Monthly Archives: Январь 2021
Хоиниву риёкории Муҳаммадиқболи беиқболро таърих ва миллат намебахшад
Миллати шарафманду бо нангу номуси тоҷик дар фосилаи таърихи чандинҳазорсолаи хеш аз ҳуҷумҳои ногаҳонии «фарзандони худ» ҷабри зиёд дидааст. Ба ёд орем қаҳрамониву бебокии Темурмаликро, вале кӯрдилону носипосон дар ҳамон давра низ ба хотири манфиатҳои хеш мулкро ба дасти чингизиён дода буданд. Ин ашхоси буздилу риёкор имрӯз низ дар хуни Муҳаммалиқболи Садриддин барин хоинони миллат шарён дорад. Исботашро мо тайи чанд соли охир дар симои ин хоинон дида истодаем.
Дар марҳилаи ҷаҳонишавии давлатҳову тамаддунҳо, вазъи ноороми сайёра, тағйир ёфтани раванди зиндагӣ дар паноҳи хоҷагони хориҷӣ дину мазҳаб, Ватану миллат ва падару модари худро фурӯхта, бо роҳи дуррӯғбофию бӯҳтонзанӣ тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро бадном сохтани ин зумраи хиёнатпеша ва чандин оқипадарони дигар далели бешарафии онҳост.
Ин беиқболи нотавон тавре худ дар мақолаҳои подарҳавояш менигорад аз маъруфтарин лагандбардорон ва аз мунофиқтарин “сарбозони ҷонфидо”-и ташкилоти террористию экстремистии ҳизби наҳзати ислом ва хоҷагони хориҷӣ маҳсуб ёфта, имрӯз бо суханҳои иғвоангези худ ба қавле «ситора» шудааст. Филми мустанади “Бешараф”, ки тариқи телевизионҳои кишвар рӯи навор омад, чеҳраи аслии ин бешарафи миллатро кушода дод.
Номбурда худро донандаи асили ислом муаррифӣ намуда, аз дину диёнат сухан карда, мардумро ба гумроҳи бурда, бо истифода аз эҳсосоти дини мардум аз даҳҳо нафар шахсон ба хотири ба даст овардани манфиат маблағ гирифтааст. Моҳи августи соли гузашта ба прокуратураи генералӣ чанд нафар бо аризаи шикоятӣ даъво намуданд, ки аз онҳо маблағи пулии калон гирифта, барнагардонидааст. Дар маҷмўъ ин қаллоб аз мардум ба хотири қонеъ намудани нафсонияташ 430 ҳазор доллар маблағ гирифтааст. Ва онро имрӯз ба манфиати худу дӯстонаш масраф карда истодааст.
Ин хоини ватанфурӯш пеши худ мақсад мегузорад, ки дар ҳаққи кӣ тӯҳматнома нависад. Ӯ банди нафсу пулҳои ҳангуфти хоҷагони хориҷӣ шуда, вазифааш аз субҳ то шом гирд кардани ахбори бардурӯғ ва санги маломат задан ба сари ин ё он нафар аст. Ботини ӯ пур аз бухлу ҳасуд аст. Маҳз ҳасудхӯриаш, нодида гирифтани дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ аст, ки имрӯз ба бешарафӣ ном баровардааст. Аммо яқин, ки ӯ ба хотири манфиатҳои хешу дӯстонаш миллати худро кайҳо фурӯхтааст. Агар Муҳаммадиқбол заррае ҳам нангу номус медошт, агар Ватанашро бо дил дӯст медошт, (ҳамонгуна ки дар нигоштаҳояш меорад). чунин тӯҳмату бӯҳтонро дар ҳаққи чеҳраҳои маъруфи кишвар намекард.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз чанд сол қабл, зимни мулоқоташон бо намояндагони ҷомеаи кишвар вобаста ба хатарҳои замони муосир изҳори андеша намуда, аз ҷумла чунин гуфта буданд: «Дар ҷомеаи муосир терроризму ифротгароӣ дар минтақаву кишварҳои гуногуни олам торафт доман густурда, боиси ҳар рӯз ба ҳалокат расидани садҳо нафар аҳолии осоишта ва сарсону овора шудани ҳазорҳо одамони бегуноҳ гардида, зуҳуроти мазкур бар асари сиёсӣ намудани ислом ҳоло ба таҳдиди бузурги ҷаҳонӣ табдил ёфтааст. Бадхоҳони миллати мо ҳанӯз ҳам бо дасти гумоштагону зархаридонашон, яъне хоинони миллат, ки дар хориҷа қарор доранд, бар зидди давлатамон фаъолият карда истодаанд. Зархаридону хоинони миллат, ки имону мазҳаби худро фурӯхтаанд ва тавассути расонаҳои хабарии ташкилкардаи хоҷагони хориҷии солҳои 90-умашон бар зидди мардум ва таъриху фарҳанги халқи бостонии худ туҳмат мебофанд, бехабаранд, ки теша бар решаи хеш мезанад. Мардуми тоҷик инро бояд донанд. Маҳз барои ҳамин ман доим таъкид мекунам, ки мо бояд ҳеҷ гоҳ зиракии сиёсиро аз даст надиҳем».
Ҳаводиси охир, паҳншавии бемории сироятӣ ва таъсири он ба ҷомеаи ҷаҳонӣ бори дигар ин ҳақиқатро собит сохт, ки ҷаҳони муосир ниҳоят тағйирёбанда аст ва шиддати ин хатару таҳдидҳои ҷаҳонӣ имрӯз ҳам паст нашудааст. Мубориза ба муқобили терроризму экстремизм ва дар умум ҳамаи падидаҳои номатлуб ва хатарҳои ҷаҳони муосир дастҷамъӣ ва муттаҳидии тамоми аъзои ҷомеаро, аз ҷумла аъзоёну фаъолони ҷомеаро тақозо менамояд.

Машғулияти навбатии курси захираи кадрҳо
Тибқи нақшаи чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Конибодом машғулияти навбатии курси захираи кадрҳои назди кумиҷроияи шаҳрии ҳизб бо иштироки узви Маҷлиси Милии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардори Раёсати маорифи шаҳр Ҷабборӣ Бурҳониддин Исҳоқ баргузор гардид.

Мусобиқаи баскетбол байни бонувон
Бо мақсади тарғиби тарзи ҳаёти солим байни ҷавонон махсусан бонувон дар ҳамкорӣ бо бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия, Муассисаи давлатии мактаби варзишии ноҳия мусобиқаи варзишӣ «Баскетбол» байни духтарони муассисаҳои таълимии ноҳия баргузор гардид.

Ҳизбиёни КМ “Зарафшон” ҷаласа оростанд
Дар яке аз калонтарин ниҳодҳои ибтидоии ҳизбии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент- ташкилоти ибтидоии ҳизбии ҶДММ КМ “Зарафшон”, маҷлиси ҳисоботӣ- интихоботӣ баргузор шуд. Нақши ин корхонаи азими саноати кӯҳии мамлакат дар истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ва чун андозсупорандаи калон дар ғанӣ гардонидани буҷет бузург аст.

Саразм- сароғози тамаддуни тоҷикон
Дар ҳисоботи ташкилоти ибтидоии ҳизбии мамнӯъгоҳи Саразм- Панҷакент оид ба ҷамъбасти фаъолият дар соли 2020 ин мавзӯъ бартарият дошт.

Ҷаласаи ҷамъбастӣ дар ташкилоти ибтидоии «ДУРАХШОН»
Баргузории ҷаласаҳои ҷамъбастӣ дар ташкилотҳои ҳизбии шаҳри Конибодом идома ёфта, ин навбат чунин ҷаласа дар ташкилоти ибтидоии «ДУРАХШОН» баргузор гардид.

Тарғибот дар бозорҳои деҳот
Масъулини Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Конибодом дар ҳамкорӣ бо Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим бо мақсади пешгирии бемории сироятии коронавирус корҳои тарғиботиро дар бозори Панҷшанбеи ҷамоати деҳоти Пӯлодон ба роҳ монданд.

Натиҷагирӣ аз фаъолияти ташкилоти ибтидоии “Беморхонаи Адрасмон”
Дар толори беморхонаи Адрасмон маҷлиси ҷамъбастии фаъолияти ташкилоти ибтидоии “Беморхонаи Адрасмон” баргузор гардид. Дар маҷлис аъзоёни фаъоли ҳизб, собиқадорон ва кормандони соҳаи тандурустӣ иштирок доштанд. Ҳисоботи Раиси ташкилоти ибтидоӣ Мирзовалиев Ҳ шунида шуда, музокирачиён фаъолияти солонаи ташкилоти ибтидоиро қаноатбахш арзёбӣ намуданд.

Маҷлиси ҷамъбастии ТИ Осоишгоҳи “Баҳористон”
Дар асоси нақшаи тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон маҷлиси ҷамъбастии ташкилоти ибтидоии Осоишгоҳи “Баҳористон” гузаронида шуд.

Мулоқот бо интихобкунандагон
Дар маҷлисгоҳи мактаби хонандагони болаёқати ҷамоати деҳоти Хистеварз мулоқоти вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд аз ҳавзаи интихоботии Домулло Азизов №64 Бобоев Маҳмуд Мансурович бо интихобкунандагон баргузор гардид.

Ҷамъбасти фаъолияти ташкилоти ибтидоии Маркази саломати N 1
Дар асоси нақшаи кории кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар н.Спитамен дар ташкилоти ибтидоии маркази саломатии N1 маҷлиси ҳисоботии ташкилоти ибтидоӣ баргузор гардид. Дар маҷлиси мазкур намояндаи кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Мутриба Султонӣ Раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Спитамен Ойбек Насруллозода Раиси ташкилоти ибтидоии Маркази саломатӣ Расулзода Ихтиёр ва фаъолони ҳизб иштирок намуданд.

Натиҷагирӣ аз фаъолияти ташкилоти ибтидоии БМН
Дар асоси нақшаи кории кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Спитамен санаи 20-уми январи соли 2021 дар ташкилоти ибтидоии БМН ноҳияи Спитамен маҷлиси ҷамъбастии ташкилоти ибтидоӣ баргузор гардид. Дар маҷлиси мазкур намояндаи кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Мутриба Бобоҷонова Раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Спитамен Ойбек Насруллозода ва Раиси ташкилоти ибтидоии БМН Ахмедова Юлдуз иштирок доштанд.