Daily Archives: 28.12.2020

Корҳои тарғиботӣ дар деҳот идома дорад
Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент тибқи нақша корҳои тарғиботиро ҷиҳати истифодаи сарфакоронаи неруи барқ, риояи қоидаҳои беҳдоштӣ ва омодагӣ ба кишти баҳорӣ дар шаҳру деҳот идома медиҳанд. Ин навбат чунин сӯҳбат бо фаъолони ҷамоатҳои деҳоти Рӯдакӣ ва Ворӯ баргузор шуд.

Аксия таҳти унвони «Танзими нерӯи барқ-кафили бехдошти зиндагӣ»
Тибқи накшаи кории КИ ХХДТ дар нохияи Шахристон аксия таҳти унвони «Танзими неруи барк — кафили бехдошти зиндагӣ» бо усули кӯча ба кӯча дар бозори марказии ноҳия доир гардид.

Сарфаи неруи барқ бар манфиати ҳар як хонадон!
Имрӯз тибқи нақшаи алоҳидаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Спитамен мудири шӯъбаи ташкилии Кумитаи иҷроия Шамсиддинова Фирӯза дар якҷоягӣ бо аъзои фаъоли ҳизб, омӯзгори МТМУ №16 Ҳошимбоева М. дар деҳаи Метари ҷамоати деҳоти Тағояк корҳои фаҳмондадиҳӣ баҳри сарфакорона истифода бурдани нерӯи барқ доир намуданд.

Вакилон корҳои тарғиботӣ мегузаронанд
Ин навбат вакили маҷлиси вакилони халқи шаҳри Конибодом , узви фаъоли ҲХДТ Розия Нурматова дар ҳудуди кӯчаҳои ба номи Маюсупов ва Устохӯҷаназарови ҷамоати деҳоти ба номи Эргаш Шарипов бо мақсади ба роҳ мондани корҳои тарғиботӣ дар самти истифодабарии сарфакоронаи неруи барқ тариқи мулоқоти “рӯ ба рӯ” ба роҳ монд.

Ҳама якҷоя нерӯи барқро сарфа менамоем
Истифодаи таҷҳизоти каммасрафи барқӣ ҳамчун роҳи паст кардани талафоти нерӯи барқ, ки пайваста сурат мегирад, дар асоси ҳадафҳои раҳои аз бӯҳрони энергетикӣ натиҷаи пурсамар ба бор овард.

Сарфаи барқ аз оила оғоз меёбад
Таҳти ин унвон дар ҳудуди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аксия баргузор гардид. Аъзоёни фаъоли ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, аз ҷумла, дар бозорҳои “Фаровон” ва “Самеъ Раҳмон” ба сокинон варақаҳои тарғиботиро тақсим намуданд.