Monthly Archives: Октябрь 2020

99

Ҷаласаи навбатии ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар шаҳри Хуҷанд

Имрӯз ҷаласаи навбатии Шӯрои Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» -и назди кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардид, ки дар он се масъала: ҷамбасти фаъолияти нӯҳмоҳаи ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар шаҳри Хуҷанд;  интихоби ҳайати нави Шӯрои ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” дар шаҳри Хуҷанд ва интихоби роҳбари намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” дар шаҳри Хуҷанд ва муовинони матраҳ гардиданд.

изображение_viber_2020-10-27_19-14-05

Идомаи тарғиботи «хона ба хона»

Тибқи нақша-чорабинии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар ҳамкорӣ бо кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Конибодом бо мақсади пешгирии хуруҷи бемории сироятии коронавирус санаи 28-уми октябри соли ҷорӣ  дар ҳудуди  ҷамоати деҳоти ба номи Раҷаб Ҳамробоев мулоқоти тарғиботии “ҳавлӣ ба ҳавлӣ” доир карда шуд.

изображение_viber_2020-10-29_10-44-43

Бо ҲХДТ ба пеш!

Масъулини Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Конибодом бо мақсади зиёд намудани сафи аъзоёни ҳизб аз ҳисоби ҷавонони пешсаф бо кормадони бонки “Эсхата” вохӯрӣ намуданд.

FB_IMG_16039521766101252

Табибон дар сафи пеш

Бо мақсади пурзур намудани  ташвикот  дар самти пешгирӣ аз бемории COVID-19 аз ҷониби гурӯҳҳои тарғиботии КИ ҲХДТ дар ноҳияи Зафаробод корҳои фаҳмондадиҳӣ мунтазам ташкил карда шудааст.

IMG_20201022_140449

Саломатӣ — гавҳари ноёб

Бо мақсади пешгирӣ аз бемории сироятии коронавирус гурӯҳҳои тарғиботии КИ ҲХДТ дар шаҳри Гулистон корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ, вохӯриву мулоқотҳо, сӯҳбатҳоро бо сокинони шаҳру шаҳракҳои Гулистон  бо усулҳои “кӯча ба кӯча”, “хона ба хона”, “маҳалла ба маҳалла”, “рӯ ба рӯ бо мардум”ҳамарӯза ба роҳ монда истодаанд.

изображение_viber_2020-10-29_14-52-35

Идомаи корҳои тарғиботӣ

Намояндагони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров тибқи барқияи  № 90  аз 07 октябри соли равон  корбарӣ намуда, барои аз нав хурӯҷ наёфтани бемории сироятии COVID-19 ба корҳои тарғиботӣ вусъат бахшида, дар ҷойҳои серодам ба сокинон варақаҳои таблиғотӣ ва ниқобҳои яккарата тақсим кардаанд.

Андешаҳои бадхоҳони Ватанро маҳкум менамоем!

Афсӯс, ки ин хиёнаткорони бадзод, ҳамарӯза  андешаҳои ифротии хешро бо ҳазор васила манзур менамоянд. Гуфторҳои бардурӯғу иғвоангези ин афроди нохалаф шаҳодати он аст, ки онҳо аз мақсаду мароми нопоки худ даст кашиданӣ нестанд, ва сулҳу суботи саросарӣ, ки бо заҳматҳои шабонарӯзии Пешвои муаззами миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯи кор омада, мардуми кишвар ба чунин рӯзи саид расидаанд, мехоҳанд халалдор намоянд. Даҳҳо далел мавҷуд аст, ки ин гуфторҳои бардурӯғи онҳоро маҳкум мекунад.

НАВ

ИФТИХОРНОМА МУБОРАК!

Имрӯз ҷаласаи ҷамъбасти фаъолияти Ситоди пешазинтихоботии назди КИМ ҲХДТ оид ба интихоботи Президенти Тоҷикистон дар “Кохи Афсарон”-и шаҳри Душанбе доир гардида, дар он Раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Сатториён Матлубахон Амонзода барои фаъолияти назаррасу пурсамар дар маъракаи интихобот бо Ифтихорномаи Раиси муаззами ҲХДТ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарфароз гардиданд.

Хоин махлуқест Ватан мефурӯшад, дӯзах мехарад!

Таърихи инсониятро бе ҷангҳо тасаввур кардан ғайриимкон аст. Дар ин бора Ф. Клаузевс гуфтааст: “Таърихи инсоният таърихи ҷангҳост”. Имрӯз ҷанг нест, замона осоишта, амнияти давлатҳо таъмин аст ГӮЁ. Лекин, дар замони муосир навъ ва шаклҳои гуногуни ҷанг пайдо шудааст ба монанди терроризм, экстремизм, ҷангҳои иттилоотӣ ва ғайра мебошанд.

Чун ба хилват мераванд…

Воизон, к-ин ҷилва дар меҳробу минбар мекунанд,

Чун ба хилват мераванд, он кори дигар мекунанд.

Безымянный коллаж

БАХТНОМАИ МИЛЛАТ

Дар доираи таҷлили Рӯзи Конститутсия мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон,  роҳбари намояндагии Ташкилоти ҷамъияитии ҷавонон “Созандагони Ватан” дар шаҳри Хуҷанд Эҳсон Исоев дар барномаи “Ҳуқуқи шумо” –и Радиои вилояти Суғд доир ба аҳамияти қабули Конститутсияи кишвар дар ҳаёти иҷтимоиву сиёсии кишвар сухан ронда, баён дошт

IMG_5662

Мулоқот бо донишҷӯён

Нақши Конститутсия дар бунёд ва таҳкими низоми двлатдорӣ, ҷойгоҳи Иҷлосияи 16-уми таърихии Шӯрои Олӣ дар барқарор намудани сулҳу субот дар кишвар ва саҳми бузурги Пешвои миллат дар ин равандҳои таърихи навини давлатофаринӣ, эҳтиром гузоштан ба муқаддасоти миллӣ, аз ҷумла Парчами миллӣ, аз мавзӯъҳое буданд, ки дар мулоқоти раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мурод Шукурзода  бо устодон ва донишҷӯёни коллеҷи омӯзгории шаҳр матраҳ гардиданд.

IMG-4d1e71ce2a6f74ecbc3b18969049ee8e-V

Солимии ҷомеа аз муҳити солим вобаста аст

Таҳти ин унвон тарғиботчиён, волонтёрон ва аъзоёни ташкилоти ҷамъияти ҷавонон “Созандагони Ватан” КИ ҲХДТ дар шаҳри Гулистон ба корҳои таблиғотӣ оид ба пешгирии бемории сироятии COVID-19 вусъат бахшиданд.

20201028_112102

ИДОМАИ КОРҲОИ ТАРҒИБОТИВУ ТАШВИҚОТӢ

Аз тарафи гурӯҳи тарғиботчиёни Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ашт  корҳои ташвиқотию тарғиботӣ дар кӯчаи Д.Турсунов — и Ҷамоати шаҳраки Шайдони ноҳияи Ашт чун ҳамеша бобати пешгирии бемории сироятии коронавирус (COVID – 19), бо усули “хона ба хона”  идома доданд.

изображение_viber_2020-10-28_08-34-58

Саломати ганҷи бебаҳост

Масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корҳои ташвиқотию тарғиботиро дар ҷойҳои ҷамъиятӣ  бобати пешгирии бемории сироятии коронавирус  бо усули “кӯча ба кӯча”  идома дода, дар рафти суҳбату мулоқотҳо ба сокинон аз тарафи гурӯҳи тарғиботчиён  ниқобҳои муҳофизатӣ ва муроҷиатнома ҷиҳати пешгирии бемории сироятии коронавирус  тақсим карда шуд.