Monthly Archives: Февраль 2021

444445

Корҳои ободонӣ дар ноҳия вусъат меёбанд

Дар ташкилоту муассисаҳои ноҳияи Зафаробод баргузор намудани корҳои ободонӣ ба хотири таҷлили сазовори ҷашни 30-солагии кишварамон вусъати тоза мегирад.

IMG_9160

Фаъолияти пурсамар

Маҷлиси ҷамъбастии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон дар толори кохи “Истиқлол”-и шаҳри Гулистон доир гардид. Дар маҷлис Раиси шаҳри Гулистон Маҷидӣ Бахтиёр Саидаҳмадзода, Раиси Кумитаи иҷроияи  Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон ва Узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Директори муассисаи давлатии таълимии «Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Бӯстон» Мадина Набизода- аъзои Кумитаи иҷроияи Марказӣ иштирок доштанд. Дар маҷлис инчунин раисони ташкилотҳои  ибтидоӣ, вакилони халқ аз  ҲХДТ, аъзои Шӯрои собиқадорон, аъзои Шӯрои занон ва ҷавонон, роҳбарони  корхонаю  муассисаҳо ва фаъолони ҳизб  низ ширкат варзиданд. 

444445

Тарғиби нуқтаҳои Паём

Бо мақсади шарҳу тавзеҳи Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори маҷлисгоҳи Коллеҷи тиббии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров  бо иштироки гурӯҳи кории Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд таҳти роҳбарии ректори Донишкадаи кӯҳӣ металургии Тоҷикистон Муҳаммадалӣ Бахтиёр Набӣ, Раҷабова Зулфинисо – дотсенти МДТ ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров,  Дадобоева М. – директори маркази таълимии шаҳри Хуҷанд, аъзои КИМ, сармутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Зоҳидов Олимҷон ва раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Анварзода Амирҷон

146953672_5012385062164973_3318628388739793835_o

Иштирок дар ҷашни Сада дар вилояти Суғд 05.02.2021 14:09, ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

MyCollages (4)

САБАҚИ НОДИР

Нимаи дуюми имрӯз Раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон бо ҳамроҳии раиси кумиҷроияи шаҳрии ҳизб Маликисломӣ Наим Мунаввар ва раиси Шӯрои собиқадорони КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Саидбой Сокиров ба аёдати Муҳаббат Шарифхӯҷаева, ки солҳои сол дар тарбияи насли наврас хизмати босубот кардаанд, омаданд.

MyCollages (4)

ҲУНАРОМӮЗӢ ШАХСРО ДАР ҶОМЕА СОҲИБОБРӮ МЕГАРДОНАД

Дар доираи нақша – чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи вилоятии ҳизб имрӯз  дар литсейи касбӣ – сохтмонии шаҳри Хуҷанд бо иштироки устодон ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти касбии шаҳри Хуҷанд мулоқоти Раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон ва раиси кумиҷроияи шаҳрии ҳизб Маликисломӣ Наим Мунаввар ҷиҳати фаҳмонидани бандҳои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

147109638_856373548490638_9162473365215958434_n

ИДОМАИ МУЛОҚОТУ ВОХӮРИҲОИ ГУРӮҲИ ТАРҒИБОТӢ ДАР ПАРТАВИ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Санаи 5-уми феврали соли равон дар бинои туйхонаи шаҳраки Гулшани Ҷамоати деҳоти Шодоба шарҳу тавзеҳи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки санаи 26.01.2021 сол ироа гардида буд, вохӯрии гурӯҳи корӣ бо сокинон ва истиқоматкунандагони Ҷамоати деҳоти Шодоба доир гардид.
IMG_8823

Мулоқот бо афсарону сарбозон

Мулоқоти навбатии гурӯҳи тарғиботии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат бо афсарон ва сарбозони қисми ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мустақар дар шаҳри Панҷакент баргузор шуд.

Деваштич_Паём кутбнамост (1)_compress24

Паём – қутбнамои дастовардҳост!

Дар ноҳияи Деваштич, дар баробари дигар шаҳру навоҳии кишвари маҳбубамон, ҷиҳати тарғибу ташвиқи муҳтавои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тибқи ҷадвали Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, аз ҷониби гуруҳҳои тарғиботчиён аз ҳисоби собиқадорону зиёиён ва бонувону ҷавонон мулоқоту суҳбатҳо бо сокинони Ҷамоатҳои шаҳраку деҳот баргузор шуда истодаанд.

IMG-5c636467128b67bf99b639ddaca0c554-V

Омӯзиши Паём байни бонувон

Бо мақсади тарғибу ташвиқи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар ташкилоти ибтидоии “Шаҳраки Зарнисор”-и шаҳри Гулистони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 10 бо иштироки  бонувон вохӯрӣ доир гардид.

20210204_150534

Идомаи тарғиби муҳтавои Паём

Идомаи тарғиби муҳтавои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ аз ҷониби кормандони КИ ҲХДТ – Умарзода Б., Саматов И., ва Алимова Н. санаи 4 феврали соли 2021 тибқи нақшаи тасдиқгардида дар Ҷамоати деҳоти Ғӯлакандоз, МТМУ №5, МТМУ №21 ва дар Кӯдакистоти №15 ҷараён гирифт. Ҳангоми мулқотҳо баромадкунандагон дар бораи сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, самаранок истифода намудани заминҳои корам, захира намудани маҳсулотҳои озуқаворӣ, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»

20210203_132047

Таъсиси ташкилотҳои ибтидоии ҲХДТ «Гулшан» ва «Парасту»

Бо мақсади афзун намудани сафи ҲХДТ аз ҳисоби шахсони арзанда, ки дар ҷомеа мақоми сазоворро доранд, кормандони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов чораҳои заруриро пайваста амалӣ намуда истодаанд. Вобаста ба ин масъала 3 феврали соли 2021 дар Кӯдакистони №6 ва Кӯдакистони №11-и Ҷамоати деҳоти Ғӯлакандоз бо иштироки муовини раиси КИ ҲХДТ дар ноҳия Умарзода Ботирҷон маҷлис баргузор гардида, ташкилотҳои ибтидоии нави ҲХДТ «Гулшан» ва «Парасту» ташкил карда шуданд.

_MG_8628

Паём- раҳнамои рушди Тоҷикистон

Дар толори Кохи Лоиқи шаҳри Панҷакент намояндагони ҷомеаҳои меҳнатии шаҳр , фаъолони ҲХДТ барои шунидани шарҳу тавзеҳи нуктаҳои Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби гурӯҳи тарғиботии мақомоти иҷроияи  ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ҷамъ омаданд.

146862332_5012047478865398_5321780440526811796_o

Иштирок дар бунёди боғи интенсивӣ дар Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи ба номи Саидхоҷа Урунхоҷаеви ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

147393540_5012038225532990_2100901244139299953_o

Боздид аз гармхонаҳои Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи ба номи Саидхоҷа Ӯрунхоҷаев дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров