Daily Archives: 13.10.2020

изображение_viber_2020-10-13_15-23-55

Маҳфили «Дастони моҳир» дар Литсейи касбии техникӣ ,саноатӣ, кишоварзии ноҳияи Зафаробод

Бо ташаббуси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Зафаробод  маҳфили «Дастони моҳир» бо донишҷӯдухтарони МДТ ЛКТСК баргузор гардид. Масъулини кумитаи иҷроия ба духтарон оиди  рӯзгордорӣ, оростани  дастархон, одоби меҳмондорӣ маълумот дод ва инчунин ороиш додани меваву сабзавотҳоро омӯзонд. Мақсади асосии маҳфили мазкур омода намудани духтарон ба ҳаёти мустақил мебошад.

изображение_viber_2020-10-13_14-02-36

Тарғибот бо усули “хона ба хона”

Ҷиҳати иҷрои  дастуру супоришҳои КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд оиди пешгирии бемории сироятии COVID-19 масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Конибодом бо мақсади аз нав хурӯҷ накардани бемории сироятии коронавирус ин навбат корҳои тарғиботиву ташвиқотиро бо усули “хона ба хона” дар худуди ҷамоати деҳоти Ғафурҷон Ортиқов ба роҳ монда, бо ҷалби волонтёрон ва масьулони ҷамоат беш аз 24 адад хонаводаро дидан намуданд.

изображение_viber_2020-10-13_10-53-33

Саломатии Шумо дар дасти Шумост!

Ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд оиди пешгирии бемории сироятии COVID-19 масъулини кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар  ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо  мақсади  пешгирии бемории сироятии коронавирус ин навбат корҳои тарғиботиву ташвиқотиро бо усули  “кӯча ба кӯча” ва “хона ба хона” дар маҳаллаҳои А.Нозиров, Т.Очилов, маҳаллаи 120-уми ҷамоати  шаҳраки Ғафуров ба роҳ монда, ба сокинон варақаҳои тарғиботиро тақсим намуданд.

120292136_209023597230233_730147417094798164_n

Изҳори сипоси Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми Тоҷикистон

120770562_196302971962646_8938690959999562517_o

Пирӯзи муборак ҳамдиёрони азиз!

Зимни нишасти матбуотӣ бо иштироки намояндагони ҳизбҳои сиёсӣ, ки дар интихоботи президентӣ номзад пешбарӣ кардаанд, Раиси Комиcсияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон Бахтиёр Худоёрзода натиҷаҳои пешакии интихоботи Президентии Ҷумҳурии Тоҷикистонро, дар ҳузури  мушоҳидони байналмилалию дохилӣ ва доираи васеи хабарнигорон эълон намуд. Ба иттилои Бахтиёр Худоёрзода, номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон ва Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо гирифтани 90,92% овоз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид.