Рубрики
Uncategorized

Тарғиби нуқтаҳои Паём

Бо мақсади шарҳу тавзеҳи Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори маҷлисгоҳи Коллеҷи тиббии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров  бо иштироки гурӯҳи кории Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд таҳти роҳбарии ректори Донишкадаи кӯҳӣ металургии Тоҷикистон Муҳаммадалӣ Бахтиёр Набӣ, Раҷабова Зулфинисо – дотсенти МДТ ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров,  Дадобоева М. – директори маркази таълимии шаҳри Хуҷанд, аъзои КИМ, сармутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Зоҳидов Олимҷон ва раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Анварзода Амирҷон  бо устодону донишҷӯён мулоқот   доир гардид. Зимни мулоқот аъзоёни гурӯҳи тарғиботии кумиҷроияи вилоятӣ доир ба самтҳои Паёми навбатии Пешвои миллат ва нуқтаҳои муҳимтарини он маълумотҳои муфид доданд.

   Дар ин вохӯрӣ  доир ба муҳтавои Паёми Пешвои миллат, ки самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакатро дар бар мегирад суханронӣ намуда, талаботҳои асосии он — пешбурди манфиатбори сиёсати хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, мавриди шарҳу тавзеҳ қарор дода шуданд.

Рубрики
Uncategorized

ИДОМАИ МУЛОҚОТУ ВОХӮРИҲОИ ГУРӮҲИ ТАРҒИБОТӢ ДАР ПАРТАВИ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Санаи 5-уми феврали соли равон дар бинои туйхонаи шаҳраки Гулшани Ҷамоати деҳоти Шодоба шарҳу тавзеҳи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки санаи 26.01.2021 сол ироа гардида буд, вохӯрии гурӯҳи корӣ бо сокинон ва истиқоматкунандагони Ҷамоати деҳоти Шодоба доир гардид. Дар вохӯрӣ аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷабори Бурҳониддин Исҳоқ, Саидзода Шӯҳрат -мудири кафедраи сиёсатшиносии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, Умаралиева Уғулой-собиқадори ҳизб, Маҳмудзода Ҷамшед Абдуқаҳҳорӣ -муовини раиси ноҳия ва Каримзода Хушнуд Каримӣ -раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ашт иштирок ва баромад намуданд.Мулоқот дар партави Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар амал татбиқ намудани вазифаҳои гузошташуда доир гардид.

Рубрики
Uncategorized

Мулоқот бо афсарону сарбозон

Мулоқоти навбатии гурӯҳи тарғиботии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат бо афсарон ва сарбозони қисми ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мустақар дар шаҳри Панҷакент баргузор шуд.

          Роҳбари гурӯҳи тарғиботӣ, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент Мурод Шукурзода, аъзоёни гурӯҳ , устодони Донишгоҳи давлатии Хуҷанд, ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, доктори илми филология Нуралӣ Нуров, Боҳир Раҷабов ва директори китобхонаи вилоятии ба номи Тошхоҷа Асирӣ Баҳром Мирсаидов  таваҷҷуҳи афсарону сарбозонро ба нуктаҳои асосии Паёми Пешвои миллат ҷалб карда, аз ҷумла, таъкид намуданд, ки  вазифаи аз ҳама муҳим — ҳимояи марзу буми давлат, таъмини амнияти давлату миллат ва ҳифзи суботу оромии ҷомеа, пешгирӣ ва бартараф кардани ҳама гуна таҳдиду хатарҳои берунӣ, ба зиммаи Қувваҳои Мусаллаҳ  вогузор гардидааст ва онҳо бояд ин вазифаи муқаддасро бо камоли садоқат ба Ватан ба ҷо оранд.

         Дар мулоқот бо устодону донишҷӯёни коллеҷи омӯзгории шаҳри Панҷакент, он нуктаҳои Паёми Сарвари давлат, ки ба рушди соҳаи маориф, омода намудани мутахассисони варзида, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим, тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи худшиносӣ ва меҳанпарастӣ оид аст, аз ҷониби гурӯҳи тарғиботӣ шарҳу эзоҳ дода шуд.

Рубрики
Uncategorized

Омӯзиши Паём байни бонувон

Бо мақсади тарғибу ташвиқи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар ташкилоти ибтидоии “Шаҳраки Зарнисор”-и шаҳри Гулистони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 10 бо иштироки  бонувон вохӯрӣ доир гардид.

Дар вохӯрӣ қайд гардид, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 26 январи соли 2021 дар Паём таъкид намуданд, ки  сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумати Тоҷикистон ба масъалаи баланд бардоштани мақоми занону бонувон дар ҳаёти ҷомеа диққати аввалиндараҷа дода мешавад.

          Саҳми занон дар рушди соҳаҳои илму маориф ва тандурустии мамлакат торафт афзуда, имрӯз дар соҳаи маорифи кишвар 73 фоиз ва тандурустиву ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ қариб 68 фоизро занону бонувон ташкил медиҳанд. Фаъолияти бонувон дар соҳаи кишоварзӣ ва рушди иқтисодиёти кишвар низ назаррас аст.

          Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат дар Паём таъкид намуданд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташаббусҳои занону бонувони кишварро минбаъд низ дастгирӣ намуда, ба хотири ҷалби бештари онҳо ба вазифаҳои роҳбарикунанда тадбирҳои иловагиро амалӣ мегардонад. Бо ин мақсад, ба Кумитаи кор бо занон ва оила супориш дода  шуд, ки лоиҳаи қарори Ҳукумати мамлакатро дар бораи «Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2030» ва нақшаи амалисозии онро барои солҳои 2021 – 2025 таҳия ва пешниҳод намояд.

Бонувон аъзоёни Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз ин ғамхориҳои беназири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демкраии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, болидаруҳ гардида, бо боварии комил баҳри иҷрои дастуру супоришҳое, ки дар Паёми навбатӣ ироа гардид дучанд кӯшиш ба харҷ менамоянд.

Рубрики
Uncategorized

Идомаи тарғиби муҳтавои Паём

Идомаи тарғиби муҳтавои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ аз ҷониби кормандони КИ ҲХДТ – Умарзода Б., Саматов И., ва Алимова Н. санаи 4 феврали соли 2021 тибқи нақшаи тасдиқгардида дар Ҷамоати деҳоти Ғӯлакандоз, МТМУ №5, МТМУ №21 ва дар Кӯдакистоти №15 ҷараён гирифт. Ҳангоми мулқотҳо баромадкунандагон дар бораи сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, самаранок истифода намудани заминҳои корам, захира намудани маҳсулотҳои озуқаворӣ, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, мубориза бар зидди терроризму экстремизм, пешгирии касалии сироятии коронавурус ва ғайра суханронӣ намуданд. Ҳамчунин зимни вохӯриҳо аз руҳияи сокинон маълум гардид, ки мардум Паёми сарвари давлатро роҳномаи худ медонанд ва кӯшиш доранд, ки баҳри расидан ба ҳамаи ҳадафҳои стратегии Тоҷикистон саҳмгузор бошанд.

Рубрики
Uncategorized

Таъсиси ташкилотҳои ибтидоии ҲХДТ «Гулшан» ва «Парасту»

Бо мақсади афзун намудани сафи ҲХДТ аз ҳисоби шахсони арзанда, ки дар ҷомеа мақоми сазоворро доранд, кормандони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов чораҳои заруриро пайваста амалӣ намуда истодаанд. Вобаста ба ин масъала 3 феврали соли 2021 дар Кӯдакистони №6 ва Кӯдакистони №11-и Ҷамоати деҳоти Ғӯлакандоз бо иштироки муовини раиси КИ ҲХДТ дар ноҳия Умарзода Ботирҷон маҷлис баргузор гардида, ташкилотҳои ибтидоии нави ҲХДТ «Гулшан» ва «Парасту» ташкил карда шуданд. Раиси ТИ ҲХДТ «Гулшан» Зикруллоева Гулбаҳор ва раиси ТИ ҲХДТ «Парасту» Ризоева Тахмина интихоб шуданд. Дар маҷлиси мазкур Умарзода Б. ба сухан баромада, ба раисони нави ташкилотҳои ибтидоӣ баҳри пеш бурдани  фаъолияташон супориш ва тавсияҳои дахлдор дод.

Рубрики
Uncategorized

Паём- раҳнамои рушди Тоҷикистон

Дар толори Кохи Лоиқи шаҳри Панҷакент намояндагони ҷомеаҳои меҳнатии шаҳр , фаъолони ҲХДТ барои шунидани шарҳу тавзеҳи нуктаҳои Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби гурӯҳи тарғиботии мақомоти иҷроияи  ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ҷамъ омаданд.

          Муовини якуми раиси шаҳр Муҳаммадсодир Сафарзода дар ифтитоҳи ҷамъомад аз нақшаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ҷиҳати  тавзеҳи мӯҳтавои ин ҳуҷҷати раҳнамои рушди мамлакат нақл намуд.

          Роҳбари гурӯҳи тарғиботӣ, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент Мурод Шукурзода, аъзоёни гурӯҳ, устодони Донишгоҳи давлатии шаҳри Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, доктори илми филология Нуралӣ Нуров, Боҳирҷон Раҷабов ва директори китобхонаи оммавии вилоятии ба номи Тошхоҷа Асирӣ Баҳром Мирсаидов  ба ҳозирин мӯҳтавои Паёми Сарвари давлатро шарҳ дода, аз вазифаҳое ёд карданд, ки ҷиҳати иҷрои он бояд сохторҳои давлатӣ , корхонаю муассисаҳо, аҳли ҷомеа  ба ҷо оранд.

          Имрӯз аъзоёни гурӯҳи тарғиботӣ   ба сокинони ҷамоати деҳоти Саразм ва устодону донишҷӯёни коллеҷи омӯзгории шаҳр низ мӯҳтавои Паёми Пешвои миллатро ба Маҷлиси Олии мамлакат шарҳу тафсир намуданд.

Рубрики
Uncategorized

Дастурҳо аз Паём раҳнамои мост

Вохӯрии гурӯҳи тарғиботии кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд бо фаъолон, аминони маҳал ва сокинони Ҷамоати шаҳраки Ҳамид Алиеви ноҳияи Зафаробод тибқи нақша баргузор гардид. Гурӯҳи корӣ таҳти сарварии Шарифзода Аминҷон Абдуғаффорӣ — муовини раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд, Шавкат Шарифов-устоди ДДХ ба номи академик Б Ғафуров, Каромулло Одилов-собиқадори ҳизб, Шарифзода Туйғун-раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Зафаробод дар самти шарҳи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сӯҳбат намуда, дастурҳое, ки дар Паём ироа гардид шарҳу тавзеҳ доданд. Сокини шаҳрак Муҳиддин Юляхшиев аз номи ҳозирин ба гурӯҳи корӣ миннатдрӣ баён намуда, зикр дошт,ки мулоқоти рӯ ба рӯ бо сокинон барои фаҳмонидани нуктаҳои Паём ва дастурҳои созанда ба хотири рушду ободии кишвар аҳамияти хоса дорад. Мулоқот хотирмон ва судманд анҷом ёфт.

Рубрики
Uncategorized

Табибон дар сафи пеш

Бо мақсади фаҳмонидани нуктаҳои Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат бо гурӯҳи корӣ таҳти сарварии Шарифзода Аминҷон Абдуғаффорӣ — муовини раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд, бо кормандони соҳаи тибби Ҷамоати шаҳраки Ҳамид Алиев ноҳияи Зафаробод баргузор гардид. Баромадкунандагон дар баробари шарҳу тавзеҳи Паём, ки аз соли сипаригашта натиҷабардорӣ карда шуда, самтҳои фаъолият барои соли 2021 муайян карда шуд, ба табибон аз заҳматҳои фидокоронаашон дар самти пешгирии бемории Ковид 19 ёдоварӣ намуданд. Қайд карда шуд, ки дар вазъияти ҳассоси давраи сипаришуда заҳмати табибон шоистаи таҳсин буд. Табибон иброз доштанд, ки омодаанд рисолати касбии худро доимо сарбаландона иҷро намуда, барои пешрафти Тоҷикистони маҳбуб ҳиссагузор мешаванд.

Рубрики
Uncategorized

Собиқадорон дарси ибратанд

Қаҳрамони меҳнат Акбар Ҳоҷимуродов аз фотеҳони асили Мирзочӯли тоҷик маҳсуб ёфта, дар пешрафти соҳаи кишоварзии ноҳияи Зафаробод мактаби ибратеро бунёд кардааст. “Даврае мо то 41000 тонна пахта истеҳсол менамудем. Имрӯз низ барои самаранок меҳнат кардан ҳамаи имконот мавҷуд мебошад. Зеро Истиқлолият ҳамаи инро ба дасти худи мо додааст. Танҳо бо меҳнати арзанда зиндагии шоистаро сохтан лозим аст ”-нақл мекунанд Қаҳрамони меҳнат Акбар Ҳоҷимуродов. Аъзоёни Гурӯҳи корӣ таҳти сарварии Шарифзода Аминҷон Абдуғаффорӣ — муовини раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд, ба дидорбии ин марди корзори меҳнат омада, бо ӯ сӯҳбат оростанд.