Daily Archives: 19.01.2021

ГУЗОШТАНИ САНГИ АСОС БА БИНОИ КИ ҲХДТ ДАР ШАҲРИ ИСТАРАВШАН
Имрӯз аз ҷониби Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзод якҷоя бо раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон, роҳбарият, фаъолон, собиқадорон ва аҳли ҷомеаи шаҳри Истаравшан ба сохтмони бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳр санги асос гузошта шуд.

Маҷлиси шуъбаи кор бо ҷавонон ва Шӯрои Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан»-и Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд
Имрӯз дар толори КИ Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суѓд, маҷлиси шуъбаи кор бо ҷавонон ва Шӯрои Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан»-и Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд баргузор гардид. Дар Маҷлис мудирони шуъбаи кор бо ҷавонон, раисони кор бо ҷавонони ташкилотҳои ибтидоӣ ва аъзоёни шӯрои ТҶҶ «Созандагони Ватан» иштирок намуданд.

Ҷаласаи ҷамъбастии фаъолияти шуъбаи кор бо занон КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд
Имрӯз дар толори КИ Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суѓд ҷаласаи ҷамъбастии фаъолияти шуъбаи кор бо занон барои соли 2020 баргузор гардид. Дар ҷаласа мудирони шуъба ва бахшҳои кор бо занони кумитаҳои иҷроияи шаҳру ноҳияҳои вилоят, аъзоёни Шурои занони фаъоли назди шуъбаи кор бо занони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва кор бо занони ташкилотхои ибтидоӣ дар шаҳри Хучанд, намояндагони ВАО иштирок намуданд.

Омӯзгорон- такягоҳи ҳизб
Ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Маорифчиён” аз калонтарин ниҳодҳои ибтидоии ҳизбӣ дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент маҳсуб шуда, беш аз 3500 нафар омӯзгорон ва дигар кормандони соҳаро муттаҳид менамояд.

Натиҷабардорӣ аз фаъолияти ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ҳоҷӣ Алиев”
Ба итмом расидани соли 2020 ва ҷамъбаст намудани фаъолияти кории ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ барои соли гузашта тибқи барқияи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Конибодом барои ҷамъбасти фаъолияти солонаи кумитаву ташкилотҳо сафарбар карда шуданд.

Ташкилоти ибтидоии КВД БММҒ аз фаъолияти яксолааш натиҷагирӣ намуд
Рӯзи гузашта Маҷлиси ҷамъбастии ташкилоти ибтидоии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Корхонаи воҳиди давлатии бақайдгирии молу мулки ғайриманқул доир гашт.

Маҷлиси ҷамъбастӣ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии“Гулдара”
Тибқи ҷадвали тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Гулдара” бо иштироки фаъолони ҳизб, пешсафон бонувону ҷавонон маҷлиси ҷамъбастии ташкилоти ибтидоӣ баргузор гардид. Дар маҷлис фаъолияти солонаи ташкилот мавриди баррасӣ қарор гирифт.

ИДОМАИ БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАҲОИ ҶАМЪБАСТИИ ТАШКИЛОТҲОИ ИБТИДОИИ ҲИЗБӢ ДАР НОҲИЯИ АШТ
Нимаи дуюми рӯзи 18 январи соли равон дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии Ҷамоати деҳоти Ифтихор, деҳаи Қирққудуқ ва деҳаи Чигдаи Ҷамоати деҳоти Ифтихор оид ба фаъолияти ташкилотҳои ибтидоӣ дар соли 2020 маҷлиси ҷамъбастӣ бо иштироки масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ашт, раисони ташкилотҳои ибтидоӣ ва аъзоёни ҲХДТ доир гардид.