Daily Archives: 13.01.2021

назаре ба оина

Назаре ба оина- “Фарҳанги истифодаи неруйи барқ ”

Бо ташаббуси  КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд ва  Идораи телевизион ва радиои вилоят барномаи телевизионии “Назаре ба оина” дар мавзӯи “Фарҳанги истифодаи неруйи барқ ” баргузор гардид. Дар барнома аъзоён ва фаъолони ҲХДТ, мутахассисони соҳа, собиқадорони меҳнат, ҷавонон иштирок намуда, доир ба мавзуъ андешаронӣ намуданд.

Fotoram.io (1)

МАСЪУЛИЯТИ НАВБАТИИ АЪЗОЁНИ КУМИҶРОИЯ

Маҷлиси навбатии аъзоёни кумиҷроия дар толори маҷлисгоҳи кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб доир гардид.Чорабиниро раиси кумиҷроия Маликисломӣ Наим Мунаввар ҳусни оғоз бахшида, баён дошт, ки тибқи муқаррароти талаботҳои Оинномавӣ вақти баргузори конференсияи ҳисоботӣ – интихоботӣ ва шумораи вакилон муайян карда шавад. Ҳамин тавр бо овоздиҳии аъзоёни кумиҷроия санаи 15 – январ муқаррар карда шуд.

изображение_viber_2021-01-13_11-06-51

МАҶЛИСИ ҶАМЪБАСТИИ ҲИСОБОТӢ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ “БЕМОРХОНАИ БАЧАГОНА»

Субҳи  имрӯз дар ташкилоти ибтидоии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар “Беморхонаи бачагона”-и шаҳри конибодом бо иштироки намояндагони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Конибодом Маҷлиси ҳисоботӣ баргузор гардид.

138838135_243891487203794_4557138256692489764_n

БУЗУРГОНРО БУЗУРГОН ЗИНДА МЕДОРАНД

Сарвари давлати тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон нахуст худ аз гузаштаи пурифтихор ва аз зиндагиномаи шахсиятҳои тавонову фарзандони бузурги халқ сабақбардорӣ намуда, сипас, баҳри насли имрӯзу фардои миллат чеҳраҳои мондагорро аз минбарҳои баланд дар ҳамаи кунгураҳову ҳамоишҳои ватаниву хориҷӣ муаррифӣ кардаву ҷашнҳо оростаанд, то ки мақому манзалати онҳо шинохта шавад.

IMG_8771

Конференсияи XXVIII –уми ғайринавбатии ҲХДТ дар ноҳияи Зафаробод

Рӯзи гузашта дар ноҳияи Зафаробод конференсияи XXVIII –уми ғайринавбатии ҲХДТ дар ноҳия тибқи меъёрҳои муқарраргардидаи талаботи Оинномавии ҳизб баргузор гардид. Дар кори конференсия раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон,  раиси ноҳияи Зафаробод Ашурзода Раҷаб Рӯзӣ ва вакилони конференсия иштирок намуданд. Дар конференсия як масъала — пешниҳоди номзад ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд аз ҳавзаи интихоботии “Пахтакор №50”  баррасӣ гардид.

IMG_8832

Аёдат дар меҳвари фаъолияти ҳизбиён

Соҳибназар Холиқназаров  яке аз собиқадорони соҳаи маориф буда, зиёда аз 40 сол инҷониб ба рушди соҳаи маорифи ноҳия заҳмат кашидааст. Ин собиқадори соҳа аз ҷониби раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон аёдат намуда, ба ӯ тандурустиву саодати зиндагӣ таманно намуд.

IMG_8837

Баргузори маҷлиси ҳисоботии ТИ “Маорифчиён”

Зимни сафари корӣ раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон дар маҷлиси ҳисоботии ТИ “Маорифчиён” иштирок намуд. Маҷлиси  ҳисоботии ТИ “Маорифчиён” бо ишитроки ҳамсафон аз ташкилоти ибтидоӣ баргузор гардид.

20210112_091256

Маҷлиси ташкилоти ибтидоӣ

Тибқи ҷадвали тасдиқгардидаи КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов санаи 12 январи соли равон дар ташкилоти ибтидоии ҲХДТ  «Сомониён»  бо иштироки  Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷаббор Расулов Одилзода Р. маҷлиси васеи ташкилоти ибтидоӣ оид ба ҷамъбасти фаъолияти ташкилоти ибтидоӣ дар соли 2020 баргузор гардид.

IMG_20210112_090414

Ҳизбиён ҳисобот медиҳанд

Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии Агентии минтақавии Тоҷикстандарт дар ҷаласаи ҷамъбастӣ  ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоӣ   Насиба   Мӯсозодаро  бо маром шуниданд.

_MG_7450

Ҷавонон ва бонувон машварат оростанд

Дар толори Кохи фарҳанги шаҳр ҷаласаи ҷамъбастии шуъбаҳои кор бо ҷавонон ва занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент баргузор шуд.

изображение_viber_2021-01-12_15-45-41

МАҶЛИСИ ҶАМЪБАСТИИ ҲИСОБОТӢ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ “БЕМОРХОНАИ МАРКАЗӢ»

Санаи 12 январи соли 2021 дар ташкилоти ибтидоии ҲХДТ “Беморхонаи Марказӣ” бо иштироки намояндагони  Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Конибодом маҷлиси ҳисоботӣ баргузор гардид.

IMG_20210112_100637

Ҷаласаи ҷамъбасти фаъолияти солонаи шуъбаи кор бо занон ва кор бо ҷавонони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Деваштич

Дар толори Ҷамъияти Матлуботи ноҳияи Деваштич бо иштироки намояндаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Дадабоева М ҷаласаи ҷамъбасти фаъолияти солонаи шӯъбаи кор бо занон ва кор бо ҷавонон баргузор гардид.

138538624_229676678699949_9133642428076589701_o

Иқдоми шоиста

Бо иқдоми Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон дар ҳамбастагӣ бо вакилони мардумӣ баҳри амалисозии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иҷрои Барномаи ҳизб ҷиҳати сарфакорона истифода бурдани нерӯи барқ ва беҳбудии рӯзгор ба оилаҳои ниёзманд маводи озуқавории ниёзи аввала ва ангишт дастрас карда шуд.

изображение_viber_2021-01-12_10-18-46

Мулоқоти рӯ ба рӯ

Тибқи нақша чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар  ноҳияи Бобоҷон  Ғафуров  роҳбари дастгоҳи кумитаи иҷроияи  ноҳиявӣ Зоҳидов А.  дар ташкилоти ибтидоии  КДФ  “БММҒ”   бо усули  “рӯ ба рӯ” оид ба сарфакоронаю оқилона истифода бурдани нерӯи барқ ва пешгирии бемориҳои сироятӣ корҳои тарғиботию ташвиқотӣ гузарониданд.

IMG_0138

БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИИ ШУЪБАҲОИ КОР БО ЗАНОН ВА ҶАВОНОНИ КУМИТАИ ИҶРОИЯИ ҲХДТ ДАР НОҲИЯИ АШТ

Санаи 12-уми  январи соли 2021 мувофиқи ҷадвали тасдиқнамудаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд дар  толори  Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ашт ҷаласаи ҷамъбастии фаъолияти шуъбаҳои кор бо занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроияи Ҳизби  Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ашт, дар соли 2020 ва вазифаҳо барои соли 2021 доир гардид.