Daily Archives: 05.01.2021

20210105_110832

Вохӯрии хотирмон

Имрӯз вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳмадзода Бахтиёр ҳамроҳии муовини Раиси ноҳияи Спитамен Дилрабо Раҳимӣ ва аъзои Кумитаи марказӣ Муаттара Убайдуллозода ба Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба ноҳияи Спитамен  омаданд.

135566672_2534387373529747_1894694719213144491_o

Мулоқоти вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд

Дар доираи силсиламулоқотҳои вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маркази фарҳанги шаҳри Хуҷанд вохўрии навбатии вакили парлумони мамлакат Гулбаҳор Назирӣ бо интихобкунандагон баргузор гардид.

136331953_897449324385586_4094275518145782128_o

Истифодабарии сарфакоронаи нерӯи барқ

Бо мақсади тарғибу ташвиқи ғояву маромҳои созандаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, фаҳмонидани моҳияти Муроҷиатномаи Ширкати Барқи тоҷик дар самти истифодабарии сарфакоронаи нерӯи барқ ва ҷиҳати амалӣ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” масъулини Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Конибодом ин навбат мулоқотро бо аҳли ҷамоатчигии МТМУ №19 ба роҳ монданд.

136031612_224610125821968_2105472573505740212_n

ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ХАЙРХОҲОНАИ ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ

Бо пайравӣ аз иқдомҳои хайрхоҳонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷониби вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Бӯстон аз Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон, вакил аз ҳавзаи интихоботии «Табобатгоҳ», №27, Ибрагимова Зулола Осимовна, бахшида ба соли нави мелодии 2021, ба 50 нафар кӯдакони маъюб ва камбизоат аз оилаҳои ниёзманди шаҳр либосҳои зимистона ва туҳфаҳои солинавӣ, маъводҳои хурока тақдим карда шуд.