Monthly Archives: Ноябрь 2020

ИДОМАИ КОРҲОИ ТАРҒИБОТӢ БО УСУЛИ “ХОНА БА ХОНА”
Санаи 30-уми ноябри соли ҷорӣ масъулини КИ ҲХДТ дар шахри Конибодом дар чамоати дехоти Г Ортиков бо чалби аьзоени фаьоли ТЧЧ «Созандагони Ватан»-и КИШ ХХДТ ва хамшираи шафкат оиди пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории коронавирус (COVID-19) ва масъалаҳои мубрами рӯз корҳои фаҳмондадиҳиро бо усули “ХОНА БА ХОНА” ба роҳ монданд.

МУЛОҚОТҲОИ БОСАМАР
Тибқи нақшаи чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд санаи 27-уми ноябри соли равон мулоқоти фаъолони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон бо Раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон дар толори калони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон баргузор гардид.

ВАКИЛОН НОМЗАДИ АРЗАНДАРО ПЕШБАРӢ КАРДАНД
Дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ Конференсияи 21-уми ғайринавбатии кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ баргузор шуд.

Зиндаги бидуни ВНМО
Баҳри пешгирии бемории ВНМО бо ташаббуси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар Коллеҷи тибии ноҳия мизи мудаввар таҳти унвони “Зиндагӣ бидуни ВНМО” баргузор гардид.

Сафи ҳизбиён меафзоянд
Санаи 27-уми ноябри соли ҷорӣ тибқи нақшаи чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Конибодом бо мақсади зиёд намудани сафи ҳизб аз ҳисоби ҷавонону занони фаъол бо кормандони КФД БММҒ ва соҳаи тандурустии шаҳр мулоқот ороста шуда, ба чанде аз кормандони соҳа шаҳодатномаи ҳизбӣ супорида шуд…

Ҳизби созанда ва ободкор
Бахшида ба 26-солагии таъсисёбии ҲХДТ кормандони КИ ҲХДТ дар шаҳри Истаравшан ба ташкилотҳои ибтидоӣ рафта, бо ҳизбиён вохӯрӣ гузаронида истодаанд.

«Ҷонибдори ҳадафҳои созандаи ҲХДТ ҳастем»
Чунин ибрози андеша намуданд, аъзоёну ҷонибдорони ҲХДТ дар ташкилоти ибтидоии Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Конибодом зимни мулоқот ба масъулини Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҲХДТ.

Баргузории мулоқот бо фаъолону пешсафони ҲХДТ дар шаҳри Бӯстон
Имрӯз, 27 ноябр бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон, раиси шаҳри Бӯстон Раъно Ҳошимзода бо вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳр, фаъолон ва аъзоёну пешсафони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон мулоқот доир гардид.

Тарғибот бо усули “кӯча ба кӯча”
Масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ашт санаи 27-уми ноябри соли ҷорӣ корҳои ташвиқотию тарғиботиро дар ҷойҳои ҷамъиятӣ бобати пешгирии бемории сироятии коронавирус “COVID-19” бо усули “кӯча ба кӯча” идома доданд.

“ҶАВОНОН ПАЙРАВИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ!”
Таҳти чунин шиор намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар ноҳияи Шаҳристон Ғоибов С.Ф дар ТИ “Ориёӣ” семинар машварат доир намуд.

ИДОМАИ КОРҲОИ ТАРҒИБОТИВУ ТАШВИҚОТӢ БО УСУЛИ “ХОНА БА ХОНА”
Масъулини КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ашт ҷиҳати пешгирии аз нав хурӯҷ накардани бемории сироятии коронавирус (COVID-19) корҳои тарғиботиву ташвиқотиро бо усули “хона ба хона” идома дода, оиди риоя намудан ба гигиенаи шахсӣ, дар ҷойҳои ҷамъиятӣ гаштугузор бе ниқоби муҳофизатӣ ва наздикони худро эҳтиёт намудан сӯҳбат намуд

Сафари кории Раиси КИВ ҲХДТ Исмоилзода Зуфар Муртазохон ба ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
Субҳи 26 11 2020 Раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд муҳтарам Исмоилзода Зуфар Муртазохон ба ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ташриф оварданд. Зимни сафари корӣ аз бино, шароити кории кормандон ва фаъолияти Кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ аз наздик шинос шуданд. Сипас, дар маҷлисгоҳи калони МИҲД-и ноҳия бо фаъолони ҳизб мулоқоти судманд доир намуда, аз вазъи сиёсии кишвар, дастовардҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол суханронӣ намуд.

«АЗ ДИРАФШИ КОВИЁН ТО ПАРЧАМИ ТОҶИКИСТОН»
Дар маҷлисгоҳи КИ ҲХДТ дар ноҳияи Мастчоҳ конференсияи илмӣ — назариявӣ баргузор шуд. Конференсияи мазкур бо ибтикори рӯзномаи «Нигоҳи халқ» дар ҳамбастагӣ бо маҳфили адабии «Зарафшон» ва бахши ноҳиявии ИЖТ доир гардида, дар он олимону донишмандон ва адибону эҷодкорон иштирок карданд.