Daily Archives: 27.01.2021

ПАЁМИ РАҲНАМО
Рӯзи гузашта бо дастури Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент дар ҳамаи ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ тамошои дастҷамъонаи ироаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифт.

Нуктаҳо аз Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Пеш аз ҳама, зарур аст, ки дар соли 2021 истифодаи самараноки имконияту захираҳои мавҷуда, ба кор андохтани иқтидорҳои нав ва фаъол гардонидани иқтидорҳои амалкунанда, ҷалби сармояи ватаниву хориҷӣ тақвият бахшида, дар ин замина иҷрои нишондиҳандаҳои пешбинишуда, хусусан, доир ба афзоиши маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар сатҳи на камтар аз 7 фоиз ва ҳалли проблемаҳои рӯзмарраи аҳолӣ таъмин карда шавад.

Иродаи матин ва дурандеширо аз Пешвои миллат бояд омӯхт
Чуноне ки мову Шумо медонем, имрӯз- санаи 26-уми январи соли 2021 Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар ироа гардид ва мову Шумо дастурҳои мушаххасу созанда ва оқилонаву хирадмандонаи Ҷаноби Олиро шунидем.

Рафти тамошои Паём дар шаҳри Гулистон
Тибқи барқияи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон №03 аз 21 январи соли 2021 дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ санаи 26 январи соли 2021 соати 10-00 пахши мустақими Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути шабақаҳои телевизионӣ ва радио тамошо карда шуд.

Паёми Пешвои муаззами миллат – илҳомбахши кору зиндагии мо ҷавонон аст
Бо руҳу илҳоми тоза ва шукргузорӣ аз фазои орому осудаи кишвари маҳбуб чун дигар сокинони баору нанги Тоҷикистони азиз, мо сокинон ва бахусус ҷавонони шаҳри Бӯстон низ паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»-ро сарҷамъона тамошо кардем.