Рубрики
Асосӣ

Ба истифода додани Маҷмааи хизматрасонии “Тоҷи заррин” ва тақдими туҳфаҳо ба 100 нафар ятими кулл

11.08.2022

http://www.president.tj/node/28909

Дар шаҳри Конибодом Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Маҷмааи хизматрасонии “Тоҷи заррин”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд ва ба 100 нафар ятими кулл аз шаҳри Конибодом ва ноҳияҳои Ҷаббор Расулову Бобоҷон Ғафуров туҳфа тақдим карданд.

Маҷмааи хизматрасонии «Тоҷи заррин” аз 3 ошёна ва таҳхона иборат мебошад. Маҷмааи хизматрасонӣ дар масоҳати 0,21 гектар ҷойгир буда, барои қабули 300 нафар дар як вақт омода мебошад.

Иншоот аз ҷониби соҳибкор Раъно Ҳоҷиматова бунёд гардида, бештар аз 30 нафар коргари ҶДММ «Канд-сохтмон» тадбирҳои сохтмониро ба анҷом расониданд. Дар Маҷмаи хизматрасонии «Тоҷи заррин» 30 нафар бо кори доимӣ таъмин шуданд ва барои бунёди он зиёда аз 6 миллион сомонӣ харҷ гардидааст.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар толори барҳавои Маҷмааи хизматрасонии “Тоҷи заррин”, бо 100 нафар ятими кулл аз шаҳри Конибодом ва ноҳияҳои Ҷаббор Расулову Бобоҷон Ғафуров мулоқот анҷом дода, ба онҳо туҳфаҳо тақдим карданд.

Ташаббуси башардӯстона дар заминаи ғамхориҳои ҳамешагии Пешвои миллат нисбат ба ятимону бепарасторон ва дигар табақаҳои эҳтиёҷманди ҷомеа роҳандозӣ гардид, ки хусусияти доимӣ касб карда, нишонаи раъиятпарварӣ ва татбиқи муваффақонаи сиёсати иҷтимоии роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Рубрики
Асосӣ

Ифтитоҳи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №7-и шаҳри Конибодом

11.08.2022

http://www.president.tj/node/28908

11 август дар идомаи сафари корӣ дар шаҳри Конибодом Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи омодагиҳо ба таҷлили шоистаи ҷашнҳои бузурги таърихӣ, 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар хиёбони Исмоили Сомонии шаҳр Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 7-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Иншооти мазкур дар пайи татбиқи сиёсати маорифпарваронаи роҳбарияти олии сиёсии Тоҷикистон бунёд шуда, бобати бо ҷойи нишаст таъмин кардани хонандагон мусоидати фаъол хоҳад кард.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо имконияту шароитҳои илмомӯзӣ дар иншооти тозабунёд, ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд доданд ва ҳайати омӯзгоронро ҷиҳати талоши бештар ба харҷ додан ба сифати таълиму тарбия ва таҳкими ғояҳои худшиносиву худогоҳии насли наврас ҳидоят карданд.

Муассисаи таълимии тозабунёд дорои 29 синфхона, 4 ҳуҷраи кории омӯзгорон, кабинетҳои муҷаҳҳази фаннӣ барои омӯзиши илмҳои дақиқу табиатшиносӣ, ошхона барои 75 нафар, маҷлисгоҳ барои 260 нафар, толори варзишӣ, китобхона ва бойгонӣ мебошад. Мактаби нав барои қабули 1000 нафар хонанда дар ду баст бо тарҳи ҷолиб ва ҷавобгӯ ба меъёрҳои муосири таълимӣ сохта, ба истифода дода шуд. Дар ин мактаб 42 нафар омӯзгор фаъолият менамояд. Бинои нав бо системаи ягонаи гармидиҳӣ пайваст карда шудааст.

Дар иншооти тозабунёди таълимӣ, инчунин ҷиҳати ҷалби густурдаи муҳассилин ба касбомӯзӣ марказҳои ҳунаромӯзиву маҳфилҳои эҷодӣ ташкил карда шудааст.

Дар ин мактаб 42 нафар омӯзгор фаъолияти доимӣ менамоянд, ки 41 нафари онҳоро бонувон ташкил медиҳанд. Ҳамаи мутахассисони ин даргоҳи илм омӯзгорони ҷавон мебошанд. Иттилоъ дода шуд, ки дар соли равон 22 нафар муассисаи таълимиро хатм карданд, ки 98 фоизи хатмкунандагон тавассути Маркази миллии тестӣ ба муассисаҳои олии таълимии мамлакат шомил шуданд. Зимни шиносоӣ бо имкониятҳои мактаби нав Президенти мамлакат ба роҳбарияти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дастур доданд, ки хазинаи тамоми китобхонаҳои мактабии муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ дар баробари таъмини адабиёти дарсӣ, бо китобҳои бадеӣ низ комил карда шавад.

Рубрики
Асосӣ

Ифтитоҳи Коргоҳи коркарди меваи хушки ҶСК “Конибодом”

11.08.2022

http://www.president.tj/node/28907

11 август дар идомаи сафари корӣ дар шаҳри Конибодом Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти Коргоҳи коркарди меваи хушки Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Конибодом” расман оғоз бахшиданд.

Иттилоъ дода шуд, ки коргоҳи коркарди меваи хушки Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Конибодом” аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Сафаралӣ Бобиев бо харҷи беш аз 3 миллион сомонӣ сохта шуда, аз утоқи озмоишгоҳ, буғхона, утоқи муҳандис, анборхона ва дигар иншооти ёрирасон иборат мебошад.

Маврид ба зикр аст, ки Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Конибодом” солҳои зиёд аз кор монда буд. Он соли 2020 баъд аз таваққуфи 12-сола аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ дубора фаъол гардонида шуд. Акнун ин ҷамъият фаъолияташро васеъ гардонида, ба коркарди меваи хушк низ машғул хоҳад шуд.

Коргоҳи истеҳсолӣ аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Қанд сохтмон” бунёд гардида, дар рафти сохтмон сокинони маҳаллӣ ҷалб шуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки иқтидори истеҳсолии коргоҳ коркарди 4 тонна меваи хушк дар як шабонарӯз мебошад.

Маҳсулоти хом асосан аз ноҳияи Ашт, шаҳрҳои Исфара ва Конибодом ба коргоҳ ворид карда мешавад.

Дар коргоҳи коркарди меваи хушки Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Конибодом” 25 нафар, асосан занони хонанишин ва ҷавондухтарони соҳибмаълумот бо кори доимӣ таъмин гардиданд. Ҳамин гуна шумораи кормандони ин ҷамъият ба 40 нафар баробар шуд.

Маҳсулоти истеҳсолнамудаи коргоҳ ба талаботи стандартҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ буда, ҳам дар бозорҳои дохилӣ ба фурӯш бароварда мешавад ва ҳам ба хориҷи кишвар содирот мегардад.

Соҳибкори маҳаллӣ Сафаралӣ Бобиев нақша дорад, ки дар оянда дар шафати коргоҳи коркарди меваи хушк як сардхонаи дигар бо ғунҷоиши зиёда аз 300 тонна маҳсулот низ бунёд намояд ва теъдоди коргаронро афзоиш диҳад.

Баъд аз ифтитоҳи коргоҳи коркарди меваи хушк ва шиносоӣ бо фаъолияти он, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоиши маҳсулоти корхона дидан намуданд.

Дар намоишгоҳ намудҳои гуногуни афшураи помидор, зардолу, олу, помидор, хамираи помидор ва ғайра, ки дар коргоҳҳои Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Конибодом” истеҳсол мешаванд, ба маърази дид гузошта шуд.

Рубрики
Асосӣ

Ифтитоҳи боғи истироҳатию фароғатиии “Истиқлол”-и шаҳри Конибодом

11.08.2022

http://www.president.tj/node/28905

11 август дар шаҳри Конибодом Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боғи истироҳатию фароғатии “Истиқлол”-ро, ки аз нав сохта шудааст, мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Боғи истироҳатию фароғатии “Истиқлол” дар маркази шаҳри Конибодом дар масоҳати қариб 5 гектар, бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар вилояти Суғд бо тарҳи муосир ва унсурҳои шаҳрсозии миллӣ ва санъати баланди меъморӣ бунёд шудааст.

Корҳои сохтмонӣ дар боғи истироҳатию фароғатӣ моҳи марти соли 2021 оғоз ёфта, дар вақти муайяншуда ва бо сифати баланд бунёд гардид. Дар рафти корҳои сохтмонӣ зиёда аз 50 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори муваққатӣ таъмин гардиданд.

Дохил ва роҳравҳои боғи навбунёд пурра бо гулу буттаҳои ороишию мавсимӣ сабзазор гардонда шуда, дарахтони ороишӣ, гулҳои доимӣ ва мавсимӣ шинонда шудааст.

Бо мақсади зебову назаррабо гардондани боғи фарҳангӣ даромадгоҳ ва роҳравҳои он сафолакпӯш гардидааст. Мувофиқи нақшаи асосӣ дар ҳудуди боғ фаввора ва дигар таҷҳизоти дилхушкунанда насб гардидааст, ки аз ин пас сокинону меҳмонони шаҳри Конибодом дар ин макон истироҳат менамоянд.

Боғи истироҳатию фароғатии “Истиқлол” дар маркази шаҳри Конибодом дар доираи сиёсати фарҳангпарваронаи роҳбарияти олии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бунёд шудааст.

Дар дохили боғи нав нишастгоҳҳо ва суҳбаткадаҳои замонавӣ насб гардидааст. Фароҳам овардани чунин шароит имконият медиҳад, ки наврасону ҷавонон ва дар маҷмуъ кулли сокинони шаҳри Конибодом дар боғи навбунёду замонавӣ истироҳату фароғат намоянд.

Рубрики
Асосӣ

Ифтитоҳи бинои иловагии Беморхонаи марказии шаҳри Конибодом

11.08.2022

http://www.president.tj/node/28904

11 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази шаҳри Конибодоми вилояти Суғд бинои иловагии беморхонаи марказии шаҳрро ифтитоҳ карданд.

Бинои мазкур 4 ошёна буда, дар доираи нақшаи чорабиниҳо ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ ба талаботи замони муосир бунёд карда шудааст. Дар ошёнаи якуми бино шуъбаи бемориҳои чашм бо фарогирии 30 кат ҷойгир буда, ошёнаи дуюм барои шуъбаи бемориҳои асаб бо 30 кат пешбинӣ шудааст.

Дар ошёнаи сеюм маркази саломатии шаҳрӣ ва дар ошёнаи чорум бошад, маъмурияти беморхонаи марказӣ ҷойгир карда шудааст. Бинои нав барои қабули 60 нафар пешбинӣ гардида, муоина ва бистарии беморон дар шароити мусоид ба роҳ монда мешавад.

Бинои иловагии беморхонаи марказии шаҳри Конибодом бо маблағгузории Идораи сохтмони асосии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бунёд гаридааст. Иншоот дар муҳлати муайяншуда бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба талаботи замони ҳозира сохта шудааст.

Ҳамаи ҳуҷраҳои беморхона бо дастгоҳу таҷҳизоти муосири тиббӣ муҷаҳҳаз гардонда шуда, барои ташхису табобати дақиқу саривақтии бемориҳои чашм ва асаб шароити хуби табобат муҳайё мебошад. Бинои иловагӣ бо мизи ҷарроҳӣ, катҳои функсионалӣ, микроскоп барои ҷарроҳӣ кардани чашм, инчунин дифиблятор ва манитори назди бемор, дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ ва ғайра таъмин аст. Ҳамчунин бо маблағҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд 1 миллиону 900 ҳазор сомонӣ таҷҳизоти маишӣ, мизу курсӣ ва дигар лавозимоти зарурӣ харидорӣ гардидааст.

Баъди фароҳам овардани чунин шароит табибон бо истифода аз таҷҳизоти нави ташхисӣ ба беморон хизмати баланди тиббӣ мерасонанд.

Дар бинои иловагии Беморхонаи марказии шаҳри Конибодом, ки нав сохта шудааст қариб 80 нафар табиб, корманди миёнаи тиб фаъолият доранд, ки ҳамарӯза ба беморон хизмати босифати тиббӣ мерасонанд.

Рубрики
Асосӣ

Ифтитоҳи муассисаи таҳсилоти миëнаи умумии рақами 15 дар деҳоти Куҳандиëри шаҳри Конибодом

11.08.2022

http://www.president.tj/node/28903

11 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Маданияти деҳоти Куҳандиëри шаҳри Конибодом бинои нави муассисаи таҳсилоти миëнаи умумии рақами 15-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Иншоот дар партави сиëсати маорифпарваронаи Ҳукумати мамлакат бахшида ба 35- солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунëд шуда, масоҳати беш аз 2 гектарро дар бар мегирад. Бинои асосии муассиса аз ду ошëна иборат аст ва дорои 13 синфхонаи умумӣ ва фаннии таълимӣ, инчунин ҳуҷраҳои корию ëрирасон мебошад. Корҳои сохтмонӣ бо дастгирии соҳибкорон ва ҳашари дастҷамъии сокинони маҳаллӣ бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба талаботи соҳаи маориф анҷом ëфтааст.

Бинои нав барои 640 хонанда дар ду баст пешбинӣ гардидааст. Синфхонаҳои фаннии физика, химия, математика, биология, технологияи иттилоотӣ ва таълими меҳнат бо таҷҳизоту аёниятҳои замонавӣ таъмин буда, барои хонандагон шароити мусоиди аз худ кардани дониш мавҷуд мебошад. Муассисаи таълимие, ки то ин вақт дар он хонандагони деҳаи Маданият ба таълим фаро гирифта мешуданд, солҳои зиëд истифода гардида, ба талабот номувофиқ аст. Бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани ин боргоҳи муҳташами таълимӣ барои хонандагон шароити замонавии аз бар намудани дониш таъмин гардид.

Барои машғул шудани хонандагон ба варзиш ва обу тоби бадан дар ҳудуди муассиса толори замонавии варзиш ва майдончаи кушоди варзиш бунëд карда шудааст. Атрофи иншоот бо гулу ниҳолҳои ороишӣ зеб дода шуда, роҳравҳо пурра сафолакпӯш мебошад. Дар ҳамин ҷо ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон либосҳои ягонаи мактабӣ ва варзишии дар коргоҳҳои дӯзандагии шаҳри Конибодом истеҳсолшуда муаррифӣ карда шуд.

Рубрики
Асосӣ

Оғози сафар дар шаҳри Конибодом ва ифтитоҳи бинои нави Кӯдакистони “Зангӯла” дар деҳоти ба номи Абулқосим Лоҳутӣ

11.08.2022

http://www.president.tj/node/28900

11 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ аз вазъи зиндагии мардум, рафти корҳои ободонию созандагӣ, ифтитоҳи иншооти таъиноти гуногун, боздид аз фаъолияти хоҷагиҳои деҳқонӣ ва суҳбату мулоқот бо сокинон ба шаҳри Конибодом ташриф оварданд.

Нахуст, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти ба номи Абулқосим Лоҳутии шаҳри Конибодом бинои нави Муассисаи таҳсилоти томактабии №10 (кӯдакистони “Зангӯла”)-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Бинои нави Кӯдакистони “Зангӯла” барои таълиму тарбияи 150 нафар кӯдак пешбинӣ гардида, бо мақсади рушди соҳаи маориф ва амалисозии дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат дар зарфи як сол аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва саҳми соҳибкорони маҳаллӣ бо харҷи 3,5 миллион сомонӣ сохта, ба истифода дода шудааст.

Иншооти нав дуошёна буда, дорои ҳуҷраҳои алоҳидаи хоб ва машғулиятгузаронӣ, ошхона ва нуқтаи тиббӣ мебошад.

Дар Муассисаи таҳсилоти томактабии “Зангӯла” дар чор гурӯҳ имконияти мусоид барои таълиму тарбияи кӯдакон муҳайё буда, барои бозиву фароғат низ шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст. Аз ҷумла, дохили гурӯҳҳо бо ҷиҳозу аёниятҳои муосиру замонавӣ таъмин буда, ороиши дохили ҳуҷраҳо низ мувофиқ ба хоҳишу завқи кӯдакон анҷом дода шудааст.

Рубрики
Асосӣ

Ба истифода додани фабрикаи парандапарварии ҶДММ “Конибодом Паранда” дар шаҳри Конибодом

11.08.2022

http://www.president.tj/node/28901

11 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Конибодом ба фаъолияти Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Конибодом Паранда” оғози расмӣ бахшиданд.

Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Конибодом Паранда” дар деҳоти ба номи Абулқосим Лоҳутии шаҳри Конибодом дар заминаи тадбирҳои вобаста ба амалисозии ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати мамлакат бо сармоягузории соҳибкорони вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вилояти Самарқанди Ҷумҳурии Узбекистон таъсис дода шуда, барои истеҳсоли гӯшти парҳезии паранда пешбинӣ гардидааст. Фабрикаи парандапарварӣ дар як сол иқтидори истеҳсоли 2 ҳазор тонна гӯшти мурғро дорад.

Фабрикаи парандапарварӣ дорои чор бино буда, дар ин ҷо имкон аст, дар як давра 100 ҳазор ва дар панҷ давра, яъне давоми як сол 500 ҳазор сар чӯҷаи гӯштии зоти бройлерӣ парвариш карда шавад.

Ба таъкиди мутахассисон, чӯҷаҳои зоти бройлерӣ давоми 40-45 рӯз ба ҳисоби миёна 2 – 2,2 кило вазн мегиранд ва барои пешниҳод ба бозор омода мешаванд.

Айни замон дар корхонаи парандапарварӣ зиёда аз 20 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кору маоши хуб таъмин гардидаанд.

Ҳадафи асосии ташаббускорони бунёди ин фабрика бо гӯшти мурғи хушсифати ватанӣ таъмин намудани аҳолии ҷумҳурӣ, содироти маҳсулоти тайёр ба хориҷи мамлакат ва муҳайёсозии ҷойҳои нави корӣ барои сокинон мебошад.

Чӯҷаҳои гӯштии зоти бройлерӣ асосан аз фабрикаи парандапарварии “Суғд Самарқанд Паранда”-и шаҳри Хуҷанд дастрас карда мешаванд.

Дар ин ҷо ҷараёни нигоҳубини чӯҷаҳо, муайян намудани ҳарорати дохили парваришгоҳ, тозакунии ҳаво ва додани обу ғизо тавассути технологияи муосир, ки аз Ҷумҳуриии Халқии Хитой оварда шудааст, амалӣ карда мешавад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳибкорон дастур доданд, ки бобати афзоиши саршумори паранда ва зиёд кардани ҳаҷми гӯшти парҳезӣ аз имконоти мавҷуда самаранок истифода баранд.

Рубрики
Асосӣ

Боздид аз хоҷагии деҳқонии ба номи Роҳбар Қосимов ва ба истифода додани хати оби полезӣ дар деҳоти Куҳандиëри шаҳри Конибодом

11.08.2022

http://www.president.tj/node/28902

11 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хоҷагии деҳқонии ба номи Роҳбар Қосимови шаҳри Конибодом хати оби полезиро ба истифода дода, бо нашъунамои пахта ва дигар намудҳои зироати кишоварзӣ дар кишти такрорӣ шинос шуданд.

Хати оби полезӣ барои обëрӣ намудани беш аз 20 гектар замини хоҷагии деҳқонии ба номи Роҳбар Қосимов ва майдони киштзори атроф пешбинӣ шудааст. Обро ба ин мавзеъ тавассути чоҳи амудӣ бо истифода аз қубури қутраш 100 мм баровардаанд. Чуқурии чоҳ 80 метрро ташкил медиҳад ва бо хати барқи алоҳида таъмин аст. Хоҷагии деҳқонии ба номи Роҳбар Қосимов дар деҳоти Куҳандиëр аз пешқадамҳо ба ҳисоб рафта, дорои 19 гектар замини корами обӣ ва 15 гектар боғи зардолу мебошад. Аз масоҳати умумии боғот беш аз 7 гектараш ҳосилдиҳанда аст.

Соли равон хоҷагидорон дар масоҳати 10 гектар пахтаи навъи “Дӯстӣ” ва “Ориëӣ” кишт намудаанд. Ин навъи зироат ба иқлими минтақа мутобиқ буда, дар сурати риояи пурраи талаботи агротехникӣ имкон аст то 45 сентнер ҳосил ба даст оварда шавад. Ба Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки дар майдони пахтазори хоҷагӣ коидаҳои агротехникӣ пурра риоя гардида, ба анҷом расонида шудааст. Ин аст, ки нашъунамои зироат хуб мебошад.

Сипас Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоиши маҳсулоти кишоварзии сокинони шаҳри Конибодом дидан карданд. Хоҷагидорон ва дигар сокинони шаҳр дар растаҳои алоҳида ҳосили зироат, аз қабили ғалладонагиҳо, лубиëдонагиҳо, сабзавоту полезиҳо, ҳосили зироати техникӣ, картошка, меваҳои шаҳдрез, асал ва дигар маҳсулоти бо меҳнати ҳалол ба дастовардаи хешро ба маъраз гузоштанд.

Президенти мамлакат, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба маҳсули заҳмати аҳолии шаҳри Конибодом баҳои баланд дода, тақвият бахшидани корҳои саҳроӣ, бештар намудани майдони кишти зироат ва боғу токзорро дар шароити кунуни муҳим шумориданд.

Рубрики
Асосӣ

Боздид аз намоишгоҳҳои дастовардҳои сокинони Истаравшан

10.08.2022

http://www.president.tj/node/28881

Пас аз ифтитоҳи Коллеҷи ҷумҳуриявии ҳунарҳои мардумии шаҳри Истаравшан Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар саҳни ҳавлии муассиса аз намоишгоҳи дастовардҳои сокинони Истаравшан, аз ҷумла гӯшаи маҳсули ҳунарҳои дастӣ ва гӯшаи маҳсулоти кишоварзӣ боздид ба амал оварданд.

Дар намоишгоҳи маҳсули ҳунарҳои дастӣ зиёда аз 50 намуд маҳсулоти ҳунарҳои мардумии дастӣ пешкаш карда шуд.

Дар ин ҷо маҳсули ҳунарҳои дастии кордсозӣ, мисгарӣ, заргарӣ, кулолгарии бадеӣ, сафолкорӣ, аҷубасозӣ, кандакорӣ, армуғонсозӣ аз чӯб, созтарошӣ, чармгарӣ, кундалкашӣ, наққошӣ, тоқидӯзӣ, сӯзанидӯзӣ, қолинбофии дастӣ, атласу адрасбофӣ, оҳангарӣ бо намуду андозҳои гуногун муаррифӣ гардид.

Дар намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ 60 навъи маҳсулоти кишоварзии хоҷагиҳои шаҳри Истаравшан, аз ҷумла, мевагиҳо, полезӣ, сабзавот, кабудиҳо ва намудҳои гуногуни хушкмева ба маъраз гузошта шуд.

Мавриди зикр аст, ки дар намоишгоҳи кишоварзӣ, асосан навъҳои маҳсулоте, ки парваришаш танҳо дар минтақаи Истаравшан ва атрофи он ба роҳ монда мешавад, пешкаш гардид.