Daily Archives: 21.09.2020

Суханронӣ дар видеоконференсия бахшида ба гиромидошти хотираи собиқ Раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Бурҳониддин Раббонӣ

КОРҲОИ ТАРҒИБОТӢ ИДОМА ДОРАНД
Дар ноҳияи Мастчоҳ ташвиқи густурдаи Барномаи пешазинтихоботии номзади пешбаринамудаи ҲХДТ ба мақоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби гуруҳи тарғиботии кумиҷроияи вилоятии ҳизб идома дорад.

Мулоқот бо интихоботкунандагон
Гурўҳи тарғиботии Кумитаи иҷроияи вилоятӣ ва шаҳрии ҲХДТ бо сарварии раиси ситоди шаҳрии пешазинтихоботӣ, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мурод Шукурзода, дар ҳайати мудири кафедраи таърихи донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент Салоҳиддин Исроилов ва роҳбари дафтари матбуоти КИ ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент Турдибой Солеҳзода ҷиҳати ташвиқи нуктаҳои асосии Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҲХДТ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон силсилаи мулоқотҳоро дар ҷамоатҳои деҳот оғоз намуд.

Интихобот – фардои дурхашони моро муйян месозад
Санаи 21-уми сентябри соли 2020 дар асоси ҷадвали тасдиқгардидаи ситоди пешазинтихоботии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ва ҷадвали Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Спитамен дар ташкилоти ибтидоии Истгоҳи Спитамен мулоқот бо кормандони ташкилоти ибтидоӣ ва сокинони кӯчаи Усмоналиеви ҷамоати шаҳраки Навкат баргузор гардид.

РӮЙ СӮИ ОБОДӢ, РӮЙ СӮИ ПЕШРАФТ
Дар асоси нақшаи баргузории вохӯриву мулоқотҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд бо интихобкунандагон субҳи имрӯз дар Маркази саломати рақами 1 –и шаҳри Хуҷанд вохӯрии шахси боэътимоди номзад аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмолмалӣ Раҳмон

Вохӯрӣ бо интихобкунандагон
Имрӯз аз тарафи гурӯҳи кории КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд иборат аз Комилӣ И – директори Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд, Мирмуллоев Н — муттахассиси шуъбаи таҳлил ва иттилооти КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд,Қодирӣ Р – Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳристон, Азимов А- устоди ДИС ДТТ, дар ЛКСК-и ноҳия бо устодону донишҷӯён ва дар маҳаллаи Бофанда бо истиқоматкунандагони маҳаллаи мазкур мулоқоту вохӯрӣ оид ба тарғибу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуд.

Омодагӣ ба интихобот
Гурӯҳи кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент бо дастури ситоди пешазинтихоботии ҳизб имрӯзҳо аз қитъаҳои интихоботӣ боздид ба амал меорад.

Тарғибу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҲХДТ
Имрӯз тибқи нақшаи баргузории мулоқоту вохӯриҳо оид ба тарғибу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Муаррифии барномаи пешазинтихоботии номзади ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Санаи 21-уми сентябри соли ҷорӣ тибқи нақшаи кории муштараки Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Конибодом бо мақсади муаррифии барномаи пешазинтихоботии номзади Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон – Раиси муаззами он муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

МУЛОҚОТ БО ИНТИХОБКУНАНДАГОНИ ДЕҲАИ ЗООСУН
Имрӯз дар деҳаи Зоосуни Ҷамоати деҳоти Айнӣ вохӯрии Ситоди пешазинтихоботии КИ ҲХДТ дар ноҳияи Айнӣ бо интихобкунандагон баргузор гардид, ки дар он роҳбари ситод, раиси кумиҷроияи ноҳиявӣ Рӯзибой Раҳимзода, аъзоёни ситод – муовини раиси ноҳия Гулсара Зокирзода, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши МИҲД-и ноҳия Наврӯзбой Носиров, раиси ҷамоати деҳоти Айнӣ Субҳонзода Амир иштирок намуданд.

ТАБЛИҒОТ ДАР МАДДИ АВВАЛ
Бо мақсади шаффофу демократӣ ва дар сатҳи шоиста баргузор намудани интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамоҳанг сохтани фаъолияти гурӯҳҳои таблиғии Кумитаҳои иҷроияи ибтидоӣ, зиёиён, занон, ҷавонон, Шӯрои собиқадорон, зеҳн, афкор дар маҷлисгоҳи “Насими Исфара” ҷаласаи ситоди КИ ҲХДТ дар шаҳри Исфара оид ба интихоботи Президенти Тоҷикистон баргузор гардид.

Вохӯрии судманд
Бо иштироки роҳбарони гурӯҳҳои ташвиқотиву тарғиботии назди КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов аз ҳисоби занон, ҷавонон, зиёиён ва собиқадорон ҷамъомад баргузор гардид.