Monthly Archives: Декабрь 2020

IMG_20201229_102501

Солимии ҷомеа – омили рушди Тоҷикистон

Кормандони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов Исмоилова М. ва Раҷаматов А. дар асоси нақшаи чорабиниҳои тасдиқгардидаи КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов баҳри пешгирии касалии сироятии коронавирус ва баҳри сарфакорона истифода бурдани нерӯи барқ корҳои навбатии фаҳмондадиҳиро дар МТМУ 27 бо омӯзгорон ва хонандагони синфҳои болоии муассиса идома доданд.

IMG_20201229_113210

Мулоқот бо сокинон

Бо иштироки мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Мутриба Бобоҷонова, раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Зафаробод Туйғун Шарифзода ва вакили маҷлиси вакилони халқи ноҳия Ҷумаев Раҳмоналӣ бо сокинони деҳаи Ҳаёти нави Ҷамоати деҳоти Равшан мулоқот доир гардид.

IMG_20201229_131256

Кӯдакони хушбахти даврони мо

Ба хотири сарфароз намудани кӯдакон ва болидагию шодмонии онҳо дар кӯдакистони “Офтобак-и шаҳраки Зафаробод бо риояти меъёри беҳдошти санитарӣ дар арафаи соли нави мелодии 2021 ҳамоиш ташкил гардида, ба як гурӯҳ кӯдакон аз оилаҳои ниёзманд туҳфаҳои солинавӣ тақдим карда шуд.

IMG_20201229_123430

Аёдати ҷашнӣ дар ноҳияи Зафаробод

Аёдати ҷашнӣ вобаста ба дастури кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ва тибқи нақшаи чорабиниҳои кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Зафаробод дар арафаи соли нави мелодии 2021 як гурӯҳ собиқадорони ҳизбу меҳнат ва кӯдакони оилаҳои ниёзманд аёдат гардиданд.

20201229_154828

Идомаи аёдати солинавӣ

Дар арафаи таҷлили соли нави мелодии 2021 аз ҷониби раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Анварзода Амирҷон  якчанд оилаҳои ниёзманди ноҳия  аёдат карда шуданд. Зимни аёдат ба кӯдакон тӯҳфаҳои солинавӣ тақдим карда шуд.

IMG_8643

Аёдати собиқадори меҳант Хосият Зокирова

Раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар  Муртазохон дар арафаи соли нави милодӣ бо мақсади арҷ гузоштан ба меҳнат ва заҳматҳои собиқадорони меҳнат бо ҳайати кормандон  ба дидорбинии собиқадори меҳнат Зокирова Хосият рафтанд.

Emomali-Rahmon-va-Vladimir-Putin-___

Cуҳбати телефонӣ бо Президенти Федератсия Россия муҳтарам Владимир Путин

134160361_4848061421930672_4550699117195035890_o

Тасдиқи рамзи 20 – солагии таъсиси Созмони ҳамкории Шанхай

MyCollages

АЁДАТИ ҶАШНӢ

       Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Раиси ҲХДТ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба арафаи  соли нави милодӣ Раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон ҳамроҳи кормандон, собиқадорони ҳизбу меҳнат собиқ Сарвазири  Ҷумҳурии Тоҷикистон Оқил Оқилов, собиқадори меҳнат Холиқова Муқаддам, шаҳрванди фахрии ноҳияи Б. Ғафуров Сангинова Тӯхтанисо, шаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷанд Бузрукова Мукаррама- ро  аёдат намуданд.

IMG_8538

АЁДАТИ ТАРБИЯТГИРАНДАГОНИ МАКТАБ-ИНТЕРНАТИ САНАТОРИИ №40 ШАҲРИ КОНИБОДОМ

      Бо дастуру супоришҳои  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Раиси КИ ҲҲДТ дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон тарибиятгирандагони Мактаб-интернати санатории №40 воқеъ дар шаҳри Конибодомро аёдат намуда маводҳои хӯрока аз қабили орд, макарон, равган, сабзӣ, пиёз ва шириниҳо тақдим намуд.

изображение_viber_2020-12-28_10-06-21

Нерӯи барқро сарфакорона истифода барем!

Бо мақсади бурдани корҳои тарғиботию ташвиқотӣ кормандони кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ҳудуди ноҳия оид  ба сарфакорона истифода бурдани қувваи барқ дар ҷойҳои серодам  бо усули кӯча ба кӯча корҳои  фаҳмондадиҳӣ бурда, муроҷиатномаи кумитаи иҷроияи ноҳиявиро тақсим намуда истодаанд.

изображение_viber_2020-12-28_10-08-06

Саломатии Шумо дар дасти Шумост!

Бо мақсади пешгирии паҳншавии мавҷи дуюми бемории сироятии Covid-19 масъулони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров  бо усули “кӯча ба кӯча” ва “рӯ ба рӯ”  корҳои тарғиботӣ гузарониданд. Ба мардум фаҳмонида шуд, ки ҳоло ҳам гирифторони ин бемории сироятӣ ба қайд гирифта шуда , бе  ниқоби муҳофизатӣ гаштугузор намудан манъ аст.

20201228_111628

НЕРУИ БАРҚРО ОҚИЛОНАВУ САРФАКОРОНА ИСТИФОДА БАРЕД

Кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ашт ҷиҳати оқилонаву сарфакорона истифода намудани қувваи барқ  дар  байни сокинони кӯчаи Бинокорон суҳбату вохӯриҳо доир намуданд.

133845437_248513119947947_7628210955433508654_o

Идомаи корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳолӣ оид ба истифода самараноки нерӯи барқ ва дигар масъалаҳои мубрам

Имрӯз дар ташкилоти ибтидоии Дар-Дари назди КИ ҲХДТ дар ноҳияи Айнӣ мулоқоти судманд доир гардид, ки дар он фаъолони деҳаҳои ҷамоати деҳот, намояндагони ташкилоти ибтидоӣ ширкат варзиданд.

133971273_436809151014483_858414630074112574_o

Корҳои тарғиботӣ дар деҳот идома дорад

Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент тибқи нақша корҳои тарғиботиро ҷиҳати истифодаи сарфакоронаи неруи барқ, риояи қоидаҳои беҳдоштӣ ва омодагӣ ба кишти баҳорӣ дар шаҳру деҳот идома медиҳанд. Ин навбат чунин сӯҳбат бо фаъолони ҷамоатҳои деҳоти Рӯдакӣ ва Ворӯ баргузор шуд.