Daily Archives: 11.01.2021

Қабули шаҳрвандон аз ҷониби вакил
Рӯзи гузашта дар қабулгоҳи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Конибодом қабули шаҳрвандон аз ҷониби вакили Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии Конибодом №19 Раҷабзода Равшан Муҳиддин доир гардид.

Тарғиботи “рӯ ба рӯ”
Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Конибодом корҳои тарғиботиро дар самти амалигардонии Муроҷиатномаи ширкати Барқи тоҷик вусъат дода, бо ҷалби вакилони маҳаллӣ бо усули “рӯ ба рӯ” ва “кӯча ба кӯча” корҳои фаҳмондадиҳиро ба роҳ монда истодааст.

Машғулияти навбатии курси захираи кадрҳо
Тибқи нақшаи чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Конибодом машғулияти навбатии курси захираи кадрҳои назди кумиҷроияи шаҳрии ҳизб бо иштироки устоди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд номзади илмҳои филологӣ дотсент Субҳони Аъзамзод баргузор гардид.

Истифодаи сарфакоронаи нерӯи барқ
Кормандони КИ ҲХДТ дар шаҳри Истаравшан таҳти роҳбарии раиси Кумитаи иҷроияи шаҳрӣ К.Мирзоев ба ҷамоати деҳоти Чорбоғ ва Пошкент рафта муҳтавои муроҷиатномаи Ширкати “Барқи тоҷик”-ро “Дар бораи истифодаи сарфакоронаи нерӯи барқ” ба сокинон фаҳмониданд.

Ҳизбиён ҳамроҳи мардум мебошанд
Дар партави ҳидоятҳои ғамхоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тибқи барқияи КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд ҳизбиёни ноҳияи Зафаробод як чанд оилаҳои ниёзмандро хабар гирифта, ба онҳо маводи сузишворӣ аз қабили ангиштсанг ва ҳезуми хушк дастрас намуданд.

Ғамхорӣ дар ҳаққи ниёзмандон рисолати инсонист
Баҳри дар амал татбиқ намудани сиёсати ғамхоронаю инсонпарваронаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Президенти Ватани маҳбубамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва тибқи ҳидояти раиси вилояти Суғд, муовини аввали раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷаббой Аҳмадзода ва раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Зуфар Исмоилзода дар ноҳияи Деваштич иқдоми хайриявӣ таҳти унвони «Ғамхорӣ дар ҳаққи ниёзмандон рисолати инсонист» баргузор гардид.