Рубрики
Uncategorized

Ободонии диёри хеш

    Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Шаҳраки Зарнисор”–и  КИ ҲХДТ дар шаҳри Гулистон бо мақсади тарбия намудани ҷавонон дар руҳияи  эҳтиром ба табиати диёри хеш, ҳифзи муҳити зист ва тозаву озода нигоҳ доштани гирду атроф бо иштироки аъзоёни “Созандагони Ватан” баҳри сазовор таҷлил намудани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои ободониву хуррамгардонӣ доир карда шуд. Дар он беш аз 50 нафар ҷавонписарону ҷавондухтарон иштирок намуда, саҳми худро барои ободонӣ ва тозагӣ гузоштанд.

Рубрики
Uncategorized

Ҳифзи Ватан – қарзи ҳар як ҷавонмард аст

    Намояндаи  кумитаи иҷрояи  ноҳиявӣ бо хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 18-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров   бо мақсади   бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ оиди ҷалби ҷавонписарон барои хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи  Ҷумҳурии Тоҷикистон  мулоқот доир намуд.

     Дар вохӯрӣ мудири кор бо занони КИ ҲХДТ дар ноҳия Солиева Муяссар иштирок намуда, корҳои фаҳмондадиҳиро оид ба хизмат ба Модар – Ватан шарҳ дод.

     Қайд гардид,ки ҳифзи Ватан вазифаи имониву ҷонии ҳар як шахс буда, ин меҳани муқаддасро ҷавонон бояд, дӯст доранду муҳофизат намоянд.Зеро намояндагони миллати соҳибҳунар ва таммаддунофари мо дар тӯли таърих ҳамеша дӯстдори Ватан буданду онро бо баҳои ҷонашон ҳифз намуда, то ба мо оварда расонидаанд. Ҷавонон бояд аз қаҳрамонони фидоии халқамон дарси ибрат гирифта, ҳамеша ватандӯстӣ ҳақиқӣ бошанд.

Рубрики
Uncategorized

Маҷлиси ҷамъбастии КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов баргузор гардид

         Дар толори МИҲД-и ноҳия маҷлиси ҷамъбастии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷаббор Расулов оид ба фаъолияти Кумитаи иҷроия дар соли 2020  зери роҳбарии Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳия Одилзода Рустам бо иштироки муовини якуми раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Шарифзода Аминҷон Абдуғаффорӣ ва муовини раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов Муталибзода Зумрад Муталиб баргузор гардид.

Инчунин дар маҷлис раисони ташкилотҳои ибтидоии ҲХДТ, вакилони халқ, собиқадорон, занон ва ҷавонони фаъол, аъзоёни ТҶҶ «Созандагони Ватан», роҳбарони корхонаю муассисаҳо ва фаъолони ҳизб ширкат варзиданд.

Аз рӯи масъалаи якум ҳисоботи раиси Кумитаи иҷрияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷаббор Расулов Одилзода Рустам оид ба фаъолияти Кумитаи иҷроия дар соли 2020 шунида шуд.

Аз ТИ ҲХДТ «Истиқлол», Тошпӯлотова Назира, аз ТИ ҲХДТ «Гулистон» Ҳалимов Ғолибҷон ба музокира баромада фаъолияти солонаи Кумиҷроияро «қаноатбахш» арзёбӣ намуданд. Ҳамзамон аъзоёни фаъоли ҳизб Шодиев А.А. ва Расулзода Ш.Х. баромад намуда барои ҳиссагузор шудан дар муҳлатҳои пешбинишуда сохта ба истифода додани бинои нави КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов аз ҳамаи аъзоёни фаъоли ҳизб даъват ба амал оварданд.

Аз рӯи масъалаи дуюм маҷлиси раёсат нақшаи кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷаббор Расуловро барои соли 2021 тасдиқ намуд.

Аз рӯи масъалаҳои баррасӣ гардида  қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.

Дар ҷараёни маҷлис муовини якуми раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Шарифзода Аминҷон Абдуғаффорӣ ва муовини раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов Муталибзода Зумрад Муталиб ба сухан баромада  аз дастовардҳои фаъолияти Кумиҷроия, инчунин оид ба пурзӯр намудани фаъолияти ҳар як аъзои ҳизб дар байни мардум пешниҳодҳои зарурӣ доданд.

Дар охир ба ҷавонони ба сафи ҲХДТ аъзо шуда дар вазъияти тантанавӣ шаҳодатномаи ҳизбӣ, ба аъзоёни фаъоли ҳизб сипосномаҳои КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд ва КИ ҲХДТ дар ноҳия ва тӯҳфаҳои хотирмон супорида шуданд.

Рубрики
Uncategorized

МАҶЛИСИ ҶАМЪБАСТИИ КУМИТАИ ИҶРОИЯИ ҲХДТ ДАР НОҲИЯИ СПИТАМЕН

Рӯзи гузашта маҷлиси ҷамъбастии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Спитамен  дар толори Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия баргузор гашт. Маҷлис зери таассуротҳои Паёми  навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  баргузор гардид.

Дар маҷлис Раиси Кумитаи иҷроияи ХҲДТ дар вилояти Суғд муҳтарам Исмоилзода Зуфар Муртазохон ва Раиси ноҳияи Спитамен  Нӯмонзода Темурҷон иштирок доштанд.

         Дар маҷлис се масъала баррасӣ гардида, аз рӯи масъалаи якуми рӯзнома раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Спитамен Ойбек Насруллозода  оид ба фаъолияти Кумитаи иҷроия дар соли 2020 ҳисобот дод. Ба музокира се нафар баромада, фаъолияти Кумитаи иҷроияро дар соли сипаригашта хуб арзёбӣ намуданд.

Дар идомаи маҷлис Раиси ноҳия Нӯмонзода Темурҷон баромад намуда, дар доираи расидан ба ҳадафҳои  ҳизбӣ ва нақши он дар ҷомеъ таҳти сарварии Раиси муаззами  ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  суханронӣ намуд.

Сипас раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд муҳтарам Исмоилзода Зуфар зимни суханронӣ самтҳои гуногуни Паём ибрози назар намуда қайд кард, ки Паём ин санади  тақдирсози  мо аст ва тадбирҳое, ки дар он Пешвои миллат андешидаанд баҳри пешравӣ давлатӣ, роҳнамо мебошад.

 Доир ба масъалаи дуюми рӯзнома роҳбари гурӯҳи вакилии ҲХДТ дар Маҷлиси вакилони халқи ноҳия   Ҷамолиён Раҳбарой гузориш дод.  Оиди масъалаҳои рӯзнома қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.

Дар фарҷом барои фаъолияти пурсамар ба Кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ва дар ноҳияи Спитамен Сипосномаи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Спитамен супорида шуд. Ба узви фаъоли ҳизб Бобоев Наимҷон Сипосномаи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ ва ба як қатор фаъолон Сипосномаҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ вилоятӣ ва ноҳиявӣ супорида шуда, ба 12 нафар наваъзоён дар вазъи тантанавӣ шаҳодатномаи ҳизбӣ супорида шуд.

Рубрики
Uncategorized

Паём- роҳнамо барои рушди деҳот

         Бо раҳнамоии раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри  Панҷакент, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии  Тоҷикистон Мурод Шукурзода  гурӯҳи тарғиботии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии  вилояти Суғд дар ҷамоати деҳоти Хурмӣ бо сокинон сӯҳбат доир намуд.

          Аъзоёни гурӯҳ, устодони Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент Фотима Сироҷзода, Мизроб Ғаффоров, Зафар Мақсудов ва мудири шӯъбаи Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб Бурсибой Лутфуллоев мӯҳтавои Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон , муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Маҷлиси Олии мамлакат ба ҳозирин шарҳ доданд.

          Дар  сӯҳбат аз ҷумла, таъкид шуд, ки дар ин ҳуҷҷати раҳнамо  вазифаҳо барои таъмини рушди  ҳама соҳаҳо муайян шудааст ва дар иҷрои он бояд ба ҳар нафар саҳм гузорад.

          Масалан, дар ҷамоати деҳоти Хурмӣ, ки баҳор барвақттар мерасад, хоҷагиҳои деҳқонӣ, кишоварзон аз ҳоло заминҳоро ба кишт омода намуда, давоми сол ду ҳосил гирифта метавонанд. Ба ин васила  ҳар оила  барои ду сол маводи ғизоӣ захира кардашаш имконпазир аст. Ин нукта низ дар Паём таъкид шудааст.

Рубрики
Uncategorized

ВОХӮРИИ СУДМАНД

Дар Ҷамоати шаҳраки ба номи Ҳамид Алиев мулокоти Раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон, раиси ноҳияи Зафаробод Ашурзода Раҷаб Рӯзӣ, роҳбарони сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ бо сокинони ҷамоат баргузор гардид. Мӯҳтавои мулоқот тарғиби Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат-Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакатро дар бар гирифта, ҳамчунин фаъолияти ташкилоту муассисаҳо ва хоҷагиҳои ҳудуди Ҷамоат мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Исмоилзода Зуфар Муртазохон доир ба Паём, нақши он дар пешрафти зиндагии сокинон, иқдомоти Сарвари давлат ва нақшаҳои минбаъда баромади пурмӯҳтаво намуд. Ҳамчунин номбурда ба ҳайси номзад ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд аз ҳавзаи интихоботии “Пахтакор №50” зикр намуд, ки аз рӯи Барномаи пешазинтихоботӣ тасмим мегирад барои ободонии маҳаллаҳои худуди ҳавза ва мусоидат ба масъалаҳои ҳалталаби сокинон ба хотири фароҳам овардани зиндагии шоиста тасмим мегирад. Ашурзода Раҷаб Рӯзӣ-раиси ноҳияи Зафаробод аз фаъолияти масъулони Ҷамоати Ҳамид Алиев натиҷабардорӣ намуда, ҷиҳати тақвият бахшидани корҳои ободонию созандагӣ расидан ба дастовардҳои арзанда, ба шаҳрвандони ҷамоат дастурҳо дод. Зикр карда шуд, ки барои ноил гардидан ба натиҷаҳои арзанда дастурҳои Паёми Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санади раҳнамо буда, танҳо меҳнати содиқона ва масъулияти баланд метавонад моро ба мақсад расонад.

Рубрики
Uncategorized

Сӯҳбати сарироҳи бо табибони шафқат

Исмоилзода Зуфар Муртазохон-раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд зимни сафари корӣ ба ноҳияи Зафаробод бо табибони беморхонаи марказии ноҳия сӯҳбати сарироҳӣ доир намуда, аз фаъолияти онҳо пурсон шуд. Заҳматҳои табибон дар давраи хасоси соли гузашта ёдоварӣ карда шуда, барои ин масъулияшиносӣ миннатдорӣ баён карда шуд.

Рубрики
Uncategorized

БО ЗАҲМАТИ СОДИҚОНАВУ АҲЛОНА МЕҲАНАМОНРО ОБОД НАМОЕМ

Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд фаъолияти яксолонаи худро бо ширкати аъзои Кумитаи иҷроияи Марказии ҲХДТ Ҷӯразода Ҷамшед Ҳабибуллоҳ, Раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон, иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода, аъзоёни кумиҷроияи шаҳрӣ, раисони ташикилотҳои ибтидоӣ, собиқадорон ва аъзои фаъоли ҳизб натиҷагирӣ намуд.Ҳозирин пас аз тасдиқи рӯзномаи кори ҷаласа, ҳайати котибот, регламентӣ корӣ ба муҳокимаи масъалаҳои дар ҷаласа зикршуда пардохтанд.Раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Маликисломӣ Наим Мунаввар оид ба фаъолияти ҳизӣиёни шаҳр дар соли сипаришуда ҳисобот дод. Гуфта шуд, ки дар давраи ҳисоботӣ 1 ҳазору 120 нафар шахсони арзанда ба сафи ҳизб қабул шуданд. Айни замон шумораи ҳизбиён дар миқёси шаҳри Хуҷанд ба 18 ҳазору 657 нафар расидааст ва аз ин шумора 11 ҳазору 712 нафарро занон ва 7 ҳазору 970 нафарро ҷавонон ташкил медиҳанд. Аз шумораи умумии аъзоён 8 ҳазору 944 нафар дорои маълумоти олӣ буда, 2 ҳазору 871 нафарро маълумоти миёнаи махсус ташкил медиҳанд. Даҳ ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ таъсис ёфта, бинобар сабаби фаъолият накардани баъзе аз корхонаҳо фаъолияти 4 ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ муваққатан боз дошта шуд. Айни замон ҳизбиёни шаҳри Хуҷанд дар 5 кумитаҳои иҷроияи ибтидоӣ ва 240 адад ташкилотҳои ибтидоӣ сарҷамъ шудаанд. Таҳлилҳо нишон доданд, ки аъзошавӣ ба сафи ҳизб асосан аз ҳисоби кормандони соҳаҳои маорифу тандурустӣ ва фарҳанг бештар ба роҳ монда шуда, танҳо дар як моҳи охири соли гузашта зиёда аз 400 нафар маорифчиён ба сафи ҳизб пайвастанд. Сафи аъзоёни ҳизб дар донишгоҳу донишкадаҳо, коллеҷҳо ва литсейҳои касбии шаҳр аз 50 фоиз то 88 фоизро дарбар мегирад. Мавсуф дар идомаи ироаи ҳисобот оид ба ҳаракати аъзо ва муқоисакунии он, вазъи молиявии ҳизб, раванди баргузории интихобот, мубориза ҷиҳати пешгирии бемории Ковид -19, нақш ва мақоми занону ҷавонон дар пешрафти ҳаёти ҳизбӣ, фаъолияти вакилон, муроҷиати шаҳрвандон, дастгирии қишрҳои осебпазири ҷомеа ва омодагиҳо ба 30- солагии Истиқлолияти давлатӣ суханронӣ намуд.Вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд аз ҳавзаи интихоботии “Пахтакор”,№ 5 Азимҷон Иброҳимзода, муовини сардухтури беморхонаи рақами 1 Саодат Аминҷонова зимни музокира аз корҳои анҷомдодаи фаъолияти вакилӣ ва нақши пизишкон дар раванди пешгирӣ ва мубориза бо бемории сироятии Ковид -19 ҳарф заданд.Иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода дар баромад аз нақши ҳизбиён дар баргузории маъракаҳои муҳими сиёсӣ, раванди ободкориву созандагӣ дар шаҳри Хуҷанд, дастгирии шахсони имконияташон маҳдуд сухан ронда, баён дошт, ки дар самти баланд бардоштани ифтихории милли наврасону ҷавонон ва дар ин замина роҳ надодан ба таҳсили ғайрирасмӣ ва гирифтани пеши роҳи шомилшаввии ин қишри ҷомеа ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ бояд ҳизбиён аз ҳар вақта дида фаъолтар бошанд.Дар баромади Исмоилзода Зуфар Муртазохон баён шуд, ки ҳама соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳри Хуҷанд мисли соҳаҳои маорифу тандурустӣ, фарҳангу иҷтимоиёт бояд ба фаъолияти ҳизбӣ таваҷҷуҳи бештар дошта бошанд. Номбурда дар идомаи суханронӣ нуктаҳои Паёми Сарвари давлатро ба риштаи таҳлил кашида, зикр сохт: “Сарвари давлат дар Паёми навбатии худ бо халқ будану таъмини зиндагии шоистаро рисолати ҳар як роҳбар дониста, баён доштанд, ки авлоду аҷдоди мо ободкору созанда буданд ва мо инро ба мерос гирифта ҳама якҷо бо заҳмати содиқонаву аҳлонаи худ то ҷашни мубораку муқаддаси сисолагии истиқлолу озодии Тоҷикистони маҳбубамон симои Ватани азизамонро то дурдасттарин гӯшаву канори он боз ҳам ободу зебо мегардонем. Воқеан ҳам дастоварду пешравиҳо маҳсули заҳмати софдилонаи халқи азизи Тоҷикистон буда, моро водор месозанд, ки дар ояндаи наздик низ бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ фаъолият кунем ва барои ҳар як сокини мамлакат зиндагии шоиставу шароити беҳтарро муҳайё намоем”.Дар идомаи кори ҷаласа маъракаи обуна ба нашрияҳои ҳизбии “Минбари халқ” ва “Сухани халқ” натиҷагирӣ шуда, нақшаҳои минбаъда тасдиқ шуданд. Ҳамзамон ба ҳайати аъзои кумиҷроия тағйирот ворид карда шуд.Дар фарҷоми ҷаласа ба фаъолони ҳизб дар вазъияти тантанавӣ Сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравии кумиҷроияи вилоятӣ ва шаҳрии ҳизб тақдим карда шуд.

Рубрики
Uncategorized

ПЕШВОИ МИЛЛАТ –ПОЯГУЗОРИ АРТИШИ МИЛЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Тибқи нақшаи муштараки КИ ҲХДТ дар ноҳияи Айнӣ, бахши Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ, комиссариати ҳарбӣ ва бахши кор бо ҷавонони МИҲД-и ноҳия бо иштироки ҷавонон, роҳбарони муассисаҳои таълимӣ, раисони кумитаҳои маҳал ва имомхатибони Ҷамоати деҳоти Анзоб вохӯрии судманд доир карда шуд.

Нахуст раиси Ҷамоати деҳоти Анзоб Олимзода Зарафшон доир ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ”, омодагиҳо ба ҷашни 30-солагии Истиқлолият дар ҷамоат, бурдани корҳои тарғиботиву ташфиқотӣ ва ҷалби ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар суханронӣ намуда, баҳри ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта дастурҳои муфид дод.

Ҳамзамон дар ҷараёни вохӯрӣ комиссари ҳарбии ноҳияи Айнӣ – майёр Бобозода Борбад, сардори бахши Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар ноҳияи Айнӣ Мирзошоҳиён Мирзошоҳ, мудири бахши кор бо ҷавонони КИ ҲХДТ дар ноҳия Солеҳбой Қобилов доир ба иҷрои Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи хизмати ҳарбӣ ва ӯҳдадории умумӣ ҳарбӣ”, “Дар бораи ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулоддаи дорои хусусияти табиӣ ва техногенӣ”, “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, пешгирии ҷавонон аз ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ ибрози назар намуда, аз фаъолон даъват ба амал оварданд, ки баҳри иҷрои Қонунҳои мазкур ва бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни сокинон чораҳои судманро роҳандозӣ намоянд.

Масъулини кумиҷроияи ноҳия зимни вохӯрӣ доир ба мавзӯи “Пешвои миллат – поягузори Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, густариши фаъолияти ташкилотҳои ибтидоӣ дар деҳаҳои ҳудуди ҷамоат ва ҷалби мутахассисони фаъол ба сафи ҲХДТ баромад намуданд. Гуфта шуд, ки новобаста ба ҳамаи мушкилот ва монеаҳои солҳи 90 –ум бо талошу заҳматҳои шабонарӯзии Пешвои муаззами миллат, санаи 23 феврали соли 1993 аввалин паради ҳарбии Артиши миллӣ доир шуд, ки дар он афсарону сарбозони содиқу ватандӯст – ҷавонмардоне, ки бевосита ба хотири истиқрори сулҳ ва қатъи хунрезӣ сина сипар карда буданд, бо ифтихору эҳсоси баланди миллӣ ширкат намуданд. Дар воқеъ, Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ аз рӯзҳои нахустини таъсисёбӣ як ҷо бо дигар сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба муқобили қувваҳое, ки зидди раванди сулҳи тоҷикон сар боло карда буданд, мубориза бурданд.

Дар интиҳои вохӯрӣ иштирокчиён доир ба тағйиру иловаҳо дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи хизмати ҳарбӣ ва ӯҳдадории умумӣ ҳарбӣ”, ҳифзи аҳолӣ аз ҳолатҳои фақулода ва роҳҳои вусъат бахшидани фаъолияти ташкилотҳои ибтидоии кумиҷроияи ноҳия мубодилаи афкор намуданд.

Рубрики
Uncategorized

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд, шуъбаи фарҳанги шаҳри Хуҷанд ва Ташкилоти ҷамъиятии “Сипари сулҳ” байни наврасон озмуни расмкашӣ ва ҳунарҳои мардумӣ  эълон мекунад.

Чун анъана бо иқдоми  Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд дар остонаи таҷлили солгарди ҷашни Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо шуъбаи фарҳанги шаҳри Хуҷанд ва Ташкилоти ҷамъиятии “Сипари сулҳ” байни наврасони синни то 18 солаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Хуҷанд  озмуни “Рассоми ҷавонон” ва “Ҳунарҳои мардумӣ”-ро дар мавзӯи «Артиши миллӣ ҳамчун мактаби ҷасорату мардонагӣ»,  “Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ва ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор менамояд.

Маврид ба зикр аст, ки озмуни мазкур бо мақсади тарғибу ташвиқи ғояҳои ватандӯстӣ, дарёфти истеъдоди насли наврас, муайян намудани маҳорат ва малакаи рассомии иштирокчиёни озмун, дастгирии истеъдодҳои наврасон, муаррифии ҳунарҳои мардумӣ роҳандозӣ гардида, ҳамасола шумораи зиёди наврасони соҳибистеъдодро сарҷамъ мекунад.

Қабул маводҳои озмун аз санаи 10 феврал оғоз ёфта, мӯҳлати ниҳоии қабули расмҳо ба санаи 20 феврал муқаррар гардидааст.