Daily Archives: 28.10.2020

изображение_viber_2020-10-28_08-34-58

Саломати ганҷи бебаҳост

Масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корҳои ташвиқотию тарғиботиро дар ҷойҳои ҷамъиятӣ  бобати пешгирии бемории сироятии коронавирус  бо усули “кӯча ба кӯча”  идома дода, дар рафти суҳбату мулоқотҳо ба сокинон аз тарафи гурӯҳи тарғиботчиён  ниқобҳои муҳофизатӣ ва муроҷиатнома ҷиҳати пешгирии бемории сироятии коронавирус  тақсим карда шуд.

20201027_115725

Корҳои фаҳмондадиҳӣ дар Ҷамоати деҳоти Деҳмой

Тибқи нақшаи тасдиқгардида кормандони масъули КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов Алимова Н. ва Исмоилова М. баҳри пешгирии касалии сироятии коронавируси навъи «COVID – 19» бо ҳашарчиён дар Ҷамоати деҳоти Деҳмой вохӯрӣ баргузор намуданд.

БЕТАРАФӢ БЕШАРАФИСТ

Ҳарчанд ки имрўз ҷаҳонро хатари бузурге бо номи КОВИД-19 фаро гирифтаву мардуми сайёра аҳлона пайи тадбири аз ин балои ногаҳонӣ раҳо ёфтанро доранд, вале баъзе афрод ва гурўҳҳои манфиатталаб дар ғами ба амал овардани мақсадҳои сиёсии муғризонаи худ ҳастанд.

IMG_20201027_120541

Бонувони Шӯрнова чӣ мехоҳанд?

 Тинҷию амонӣ, саломатии фарзандон, ҳарчӣ зудтар аз сари мардуми сайёра дур шудани бемории вогири COVID-19, шукрона аз сиёсати Пешвои миллат- ҳамин буд хоҳишу дархости бонувони деҳаи Шӯрноваи ҷамоати деҳоти  Савразм, ки дар мулоқот бо кормандони масъули Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент изҳор намуданд.

изображение_viber_2020-10-27_15-58-35

Идомаи тарғиботи «хона ба хона»

Тибқи нақша-чорабинии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Конибодом бо мақсади пешгирии хуруҷи бемории сироятии коронавирус санаи 27-уми октябри соли ҷорӣ аз ҷониби масъулини кумиҷроияи шаҳрии ҳизб ва вакили маҳаллӣ Гулхае Рахимова дар ҳудуди  маҳаллаи Кушкаки чамоати дехоти ба номи Рачаб Хамробоев мулоқоти тарғиботии “ҳавлӣ ба ҳавлӣ” доир карда шуд.

IMG_20201027_111537

Мулоқот дар Саразм

Сӯҳбати муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент Парвина Тошева ва  мудири шуъбаи кор бо ҷавонон Мавлуда Тоҷиева  дар МТМУ № 72-и шаҳраки Саразм омӯзгорон, волидон  ва хонандагони синфҳои болоии таълимгоҳро гирди ҳам овард.

IMG-bbeea00748eae7d670e1056da01cf889-V

Корҳои тарғиботӣ дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ

Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати пешгирии бемории коронавирус “COVID-19” тарғиботчиёни ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии КИ ҲХДТ дар шаҳри Гулистон корҳои фаҳмондадиҳиро дар маллаву кӯчаҳо, аптека ва ҷоӣҳои ҷамъиятӣ идома доданд.