Daily Archives: 14.11.2020

Исмоилзода З.М.

ТАБРИКОТИ Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳамсафон ва сокинони саодатманди диёр!

Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро бароятон табрику муборакбод гуфта, саодати зиндагӣ, фатҳу кушоиш, нусрату зафар, комёбиҳои беназир таманно менамояд.

125400633_3538811982829265_150746752604822375_n

Мо пайравони асили Пешвои миллатем!

Таҳти ин унвон дар маҷлисгоҳи бинои №2-и Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дарси кушоди тарбиявӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Чорабинӣ бо садо додани суруди миллӣ оғоз шуд.