Daily Archives: 27.11.2020

Баргузории мулоқот бо фаъолону пешсафони ҲХДТ дар шаҳри Бӯстон
Имрӯз, 27 ноябр бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон, раиси шаҳри Бӯстон Раъно Ҳошимзода бо вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳр, фаъолон ва аъзоёну пешсафони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон мулоқот доир гардид.

Тарғибот бо усули “кӯча ба кӯча”
Масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ашт санаи 27-уми ноябри соли ҷорӣ корҳои ташвиқотию тарғиботиро дар ҷойҳои ҷамъиятӣ бобати пешгирии бемории сироятии коронавирус “COVID-19” бо усули “кӯча ба кӯча” идома доданд.

“ҶАВОНОН ПАЙРАВИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ!”
Таҳти чунин шиор намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар ноҳияи Шаҳристон Ғоибов С.Ф дар ТИ “Ориёӣ” семинар машварат доир намуд.

ИДОМАИ КОРҲОИ ТАРҒИБОТИВУ ТАШВИҚОТӢ БО УСУЛИ “ХОНА БА ХОНА”
Масъулини КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ашт ҷиҳати пешгирии аз нав хурӯҷ накардани бемории сироятии коронавирус (COVID-19) корҳои тарғиботиву ташвиқотиро бо усули “хона ба хона” идома дода, оиди риоя намудан ба гигиенаи шахсӣ, дар ҷойҳои ҷамъиятӣ гаштугузор бе ниқоби муҳофизатӣ ва наздикони худро эҳтиёт намудан сӯҳбат намуд

Сафари кории Раиси КИВ ҲХДТ Исмоилзода Зуфар Муртазохон ба ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
Субҳи 26 11 2020 Раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд муҳтарам Исмоилзода Зуфар Муртазохон ба ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ташриф оварданд. Зимни сафари корӣ аз бино, шароити кории кормандон ва фаъолияти Кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ аз наздик шинос шуданд. Сипас, дар маҷлисгоҳи калони МИҲД-и ноҳия бо фаъолони ҳизб мулоқоти судманд доир намуда, аз вазъи сиёсии кишвар, дастовардҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол суханронӣ намуд.