Daily Archives: 23.12.2020

МИЗИ МУДАВВАР ДАР МАВЗӮИ «ИНТИХОБИ ДУРУСТИ КАСБ АСОСИ РУШДИ ҶОМЕА»
Тибқи нақша чорабиниҳои КИ ҲХДТ дар ноҳияи Зафаробод дар ҳамкорӣ бо бахши машварати касбӣ ва интихоби касб бо иштироки хонандагони болоӣ муассисаи таълимии миёнаи умумии рақами 13 мизи мудаввар дар мавзӯи «Интихоби дурусти касб асоси рушди ҷомеа» баргузор гардид.

САРФАКОРӢ АЗ МАРДУМИ БОФАРҲАНГ АСТ
Мардуми шарафманди кишварамон огаҳанд, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ соҳаи энергетика хеле рушд ёфта, истиқлолияти энергетикӣ ҳамчун ҳадафи муҳими стратегӣ эълон гардид.

Маҷлиси Шӯрои собиқадорони КИ ҲХДТ дар шаҳри Истиқлол баргузор гардид
Имрӯз дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истиқлол ҷаласаи Шӯрои собиқадорони назди Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Истиқлол доир гардид, ки дар он муовини якуми Раиси шаҳр Алабердиён Муқаддас, аъзоёни Шӯро, фаъолони ҳизб ва намояндагии Шӯрои собиқадорони шаҳр ширкат доштанд.

ЧӢ БОЯД КАРД, ТО НОБОЛИҒОНУ НАВРАСОН ДАСТ БА АМАЛҲОИ НОМАТЛУБ НАЗАНАНД?
Дар муассисиаи таҳсилоти миёнаи умумии №10 –и шаҳри Хуҷанд бо иқдоми Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд дар мувофиқа бо шуъбаи маорифи шаҳр вохӯрии Раиси кумиҷроия Маликисломӣ Наим Мунаввар бо хонандагони синфҳои болоии муассиса ҷиҳати пешгирии наврасон ва ҷавонон ба шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ доир гардид.

Сарфаи нерӯи барқ масъулияти шаҳрвандии ҳар яки мост
Тибқи нақшаи тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷаббор Расулов санаи 22 декабри соли 2020 кормандони кумиҷроия тибқи иҷроиши барқияи КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд аз санаи 11.12.2020 сол таҳти №118 оид ба сарфакорона истифодабарии нерӯи барқ мулоқоту вохӯриҳоро бо усули “хона ба хона” ва “рӯ ба рӯ” дар МТМУ №40, нуқтаҳои хизматрасонии техникӣ, мағозаҳои тиҷоратӣ, нақлиётҳои мусофиркаш ва кӯчаи Г.Ахмедҷонова воқеъ дар Ҷамоати деҳоти Ғӯлакандоз баргузор намуданд.

Корҳои тарғиботию ташвиқотӣ дар ҷамоати деҳоти Истиқлол
Бо мақсади бурдани корҳои тарғиботию ташвиқотӣ дар ҷамоати деҳоти Истиқлоли ноҳияи Спитамен дар асоси нақшаи кумитаи иҷроияи ҲХДТ оид ба сарфакорона истифода бурдани қувваи барқ ва саривақт пардохт намудани пардохти қувваи барқ бо истифода аз усули кӯча ба кӯча ва хона ба хона корҳои тарғиботию ташвиқотӣ бурда шуд.

Агар барқи доимӣ мехоҳед, сарфакор бошед
Ин навбат мавзеи корҳои тарғиботии ихтиёриёни ТҶҶ “Созандагони Ватан”-и Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент бозори марказии хурокворӣ ва маҳаллаи Шафтолузори шаҳр буд.

Сарфакорӣ- меъёри рӯзгор
Мудири шӯъбаи тарғибот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент Бурсибой Лутфуллоев сӯҳбаташро бо фаъолону сокинони ҷамоатҳои деҳоти Лоиқ Шералӣ ва Сӯҷина аз таҷлили Рӯзи барқчиён, , оғоз намуд.

Барқ неъматест, ки сарфакорӣ мехоҳад
Ҷамъомаде, ки дар Саразм — калонтарин ҷамоати деҳоти шаҳри Панҷакент, Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент баргузор намуд, сокинони зиёдеро ҷамъ овард.

Китоби “Тоҷикон” муаррифгари таъриху тамаддуни тоҷикон
Бо ибтикори кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Конибодом дар ҳамкорӣ бо коллеҷи технологии ба номи Абдулаҳад Қаҳҳорови шаҳр дар толори хониши китобхонаи коллеҷ чорабинии илмӣ-адабӣ баргузор гардид.

Сарфакоронаи нерӯи барқ масъулияти ҳар яки мост
Идомаи корҳои фаҳмондадиҳӣ оиди сарфакорона истифода бурдани қувваи барқ аз ҷониби масъулини кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар ҳудуди бозори “Фаровон” ва “Ориён” гузаронида шуд.