Daily Archives: 04.12.2020

Вохӯрӣ бо фаъолони Ҷамоати деҳоти Ғӯлакандоз
Дар давоми сафари корӣ Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон ба ТИ ҲХДТ «Ғӯлакандоз» ташриф оварда бо фаъолони Ҷамоати деҳоти Ғӯлакандоз мулоқот баргузор намуданд.

Сафари кории Раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд дар ноҳияи Ҷаббор Расулов
Тибқи нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷаббор Расулов вохӯрӣ бо иштироки Раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон баргузор гардид.

Аёдати собиқадорони ҳизб аз тарафи Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд
Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати аёдати собиқадорони ҳизб, 3 декабр Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон

Мулоқот бо фаъолон дар ноҳияи Спитамен
Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон ба ноҳияи Спитамен ташриф оварданд.

Ҳизб ва ҷавонон
Мулоқоти кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент дар литсеи касбӣ- техникии шаҳр мавриди таваҷҷӯҳи ҳунарҷӯён қарор гирифт.

Силсилаи мулоқотҳои ҷашнӣ
Ба ифтихори 26- умин солгарди ҲХДТ бо иштироки фаъолонаи масъулини КИ ҲХДТ дар шаҳри Конибодом, вакилони шаҳрӣ дар ташкилоту муассисаҳо, ташкилотҳои ибтидоӣ ҷаласаву хонишҳои сиёсӣ мунтазам ҷараён дорад.

» Барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум»
Баргузории хониши сиёсӣ дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии шаҳри Конибодом ба муносибати Рӯзи таъсисёбии ҲХДТ бомаром ҷараён дорад. Чунин мулоқот дар ташкилоти ибтидоии бахши фарҳанги шаҳр бо иштироки аъзоёни фаъоли ин ҳизби мардумӣ таҳти унвони» Барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум» баргузор гардид.

Саломатӣ аз муҳити зист вобастагӣ дорад
Бо мақсади пешгирӣ аз паҳншавии бемории каронавирус коркунони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ идома бахшиданд. Зимни тақсимоти варақаҳои тарғиботӣ ба шаҳрвандон шаҳр дода шуд, ки саломатӣ аз муҳити зист вобастагӣ дорад.

“Рӯзи ҷаҳонии мубориза алайҳи хушунати занон”
Бо ташаббуси шуъбаи кор бо занони КИ ҲХДТ дар шаҳри Гулистон бо мақсади бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба хушунату зӯроварӣ дар оила, бахшида ба «Рӯзи ҷаҳонии мубориза алайҳи хушунати занон» таҳти унвони “ 16 — Рузи бидуни Хушунат” дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Шаҳраки Сирдарё” бо бонувон мизи мудаввар доир гардид.