Daily Archives: 12.08.2020

01

Маҷлиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Зафаробод баргузор гардид.

Дар толори маҷлисгоҳи  ТИ “Фарҳангчиён” маҷлиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Зафаробод  бо иштироки аъзоёни кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия, роҳбарони ташкилоти ибтидоӣ, вакилони халқ ва намояндагони васоити ахбори умум баргузор гардид. Дар кори маҷлис муовини раиси ноҳия Абдуллозода Зарина Ислом ширкат намуд.

01

Ҷаласаи кумиҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Субҳи имрӯз  дар толори кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ маҷлиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон  Ғафуров бо иштироки муовини раиси ноҳия Турсунзода Дилором баргузор гардид. Дар рӯзномаи ҷаласа се масъалаҳои асосӣ пешбинӣ шуда, мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

01

РЕЙДИ МАХСУС: ПЕШГИРӢ АЗ СИРОЯТЁБӢ ДАР КОШОНАҲОИ ҲУСН

Гурӯҳе аз кормандони шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд, ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан”-и назди КИ ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд  дар ҳамкорӣ бо шуъбаи кор бо занон ва оилаи МИҲД –и шаҳр, маркази саломатӣ ва маркази санитарию беҳдоштии шаҳри Хуҷанд бо мақсади пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории сироятии коронавирус фаъолияти кошонаҳои ҳусни шаҳри Хуҷандро мавриди санҷиш қарор доданд.  

01

Баргузории Маҷлиси ғайринавбатии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Конибодом

Тибқи ҷадвали Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд санаи 12 — августи соли ҷорӣ дар толори Коллеҷи технологии шахри Конибодом Мачлиси ғайринавбатии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Конибодом бо иштироки аъзоёни кумиҷроия ва вакилони маҷлиси шаҳрӣ баргузор гардид.
01

Иҷрои Қонун дар амал

Ҷиҳати татбиқи Қонунҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Конибодом  бо сокинони ҷамоати деҳоти Ғафурҷон Ортиқов бо дарназардошти вазъи эпидемиологӣ мулоқоти тарғиботӣ роҳандозӣ намуда, бобати дастовардҳои қонуни мазкур дар самти кам гардидани хароҷоту масрафҳои зиёдатии сокинони кишвар  ва беҳтар гардонидани вазъи некӯаҳволии онҳо ибрози андеша намуданд.

Истиқлолият ва имкониятҳо

Яке аз муҳимтарин дастовардҳои мо дар даврони истиқлолият давлатсозӣ ва давлатдории муосири миллӣ мебошад, ки моҳияти шакли ҳуқуқбунёд, иҷтимоӣ ва дунявиро дорад.                

                                                                                          Эмомалӣ Раҳмон

Мулоқоти судманд

Кормандони масъули КИ  ҲХДТ дар ноҳияи  Бобоҷон Ғафуров бо намояндагони ташкилотҳои ибтидоии   соҳаи маориф мулоқот доир намуда,  бо онҳо оиди  пешгирии бемориҳои  сироятӣ коронавирус, татбиқи босамари Қонуни ҶТ “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстиву ҳуввияти миллии занону ҷавонон, арҷ гузоштан ба арзишҳои милливу фарҳангӣ, нигоҳ доштани мафкураи зеҳнии шаҳрвандон аз ҳама гуна ғояҳои номатлуб, аз даст надодани зиракии сиёсӣ суҳбат гузарониданд.

01

ГАРДИШИ ХОНА БА ХОНА

Имрӯз санаи 11.08.2020 масъулони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Айнӣ тариқи гардиши хона ба хона ба якчанд хонаҳои истиқоматии сокинони ноҳия ташриф оварда, баҳри пешгирии мавҷи дуюми Covid-19 корҳои фаҳмондадиҳиро доир намуданд.

IMG_20200518_100032

ОМОДАГИИ ОМӮЗГОРОН БА СОЛИ ХОНИШИ 2020-2021

          Имрӯзҳо дар тамоми муассисаҳои таълимии соҳаи маорифи ноҳияи Шаҳристон омодагӣ барои соли хониши   2020-2021 баргузор гардида истодааст.