавии мавҷи дуюми бемории сироятии каронавирус Covid-19  дар ҷойҳои серодами маркази ноҳияи Айнӣ аз ҷониби кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Айнӣ   корҳои фаҳмондадиҳӣ роҳандозӣ гардида  ба шахсони бе ниқоб  ниқобҳои муҳофизати ва варақаҳои иттилоотӣ тақсим карда шуд.

117315663_165589398390708_6624442400662652891_n

ТАВСИЯҲОИ СУДМАНД ВОБАСТА БА БЕМОРИИ СИРОЯТИИ КОРОНАВИРУС

Бо мақсади пешгирӣ ва мубориза ба бемории сироятии коронавирус бо ташаббуси шуъбаи кор бо ҷавонон ва занони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон дар якҷоягӣ бо бахши кор бо ҷавонон ва варзиши Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон, аъзоёни фаъоли ТҶҶ “Созандагони Ватан”-и назди Кумиҷроияи шаҳрӣ

116900373_726478211480173_4109440688374540311_o

Cамаранок истифода намудани заминҳои наздиҳавлигӣ

Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ашт оид ба иҷрои дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба самаранок истифода намудани заминҳои наздиҳавлигӣ ва пешгирии бемориҳои сироятӣ байни сокинони Ҷамоату шаҳракҳои деҳоти ноҳия корҳои трағиботиро роҳандозӣ намуда, корбарӣ дар ин самт идома ёфта истодааст.

IMG_20200619_100138

Эҳтиёт нисфи ҳаёт!

Ҷиҳати пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории сироятии коронавирус аз ҷониби кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров  корҳои фаҳмондадиҳӣ оиди риояи гигиенаи шахсӣ, риояи фосилавии муошират, истифодаи ҳатмии ниқоби тиббӣ ва бе зарурат ба кӯча набаромадани сокинон фаҳмонида шуда истодааст.

изображение_viber_2020-08-05_10-33-30

Муқоисакунӣ бо маром идома дорад

Бинобар ба тартиб даровардани бақайдгирии узви ҲХДТ ва баланд бардоштани интизоми дохилиҳизбӣ дар тамоми кумитаҳои иҷроияи ибтидоӣ ва ташкилотҳои ибтидоии ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров  муқоисакунии аъзои ҳизб аз тарафи кормандони масъули кумиҷроияи гузаронида шуда истодааст. Инчунин аз рафти муқоисакунӣ ҳамарӯза ба КИВ ахборот дода мешавад.

IMG_3712

Муқоисакунии аъзои ҳизб дар шаҳри Истаравшан

Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Истаравшан дар асоси дастури КИМ ҲХДТ  дар вилояти Суғд дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ муқоисакунии аъзои ҳизбро гузаронида истодаанд. Ин навбат кормандон ба ташкилотҳои ибтидоии Беморхонаи марказӣ ва Фарҳанг рафта бо раисони ташкилотҳои ибтидоӣ муқоисакунии аъзои ҳизбро гузарониданд.

116916285_595424504697232_11239532074688170_o

Некӣ бимонад ҷовидон…

Аёдату хабаргирии табақаи ниёзманди аҳолӣ дар меҳвари фаъолияти ҲХДТ қарор дошта, ин иқдом пайваста роҳандозӣ мегардад. Аз ҷониби раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Зафаробод Туйғун Шарифзода ва вакили маҷлиси вакилони халқи ноҳия Наимов Ҷамшед сокинони Ҷамоати шаҳраки Зафаробод Туйматова Уғилой ва Раҳматова Анбарой аёдат гардида, ба Бобоев Турсунбой маъюби гурӯҳи дуюм аробачаи маъюби  тақдим карда шуд.

117168059_777513513003566_6678782224699419284_o

Мулоқоти судманд дар мавзӯи «Пешгирии падидаҳои номатлуб дар байни бонувон»

Тибқи нақша-чорабинии КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд бо ҳамбастагии КИ ҲХДТ дар шаҳри Исфара дар маҷлисгоҳи бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳр мулоқоти судманд бо занҳои фаъоли шаҳр баргузор гардид. Дар кори он Зиёваддинзода Суруридин — раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Исфара, Мадинахон Салимзода — мудири шуъбаи кор бо занони КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд ,Хуршедахон Хоҷазода — сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи МИҲД-и вилояти Суғд, Мадина Бобоиён — муовини раиси шаҳри Исфара,  Муаззамхон Болтаева — ҳамоҳангсози ташкилоти ҷамъиятии “Сарчашма” ва Муҳиба Ёқубӣ- мудири бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳри Исфара иштирок намуданд.

117163372_3245714355472364_278764099984018862_o

МАЪРИФАТНОКИИ АҲОЛӢ БЕҲТАРИН ВАСИЛАИ ТАШАККУЛИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ

Бо мақсади пешгирӣ ва мубориза ба бемории сироятии коронавирус имрӯзҳо дар ҳамаи гӯшаву канори кишварамон чорабиниҳои таблиғотиву ташвиқотӣ вусъати тоза мегирад. Мақомоти иҷороияи ҳокимияти давлатии вилоят ва масъулони шаҳру навоҳии бо ҳамдастии кумиҷроияҳои шаҳрӣ ба хотири коҳиш додани сатҳи беморӣ бевоситаи дар маҳаллаҳо бо сокинон мулоқотҳо доир менамоянд.
Без названия

ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

117189937_4182912641778890_8420309289236217979_o

Боздид аз боғу токзори хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияи Хуросон