Daily Archives: 09.11.2020

20201105_100215

АКСИЯ ТАҲТИ УНВОНИ “КОНСТИТУТСИЯ-БАХТНОМАИ МИЛЛАТ”

Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ашт бахшида ба 26-умин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 06-уми ноябри соли равон якҷоя бо ТҶҶ “Созандагони Ватан”-и назди Кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ Аксия зери унвони “Конститутсия – бахтномаи миллат” роҳандозӣ намуданд.

IMG_20201105_101138

Мулоқотҳо бо донишҷӯён

Дар доираи  барномаи чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи Конститутсия, Рӯзи Парчам , Рӯзи Президент ва  солгарди иҷлосияи таърихии 16-и Шӯрои  Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти  раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии  Тоҷикистон Мурод Шукурзода бо  устодон ва донишҷӯёни  Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент баргузор шуд.

IMG_20201022_134538

Шаҳрвандон, аз вирус эҳтиёт бошед!

Тибқи нақшаи кории Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон дар бобати пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятии коронавирус , тарғиботчиёни ҳизбӣ ва намояндагони ТҶҶ “Созандагони Ватан” корҳои таблиғотиро ба роҳ монда, дар кӯчаҳои Истиқлол ва Айнӣ бо истиқоматкунандагон аксия таҳти унвони  “Шаҳрвандон, аз вирус эҳтиёт бошед!” доир намуданд.

IMG_5764

Ҷавонон ба Ватан содиқона хидмат мекунанд

Ин чоштгоҳ саҳни ҳавлии Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент саҳнаи ҳамоиши устодон , донишҷӯён ва намояндагони ҷавонони шаҳри Панҷакент, ихтиёриёни ТҶҶ “Созандагони Ватан” ба ифтихори 26-умин солгарди Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  гардид.