Daily Archives: 22.12.2020

САРФАИ НЕРӮИ БАРҚ — ФОИДА БА БУҶАИ ОИЛА
Аъзои гурӯҳи корӣ дар якҷоягӣ бо ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан”-и назди Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд мулоқоту вохӯриҳоро ҷиҳати расонидани муҳтавои Муроҷиатномаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ширкати «Барқи тоҷик» бобати оқилонаву сарфакорона ва мақсаднок истифодабарии нерӯи барқ дар маҳалааи “Раззоқ”- и шаҳри Хуҷанд баргузор намуданд.

Танзими нерӯи барқ масъулияти шаҳрвандии мост!
Масъулини Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳристон мудири шуъбаи ташкилӣ Ғоибов С.Ф ва мудири бахши кор бо занон Примқулова З.М. дар асоси нақшаи кори оид ба ташвиқу тарғиби Муроҷиатномаи “Барқи тоҷик” ба аҳолии мамлакат бо мақсади самаранок истифода бурдани қувваи барқ дар мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии №1 ва 18-и ноҳия ташриф оварда бо хонандагони синфҳои болоии муассисаҳои мазкур суҳбатҳо баргузор намуданд.

Истифодаи сарфакоронаи нерӯи барқ ба манфиати ҳамагон аст
Санаи 21-уми декабри соли равон масъулини Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд якҷоя бо аъзоёни фаъоли ТҶҶ “Созандагони Ватан” ҷиҳати оқилона истифодабарии нерӯи барқ мулоқоту вохӯриҳоро миёни сокинон бо усули “хона ба хона” дар маҳаллаи С.Ҳофиз-и шаҳр идома доданд.

Қувваи барқро сарфакорона истифода мебарем
Дар ноҳия Спитамен оид ба иҷрои барқияи №118 – кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бо мақсади сарфакорона истифодаи нерӯи барқ дар ноҳия бо истифода аз усули тарғиботии кӯча ба кӯча

Сӯҳбат бо омӯзгорон
Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мурод Шукурзода дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Маорифчиён” бо кормандони шӯъбаи маорифи шаҳр сӯҳбат анҷом дод.

КОРҲОИ ТАРҒИБОТИВУ ТАШВИҚОТӢ ОИДИ САРФАКОРОНА ИСТИФОДА БУРДАНИ НЕРӮИ БАРҚ
Дар ҷамоати деҳоти Халифа Ҳасан мудири шӯъбаи ташкилӣ Шерзод Раҳматов ва мудири шӯъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент Мавлуда Тоҷиева бо ихтиёриёни ҳизбӣ оид ба усулҳои роҳандозии тарғиби сарфакории барқ машварат оростанд.

Хона ба хона дар маҳаллаи Зардолузор
Мутахассиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент, сарвари намояндагии ТҶҶ “ Созандагони Ватан” Қобилҷон Ҷалолов ин корро бо як гурӯҳ ихтиёриёни ин созмони ҷамъиятӣ дар маҳаллаи Зардолузори шаҳр оғоз намуд.

Таҷлили Рӯзи энергетикҳо
Дар толори Шабакаҳои барқии Суғд ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба Рӯзи энергетикҳо доир гардид. Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон Муслимахон Ҷамолиён барқчиёнро бо Иди касбиашон муборакбод намуда, муваффақиятҳои беназир дар рушди соҳаи энергетика таманно намуд.

ИДОМАИ КОРҲОИ ТАРҒИБОТИВУ ТАШВИҚОТӢ ОИДИ ИСТИФОДАИ ОҚИЛОНАИ НЕРӮИ БАРҚ
Санаи 21-уми декабри соли равон масъулини Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ашт ҷиҳати иҷроиши барқияи КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд аз санаи 11.12.2020 сол таҳти №118 ҷиҳати сарфакорона истифодабарии нерӯи барқ мулоқоту вохӯриҳоро миёни сокинон бо усули “хона ба хона” ва “рӯ ба рӯ” дар маҳаллаи Н.Ҳувайдуллоев-и Ҷамоати шаҳраки Шайдон идома доданд.