Daily Archives: 24.12.2020

Fotoram.io (6)

ДАСТОВАРДҲОИ СОҲИБИСТИҚЛОЛИРО ҚАДР КАРДАН ШАРАФ АСТ

Бо иштироки аъзои Шӯрои собиқадорон ва фаъолони ҳизб  дар маҷлисгоҳи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд ҷалсаи ҳисоботӣ доир гардид. Дар кори ҷалса раиси Шӯрои собиқадорони ҲХДТ дар вилояти Суғд Саидбой Зокиров ва раиси кумиҷроияи шаҳрии ҳизб Маликисломӣ Наим Мунаввар ширкат доштанд.

132269129_217084606574520_1021116485727938581_n

ҲУРМАТИ ПИРОН НАМОВУ АЗ ҶАВОНИ БАС МАНОЗ…

Дар маҷлисгоҳи  Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон маҷлиси Шӯрои собиқадорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон баргузор гардид. Дар кори он фаъолон,собиқадорон, раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Бӯстон Ҷалолзода Миршакар Саид, раиси Шӯрои собиқадорони КИ ҲХДТ дар шаҳри Бӯстон Каримзода Зебо, ва зиёда аз 60 нафар собиқадорони ҳизб ва меҳнат аз соҳаҳои гуногуни шаҳр иштирок намуданд.

Fotoram.io (5)

Барқчиён иди касбиашонро таҷлил намуданд

Дар толори Идораи Шабакаҳои барқии шаҳри Хуҷанд бо иштироки муовини аввали Раиси вилояти Суғд Хол Ҳайдар, иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода, муовини Раиси Ширкати “Барқи тоҷик” Ғолибшоҳ Убайдзода, муовини раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Аминҷон Шарифзода, раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Маликисломӣ Наим Мунаввар,  кормандон ва собиқадорони соҳа Рӯзи энергетика ва 25 солагии таъсисёбии Шабакаҳои барқии шаҳри Хуҷанд таҷлил карда шуд.

IMG_20201222_115444

Самаранок истифода бурдани нерӯи барқ

Масъулини Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳристон ташвиқу тарғиби Муроҷиатномаи “Барқи тоҷик” ро идома намуда ба деҳаи Сароби ва Ободии ноҳия  бо  хонандагони синфҳои болоии  муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №7 ва №2 суҳбатҳо оростанд.

4

Сафи ҳизбиёни ҷавон меафзояд

Санаи 22 декабри соли 2020 раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов Одилзода Р. дар ТИ ҲХДТ «Ором» воқеъ дар Ҷамоати деҳоти Гулхона ва муовини раиси КИ ҲХДТ дар ноҳия Умарзода Б. дар МТМУ №16 ба 13 нафар ҷавонони фаъоли ба узви ҲХДТ шомил шуда дар вазъияти тантанавӣ шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супориданд.

20201223_093058

Корҳои тарғиботиву ташқоти идома дорад

Тибқи иҷроиши барқияҳои КИМ ҲХДТ ва КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд вохӯрӣ оид ба оқилонаву сарфакорона истифодабарии нерӯи барқ кормандони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов Набиев Ш. ва Саматов И.  бо усули “хона ба хона” ва “рӯ ба рӯ” дар маҳаллаи «Навоӣ» Ҷамоати шаҳраки Меҳробод баргузор намуданд.

DSC06395

Маҷлиси Шӯрои собиқадорони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Спитамен доир гардид

Санаи  22 декабри соли равон дар ноҳияи Спитамен маҷлиси ҳисоботи солонаи  Шӯрои собиқадорони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  дар ноҳия доир гашт.

20201223_100822

Аксияи “Мо ҳама ғамхори ин ватанем!”

Имрӯз аз тарафи кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Спитамен бо намояндагони ТҶҶ “Созандагони Ватан” Аксияи “Мо ҳама ғамхори ин ватаем!” дар мавзеҳои серодам гузаронида шуд.  Мақсади асоси ин аксия сарфакорона истифода бурдани нерӯи барқ мебошад.

20201223_091242

Собиқадорони ҳизб ҷаласа оростанд

Санаи 23 декабри соли равон ҷаласаи ҷамъбастии  Шӯрои собиқадорони ҳизби  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент баргузор шуд.

изображение_viber_2020-12-23_14-35-01

Мулоқоти рӯ ба рӯ бо сокинон

Бо иштироки масъулини Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Конибодом ҷиҳати ба роҳ мондани сарфакории нерӯи барқ миёни сокинони кумитаи маҳаллаи Ҳусейнзодаи шаҳр мулоқотҳои рӯ ба рӯ ва хона ба хона доир гардид.

изображение_viber_2020-12-23_14-58-25

Гаштугузори хона ба хона бо ҷалби вакилон

Бо мақсади ба роҳ мондани корҳои тарғиботӣ дар самти истифодабарии сарфакоронаи неруи барқ масъулини Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Конибодом дар якҷоягӣ бо вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳр Абдуллоева Марҳабо тариқи гаштугузори “ҳавлӣ ба ҳавлӣ” ин навбат мулоқоту вохӯриҳои тарғиботиро миёни сокинони  маҳаллаи Гумбазии шаҳр ба роҳ монданд.

20201223_103221

Вохӯрии судманд

Бо иштироки тарғиботчиёни Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон дар шаҳраки Сирдарё вохӯрӣ доир гардид.

изображение_viber_2020-12-23_14-42-40

Амалӣ гардидани муроҷиатномаи “Барқи тоҷик”

Масъулини кумиҷроияи ноҳиявӣ ва аъзоёни ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар маҳаллаҳои ҳудуди ҷамоати деҳоти Исфисор ва шаҳраки Ғафуров корҳои тарғиботиро оиди сарфакорона истифода бурдани нерӯи барқ ба роҳ монда, ба сокинон Муроҷиатномаи ҲХДТ-ро тақсим намуданд.

изображение_viber_2020-12-23_14-08-48

Корҳои тарғиботӣ дар муассисаҳои таълимӣ

Дар Гимназияи № 1 – шаҳраки Ғафуров бо толибилмони синфҳои болоӣ  ва омӯзгорон оиди сарфакорона истифода бурдани нерӯи барқ мулоқот доир гардид. Дар ин мулоқот роҳбари дастгоҳи КИВ ҲХДТ Исматҷонов Б.Ҳ. раиси кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ Анварзода А. ва аъзоёни гурӯҳи тарғиботӣ иштирок намуданд.

20201223_094920

ИДОМАИ КОРҲОИ ТАРҒИБОТИВУ ТАШВИҚОТӢ ҶИҲАТИ ОҚИЛОНАВУ САРФАКОРОНА ИСТИФОДАБАРИИ НЕРӮИ БАРҚ

Масъулини Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ашт санаи 23-юми декабри соли равон  ҷиҳати сарфаву сариштакорона ва мақсаднок истифода бурдани нерӯи барқ мулоқоту вохӯриҳоро миёни сокинони маҳаллаи Ленин-и Ҷамоати шаҳраки Шайдон бо усули “хона ба хона”  идома дода