Daily Archives: 07.01.2021

Мулоқоти вакил бо ҳизбиён
Мулоқоти навбатии вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Парвиз Шодизода бо кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент доир гардид.

ИДОМАИ ВОХӮРИИ ВАКИЛИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ГУЛБАҲОР НАЗИРӢ БО ИНТИХОБКУНАНДАГОН
Дар маҷлисгоҳи гимназияи №1-и шаҳри Хуҷанд вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии Хуҷанд №13 Гулбаҳор Назирӣ бо сокинони шаҳр вохӯрии судманд доир намуд.

Корҳои тарғиботию ташвиқотӣ дар шаҳри Исфара
Тибқи нақша чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Исфара дар маркази шаҳр бо усули рӯ ба рӯ ва хона ба хона оид ба сарфакоронаю оқилона истифода бурдани нерӯи барқ ва пешгирии бемориҳои сироятӣ корҳои тарғиботию ташвиқотӣ гузаронида шуд.
Ифротгароӣ-падидаи номатлуби ҷомеа
Таъмини амният дар ҷомеаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла Тоҷикистон дар сархати масъалаҳои мубрами рӯз қарор дорад. Аз ин рў Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар баромад ва Паёми ҳарсолаи худ ба Маҷлиси Олӣ ин нуқтаро қайд мекунанд.

МАҶЛИСҲОИ ҶАМЪБАСТИИ ШУЪБАҲО
Дар толори калони бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демокаратии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон тибқи ҷадвалҳои тасдиқ намудаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демокаратии Тоҷикистон дар вилояти Суғд оид ба баргузории ҷаласаҳои ҷамъбастии фаъолияти шуъба ва бахшҳои кор бо занон ва шуъбаву бахшҳои кор бо ҷавонони КИ ҲХДТ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд

ИДОМАИ ВОХӮРИИ ВАКИЛИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ЗИЁӢ БАҲРИДДИН САҲОБИДДИН БО ИНТИХОБКУНАНДАГОН
Нимаи дуюми рӯзи 6-уми январи соли 2020 дар бинои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №49 вохӯрии вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёӣ Баҳриддин Саҳобиддин бо интихобкунандагони Ҷамоатҳои деҳоти Ошоба доир гардид.

ИДОМАИ ВОХӮРИИ ВАКИЛИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ЗИЁӢ БАҲРИДДИН САҲОБИДДИН БО ИНТИХОБКУНАНДАГОН
Дар бинои маҷлисгоҳи КИХҶ “Иттифоқ”-и Ҷамоати деҳоти Ифтихор вохӯрии вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёӣ Баҳриддин Саҳобиддин бо интихобкунандагони Ҷамоатҳои деҳоти Ифтихор ва Ориён баргузор гардид.

ВОХӮРИИ ВАКИЛИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БО СОКИНОНИ НОҲИЯИ АЙНӢ
Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарифзода Ғиёсиддин бо сокинон ва фаъолони дар Ҷамоатҳоии деҳоти Рарз ва Айнии ноҳияи Айнӣ сӯҳбату мулоқотҳои сарироҳӣ анҷом дод.

Сафи аъзоёни ҲХДТ меафзоянд
Масъулини КИ ХХДТ дар ноҳияи Айнӣ ба ташкилоти ибтидоии «Роҳсоз» ва «Сино» -и назди кумиҷроияи ноҳия ташриф оварда, бо кормандон вохӯрӣ доир намуданд.

Тарбияи насли наврас дар макони маърифат
Аз ҷониби масъулини КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳристон баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Президенти ҶТ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар амал тадбиқ намудани Қонуни Чумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” дар ташкилоти ибтидоии “Омузгори ҷавон” бо хонандагони синфҳои болоии МТМУ №21 ноҳия мулоқот доир карда шуд.

Терроризм — ин хатар ба инсоният ва ҷомеаи ҷаҳонӣ
Дар асоси нақшаи тақвимии чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷаббор Расулов мудири шуъбаи кор бо занони КИ ҲХДТ дар ноҳия Алимова Наргиза бо иштироки кормандон ва мураббияҳои Кӯдакистони №2 вохӯриро дар мавзӯи «Терроризм ин – хатар ба инсоният ва ҷомеаи ҷаҳонӣ» баргузор намуд.

Сарфаю сариштакорӣ – баракати рӯзгор
Тибқи нақша чорабинии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷаббор Расулов муовини КИ ҲХДТ дар ноҳия Умарзода Б. ва мудири шуъбаи кор бо ҷавонон ва роҳбари намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан»-и ноҳия Набиев Ш. бо кормандони Ҷамоати деҳоти Ғӯлакандоз вохӯриро дар мавзӯи «Сарфаю сариштакорӣ – баракати рӯзгор» баргузор намуданд.

Мулоқот бо интихобкунандагон
Дар толори МТМУ №29-и деҳаи Ҷаҳонзеби ҷамоати деҳоти ба номи Абулқосим Лоҳутии шаҳри Конибодом фохӯри доир гардид. Дар кори он муовини аввали Раиси шаҳр Ёдгорӣ Фирдавс, Раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Конибодом Бобоҷонзода Азим, вакили Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии Конибодом №19 Раҷабзода Равшон Муҳиддин бо фаъолони ҷамоат баргузор гардид.

Дидан намудан аз Осорхонаи Бобоҷон Ғафуров
Бо мақсади тарбияи ҷавонон дар руҳияи ватандӯстӣ, хештаншиносӣ ва огоҳӣ пайдо кардан аз таърихи халқи худ, шиносоӣ бо ҳаёти шахсиятҳои бузурги миллат байни хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия дар давраи таътили зимистона сайёҳат ба Осорхонаи Бобоҷон Ғафуров ташкил карда шуд.