Monthly Archives: Сентябрь 2020

Бо ифтихор интихоб мекунам
Агар ба таърихи идораи давлатии мамолики ҷаҳон назар афканем нафароне сарварӣ намудаанд, ки лаёқати кордонии олӣ дошта, дар давраҳои душвор ва ҳассоси халқ бо халқ буданду барои расидан ба зиндагии гуворотар кӯшиш ба харҷ додаанд. Номи онҳо ба таври ҳамешагӣ дар дилу дидаҳои мардум боқӣ монда, дар авроқи таърихи ҳамон миллату халқ корномаҳо бо хати тиллоӣ сабт гардидаанд.

Фаҳмонидани самтҳои Барномаи пешазинтихоботӣ
Тибқи нақша чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи вилоятӣ ва Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон дар маҳалла ҷиҳати фаҳмонидани самтҳои Барномаи пешазинтихоботии номзад аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба масаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вохӯрӣ бо занони хонанишин доир гардид.

БАРОИ ҲАР ЯК ЛАҲЗАИ ВАҲДАТ БОЯД САҲМГУЗОР БОШЕМ!
Имрӯз дар асоси нақшаи баргузории вохӯриву мулоқотҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон дар якҷоягӣ бо Шӯрои вилоятии ҳаракати ҷамъиятии Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар бинои Қасри фарҳанги шаҳри Бӯстон вобаста ба фаҳмонидани мазмун ва муҳтавои маъракаи муҳими сиёсӣ — Интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ин замина ошноӣ бо Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Корҳои тарғиботӣ идома доранд
Дар толори ташкилоти ибтидоии шаҳраки “Чоруқдаррон” оид ба таблиғу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо интихобкунандагон вохӯрӣ доир гардид.

Мулоқот бо омӯзгорони МТМУ №5
Идомаи баргузории мулоқоту вохӯриҳо оид ба тарғибу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо омӯзгорони МТМУ №5 дар Ҷамоати деҳоти Ғӯлакандоз

ДАР КАНОРИ МАРДУМ БОШЕМ!
Дар маҷлисгоҳи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд бо иштироки аъзоёни ситоди пешазинтихоботӣ ва раисони кумитаи маҳаллаҳо ҷаласаи ситоди навбатӣ доир гардид.

Бонувон ҷонибдори номзади арзандаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон
Чунин унвон додани мизи мудаввар, ки бо ибтикори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд санаи 29.09.2020 дар МТМУ №24-и шаҳри Конибодом баргузор гардид беҳуда нест, зеро занону бонувони даврони соҳибистиқлолӣ ҳамеша бо дарки баланди масъулиятшиносӣ ғамхориҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро эҳсос менамоянд.

Намоиши филми ҳуҷҷатии “Хиёнат” дар Ҷамоати деҳоти Ориён
Санаи 29 сентябри соли ҷорӣ дар назди боғи бинои Литсейи касбии техникии саноати кишоварзӣ ва тӯйхонаи «Расулҷон»-и Ҷамоати деҳоти Ориёни ноҳияи Ашт филми ҳуҷҷатии “Хиёнат” ба намоиш гузошта шуд.

Интихоби номзади арзанда ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон
КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳристон дар асоси ҷадвали тасдиқгардидаи КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд оид ба тарғибу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, гуруҳи тарғиботӣ бо роҳбарии мутахассиси шуъбаи таҳлил ва иттилооти КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Мирмуллоев Н ва устоди ДИС ДТТ Азимов А, Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳристон Қодирӣ Р, мулоқотро идома дода, дар деҳаҳои Чашмасор, Ваҳдат, Турсунзода бо интихобкунандагони ноҳияи Шаҳристон мулоқот ороста шуд.

ТЭТ ҲНИД- душмани сулху вахдат аст
Мардуми шарифи Тоҷикистон оқибатҳои даҳшатнок ва зарбаҳои ҷонкоҳи ҷанги шаҳрвандонро хуб дар ёд дорад. Ҷанги дохили аз ҷониби доираҳои муайян ва бадхоҳони миллати тоҷик бо мақсади басари мардуми мо таҳлил кардани маҳзабу фарҳанги бегона ва бунёди давлати исломӣ оғоз шуда, боиси ба ҳалокат расидани даҳҳо ҳазор нафар шаҳрвандони мамлакат ва ҳисороти озими иқтисодӣ гардид.

МО ҶАВОНОН БО ПЕШВОИ МИЛЛАТЕМ
Намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” ки дар КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳристон дар асоси нақшаи кори оид ба тарғибу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷавонони ташкилотҳои ибтидоии К.Ғозиев ва Ш.Атабоев вохури доир намуда суҳбату мулоқотҳо баргузор намуд.

Мулоқот бо интихобкунандагон
Дар доираи чораву тадбирҳои марбут ба маъракаи муҳими сиёсии дар пешистода — интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 28-уми сентябри соли ҷорӣ дар беморхонаи бачагонаи шаҳр ва Тӯйхонаи Пахтакар тибқи нақшаи кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Конибодом ҷаласаи навбатии тарғиботию фаҳмондадиҳӣ бо интихобкунандагони ҳуҳуди шаҳр ва ҷамоати деҳоти ба номи Ғафурҷон Ортиқов доир карда шуд.

Идомаи корҳои тарғиботӣ
Тибқи нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри конибодом бо мақсади муаррифии Барномаи пешазинтихоботии номзад аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба вазифаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мулоқоти гурӯҳи муштараки тарғиботии КИМ ҲХДТ, КИВ ҲХДТ ва КИШ ҲХДТ бо сокинони кумитаҳои маҳаллии ба номи Ашӯрмат Қодиров, Толибов Диловар, Гумбазӣ ва Ҳавзи баланди ҳудуди шаҳр дар толори маҷлисгоҳи МТМУ №4 баргузор карда шуд.

Тарғибу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҲХДТ
Тибқи нақшаи чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва КИ ҲХДТ дар шаҳри Гулистон санаи 28 сентябри соли 2020 дар толори кохи “Истиқлол”-и шаҳри Гулистон ҷиҳати тарғибу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вохӯрии васеъ доир гардид.

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БУНЁДГУЗОРИ ДАВЛАТИ МИЛЛӢ
Дар асоси нақша — чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи вилоятӣ ва шаҳрии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон нимаи дуюми санаи 28 сентябр дар маҷлисгоҳи Донишкадаи куҳӣ-металлургии Тоҷикистон ҷиҳати фаҳмонидани бандҳои Барномаи пешазинтихоботии номзад аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба маснади Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вохӯрӣ бо собиқадорон, омӯзгорон, ҷавонон, занон, сокинон ва истиқоматкунандагони шаҳри Бӯстон доир гардид.