Daily Archives: 04.02.2021

MyCollages (3)

РАСИДАН БА ИСТИҚЛОЛИЯТИ ЭНЕРГЕТИКӢ АЗ ФАРҲАНГИ ИСТИФОДАИ БОСАМАРИ ОН ВОБАСТА АСТ

Дар шаҳру деҳоти кишвар нуктаҳои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон , Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миёни аҳли ҷомеа хуш истиқбол гирифта истодааст. Дар ҳошияи нақша – чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи вилоятии ҲХДТ нимаи дуюми имрӯз дар маҷлисгоҳи шабакаҳои барқи шаҳри Хуҷанд мулоқоти раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон ва раиси кумиҷроияи шаҳрии ҳизб Маликисломӣ Наим Мунаввар ҷиҳати фаҳмонидани бандҳои Паём бо аъзоёни ташкилоти ибтидоии “Фурӯзон” доир гардид.
146442379_414175456310116_522397282987604242_o

МУЛОҚОТУ ВОХӮРИҲОИ ГУРӮҲИ ТАРҒИБОТИИ КИ ҲХДТ ДАР ВИЛОЯТИ СУҒД ОИД БА ТАРҒИБУ ТАШВИҚИ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ИДОМА ДОРАД

Нимаи дуюми рӯзи 3-юми феврали соли 2021 баргузории чунин мулоқоту вохӯриҳои гурӯҳи корӣ дар ҳайати профессор, ректори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Шарифзода Мумин Машокир ва аъзоёни гурӯҳ Туразода Ҷамшедхон Аскар –дотсенти Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, муовини раиси КИИ ҲХДТ “Сомон” дар шаҳри Хуҷанд, Санавваров Ғолибҷон — дотсенти Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ва раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ашт Каримзода Хушнуд оид ба тарғибу ташвиқи нуқтаҳои асосии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташкилоти ибтидоии ҲХДТ дар назди Ҷамоати деҳоти Ошоба
146385812_414175822976746_8746219257173778390_n

ИДОМАИ МУЛОҚОТУ ВОХӮРИҲОИ ГУРӮҲИ ТАРҒИБОТИИ КУМИТАИ ИҶРОИЯИ ҲХДТ ДАР ВИЛОЯТИ СУҒД ОИД БА ТАРҒИБУ ТАШВИҚИ МУҲТАВОИ АСОСИИ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ

 Идомаи баргузории мулоқоту вохӯриҳои гурӯҳи корӣ дар ҳайати профессор, ректори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Шарифзода Мумин Машокир ва аъзоёни гурӯҳ Туразода Ҷамшедхон Аскар –дотсенти Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, муовини раиси КИИ ҲХДТ “Сомон” дар шаҳри Хуҷанд, Санавваров Ғолибҷон — дотсенти Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ва раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ашт Каримзода Хушнуд Каримӣ оид ба тарғибу ташвиқи нуқтаҳои асосии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар туйхонаи “Хуршеду Ҷамшед”-и Ҷамоати деҳоти Меҳробод
146100028_855864458541547_5730329692599757791_n

ИДОМАИ МУЛОҚОТУ ВОХӮРИҲОИ ГУРӮҲИ КОРӢ ОИД БА ТАРҒИБУ ТАШВИҚИ МУҲТАВОИ АСОСИИ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ ДАР ТАШКИЛОТҲОИ ИБТИДОИИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ АШТ

Тибқи ҷадвали тасдиқгардидаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд бо мақсади тарғибу ташвиқ намудани мӯҳтавои асосии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ”  дар туйхонаи “Орзу”-и Ҷамоати деҳоти Ашт дар ташкилоти ибтидоии ҲХДТ дар назди Ҷамоати деҳоти Ашт, ташкилоти ибтидоии ҲХДТ дар назди деҳаи Дӯстии Ҷамоати деҳоти Ашт ва бо иштироки фаъолону гурӯҳҳои мухталифи ҷомеа мулоқоту вохӯриҳои намояндагон Ҷабори Бурҳониддин Исҳоқ -аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Саидзода Шӯҳрат -мудири кафедраи сиёсатшиносии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, Умаралиева Уғулой-собиқадори ҳизб, Ҷалилӣ Аниса Абдуллозода -муовини раиси ноҳия ва Каримзода Хушнуд Каримӣ -раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ашт доир гардид.
20210203_123722

Ҷавонон- нерӯи созандаи ҷомеа!

Аз ҷониби гуруҳи тарғиботиву ташвиқотӣ масъулини кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳристон Ғоибов С.Ф., мудири бахши ҷавонони ноҳия Отаев З, намояндаи шуъбаи корҳои дохилии ноҳия ва шуъбаи мароифи ноҳияи Шаҳристон дар ТИ “Комилҷон Ғозиев” бо волидайн ва хонандагони синфҳои болоии МТМУ №6 деҳаи Чашмасор вохӯрӣ  доир намуданд.

20210203_092710

Паём – ояндаи мову шумо

Санаи 3 феврали соли 2021 тибқи нақшаи тасдиқшуда раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов Одилзода Р. ва кормандони КИ ҲХДТ дар ноҳия Саматов И. ва Раҷаматов А. барои тарғиби муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» дар Литсейи касбӣ – техникии ноҳия, МТМУ №22, МТМУ №9 ва дар Ҷамоати деҳоти Ҳаёти нав вохӯрию мулоқотҳо баргузор намуданд.

144612732_5007925939277552_3607128070599109735_o

Иштирок дар бунёди боғи интенсивӣ дар “Боғи миллии Ваҳдат”

146748382_5007911549278991_6774249395482045817_o

Иштирок дар бунёди боғи интенсивӣ, хати обрасонӣ гармхонаи замонавӣ ва оғози кишти картошка дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

145764158_256207989305477_5383708056012890305_o

КОНФЕРЕНСИЯИ VI ТАШКИЛОТИ ҶАМЪИЯТИИ ҶАВОНОН “СОЗАНДАГОНИ ВАТАН” БАРГУЗОР ГАРДИД

Дар шаҳри Душанбе Конференсияи VI Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” баргузор гардид. Дар кори он 216 вакил аз намояндагиҳои ташкилот аз вилоят ва шаҳру ноҳияҳо иштирок намуданд. Ҳамзамон дар кори конференсия Латифзода Асрор Қурбон- муовини Раиси ҲХДТ иштирок ва суханронӣ намуданд.

IMG-d90724167bd84be2e515109771ddf4b4-V

Паём- меҳвари асосии пешрафту шукуфоии Тоҷикистон

Дар толори ҶМТКДММ “Апрелевка”-и ҷамоати шаҳраки Консой тарғиботчиёни КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд  Саидӣ Дилафрӯз-ректори Донишкадаи политехникии  ДТТ ба номи академик М.Осимӣ, Ҷамолиён Муслимахон Ғайбуллозода-раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон, Бобоҷонова Мутриба Султоновна- мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робитабо ҷомеаи КИ ҲХДТ ва Темирова Хайриниссо Исломовна-мудири кафедраи ДПДТТ бо иштироки фаъолон, пешқадамони соҳа, аъзоёни ҲХДТ, собиқадорон ва сокинони ҷамоат  омӯзиши нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон идома бахшиданд.

20210202_140042

Паём ояндаи босаодат

Нисфирӯзии санаи 02.02.2021 дар толори ҷамоати шаҳраки Адрасмон аъзоёни гурӯҳи тарғиботӣ Саидӣ Дилафрӯз-ректори Донишкадаи политехникии  ДТТ ба номи академик М.Осимӣ, Ҷамолиён Муслимахон Ғайбуллозода-раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон ва Темирова Хайриниссо Исломовна-мудири кафедраи ДПДТТ оид ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат оид ба самаранок истифода бурдани ҳар як ваҷаби қитъаи замин, сарфакорона истифодабарии нерӯи барқ вохӯрӣ баргузор намуданд.

20210202_111201

Ҳизбиён Паёмро тарғиб менамоянд

Бо мақсади тарғибу ташвиқ ва шарҳу эзоҳи Паёми Сарвари давлат   тибқи ҷадвали тасдиқнамудаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бо иштироки аъзоёни гурӯҳи тарғиботӣ Саидӣ Дилафрӯз-ректори Донишкадаи политехникии  ДТТ ба номи академик М.Осимӣ, Ҷамолиён Муслимахон Ғайбуллозода-раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон ва Темирова Хайриниссо Исломовна-мудири кафедраи ДПДТТ дар  деҳаи Зарчашмаи шаҳраки Адрасмон бо кулли сокинони деҳа вохӯрии васеъ доир гардид.

изображение_viber_2021-02-03_11-19-54

Паём нусратбахши фардои нек

Имрӯз дар идомаи силсилаи мулоқотҳои тарғиботӣ дар самти тарғибу ташвиқи Паёми навбатии  Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо иштироки аъзоёни гурӯҳи тарғиботӣ Муҳаммадалӣ Бахтиёр Набӣ – ректори Донишгоҳи кӯҳӣ-металургии Тоҷикистон, Зоҳидов Олимҷон – сармутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд ва раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Анварзода Амирҷон мулоқоти навбатиро бо фаъолон ва сокинони  ҷамоати деҳоти Овчиқалъача  ба роҳ монданд. Дар мулоқот тамоми самтҳо ва нуқтаҳои муҳимтарини Паёми Роҳбари давлат мавриди муҳокима қарор дода шуд.