Daily Archives: 08.01.2021

ФАЪОЛИЯТИ ДУ БАХШИ КУМИҶРОИЯ БАРРАСӢ ШУД

СОБИҚАДОРОН РАИСИ ШӮРОРО ИНТИХОБ КАРДАНД
Дар маҷлисгоҳи КИ ҲХДТ дар ноҳияи Мастчоҳ ҷаласаи Шӯрои собиқадорони ҳизбии кумиҷроияи ноҳиявӣ баргузор гардид, ки дар кори он раиси Шӯрои собиқадорони ҲХДТ дар вилояти Суғд Саидбой Зокиров иштирок кард.

ТОҶИКИСТОН ДАР БУНЁДИ ДАВЛАТИ ДЕМОКРАТИИ ҲУҚУҚБУНЁД ХЕЛЕ МУВАФФАҚ АСТ
Мусоҳибаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо рӯзномаи “Аш-Шарқ” — и Давлати Қатар
САРСУХАНИ ҲАЙАТИ ТАҲРИРИЯИ РӮЗНОМА

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон – ҳамеша бо халқ!
Масъулини Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Конибодом дар якҷоягӣ бо вакилони халқӣ дар радифи сиёсати инсонпарваронаи Пешвои муаззами миллат, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади таъмини оилаҳои ниёзманду дорои ашхоси маъюбиятдошта бо захираҳои зимистонгузаронӣ аёдати чанде аз оилҳои эҳтиёҷмандро ба роҳ монда, онҳоро бо ангишт ва ҳезум таъмин намуданд.

Маҷлиси ҷамбастии солона дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «ШИФО»
Тибқи нақшаи тасдиқгардидаи Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Деваштич санаи 7-уми январи соли равон дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «ШИФО» маҷлиси ҷамбастии солона баргузор гардид.

Бар зидди вабои асри XXI якҷоя мубориза мебарем
Тибқи нақшаи тасдиқгардидаи КИ ҲХДТТ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов санаи 7 январи соли 2021 кормандони КИ ҲХДТ Саматов И. ва Исмоилова М. бо усули «кӯча ба кӯча» ва «хона ба хона» дар Ҷамоати деҳоти «Ҳаёти нав» корҳои тарғиботиро идома доданд.

Ҷавонон ва зуҳуроти номатлуби аср
Табиист, ки дар замони истиқлолияти давлатӣ густариши соҳаҳои мухталифи ҷомеа ба вуқўъ пайвастанд, ки бевосита аз сиёсати ояндасози Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Тоҷикистон дар марҳилаи нави пешрафтҳои замони истиқлолияти давлатӣқарор дорад,ки аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣҳамчун давлати рў ба тараққаӣ ва орому осоишта пазируфта шудааст.

Конференсияи ғайринавбатии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ баргузор шуд
Дар толори Кохи фарҳанги шаҳр конференсияи 23-юми ғайринавбатии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент баргузор шуд.

Мулоқот бо олимони ҷавон
Дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент тибқи дастури Кумитаи иҷроияи вилоятии ҳизб бо олимони ҷавон мулоқот баргузор шуд.

Тарғиботи “кӯча ба кӯча”
Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Конибодом корҳои тарғиботиро дар самти амалигардонии Муроҷиатномаи ширкати Барқи тоҷик вусъат дода, бо ҷалби вакилони маҳаллӣ бо усули “кӯча ба кӯча” корҳои фаҳмондадиҳӣ ба роҳ монда истодаанд.

Натиҷагирӣ аз соли куҳан
Дар шаҳри Истаравшан маҷлиси ҳисоботии шуъбаҳои кор бо занон ва ҷавонони КИ ҲХДТ барпо гардид. Дар он фаъолияти шуъбаи занон ва ҷавонон дар соли 2020 мавриди муҳокима қарор гирифт.

ИСТИФОДАИ МАҚСАДНОКИ НЕРӮИ БАРҚ
Тибқи нақша- чорабинии КИВ ҲХДТ ва КИ ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз ҷониби масъулони кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ ҷиҳати сарфакоронаву мақсаднок истифодабарии нерӯи барқ мулоқоту вохӯриҳоро миёни сокинон бо усули “кӯча ба кӯча” ва “рӯ ба рӯ” корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида, барои беҳтар намудани шароити зист дар мавсими зимистони дарпешистода маслиҳатҳои судманд дода шуд.