Daily Archives: 09.10.2020

33

СИТОДИ ПЕШАЗИНТИХОБОТИИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР НАЗДИ КИ ҲХДТ ДАР ВИЛОЯТИ СУҒД

Имрӯз дар толори КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Ситоди пешазинтихоботӣ оид ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд бо иштироки  аъзои Ситод, раисони КИ ҲХДТ дар шаҳру навоҳии вилояти Суғд ва кормандони кумиҷроияи вилоят баргузор гардид.

7

МАҶЛИСИ РАЁСАТИ ҲХДТ ДАР ВИЛОЯТИ СУҒД

Имрӯз дар толори КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд  маҷлиси Раёсати ҲХДТ дар вилояти Суғд баргузор гардид.

20201007_102932

Номзади арзандаи халқ аз ҲХДТ

Тибқи ҷадвали баргузории мулоқоту вохӯриҳо бо мардум оид ба тарғибу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо иштироки аъзоёни гурӯҳ Фаттоев Ҳ.Ҳ.- устоди ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров, Мирпоччоева ва раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов Одилзода Р. бо омӯзгорон ва сокинони деҳаи Гулистони Ҷамоати деҳоти Деҳмой дар МТМУ №25 идома ёфт.

Fotoram.io (31)

РИОЯИ ФАРҲАНГИ МУНОСИБАТУ МУОШИРАТИ НОЗИРОНИ МИЛЛӢ

Дар остонаи баргузории интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон семинарии омӯзишӣ бо иштироки мушоҳидони миллии аз ҷониби кумиҷроияи шаҳрии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон интихобгардида доир гардид.

изображение_viber_2020-10-08_16-58-06

Тарғибот бо усули “хона ба хона”

Ҷиҳати иҷрои барқияи №90 аз 7.10.2020 –и кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд оиди пешгирии бемории сироятии COVID-19 масъулини кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Конибодом бо мақсади аз нав хурӯҷ накардани бемории сироятии коронавирус ин навбат корҳои тарғиботиву ташвиқотиро бо усули “хона ба хона” дар деҳаи Равоти ҷамоати деҳоти Пӯлодон ба роҳ монда, дар якҷоягӣ бо  ҳамшираи шафқати деҳот,вакили маҷлиси шаҳрӣ ва бо ҷалби волонтёрон беш аз 32 адад хоҷагиро дидан намуданд.

изображение_viber_2020-10-08_11-53-13

Идомаи муаррифии Барномаи пешазинтихоботи дар шаҳри Конибодом

Тибқи нақша — чорабинии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Конибодом санаи 8-уми октябри соли ҷорӣ бо мақсади муаррифии Барномаи пешазинтихоботии номзади Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷалби аъзоёни гурӯҳи муштараки тарғиботии Кумитаи иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Қумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд

изображение_viber_2020-10-09_14-13-17

Интихоботи Президент – нишонаи соҳибистиқлолӣ

Санаи 9 октябри соли равон дар КИИ минтақаи Ёва дар маҷлисгоҳи  кооперативи истеҳсолии  “Ҷаббор Расулов”  бо иштироки аъзоёни гурӯҳи тарғиботии вилоятӣ  Саидов С.,Юлдошев Р.Р. ва намояндагони кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ Солиева М. ва Акбарзода М. мулоқот доир гардид.

20201009_131936

Идомаи корҳои тарғиботиву ташвиқоти оид ба пешгирии бемории сироятии Коронавирус “COVID – 19”.

Санаи 09-уми октябри соли равон масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ашт ҷиҳати пешгирӣ намудан аз бемории сироятии коронавирус (COVID – 19), ки хуруҷи дубораи он ба назар мерасад, корҳои тарғиботиро дар мубориза бо ин вабои аср, дар байни аҳолии ноҳия роҳандозӣ намуда, бо сокинони ноҳия сӯҳбату вохӯриҳо ташкил намудаанд.

20201008_102718

Ҷавонон ҷонибдори ҲХДТ мебошанд

Санаи 09-уми октябри соли равон раиси Шурои собиқадорон, мудири шуъбаи кор бо ҷавонон ва ТҶҶ “Созандагони Ватан”-и  КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ашт ҷиҳати тарғибу ташвиқи самтҳои афзалиятноки Барномаи пешазинтихоботиии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар ташкилотҳои ибтидоии Фарҳанг, Китобхонаи марказӣ, Мактаби таҳсилоти иловагии ноҳия, МТМУ №65-и шаҳраки Шайдон ва бозори марказии ноҳия бо собиқадорони ҲХДТ, ҷавонон , аъзо, пайравон ва ҷонибдорони Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон  “Созандагони Ватан” вохуриҳо ва мулоқотҳои судманд гузаронида шуд.

20201009_082504

Корҳои фаҳмондадиҳӣ барои аз нав хуруҷ нагардидани вируси Covid-19 бо усули “Хона ба хона”

Тибқи нақша-чорабинии аъзоёни ТҶҶ “Созандагони Ватан”- и КИ ҲХДТ дар ноҳияи Айнӣ дар ҳамкорӣ бо кормандони Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии ноҳия баҳри пешгирии мавҷи дуюми вируси Covid-19 ва барои аз нав хуруҷ нагардидани ин беморӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ бо усули “Хона ба хона” роҳандозӣ гардид.