Daily Archives: 17.09.2020

Вохӯрӣ бо интихобкунандагони деҳаи Махшевад

Вохӯрии судман
Имрӯз дар МТМУ№6 шаҳри Истиқлол вохӯрӣ бо хатмкунандагон баргузор карда шуд, ки дар он ҳайати тарғиботчиёни КИ ҲХДТ дар шаҳр М.Ниёззода ва Х.Гулов ширкат варзида, доир ба пешгирии бемории короновирус ва риояи қоидаҳои санитарӣ, тарзи ҳаёти солим ва илму ҳунаромӯзӣ бо мақсади баланд бардоштани дониши ҳуқуқӣ ва сиёсии ҷавонон суҳбат намуданд.

Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент соҳиби бино шуд

Оғоз бахшидан ба корҳои сохтмонӣ дар корхонаи истеҳсоли шиша ва зарфҳои шишагӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ифтитоҳи бинои 9 — ошёнаи истиқоматӣ барои кормандони Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд

ЧОРАҲОИ ПЕШГИРӢ АЗ БЕМОРИИ COVID-19 ДАР ШАҲРИ ХУҶАНД
Ҷиҳати вусъат бахшидани корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ ва дар ин замина фаҳмондани паёмадҳои хатаровари бемории сироятии коронавирус рӯзи гузашта мудири шуъбаи кор бо ҷавонон, роҳбари намояндагии ТҶҶ» Созандагони Ватан»-и Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Эҳсон Исоев ва сармутахассиси шуъбаи ташкилии кумиҷроияи шаҳри Исмоил Латипов дар кӯчаву хиёбонҳои шаҳр, макони сераҳолии шафати боғи ба номи Камоли Хуҷандӣ корҳои фаҳмондадиҳиро бо аҳолӣ анҷом доданд.

ОЯНДАРО БО ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ, МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БУНЁД ХОҲЕМ КАРД
Номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба тарғибу дастгирӣ эҳтиёҷ надоранд. Кору пайкорӣ созандаашон дар таърихи навини давлатдории тоҷикон ба ҳайси бунёдгузори давлати соҳибихтиёр, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, таҳиягари пояҳои ҳуқуқи ин миллат, эҳёкунандаи арзишҳои фарҳангиву динӣ, посдори номи қаҳрамонони таърихӣ, ҳомӣ ва муҳофизи манфиатҳои миллат ва ҳуқуқу озодиҳои инсон бо ҳарфҳои заррин ба саҳнаи таърихи муосири тоҷикон абадулдаҳр сабт гардиданд.

ВОХӮРИИ СИТОДИ ПЕШАЗИНТИХОБОТӢ БО ИНТИХОБКУНАНДАГОНИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ДАР-ДАР
Тибқи нақшаи Ситоди пешазинтихоботии КИ ҲХДТ дар ноҳияи Айнӣ бо интихобкунандагони деҳаҳои Искодар, Дар-Дар, Зеробод ва дигар рустоҳои Ҷамоати деҳоти Дар-Дар вохӯрӣ доир гардид.

Омодагӣ ба интихобот
Намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рафти омодагӣ ба ин маъракаи муҳими сиёсӣ аз якчанд ташкилотҳои ибтидоии ҷамоатҳои ноҳия шинос шуданд.

Намоиши филми «Хиёнат» дар Ҷамоати деҳоти Сомониён
Дар асоси нақшаи тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷаббор Расулов дар МТМУ №11 воқеъ дар Ҷамоати деҳоти Сомониён бо иштироки ҷавонони фаъол ва аъзоёни ТҶҶ «Созандагони Ватан» намоиши филми ҳуҷҷатии «Хиёнат» ба роҳ монда шуд.

Ҷавонон қувваи пешбарандаи ҷомеа
Ҷавонони фаъоли ҷамоати деҳоти Зарзамин бо як руҳияи ватандӯстӣ, ба кӯчаҳо баромада сокинонро ба маъракаи муҳими сиёсӣ, яъне интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки санаи 11 октябри соли равон баргузор мегардад даъват намуданд. Ин иқдом дар ҳамаи ҷамоатҳои ҳудуди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров идома дорад.