Рубрики
top pay day loan Uncategorized Асосӣ Барномаҳо Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи

Иштирок дар чорабинии фарҳангиву таърихии “Қалъаи Хуҷанд”11.04.2024

11 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҷмааи фарҳангиву таърихии “Қалъаи Хуҷанд” дар чорабинии фарҳангӣ иштирок ва суханронӣ карданд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар мардуми сарбаланди Тоҷикистон ва сокинони шарафманди вилояти Суғдро ба ифтихори ҷашни муқаддаси ниёгонамон – Наврӯз, иди саиди Фитр ва баъди азнавсозӣ ифтитоҳ гардидани ёдгории таърихиву фарҳангии «Қалъаи Хуҷанд», ки туҳфаи арзандаи наврӯзӣ ба мардуми шарифи Тоҷикистон ва меҳмонони кишварамон мебошад, самимона табрик гуфтанд.Пешвои миллат таъкид карданд, ки тибқи сарчашмаҳои таърихӣ миллати тамаддунсози тоҷик дар масъалаҳои меъмориву ободкорӣ ва шаҳрсозиву шаҳрдорӣ собиқаи беш аз шашҳазорсола дошта, дар таърихи тамаддун ва фарҳанги башарӣ нақши мондагор гузоштааст.Таъкид гардид, ки Истиқлолу озодӣ барои мо имконият фароҳам овард, ки барои эҳё намудану муаррифӣ кардани таърихи бою рангини миллати бостонии худ иқдомоти шоистаро амалӣ намоем, анъанаҳои неки аҷдодиро идома дода, ба аҳли башар исбот созем, ки мо миллати тамаддунсозу соҳибфарҳанг, шаҳрдору шаҳрсоз, соҳибдевону соҳибқалам, соҳибкитобу соҳибмаърифат ва ҳамеша созандаву бунёдкор будем ва имрӯз низ ҳастем.Президенти мамлакат иброз доштанд, ки Ҳукумати мамлакат ба масъалаи эҳё кардану ҳифз намудан, нигаҳдорӣ ва тарғиби мероси таърихиву фарҳангӣ пайваста таваҷҷуҳ зоҳир мекунад.Дар давраи соҳибистиқлолӣ дар кишварамон зиёда аз 100 ёдгории таърихиву фарҳангӣ тармиму барқарор ва даҳҳо ҷашну чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ доир карда шуданд. Азнавсозии Қалъаи Муғ, шаҳраки Саразм, осорхонаи Панҷакенти бостонӣ, осорхонаи академик Бобоҷон Ғафуров, баргузории ҷашни шоири маъруфи тоҷик – Камоли Хуҷандӣ ва даҳҳо иқдому чорабиниҳои дигар дар вилояти Суғд аз ҷумлаи онҳо мебошанд.«Тоҷикистон ҳанӯз соли 1993 ба узвияти ЮНЕСКО – яке аз сохторҳои бонуфузи Созмони Милали Муттаҳид оид ба масоили маориф, илм ва фарҳанг пазируфта шуд.Минбаъд мо барои муаррифии иншооти таърихиву фарҳангии миллати тоҷик талошҳои зиёд ба харҷ додем», – таъкид карданд Сарвари давлат.Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карданд, ки азнавсозии Маҷмааи фарҳангиву таърихии «Қалъаи Хуҷанд», ки имрӯз ифтитоҳ гардид, идомаи ташаббусҳои фарҳангпарваронаи Ҳукумати мамлакат мебошад.Имрӯз дар кишвари мо зиёда аз се ҳазор ёдгории таърихӣ мавҷуд аст, ки ҳар кадоми он таваҷҷуҳи олимони маъруфи ватаниву хориҷӣ ва сайёҳону меҳмононро ба худ ҷалб менамояд. Дар ин раванд, ба истифода додани Маҷмааи фарҳангиву таърихии “Қалъаи Хуҷанд” яке аз рӯйдодҳои муҳимми фарҳангии кишварамон дар оғози соли нави аҷдодӣ мебошад.Дар робита ба вазъи имрӯзаи ҷомеаи ҷаҳонӣ Сарвари давлат изҳор доштанд, ки мо бояд ҳарчи бештар кор кунем, заҳмат кашем, созем, Ватанамонро боз ҳам обод гардонем, истеҳсоли маҳсулотро афзоиш диҳем, коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ бунёд намоем, барои ҳамдиёронамон ҷойҳои корӣ муҳайё кунем ва шиддати муҳоҷирати меҳнатиро то тавонем коҳиш диҳем.Дар фароварди суханронӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо итминон изҳор доштанд, ки мардуми заҳматқарини вилояти Суғд чун ҳарвақта аз уҳдаи ин корҳо ба хубӣ ва бо сарбаландӣ мебароянд.Баъди суханронии пурмӯҳтавои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чорабинии фарҳангӣ оғоз гардид.Чорабинии фарҳангӣ дар саҳни барҳавои Маҷмаи фарҳангиву таърихиии “Қалъаи Хуҷанд” баргузор шуд, ки дар он намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, аҳли ҷомеа, олимон, адибон, таърихшиносон, фаъолон, собиқадорон ва сокинони касбу кори гуногун зиёда аз 6 ҳазор нафар ширкат намуданд.Барномаи фарҳангӣ, театрикунонидашуда доир ба нақшу корномаи поягузори давлати Сомониён – Исмоили Сомонӣ, қироати шеърҳо, панду андарзҳо, гуфторҳои бузургони илму адаб доир ба таърихи халқу миллат, шукӯҳу шуҳрати воло, саодату хушбахтӣ, инсондӯстӣ ва васфи корномаҳои ибратомӯзи фарзандони миллат аз эҷодиёти Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Абулқосими Фирдавсӣ Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ, Мирсаид Алии Ҳамадонӣ, Камоли Хуҷандӣ, Бобоҷон Ғафуров, Садриддин Айнӣ, Мирзо Турсунзода ва иқтибосҳо аз суханрониҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳоди аҳли чорабинӣ гардонида шуд.Барномаи фарҳангӣ дар маҷмӯъ аз 18 қисм иборат буда, дар он бо истифода аз созҳои мусиқӣ, навои дилнишин “Савти муноҷот” бо рақси гулдухтарони ансамблҳои “Чаманоро”, “Маҳастӣ”, “Фалак”, гурӯҳи рақсии Театри давлатии мазҳакаи мусиқии ба номи Камоли Хуҷандӣ, сурудҳои “Шаҳнавози Рӯдакӣ”, “Ватан”, “Тоҷикистон-сарзамини обҳост”, “Ман барои васл кардан омадам”, “Наврӯзатон муборак”, “Қалъаи нанг”, “Ватан дорем”, “Хуш омадед”, “Ҳавасҳои дилам”, “Сомониям”, “Бақои миллат”, “Эҳёгари миллат”, ва ғайра, ки ҳар кадом мафҳуму маънии хоси миллӣ, васфу тараннуми Ватан, таърихи бою пурғоновати халқи тоҷикро инъикос менамуданд, пешниҳоди аҳли чорабинӣ гардонида шуд.Рафти иҷрои суруду таронаҳо ҳамзамон, гулдухтарони ансамблҳои “Зебо” ва “Парниён”, “Маҳастӣ”, ансамбли ба номи “Ғаффор Валаматзода”, “Гулноз”, “Садбарг” рақсу ҳунарнамоӣ намуданд.Дар имрӯза чорабинии фарҳангӣ беш аз 2000 нафар ҳунармандони бахши фарҳанги шаҳру ноҳияҳо, ансамблҳои рақсӣ иштирок ва ҳунарнамоӣ карданд ва ба чорабинӣ шукӯҳу маънии бештар зам намуд.Эҳё ва барқарорсозии Қалъаи Хуҷанд бо шаклу услуби хосаи меъморию миллии асли қадима, суханронии пурмӯҳтаво ва ҳидояту роҳнамоии ҳамагон ба ҳифзи фарҳангу арзишҳои миллӣ, тарғиби он ба ҷаҳониён, пос доштани хотираи неки ниёгон, тарбияи насли ҷавон дар чунин рӯҳияи нек ва баргузории чорабинии фарҳангӣ идомаи мантиқии сиёсати фарҳангпарваронаи Сарвари давлат мебошад.Баргузории чорабинии фарҳангӣ, ифтихори сокинони шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ва кулли мардуми Тоҷикистон аз таваҷҷӯҳи рӯзафзун ба арзишҳои миллию таърихӣ шаҳодати сулҳу суботи комили мамлакат ва фазои ваҳдату осоиштагӣ дар мамлакат мебошад.Дар охир Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таҳиягарон, ҳунармандон барои дар сатҳи хеле баланду пурмуҳтаво барпо намудани чорабинии фарҳангӣ арзи сипос карданд.Барномаи бошукуҳи чорабинии фарҳангӣ дар Маҷмааи фарҳангиву таърихии “Қалъаи Хуҷанд” бо оташфаввораҳои рангин ҳусни анҷом ёфт.

Рубрики
! Без рубрики top pay day loan Uncategorized Асосӣ Барномаҳо Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи

Ифтитоҳи Маҷмааи таърихиву фарҳангии “Қалъаи Хуҷанд” баъд аз таъмиру навсозӣ11.04.2024

11 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рӯзи сеюми сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд ба Маҷмааи таърихиву фарҳангии “Қалъаи Хуҷанд” ташриф оварда, ин иншооти муҳташами таърихиро, ки ҳамчун рамзи мардонагиву диловарӣ ва хештаншиносиву ватандӯстии тоҷикон ном бароварда, дар ҳифзи озодӣ ва ҳаёти осоиштаи мардуми ин қаламрав ҳамчун истеҳкоми боэътимод нақши муассир бозидааст, баъди эҳё ва барқарорсозӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.Дар даромадгоҳи қалъа Пешвои созандаю бунёдкор ва ободгару ваҳдатовари миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сокинони касбу кори гуногуни шаҳри Хуҷанд ва аҳли илму фарҳанги вилоят бо самимияту эҳтироми беандоза истиқбол гирифтанд.Тадбирҳои марбут ба эҳё ва барқарорсозии Қалъаи Хуҷанд дар ҷойи таърихии ин мероси гаронбаҳои бостонии халқи тоҷик бо ибтикору ҳидояти бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар давоми 6 сол бо сатҳу сифати баланд амалӣ гардид. Маврид ба таъкид аст, ки пеш аз оғози корҳои лоиҳакашӣ дар самти эҳё ва барқарорсозии Қалъаи Хуҷанд бо ҷалби мутахассисони Вазорати фарҳанг, Кумитаи меъморӣ ва сохтмон, бостоншиносону таърихнигорон ва этнографҳо дар ҷойи иншоот корҳои археологӣ, муҳандисӣ, топографӣ, геологӣ ва ҳафриёту таҳқиқоти илмию амалӣ гузаронида шуда, хулосаҳои амиқ ва дақиқ пешниҳод гардиданд. Бо ҳамин тартиб дар асоси пешниҳоди олимону мутахассисон корҳои эҳё ва барқарорсозии қалъа сурат гирифта, нишонаҳои таърихии ин ёдгории қадимӣ пурра ҳифз карда шуд.Тибқи маълумот, масоҳати умумии иншооти бунёдёфтаю барқароргаштаи Қалъаи Хуҷанд 6 гектарро ташкил медиҳад.Натиҷаи ковишҳои археологии чанд соли охир ва ба даст омадани бозёфтҳои нодир нишон медиҳанд, ки воқеан ҳам Қалъаи Хуҷанд дорои таърихи кӯҳан буда, ҳифзу нигаҳдории он барои муаррифии таъриху фарҳанг ва маданияти миллати тоҷик амри зарурию муҳим мебошад.Қалъаи Хуҷанд ба ҳайси истеҳкоми боэътимод, ки таърихи се ҳазорсола дорад, бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд эҳё ва барқарор карда шуд.Дар асоси лоиҳа деворҳои атрофи қалъа, арку дарвозаҳои он барқарор гардида, бунёди бинои маъмурӣ, растаҳои ҳунармандон, ошхонаи миллӣ, намунаи хонаву ҳавлиҳои қадимаи шаҳри Хуҷанд, меҳмонхонаву осорхона, чойхона, растаҳои болопӯшида барои омода намудани таомҳои миллии мардуми тоҷик, ҳаммому нуқтаҳои хизматрасонӣ ва дигар иншооти ёрирасон сохта шудааст. Аз ҷумла, дар қисмати ҷанубии Қалъаи Хуҷанд мутобиқ ба талаботи замони имрӯз 8 растаи барҳавои ҳунармандӣ ташкил гардида, дар онҳо маҳсули кори ҳунармандон, ба монанди навъу намудҳои зиёди маҳсулоти қаннодӣ, наққошӣ, кулолгарӣ, кундалнигорӣ, мусаввараҳо, кордҳои гуногун, қолинҳои дастӣ, либосҳои миллии мардонаю занона, адрасу атлас, маснуоти заргарӣ, армуғонҳо ва созҳои миллии мусиқӣ ба намоиш гузошта шудааст.Таъкид гардид, ки дар Суғди бостон аз қадим ҳунар ва маҳсули дасти ҳунарманд арзиши воло дошт ва меросбарони асили ин фарҳангу тамаддун, ки соҳиби маҳбубияти хосанд, дар ҳама давру замон барои рушду эҳёи ҳунарҳои мардумӣ талошу кӯшиши бештарро ба харҷ додаанд. Бо вуҷуди талош ва кӯшишҳои зиёд дар шебу фарози таърих қисми бештари ҳунарҳои мардумӣ ба гӯшаи фаромӯшӣ рафта, қариб буд, ки аз байн раванд. Аммо дар замони соҳибистиқлолӣ бо ташаббусу ибтикороти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳунарҳои мардумӣ эҳё ва барои фаъолияти ҳунармандон шароити мусоид фароҳам оварда шуд, ки яке аз намунаҳои барҷастаи он бунёд ва ташкили растаҳои ҳунармандӣ дар Қалъаи таърихии Хуҷанд аст. Иқдоми беназири Роҳбари давлат боис ба он гашт, ки ҳунармандон дар ин растаҳо ба кори худ машғул бошанд ва ҳам маҳсули ҳунари худро ба меҳмонону сайёҳони зиёде, ки ба шаҳри Хуҷанд ва тамошои қалъаи муҳташами он меоянд, барои намоиш гузошта тавонанд.Мавриди зикр аст, ки имрӯзҳо дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд аз рӯи бештар аз 200 касбу ҳунарҳои мардумӣ маҳсулоти кори ҳунармандӣ истеҳсол карда мешавад ва дар минтақаҳо марказҳои ҳунаромӯзӣ ташкил гардида, пешниҳоди имтиёзу сабукиҳо имконияти фарохро барои рушди соҳа ба вуҷуд овард.Иттилоъ дода шуд, ки дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд имрӯзҳо бештар аз 15 ҳазор ҳунарманд фаъолияти назаррас доранд. Истеҳсоли маҳсулот ва маснуоте, ки аз ҷониби ҳунармандон омода мешавад, дар маҷмӯъ яке аз бахшҳои рушди соҳаи сайёҳӣ ба ҳисоб рафта, ба вазъи иқтисодии ҳунармандон ва некуаҳволии аҳолӣ таъсири амиқ мегузорад.Дар ин мавзеъ таъсиси ошхонаи миллӣ барои ҳифзу эҳё ва муаррифии таомҳои миллӣ муҳиму саривақтӣ арзёбӣ мешавад. Бинои муҳташаму мунаққаши толорҳои намоишии таъриху фарҳанги халқи тоҷик, ки дар масоҳати зиёда аз 3 ҳазору 365 метри мураббаъ қомат афрохтааст, аз як гумбази асосӣ, ду гумбази миёна ва 4 гумбази хурд иборат мебошад. Дар ороиши бино, ки 5 толори намоишӣ дорад, санъати миллии меъмории тоҷик, ба монанди кандакорӣ, наққошӣ, кундалкорӣ, коркарди бадеии чӯб, санг, гачкорӣ, кошинкорӣ, буриш ва ғайра ба таври васеъ истифода шудааст.Дар толори “Ҳавзаи илмӣ – адабии Хуҷанд”, ки бо санъати миллии меъморӣ наққошӣ шудааст, вобаста ба ҳаёту фаъолияти олимони Хуҷандшаҳр, шоирони номвари тоҷик ва ҳунармандони машҳур маълумот гирдоварӣ шуда, дар васфи Хуҷанд ва қалъаи он гуфторҳои олимону зиёиёни замони гузашта ва имрӯз, суханронии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба таърихи қалъа ва дигар маводи зарурӣ мавҷуд мебошад. Дар ҳамин толор муҷассамаи 4 шахси номвари Хуҷанд – Зиёуддини Порсӣ, Шайдои Хуҷандӣ, Садруддини Хуҷандӣ ва Султон Умаров, инчунин нигораҳо вобаста ба илму адаб, аз қабили дастхатҳо, қаламдон, лавҳ, даводдон, кӯзачаву обдастаҳои навиштаҷотдор ба намоиш гузошта шудааст. Толори “Санъати тасвирӣ ва ҳунарҳои амалӣ” харитаи маҳаллаҳои ҳунармандони шаҳри Хуҷанд ва акси ҳунармандони чирадасти вилоят ва қисме аз намунаи ҳунарҳои мардумӣ, ба монанди ҳунари рассомӣ, кашидадӯзӣ, мисгарӣ, кундалсозӣ ва созҳои мусиқиро дар бар мегирад.Толори “Истиқлоли Тоҷикистон” аз барелеф, ки аз тарафи ҳунармандон Даврон Раҳматзод ва Мунира Турсунова омода гардидааст, шурӯъ мегардад. Ин барелеф аз эълон гардидани Эъломияи Истиқлолият оғоз гардида, дар он давраҳои ҷанги шаҳрвандӣ, раванди Иҷлосияи тақдирсози XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари давлат интихоб шудани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, татбиқи ҳадафҳои стратегӣ, таҳкими ваҳдати миллӣ, сиёсати дохилию хориҷии кишвар ва ташабуссҳои ҷаҳонии Пешвои миллат инъикос ёфтааст. Дар қисмати таҳхона толори намоиши бозёфтҳои бостонии минтақаи миёнаоби Сирдарё, сиккаҳои гуногуни давраҳои таърихӣ ва дигар нигораҳо ҷойгир карда шуда, ҳамзамон ҷой барои баргузории конфронсу ҷаласаҳо, мулоқоту вохӯриҳо, ҳуҷраҳои хизматию техникӣ ва устохонаҳои рассомӣ мавҷуд мебошад. Бо назардошти арзиши гарони таърихӣ доштани нигораҳои гирдовардашуда, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъулинро вазифадор намуданд, ки ба хотири ошно намудани шаҳрвандони кишвар, насли наврасу ҷавон ва сайёҳони дохиливу хориҷӣ бо таъриху тамаддуни бой, фаъолияти маҷмааро бештар тарғиб намуда, мутахассисони беҳтаринро барои муаррифии гӯшаҳои он ҷалб намоянд. Ибтикороти дигаре, ки дар қисми шимолу шарқии қалъа амалӣ карда шуд, бунёди маҳаллаи Хуҷанди қадима мебошад. Хонаву ҳавлиҳо асосан мансуби табақаи коргар, тоҷиру ҳунарманд ва дигар қишри ҷомеаи мадании шаҳр буда, эҳё ва бунёди он имкон фароҳам меорад, ки анъанаҳои қадимаи шаҳрнишинӣ дар Хуҷанд ба ҷаҳониён муаррифӣ карда шавад. Бунёди намунаи хонаву ҳавлиҳои қадимии шаҳри Хуҷанд асосан бо маслиҳату тавсияи этнографҳо амалӣ карда шуд. Ин хонаҳо пурра бо маводи табиӣ, аз ҷумла лойу гил ва чӯб сохта шуда, дарвоза, сутун ва сақфи манзилҳои қадима пурра кандакорӣ шудаанд ва амалҳои нақшу нигорро асосан рассомони соҳибтаҷриба иҷро намудаанд. Дар ин маҳаллаи қадима истифодаи самараноку оқилонаи заминҳои наздиҳавлигӣ низ намунаи ибрат ва қобили ситоиш аст. Этнографҳо ба он назаранд, ки ин ҳавлию хонаҳо тарзи ҳаёт, рӯзгордорӣ ва фаротар аз он суннату анъанаҳои сукунати мардуми шаҳрро дар давраҳои таърихӣ инъикос менамояд ва амалӣ намудани ин иқдоми мазкур дар ташаккули санъати миллии меъмории халқи тоҷик, ки ҷаҳониён эътироф кардаанд, нақши бориз дорад. Аз ин пас дар ин 8 ҳавлии қадима, ки масоҳати ҳар кадоми он 6 садяк заминро дар бар мегирад, ҳунармандон ба хаттотӣ, кундалнигорӣ, рассомӣ, наққошӣ, қолинбофӣ, адрасбофӣ, сӯзанидӯзӣ, дуредгарӣ, дӯзандагӣ, сангтарошӣ, оҳангарӣ ва кулолгарӣ машғул мешаванд. Дар ин ҷо ҳамзамон ҳаммом, меҳмонхона ва чойхонаи миллӣ ҳамчун рукни маҳалладории таърихӣ сохта шудааст.Дар чойхонаи миллӣ, ки дар ҳудуди Қалъаи Хуҷанд барои 60 нафар пешбинӣ гардидааст, иҷрои ҳунари волои кандакорӣ, гачкорӣ, кундалнигорӣ ва наққошии бемисл ба зебогии намои берун ва дохили бино шукӯҳи бештар бахшида, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кори ҳунармандон баҳои баланд доданд. Дар шафати чойхонаи миллӣ ҳамзамон растаи омода кардани нону самбӯсаҳои гуногун ва номгӯи зиёди таомҳои миллӣ бо фарогириии чор оташдон ва танӯр сохта шудааст.Майдони қалъа ва роҳравҳои дохили он бо истифода аз сангҳои Хорои Хуҷанд дар масоҳати 12 ҳазору 500 метри мураббаъ оро дода шуда, масоҳати кабудизоркунӣ бошад, 5 ҳазор метри мураббаъро ташкил медиҳад.Дар ҳудуди қалъа бунёди ду фаввораи калон ва чор суҳбаткадаи чӯбӣ, ки аз ҷониби ҳунармандони чирадасти шаҳри Исфараи вилояти Суғд бо роҳнамоӣ ва маслиҳату машварати Усто Бӯрҳон ба таври барҷаста кандакорӣ карда шудааст, ба зебогии ин мавзеи таърихию фарҳангӣ шукӯҳу шаҳомати бештар мебахшад. Дар раванди эҳё ва барқарорсозии Қалъаи Хуҷанд зиёда аз 20 ширкати сохтмонӣ, шумораи зиёди ҳунармандони чирадасти тоҷик иштирок намуда, сифати корҳои марбут ба эҳё ва барқарорсозӣ дар ин иншооти таърихӣ зери назорати доимии фармоишгар – Идораи сохтмони асосии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд қарор дошт. Корҳои созандагиву ободкорӣ ва нигаҳдории ёдгориҳои таърихӣ, ки бо иқдому ташаббусҳои бевоситаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон анҷом меёбанд, таваҷҷуҳи сайёҳону дӯстдорони таъриху фарҳанги бостонии тоҷиконро бештар кардааст.Маврид ба ёдоварист, ки аз таърихи Қалъаи Хуҷанд натанҳо мардуми кишвар, балки ҷаҳониён воқифанд. Дар ҳудуди қалъа дар рафти корҳои ҳафриётӣ як чанд қабатҳои мадании таърихӣ, аз ҷумла боқимондаҳои девори архаикии шаҳри Хуҷанд, боқимондаи ҳуҷраи нигоҳдории зироати ғалладонагӣ ва зарфҳои бузургҳаҷми гилӣ, ки муттааллиқ ба асрҳои ҳафт-чори пеш аз мелод мебошад, пайдо гардидааст. Кашфи қабатҳои мадании таърихӣ дар қисмати поёнии кушки ҳокимнишин бозгӯи он аст, ки Қалъаи Хуҷанд таърихи 3 ҳазорсола дорад. Ёдовар мешавем, ки Қалъаи таърихии Хуҷанд дар маркази шаҳр, дар соҳили рости дарёи Сир воқеъ мебошад. Ҳамзамон бояд гуфт, ки Қалъаи Хуҷанд аз ҷониби Кумитаи рушди сайёҳии мамлакат ба рӯйхати 10 мавзеи ҷолиби сайёҳии Тоҷикистон шомил гардидааст.

Рубрики
Асосӣ

Ифтитоҳи Маркази касбомӯзӣ ва хизматрасонӣ дар назди раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Суғд 11.04.2024

11 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд бинои наву замонавии Маркази касбомӯзӣ ва хизматрасониро, ки бо тарҳи муосир ва ҷавобгӯ ба стандартҳои милливу байналмилалӣ бунёд шудааст, бо бардоштани парда аз рӯи лавҳаи рамзӣ ифтитоҳ намуданд.Бинои Маркази касбомӯзӣ ва хизматрасонӣ дар назди раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Суғд дар масоҳати умумии 3 ҳазору 200 метри мураббаъ бунёд гардидааст.Шароити муҳаёгардида дар маркази мазкур имконият медиҳад, ки таълим дар ду баст барои то 200 нафар ба роҳ монда шавад ва ҳамин тариқ дар як сол беш аз 2400 нафар бо касбомӯзӣ фаро гирифта мешаванд.Маркази касбомӯзӣ ва хизматрасонӣ аз синфхонаи барҳавои таълимӣ бо 25 компютер, толори таҷрибаомӯзӣ, толори бисёрфунксионалӣ, ҳуҷраҳои машваратӣ, ҳуҷраи санитарию гигиенӣ, ҳуҷраҳои барҳавои корӣ барои маъмурият, 3 устохонаи таълимӣ, китобхона барои шахсони имконияташон маҳдуд, толори маҷлисгоҳ барои 150 ҷойи нишаст ва дигар иншооти ёрирасон иборат мебошад.Иншооти хуштарҳу замонавии навбунёд дар доираи дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таъмин ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ, беҳтарсозии малакаи касбӣ ва бо шуғли доимӣ фаро гирифтани аҳолӣ бунёд гардид.Иншоот аз 3 ошёна иборат буда, он бо мақсади ҷалби сармоя ба истеҳсолот оид ба беҳтарсозии малакаҳои касбӣ дар доираи ҳамкори дуҷониба байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шарикони рушд амалӣ гардид.Сохтмони иншооти мазкур моҳи августи соли 2022 оғоз гардида, бо сифати баланд ва дар муҳлати муайяншуда ба анҷом расонида шуд. Баъди ба истифода додани Маркази мазкур 50 нафар бо кори доимӣ таъмин гардиданд.Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки дар марказ дар баробари омӯзиши 5 намуди касб, аз ҷумла устои барқ, кафшергар, андовагар ва усто барои насб кардани панелҳои офтобӣ, ҳамчунин аз худ кардани забонҳои куриёӣ, англисӣ ва русӣ ба роҳ монда шудааст, ки ҳар як хонанда баъди хатм соҳиби сертификати байналмилалӣ мегарданд. Ҳамчунин дар бино устохонаҳои кафшергарӣ, пардозгарӣ ва нигаҳдории таҷҳизоти барқӣ ҷойгир карда шудааст.Дар заминаи маркази мазкур барои беҳтар кардани хизматрасонӣ ба ҷавонон ва занон бунёди 3 маркази нави рушди малакаҳо дар назар аст, ки бо лавозимоти зарурӣ муҷаҳҳаз гардонида мешаванд.Дар Маркази касбомӯзӣ ва хизматрасонӣ дарсҳои назариявӣ ва амалӣ ба роҳ монда шудааст. Шароити фароҳамгардида дар маркази мазкур имкон медиҳад, ки новобаста аз синну сол нафароне, ки хоҳишу завқи соҳибкасб шудан доранд, метавонанд дар ин ҷо ба таври ройгон ба касбомӯзӣ фаро гирифта шаванд.Иншооти навбунёд бо тамоми таҷҳизоту лавозимоти зарурӣ таъмин буда, дар он 36 камераи назоратӣ насб гардидааст.Инчунин дар саҳни бинои муосир майдончаи хурд барои бозии футбол бунёд шудааст ва гирду атрофи он бо гулҳои рангоранги мавсимӣ оро ёфтааст. Дар иншоот панелҳои офтобӣ насб гардидааст, ки биноро ҳама вақт бо неруи барқ таъмин менамояд. Ҳамчунин синфхонаҳо ва дигар ҳуҷараҳои ёрирасони он бо системаи гармидиҳӣ пайваст буда, дар фасли зимистон дохили бино бо гармӣ таъмин мешавад.Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ дар иншооти навбунёд ба масъулин ҷиҳати ба шуғли доимӣ фаро гирифтани аҳолӣ, омода намудани мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат дар дохил ва хориҷи кишвар дастуру супоришҳои мушахас доданд.

Рубрики
Асосӣ

Ифтитоҳи бинои нави муассисаи таҳсилоти томактабии “Наврӯзи Истиқлол” дар шаҳри Хуҷанд 11.04.2024

11 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар вилояти Суғд Муассисаи таҳсилоти томактабии “Наврӯзи Истиқлол” -ро дар шаҳри Хуҷанд мавриди истифода қарор доданд.Муассисаи томактабии замонавӣ дар маркази вилояти Суғд дар заминаи дастуру ҳидоятҳои ҳамешагии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Корхонаи давлатии комуналии “Идораи сохтмони асосӣ”-и шаҳри Хуҷанд дар давоми як сол бо тарҳи зебову замонавӣ сохта шудааст. Кӯдакистон аз як бинои сеошёна иборат буда, дар он раванди таълиму тарбия бо 3 забон – тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ сурат мегирад.Корҳои сохтмонӣ дар иншооти соҳаи маориф соли 2023 оғоз гардида, бо сатҳу сифати баланд ба анҷом расонида шуд. Дар давраи сохтмон беш аз 40 нафар мутахассиси маҳаллӣ бо кори муваққатӣ ва маоши хуб таъмин буданд.Дар бинои иловагии навбунёди кӯдакистони “Наврӯзи Истиқлол” дар 16 гурӯҳ 480 кӯдак ва дар бинои асосии муассиса 360 кӯдак, дар маҷмуъ 840 кӯдак бо таълиму тарбия фаро гирифта мешаванд. Айни замон 32 нафар омӯзгор ва мураббияҳои ботаҷриба бо кӯдакон машғулият мегузаронанд ва дар оянда шумораи онҳо зиёд карда мешавад.Дар кӯдакистон дар назди ҳар як синфи машғулият ҳуҷраҳои алоҳида барои хобу истироҳати кӯдакон фароҳам оварда шудааст.Ошхонаи муассиса бо бинои асосӣ пайваст буда, он барои беш аз 480 кӯдак дар як вақт пешбинӣ гардидаст.Дар бинои асосии муассиса Осорхона ҳам мавҷуд аст, ки барои нигаҳдории аксҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дигар аксу нигораҳои таърихӣ пешбинӣ шудааст.Дар кӯдакистони 1 толор барои тамошои филмҳои тасвирӣ бо 210 ҷойи нишаст сохта шуда, бо тарҳи наву замонавӣ ва бо талаботи замони муосир муҷаҳҳаз гаштааст. Дар ҳаминҷо Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо тарбиятгирандагони кӯдакистон суҳбати самимӣ анҷом доданд.Мавҷудияти ҳуҷраҳои корӣ, ҷомашӯӣ, анбор барои нигаҳдории маҳсулот ва ҳуҷраи тиббӣ аз шароити дигари кӯдакистон маҳсуб мешавад.Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҳуҷраҳои машғулиятҳо ва ҷойи хобу истироҳати кӯдакон дидан намуда, ба масъулини боғчаи бачагона ҷиҳати тарбияи дурусти кӯдакон дастуру маслиҳатҳои муфид доданд.Масоҳати умумии кӯдакистон 5 ҳазору 800 метри мураббаъро дар бар гирифта, аз он 1476 метри мураббаъро замини зери бино ташкил менамояд.Ҳуҷраҳои машғулиятгузаронӣ бо шиору овезаҳои ифодагари муҳаббату самимият нисбат ба ватан ва қаҳрамонҳои афсонавӣ зебу оро дода шудааст, ки хоси дунёи кӯдакон мебошад.Дар ин рӯз шодиву нишоти дӯструяконро ҳадду канор набуд, зеро ба онҳо Пешвои маҳбуби миллат тӯҳфаҳои идона тақдим карданд, ки аз ширинӣ ва бозичаҳои гуногун иборат буд.Таваҷҷуҳи зиёд ва доимии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба тарбия ва таълими кӯдакону наврасон боис гардид, ки дар тамоми гӯшаву канори мамлакат садҳо боғчаву кӯдакистони нав сохта, мавриди истифода қарор дода шаванд.Дар ин муассисаи томактабӣ зиёда аз 46 нафар соҳиби кори доимӣ шуданд.Фарогирии доираи васеи кӯдакон ба таълими томактабӣ имкон фароҳам овард, ки насли наврас дар рӯҳияи баланди ватандӯстиву хештаншиносӣ ба камол расанд.Дар саҳни муассисаи таҳсилоти томактабии “Наврӯзи Истиқлол” 16 айвонча, фавора ва 1 ҳавзи шиноварӣ мавҷуд мебошад, ки барои солимии кӯдакон ва гузронидани машғулиятҳо мусоид аст.Инчунин барои бозӣ ва дилхушии дӯстрӯякон таҷҳизоти наву замонавӣ насб гардидааст, ки самаранок истифода бурда мешаванд.Ҳангоми шиносоӣ ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имкониятҳои ҳуҷраҳо муаррифӣ гардида, иттилоъ дода шуд, ки ба хотири таъмини шароити арзандаи таълиму тарбияи кӯдакон барои машғулияти онҳо ҳамаи синфхонаҳо бо муосиртарин асбобу аёният муҷаҳазонида шудааст.Айни замон дар шаҳри Хуҷанд 47 муассисаи таҳсилоти томактабӣ фаъолият менамоянд, ки дар онҳо беш аз 10 ҳазору 700 кӯдак тарбия мегиранд.Омӯзгорону мураббиён кӯдакистони мазкурро беҳтарин туҳфа ба ифтихори ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ намуда, ваъда доданд, ки бо истифода аз чунин шароит, фарзандонро дар рӯҳияи ватандӯстӣ, арҷгузорӣ ба таърихи пурғановати миллати тоҷик, ҳифзи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ ва саҳм гузоштан дар ободии мамлакат тарбия менамоянд.

Рубрики
! Без рубрики top pay day loan Uncategorized Асосӣ Барномаҳо Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи

Ифтитоҳи Маркази тиббии “Микролаб” дар шаҳри Хуҷанд

11 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд Маркази тиббии “Микролаб”-ро мавриди истифода қарор доданд.Маркази тиббии “Микролаб” бо ташаббуси соҳибкори маҳаллӣ Акмалхон Камолов бо ҷонибдорӣ аз сиёсати бунёдкориву созандагии роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардида, дорои муосиртарин таҷҳизоти соҳавӣ ва шароити хуби ташхису табобат мебошад. Дар маркази мазкур табобати бемориҳои урологӣ – андрологӣ ва гинекологӣ гузаронида мешавад.Маркази тиббӣ 5-ошёна буда, аз ошхона, ҳуҷраҳои физиотерапевтӣ, ултрасадо, қабули беморони амрози занона, уролог – андролог, таҳлилгоҳ ва қайди беморон, ҳуҷраҳои бистарикунонӣ ва ёрирасон, ҳуҷраҳои ҷарроҳӣ ва баъдиҷарроҳии беморон ва қисми болоии бино аз ҳуҷраҳои маъмуриву маҷлисгоҳ иборат мебошад.Марказ бо системаи муосири гармӣ ва сарднамоии дохили бино таъмин аст.Ин марказ аз 96 ҳуҷра, аз ҷумла 11 ҳуҷраи табибон, 31 ҳуҷраи беморон ва 54 ҳуҷраи ёрирасон иборат мебошад. Маркази тиббӣ дорои 54 кат барои беморон аст. Барои бунёду муҷаҳҳазсозии иншоот қариб 6 миллиону 600 ҳазор сомонӣ сарф шудааст.Дар ин ҷо 30 нафар мутахассис соҳиби кори доимӣ гардиданд. 6 табиб ба фаъолият машғуланд, ки баъзе аз онҳо хатмкардаи муассисаҳои олии таълимии хориҷи кишвар мебошанд.Дастгоҳу таҷҳизоти муосири соҳавӣ дар Маркази тиббии “Микролаб” аз давлатҳои Русияву Чин ворид карда шудааст.Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат бо масъулон ва табибони марказ дастур доданд, ки ташхису табобати беморон аз ҷониби мутахассисон дақиқ роҳандозӣ шуда, омӯзиши густурдаи дастгоҳу таҷҳизоти муосири соҳавӣ аз тарафи духтурон ҷиддӣ ба роҳ монда шавад.Таҷҳизоти соҳавии баландсифат ташхису табобати дақиқу ҳаматарафаи беморонро таъмин месозад. Баъзе воситаҳои муоинаву муолиҷаи ин марказ дар мамлакат камназир буда, тавассути онҳо метавон табобати бемориҳои гуногуни мардонаву занонаро сифатан хуб ба роҳ монд.Маркази мазкур бо дастгоҳи муосири эндоскопӣ, таҷҳизоти литориптории пневматикӣ барои майда кардани санги роҳҳои пешобгузар бо усули ҷарроҳии эндоскопӣ ҷиҳозонида шудааст. Дар шуъбаи таҳлилгоҳи марказ таҷҳизоти муосир, ба монанди анализаторҳои насли нав, дастгоҳи иммуноферментӣ ва анализаторҳои хун, пешоб ва микроскопҳои тринокулярӣ насб шудаанд.Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аснои шиносоӣ ба сифати корҳои сохтмонӣ ва иқдоми соҳибкор баҳои баланд дода, аҳаммияти рушду тавсеаи бештари тибби хусусӣ дар ҷумҳуриро махсус таъкид карданд.

Рубрики
Асосӣ

Иштирок дар бунёди боғи интенсивии зардолу, гелос ва токи ҳавозавӣ дар Минтақаи таълимӣ-таҷрибавии “Палос” дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

11 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба Минтақаи таълимӣ – таҷрибавии “Палос”-и Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ташриф оварда, дар бунёди боғи интенсивии зардолу, гелос ва токи ҳавозавӣ иштирок карданд.Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо шинонидани ниҳоли ток дар Минтақаи таълимӣ – таҷрибавии “Палос”, ба ҷомеаи меҳнатии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров комёбиҳо таманно карданд.Ҳамчунин дар ҳамин ҷо ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон техникиву мошинолоти наву замонавӣ, ки барои коркарди байни қаторҳои боғу токзор пешбинӣ гардидааст, муаррифӣ карда шуд.Ёдовар мешавем, ки дар асоси дастуру супоришҳои Роҳбари давлат қаблан ба хоҷагиҳои эҳтиёҷманди деҳқонии ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд зиёда аз 920 техникаи кишоварзӣ бо қисмҳои эҳтиётии он тақдим гардида буд. Дар миёни тракторҳои хурд, инчунин воситаҳои муосири техникӣ барои кучат кардани шолӣ низ мавҷуд буда, имконоти техникии дигар мошинолоти соҳавӣ ҳам ба талаботи хоҷагидорон мувофиқ мебошад.Таъкид кардан ба маврид аст, ки Минтақаи таълимӣ – таҷрибавии “Палос”-и Донишгоҳи давлатии Хуҷанд соли 1959 дар деҳоти ба номи Дадобой Холматови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таъсис ёфта, масоҳати умумии он 25,96 гектар мебошад.Айни ҳол дар минтақа зиёда аз 10000 бех ниҳолу буттаҳои мевадиҳандаву ороишӣ нашъунамо меёбанд. Дар ин ҷо дарахтони зардолу, биҳӣ, анор, шафтолу, бодом, анҷир, гелос, олу, олуча, хуч, ток ва ғайра дар майдонҳои алоҳида парвариш карда мешаванд. Ҳамчунин, дар қитъаҳои нисбатан хурд барои таҷриба сабзавот, аз ҷумла картошка, пиёз, сабзӣ, шалғам, лаблабу, каду ва маҳсулоти лӯбиёгӣ кишт карда мешавад.Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо зарфиятҳои аграрии ин мавзеъ, ташаббуси масъулони Донишгоҳи давлатии Хуҷандро оид ба барқарорсозии боғҳои куҳна муҳиму саривақтӣ маънидод карданд. Зеро бо гузашти солҳои зиёд дарахтони ин боғ камҳосил гардида, қариб ба коркарди агротехникӣ низ фаро гирифта намешуданд.Раёсати Донишгоҳ бо мақсади амалӣ намудани дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, татбиқи нишондодҳои Барномаи давлатии рушди соҳаи боғу токпарварӣ ва амалисозии сиёсати кишоварзии роҳбарияти Ҳукумати кишвар, соли 2023-юм 2500 бех токи навъҳои “Президентӣ”, “Шоҳона”, “Аватар”, “Ғалаба” ва “Тагобӣ”-и сафеду сиёҳро аз хоҷагиҳои токпарварии “Боғи Сомон”-и шаҳри Турсунзода оварда, дар масоҳати 5,5 гектар шинонданд.Оғози моҳи марти соли 2024 дар ҳамин мавзеъ дар масоҳати 1,4 гектар 1700 бех ниҳоли зардолуи навъҳои “Мирсанҷилӣ”, “Нишонӣ” ва “Силвер-голд” шинонда шуд.Мавриди зикр аст, ки ҳамасола дар вилояти Суғд дар доираи татбиқи барномаҳои давлатӣ боғу токзори нав бунёдёфта, боғу токзори куҳна барқарор мегардад ва бо иҷрои саривақтии тадбирҳои агротехникӣ ҳаҷми истеҳсоли мева зиёд карда мешавад. Зиёд шудани майдони боғу токзори нав дар вилоят асосан давоми 5-6 соли охир ба назар мерасад.Тибқи муълумоти Раёсати кишоварзии вилоят, то 1-уми апрели соли 2024 дар қаламрави вилояти Суғд дар масоҳати 113 гектар боғи нав, аз он ҷумла 23 гектар боғи интенсивӣ бунёд карда шудааст. Дар ҳамин давра дар масоҳати 4 гектар токзори нав бунёд гардидааст. Соли 2024 барқароркунии боғҳои куҳна дар майдони 788 ва токзорҳои куҳна бошад, дар масоҳати 111 гектар анҷом дода шудааст. Зардолузори вилоят ба 51 ҳазор гектар расида, аз ин 35 ҳазору 500 гектар ҳосилдиҳанда мебошад. Истеҳсоли мева дар соли гузашта ба 222 ҳазору 521 тонна расонида шуд. Истеҳсоли зардолу 157 ҳазору 186 тоннаро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2022-юм 101 ҳазору 339 тонна зиёд мебошад.Дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд 13 ҳазору 661 гектар ангурбоғ мавҷуд мебошад, ки 12 ҳазору 531 гектар ҳосилдиҳанда аст. Иттилоъ дода шуд, ки масоҳати умумии боғҳо дар ҳама бахшҳои хоҷагидорӣ 76 ҳазору 860 гектарро ташкил медиҳад ва аз ин 57 ҳазору 240 гектараш ҳосилдиҳанда мебошад. Майдони боғҳои меваҳои тухмдор 13 ҳазору 770 гектар ва меваҳои донакдор 58 ҳазору 920 гектарро ташкил медиҳад.Зимнан иттилоъ дода шуд, ки мақсади асосии фаъолияти Минтақаи таълимӣ-таҷрибавии “Палос”-и Донишгоҳи давлатии Хуҷанд баланд бардоштани дониши амалии донишҷӯёну аспирантон, унвонҷӯёну муҳаққиқони ҷавон ва татбиқи назария дар амалия, таҳкими ҳамкории илм бо истеҳсолот ба шумор рафта, барои донишҷӯёни факултетҳои биология-химия, геоэкология ва туризм, санъати тасвирӣ ва дизайн ва машғулиятҳои фанҳои ботаника, зоология, биология, асосҳои кишоварзӣ шароити хуби таҷрибаомӯзӣ фароҳам оварда шудааст.Ҳосили аз боғу замини кишт бадастомада барои баровардани ниёзҳои иҷтимоии собиқадорони меҳнат, донишҷӯёни ятиму бепарастор, муҳассилини имконияташон маҳдуд ва омӯзгорону кормандон истифода карда мешавад.Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аснои суҳбат бо роҳбарият ва омӯзгорону кормандони Донишгоҳ ба онҳо дастур доданд, ки дар баробари таваҷҷуҳ зоҳир кардан ба баланд бардоштани сифати илмомӯзӣ, инчунин бобати арҷгузорӣ ба анъанаҳои боғдории миллати тоҷик ва ба меҳнатдӯстӣ ҷалб кардани ҷавонон чораҳо андешида шаванд.

Рубрики
Асосӣ

Ифтитоҳи корхонаи истеҳсоли равған дар заминаи ҶДММ “Сирдарё” дар шаҳри Хуҷанд

Дар идомаи сафари корӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Минтақаи саноатии шимолу шарқии шаҳри Хуҷанд корхонаи истеҳсоли равғанро, ки дар заминаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Сирдарё” бунёд гардидааст, мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.Корхонаи нав ба истеҳсоли равғани пахта ва офтобпараст машғул буда, дар як сол иқтидор дорад то 18 ҳазор тонна равғани растанӣ истеҳсол намояд.Дар навбати аввал маҳсулоти ниҳоии корхона барои қонеъсозии эҳтиёҷоти бозори дохилӣ ҳамчун маҳсулоти ивазкунандаи воридот равона гардида, дар оянда содироти он низ дар назар дошта шудааст.Зимни боздид иттилоъ дода шуд, ки корхонаи нав имконият дорад дар як шабонарӯз беш аз 50 тонна чигит, донаи офтобпараст рапсро коркард намуда, аз он маҳсулоти ниҳоии аълосифат истеҳсолу пешниҳоди харидорон намояд.Корхонаи нави равғанбарории Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Сирдарё” бо истифода аз ашёи хоми маҳаллӣ ва воридотӣ фаъолият менамояд. Хоса барои истеҳсоли равғани пахта, чигит асосан аз дохили кишвар дастрас мегардад, ки ин тасмим барои коркари пурраи ашёи хоми маҳаллӣ дар дохил ва истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ аз он бо тамғаи “Истеҳсоли Тоҷикистон” мусоидат менамояд.Маҳсулоти ниҳоии корхона дар зарфҳои гуногуни пластикӣ басту банд гардида, бо шаклу намуди зебои бозоргир пешниҳоди харидорон карда мешавад. Бояд қайд кард, ки зарфҳои пластикӣ низ дар шакли маҳсулоти нимтайёр вориди корхона гардида, бо истифода аз дастгоҳҳои муосир барои басту банд дар сехи алоҳида омода карда мешаванд.Дар маҷмуъ корхонаи нав аз коргоҳҳои хушбӯйкунӣ, басту банд, ширинкунӣ, пресскунӣ ва анбори нигоҳдории маҳсулоти тайёр иборат мебошад.Бояд қайд кард, ки сикли пурраи истеҳсоли равғани растанӣ – аз коркарди чигит ва донаи офтобпараст сар карда, то омодакунии равғани аълосифати растанӣ дар дохили корхона роҳандозӣ гардида, ҷараёни истеҳсолот ба таври автоматӣ амаливу назорат карда мешавад.Хатҳои истеҳсолии корхона аз ширкатҳои маъруфи Олмон, Туркия ва Чин харидориву насб гардида, малакаи кор бо ин дастгоҳҳоро кормандон дар корхонаҳои истеҳсолӣ аз бар намудаанд.Дар маҷмуъ дар ин корхона 60 нафар сокини маҳаллӣ соҳиби кори доимӣ шуданд.Партове, ки дар ҷараёни истеҳсолот ба миён меояд, ба пуррагӣ коркард гардида, дар соҳаи кишоварзӣ, хусусан дар бахши чорводорӣ истифода бурда мешавад. Ҳамчунин дар ҳудуд ва гирду атрофи иншооти нав корҳои ободонӣ ва мумфаршкунии роҳҳо сомон дода шудааст.Корхона ба хатти алоҳидаи таъмини об, барқ ва системаи марказонидашудаи гармидиҳӣ, ки бо назардошти меъёрҳои экологӣ бунёд ёфтааст, таъмин мебошад.Корхонаи нави равғанбарорӣ дар доираи дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат ва имконоти мусоиди фароҳамовардашуда барои рушди соҳибкорӣ аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Мирзоабдураҳмон Мирзобаҳодуров бунёд гардидааст.Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ ба технологияи корхонаи нав баҳои баланд дода, кормандонро вазифадор намуданд, ки назорати сифати маҳсулотро дар доираи талаботи ҷорӣ ҷиддӣ роҳандозӣ намоянд.Бояд қайд кард, ки давоми чанд соли охир ба хотири таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти баландсифати истеҳсоли ватанӣ дар доираи барномаҳои мушаххаси давлатӣ бахши саноати хӯрокворӣ рушд намуд. Аз ҷумла, шумораи корхонаҳои истеҳсоли равған танҳо дар вилояти Суғд ба 37 адад расонида шуд ва дар соли 2023 дар вилоят 21,6 фоизи равғани растании ҷумҳурӣ истеҳсол гардидааст. Ифтитоҳи корхонаи нави истеҳсоли равғани растанӣ, ҳаҷми истеҳсолотро афзоиш дода, таъминоти аҳолиро бо равғани худӣ боз ҳам беҳтар хоҳад кард. Дар ҳамин ҷо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоиши маҳсулоти корхонаи навтаъсис ва дигар коргоҳҳои Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Барс” боздид ба амал оварданд.Иттилоъ дода шуд, ки ширкат ғайр аз корхонаи ифтитоҳгардида ҳамчунин дорои коргоҳҳои “ММК”, Гармхонаи инноватсионии “ММК-агро” ва Корхонаи истеҳсолии “Сайҳун” буда, нақши он дар таъмини бозорҳо бо маҳсулоти макаронӣ, ширӣ, маҳлулҳои антисептикӣ ва маҳсулоти тару тозаи кишоварзӣ назаррас мебошад.Ҳамчунин, дар назар дошта шудааст, ки дар оянда ҷамъият маҳсулоти ниҳоӣ, аз ҷумла равған ва маҳсулоти кишоварзиро ба дигар кишварҳо содирот намояд. Дар маҷмӯъ, дар корхона ва гармхонаи инноватсионии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Барс” феълан то 600 нафар соҳиби кори доимӣ ва мавсимӣ буда, ин нишондод дар оянда афзоиш дода мешавад. Зимни муаррифии лоиҳаҳо иброз гардид, ки бо дастгирии Ҳукумати Ҷумуҳурии Тоҷикистон ширкат ҳадаф дорад фаъолияти худро дар оянда боз ҳам густариш диҳад.Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки дар давоми чанд соли оянда ҷамъият бунёду ба истифодадиҳии Маркази савдои “Суғдиён мол” бо 340 ҷойи корӣ, Гармхонаи инноватсионии ҳоландӣ дар масоҳати аз 3 то 5 гектар ва Корхонаи истеҳсоли хӯроки чорво ва парандаро ба нақша гирифтааст. Дар маҷмуъ дар иншооти банақшагирифташуда дар солҳои баъдӣ аз 500 то 700 нафар сокини маҳаллӣ соҳиби кор ва маоши хуб хоҳанд гашт.Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо дурнамои фаъолияти ҷамъият, барои истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир, мувофиқи талаботи бозор зиёд намудани номгӯйи маҳсулоти саноатии истеҳсолшаванда ва рушди бахши агросаноат ба масъулин дастуру маслиҳатҳои муфид доданд.

Рубрики
Асосӣ

ДЕВАШТИЧ: БАРГУЗОРИИ МУЛОҚОТ БО УСУЛИ “МАҲАЛ БА МАҲАЛ”

Дар деҳаи Анбарини Поёни Ҷамоати деҳоти Ғазантараки ноҳияи Деваштич вохӯрии гурӯҳи тарғиботӣ бо усули “Маҳал ба маҳал” баргузор гардид. Дар вохӯрии мазкур муовини раиси ноҳия Нуруллозода Ганҷина, раиси КИ ҲХДТ дар ноҳия Маъмурзода Равшаной, муовини сардори ноҳиявии Раёсати Кумитаи давлати амнияти миллӣ дар вилояти Суғд Давлатзода Ҷаҳонгир ва сармутахассиси бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросим дар ноҳия Иброҳимова Зебунисо иштироку суханронӣ намуданд. Дар мулоқот масъулин доир ба шарҳу тавзеҳи нуктаҳои муҳими Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, мулоқоти Президенти кишвар бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар, омилҳои хатарзои ҷаҳони муосир, аз қабили ифротгароиву терроризм, пешгирии шомилшавии ҷавонон аз ин падидаҳои номатлуб, истифодаи оқилонаи телефонҳои мобилӣ, таълимоти ғайриқонунии динӣ, ҳамчунин дар бораи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ», «Дар бораи муқовимат ба терроризм», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон” суханронӣ намуданд. Масъулин ба ин васила сокинони деҳаро барои боз ҳам тақвият бахшидани корҳои ободонӣ, созандагиву бунёдкорӣ ва тозаву озода нигоҳ доштани маҳали зисти худ раҳнамун сохтанд.

Рубрики
Асосӣ

ЗАФАРОБОД: БАРТАР АЗ ГАРДУН МАҚОМИ ОДАМ АСТ…

Фазилати бузурги инсон ва рисолати барҷастаи он эҳтиром, қадршиносӣ ва арҷ гузоштан ба заҳматҳои ҳамдигар аст. Қадршиносӣ ба заҳматҳои нафарони собиқадору рӯзгордида ва фидоиёни Ватан дар меҳвари фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон қарор гирифта, ин иқдоми наку пайваста амалӣ карда мешавад. Дар арафаи иди саиди Фитр аз ҷониби масъулони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия, вакилон шахсони саховатманд аёдату дидорбинии як чанд нафар сокинони касбу кори гуногун ва собиқадорону пирони кор ба роҳ монда шуд. Бо иштироки аъзои Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ, раиси ноҳияи Зафаробод Исмоилзода Зуфар Муртазохон ва раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Зафаробод Шарифзода Туйғун Тоҳир собиқадори меҳнат, модари рӯзгордида Носирова Зуҳро, ки ба синни мубораки садсолагӣ расидаанд. аёдат карда шуданд. Носирова Зуҳро соли 1924 дар ноҳияи Деваштич ба дунё омада, бо меҳнати шоиста рузгори хешро обод кардааст. Солҳои ҶБВ дар ақибгоҳ фидокорона меҳнат намуда, дар таъмини Ғалаба саҳм гузоштааст. Зуҳро Носирова соҳиби даҳ фарзанд, дусад набера ва абераю чаберагон мебошад. Имрӯз ин модари соҳибирода дар халқаи пайвандон давраи саодатбори пирӣ ронда, шукргузорӣ аз ҳаёти имруза, замони соҳибистиқлолӣ ва рушди Тоҷикистонро мекунад. Ба насли ҷавон, фарзандону наберагон таъкид менамояд, ки ба қадри сулҳу ваҳдат заҳматҳои Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон расида, ватандӯст ва ободкору созанда бошанд.

Рубрики
Асосӣ

КОНИБОДОМ: БАРГУЗОРИИ ОЗМУНИ «БЕҲТАРИН ОМӮЗГОРИ ФАННИ ОМОДАГИИ ДИФОИ ҲАРБӢ»

Тарбияи ватандӯстӣ ҳамчун ташаккули тадриҷӣ ва устувории муҳаббати хонандагон ба Ватан фаҳмида мешавад, ватандӯстӣ яке аз муҳимтарин хусусиятҳои шахсияти ҳамаҷониба рушдёфта мебошад. Ҷавонон бояд ҳисси ифтихор ба ватанро дошта бошанд, мардуми худро эҳтиром, дастовардҳои бузург ва саҳифаҳои шоистаи гузаштаро инкишоф диҳанд.Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои инкишофу таҳкими бахши тарбияи ватандӯстии ҷавонон иқдомҳои наҷибу мушаххас намуда, ба воситаи мақомоти давлатӣ ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ онҳоро дар амал пиёда месозанд. Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстии ҷавонон маҳз бо ибтикори Сарвари давлат таҳия ва қабул гардид ва дар тамоми самтҳои асосии тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстии ҷавононро фаро гирифтааст.Бо мақсади татбиқи дастуру супоришҳои Роҳбари давлат ва иҷрои ҳадафҳои Барномавии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо ташаббус ва иқдоми Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд озмуни вилоятии “Беҳтарин омӯзгори фанни омодагии дифои ҳарбӣ” дар доираи баргузории машқҳои ҳарбӣ – саҳроӣ таҳти унвони «Ҳимояи Ватан – рисолати мост» бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд эълон гардидаст.Даври финалии озмун бо иштироки омӯзгорони фанни омодагии дифоӣ ва хонандагони синфҳои болоии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Конибодом роҳандозӣ гардида, тибқи талаботи Низомнома дар байни хонандагон мусобиқаҳо ҳарбӣ – варзишӣ аз рӯи шартҳои низомнома гузаронида шуд.Ғолибони даври шаҳрии озмун муайян шуда, аз ҷониби кумиҷроияи шаҳрӣ қадршносӣ гардиданд.