Daily Archives: 05.11.2020

20200402_094146

БЕЭЪТИНОӢ БОИСИ САР ЗАДАНИ БЕМОРӢ АСТ

Имрӯз дар асоси нақшаи кори масъулини КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳристон мудири шуъбаи ташкилӣ Ғоибов С.Ф. дар якҷоя бо кормандони маркази назорати давлати санитарӣ эпидемологии ноҳияи Шаҳристон бо мақсади тарғибу ташвиқи пешгирии паҳншавии бемории сироятии COVID-19 бо хонандагони МТМУ №1 ба номи К.Хуҷандии ноҳия  вохурии баргузор намуда, оиди истифодаи ҳатмии ниоқоби тибби ва риояи масофаю гигиенаи шахси мулоқот намуданд.

изображение_viber_2020-11-05_09-30-03

Мулоқотҳои тарғиботӣ дар маҳаллаҳо

Тибқи нақша-чорабинии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Конибодом бо мақсади пешгирии хуруҷи бемории сироятии коронавирус санаи 5-уми ноябри соли ҷорӣ масъулини кумиҷроияи шаҳрии ҳизб якҷо бо вакили Маҷлиси шаҳрӣ Баротов Ғафурҷон бо усули гаштугузори хона ба хона ва дар мавзеҳои серодами маҳаллаи Арабо ҷамоати деҳоти Пӯлодон мулоқотҳои тарғиботӣ ба роҳ монда шуд.

изображение_viber_2020-11-05_09-57-17

Конститутсия бахтномаи миллат

Дар асоси нақша чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Конибодом доир ба таҷлили 26-умин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи силсилачорабиниҳо санаи 5-уми ноябри соли ҷорӣ миёни омӯзгорони МТМУ №26 мизи мудаввар таҳти унвони “Конститутсия бахтномаи миллат” баргузор карда шуд.

изображение_viber_2020-11-04_12-06-04

Идомаи тарғибот бо усули «хона ба хона»

Тибқи нақша-чорабинии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Конибодом бо мақсади пешгирии хуруҷи бемории сироятии коронавирус бо кормандони Маркази саломатии деҳоти Зарбеди ҷамоати деҳоти Пӯлодон мулоқот ороста шуд.

IMG_20201103_155019

Супоридани шаҳоданомаи ҳизбӣ ба сокинони шаҳри Истаравшан

Дар маҷлиси ташкилоти ибтидоии «Бозори марказӣ» масъалаи интихоби раиси нави ташкилоти ибтидоӣ баррасӣ гардид. Ҳизбиёни ташкилот бо як овоз раиси ҶДММ «Бозори марказӣ» Саидзода Бахтиёр-ро раиси ташкилоти ибтидоӣ интихоб карданд.