Daily Archives: 21.01.2021

Ҷамъбасти фаъолияти ташкилоти ибтидоии Маркази саломати N 1
Дар асоси нақшаи кории кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар н.Спитамен дар ташкилоти ибтидоии маркази саломатии N1 маҷлиси ҳисоботии ташкилоти ибтидоӣ баргузор гардид. Дар маҷлиси мазкур намояндаи кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Мутриба Султонӣ Раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Спитамен Ойбек Насруллозода Раиси ташкилоти ибтидоии Маркази саломатӣ Расулзода Ихтиёр ва фаъолони ҳизб иштирок намуданд.

Натиҷагирӣ аз фаъолияти ташкилоти ибтидоии БМН
Дар асоси нақшаи кории кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Спитамен санаи 20-уми январи соли 2021 дар ташкилоти ибтидоии БМН ноҳияи Спитамен маҷлиси ҷамъбастии ташкилоти ибтидоӣ баргузор гардид. Дар маҷлиси мазкур намояндаи кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Мутриба Бобоҷонова Раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Спитамен Ойбек Насруллозода ва Раиси ташкилоти ибтидоии БМН Ахмедова Юлдуз иштирок доштанд.

Ҷалби ҷавонон ба иқдомҳои созанда
Бо мақсади пешгирии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои номатлуб, баланд бардоштани савияи дониш, ҷалби хонандагон ба омӯзиши фанҳои дақиқ, шомил намудани ҷавонони фаъолу созанда ба сафи ТҶҶ “Созандагони Ватан” масъулини Шуъбаи кор бо ҷавонони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Айнӣ ба деҳаҳои Фатмев, Гузари Боди Ҷамоати деҳоти Рарз сафар намуда, бо хонандагони зинаи сеюми таҳсилот вохӯрии судманд доир намуданд.

Маҷлиси ташкилоти ибтидоии Навкат
Дар асоси нақшаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Спитамен маҷлиси ҷамъбастии ташкилоти ибтидоии Навкат баргузор гардид. Дар маҷлиси мазкур Мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Мутрибахон Султонӣ, Раиси Кумитаи иҷроия Ойбек Насруллозода, аъзои Кумитаи иҷроияи марказӣ, Раиси ташкилоти ибтидоии Навкат Муаттара Убайдуллозода иштирок намуданд.

Баргузории маҷлиси ҳисоботӣ дар маҳаллаи “Чинор”
Дар маҷлисгоҳи ташкилоти ибтидоии маҳаллаи “Чинор”-и ҷамоати деҳоти Хистеварз маҷлиси ҷамъбастӣ оид ба натиҷагирӣ аз фаъолияти соли 2020 ва вазифагузорӣ барои соли 2021 бо иштироки роҳбари дастгоҳи КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Исматҷонов Бахтиёр ва роҳбари дастгоҳи КИ ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Зоҳидов Алиҷон баргузор гардид.

Натиҷагирӣ аз соли сипаригашта дар ташкилотҳои ибтидоии ҲХДТ
Дар ташкилотҳои ибтидоии ҲХДТ «Ором», «Зуҳал», «Матлубот», «Раёсати молия», «ЛКТ» ва «МНА-32» тибқи нақшаи тасдиқгардида маҷлисҳои ташкилотҳои ибтидоии ҲХДТ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов гузаронида шуданд.

Мулоқоти вакили вилоятӣ бо интихобкунандагон
Дар толори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 18 – и шаҳри Хуҷанд мулоқоти вакили маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд Саодат Аминҷонова ва раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Маликисломӣ Наим Мунаввар бо интихобкунандагон дар мавриди истифодаи сарфакоронаи нерўйи барқ, самаранок истифодабарии заминҳои наздиҳавлигӣ

ФАЪОЛИЯТ ПУРСАМАР МЕГАРДАД АГАР …
Дар толори хурди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 19 шаҳри Хуҷанд ҷаласаи ҳисоботии ташкилоти ибтидоии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба номи “Домулло Азизов” доир гардид.

РИСОЛАТИ ҲИЗБӢ – ТАЛҚИНИ ДАСТОВАРДҲОИ МИЛЛӢ
Дар доираи нақша – чорабинии кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ҷаласаҳои ҳисоботӣ дар ҳамаи 856 ташкилотҳои ибтидоӣ бомаром идома дорад. Нуктаи хушоянд он аст, ки дар аксари ҷаласаҳои ҳисоботӣ кормандони дастгоҳи кумиҷроияҳо, аъзои раёсат ва аъзои кумиҷроияҳо ширкат варзида, барои беҳбудии кор дастурҳои созанда медиҳанд.

Ҳизбиёни Амондара ва Ёрӣ ҳисобот доданд
Иштирокчиёни маҷлиси ҷамъбастии ташкилоти ибтидоии ҳизбии ҷамоати деҳоти Амондара ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоӣ Олимхон Калоновро бо мароқ шуниданд.

Пешгирии бемории сироятии коронавирус “COVID-19”
Тарғиботчиёни Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон оид ба пешгирии бемории сироятии коронавирус “COVID-19” корҳои фаҳмондадиҳиро идома доданд.

Маҷлисҳои ҳисоботӣ дар ташкилотҳои ибтидоӣ
Маҷлисҳои ҳисоботӣ дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии Кумитаи Иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон бо маром идома дорад Дирӯз тибқи нақшаи Кумиҷроияи шаҳрӣ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Тоҷиктелеком” маҷлиси ҷамъбастии соли 2020 баргузор гардид.