Daily Archives: 19.09.2020

ИНТИХОБОТ ИРОДАИ СИЁСИИ ХАЛҚ АСТ!
Имрӯз бо мақсади таблиғу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар толори калони Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон бо иштироки Мусоева Рафиқа Ғаниевна- ходими ҳизбию давлатӣ, собиқадори меҳнат, иштирокчии бевоситаи Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сатториён Матлубахон Амонзода- Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд

Саноатчиён ҷонибдори сиёсати давлат
Дар асоси нақша чорабинии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Конибодом бо мақсади тарғиби барномаи пешазинтихоботии номзади Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон – Раиси муаззами он муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кормандони корхонаи саноатии “Коргоҳи таъмири қатораҳои Маҳрам” мулоқот барпо карда шуд.

ЗАҲМАТИ СОФДИЛОНА – КАФИЛИ ПЕШРАФТИ ЗИНАГИИ МАРДУМ
Тибқи нақша-чорабинии КИ ҲХДТ дар шаҳри Истаравшан ҳайъати гурӯҳи тарғиботии Кумитаи иҷроияи шаҳрӣ бо донишҷӯёни Коллеҷи тиббии шаҳр вохӯрӣ гузарониданд. Дар вохӯрӣ аъзои гурӯҳи тарғиботӣ М.Абдуваҳҳобова иштирокчиёнро бо мӯҳтавои Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президентӣ Эмомалӣ Раҳмон аз ҲХДТ шинос кард.

Вохӯрӣ бо интихобкунандагон дар маҳалла
Тибқи ҷадвали баргузории мулоқоту вохӯриҳо оид ба тарғибу ташвиқи “Барномаи пешазинтихоботии номзад ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” КИ ҲХДТ дар шаҳри Гулистон дар маҳаллаи якуми Маркази шаҳр вохӯрӣ бо интихобкунандагон доир намуд. Дар он Раиси Кумиҷроияи шаҳрӣ Муслимахон Ҷамолиён, мудири шуъбаи кор бо занон Муяссар Раҳимова ва раиси маҳалла Роҳатой Раҳимова иштирок доштанд.