Daily Archives: 08.02.2021

444445

Корҳои ободонӣ дар ноҳия вусъат меёбанд

Дар ташкилоту муассисаҳои ноҳияи Зафаробод баргузор намудани корҳои ободонӣ ба хотири таҷлили сазовори ҷашни 30-солагии кишварамон вусъати тоза мегирад.

IMG_9160

Фаъолияти пурсамар

Маҷлиси ҷамъбастии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон дар толори кохи “Истиқлол”-и шаҳри Гулистон доир гардид. Дар маҷлис Раиси шаҳри Гулистон Маҷидӣ Бахтиёр Саидаҳмадзода, Раиси Кумитаи иҷроияи  Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон ва Узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Директори муассисаи давлатии таълимии «Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Бӯстон» Мадина Набизода- аъзои Кумитаи иҷроияи Марказӣ иштирок доштанд. Дар маҷлис инчунин раисони ташкилотҳои  ибтидоӣ, вакилони халқ аз  ҲХДТ, аъзои Шӯрои собиқадорон, аъзои Шӯрои занон ва ҷавонон, роҳбарони  корхонаю  муассисаҳо ва фаъолони ҳизб  низ ширкат варзиданд. 

444445

Тарғиби нуқтаҳои Паём

Бо мақсади шарҳу тавзеҳи Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори маҷлисгоҳи Коллеҷи тиббии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров  бо иштироки гурӯҳи кории Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд таҳти роҳбарии ректори Донишкадаи кӯҳӣ металургии Тоҷикистон Муҳаммадалӣ Бахтиёр Набӣ, Раҷабова Зулфинисо – дотсенти МДТ ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров,  Дадобоева М. – директори маркази таълимии шаҳри Хуҷанд, аъзои КИМ, сармутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Зоҳидов Олимҷон ва раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Анварзода Амирҷон