Daily Archives: 09.01.2021

IMG_8717

Қадри устод наку донистан…

Дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аёдату хабаргирии собиқадорони меҳнат, шахсони барӯманд ба ҳукми анъана даромадааст. Раиси  КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон  якҷоя бо Раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд ва кормандон   собиқадори меҳнат, олими сермаҳсул, собиқ вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон профессори ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров  Усмонҷон Ғаффоровро аёдат намуданд.

135927266_1630682430467623_6027854268206827749_o

Маҷлиси ҳисоботии ҷамбастии бахшҳои занон ва ҷавонони кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Спитамен

Дар китобхонаи марказии ноҳияи Спитамен маҷлиси ҳисоботии занону ҷавонони кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Спитамен баргузор гардид.  Дар маҷлиси мазкур намояндаҳои кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Нодира Мирзозода ва Маъмурахон Дадабоева, Раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Спитамен О.Насруллозода, мудири шӯъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи МИМҲД-и ноҳия Махфират Ахмедова, занони фаъол ва фаъолони ТҶҶ “Созандагони Ватан” иштирок намуданд.

изображение_viber_2021-01-08_10-05-56

Мулоқоти судманд

Дар маҷлисгоҳи ҷамоати деҳоти Ёва вохӯрии вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Мирзозода Мавлуда Зайнӣ  бо интихобкунандагон доир гардид.  Комилӣ Мастура муовини Раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мулоқотро оғоз бахшида, ҳадафи онро ба ҳозирин шарҳ дод.

137068835_840470243414302_7289441554252456169_o (1)

МАҶЛИСҲОИ ҲИСОБОТИИ ҶАМЪБАСТИИ ТАШКИЛОТҲОИ ИБТИДОИИ ҲИЗБӢ

Тибқи ҷадвали тасдиқнамудаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ашт дар ташкилотҳои ибтидоии ҲХДТ дар назди Бахши фарҳанг, Театри мусиқӣ-дарамавии ба номи М.Воҳидов, Шабакаи барқи ноҳияи Ашт ва Муассисаи давлатии назоратии санитарӣ-эпидемиологии ноҳияи Ашт маҷлиси ҳисоботӣ оид ба ҷамъбасти фаъолияти солона дар давоми соли 2020 гузаронида шуд.

IMG_20210107_093356

Ба суи ҳаёти бехатар

 Тибқи нақшаи тасдиқгардидаи шуъбаи кор бо занони  КИВ ҲХДТ дар ташкилоти ибтидоии маҳаллаи “Марказ”-и шаҳраки Ғафуров семинар дар мавзуи “Пешгирии зӯроварӣ нисбати кӯдак, махсусан духтарон дар мактаб, оила ва ҷомеа” гузаронида шуд. Дар семинар мудири бахши шуъбаи кор бо занони КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд  Салимзода М, равоншинос, устоди ДДХ ба номи академик Б, Ғафуров – Раҳимова М баромад намуданд.

1

ИҚДОМ САРИВАҚТӢ ВА ТАШАББУСИ ХАЙРХОҲОНА

Тайи чанд рӯзи охир якбора сард омадани ҳаво вазъияти сокинонро душвор гардонид. Ҳамзамон аз ҳисоби кам гардидани захираи оби обанбори нерӯгоҳи барқии обии Норак зарурати дубора маҳдуд кардани интиқоли барқ ба миён омад. Дар Муроҷиатномаи ширкати “Барқи тоҷик” вобаста ба ҳалли мушкилоти мардум омадааст, ки танҳо сафакорона истифода бурдани нерӯи барқ метавонад, барои дастрасӣ ба барқ дар давраи зимистон расидагӣ кунад.