Рубрики
top pay day loan Uncategorized Асосӣ Барномаҳо Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи

Иштирок дар чорабинии фарҳангиву таърихии “Қалъаи Хуҷанд”11.04.2024

11 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҷмааи фарҳангиву таърихии “Қалъаи Хуҷанд” дар чорабинии фарҳангӣ иштирок ва суханронӣ карданд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар мардуми сарбаланди Тоҷикистон ва сокинони шарафманди вилояти Суғдро ба ифтихори ҷашни муқаддаси ниёгонамон – Наврӯз, иди саиди Фитр ва баъди азнавсозӣ ифтитоҳ гардидани ёдгории таърихиву фарҳангии «Қалъаи Хуҷанд», ки туҳфаи арзандаи наврӯзӣ ба мардуми шарифи Тоҷикистон ва меҳмонони кишварамон мебошад, самимона табрик гуфтанд.Пешвои миллат таъкид карданд, ки тибқи сарчашмаҳои таърихӣ миллати тамаддунсози тоҷик дар масъалаҳои меъмориву ободкорӣ ва шаҳрсозиву шаҳрдорӣ собиқаи беш аз шашҳазорсола дошта, дар таърихи тамаддун ва фарҳанги башарӣ нақши мондагор гузоштааст.Таъкид гардид, ки Истиқлолу озодӣ барои мо имконият фароҳам овард, ки барои эҳё намудану муаррифӣ кардани таърихи бою рангини миллати бостонии худ иқдомоти шоистаро амалӣ намоем, анъанаҳои неки аҷдодиро идома дода, ба аҳли башар исбот созем, ки мо миллати тамаддунсозу соҳибфарҳанг, шаҳрдору шаҳрсоз, соҳибдевону соҳибқалам, соҳибкитобу соҳибмаърифат ва ҳамеша созандаву бунёдкор будем ва имрӯз низ ҳастем.Президенти мамлакат иброз доштанд, ки Ҳукумати мамлакат ба масъалаи эҳё кардану ҳифз намудан, нигаҳдорӣ ва тарғиби мероси таърихиву фарҳангӣ пайваста таваҷҷуҳ зоҳир мекунад.Дар давраи соҳибистиқлолӣ дар кишварамон зиёда аз 100 ёдгории таърихиву фарҳангӣ тармиму барқарор ва даҳҳо ҷашну чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ доир карда шуданд. Азнавсозии Қалъаи Муғ, шаҳраки Саразм, осорхонаи Панҷакенти бостонӣ, осорхонаи академик Бобоҷон Ғафуров, баргузории ҷашни шоири маъруфи тоҷик – Камоли Хуҷандӣ ва даҳҳо иқдому чорабиниҳои дигар дар вилояти Суғд аз ҷумлаи онҳо мебошанд.«Тоҷикистон ҳанӯз соли 1993 ба узвияти ЮНЕСКО – яке аз сохторҳои бонуфузи Созмони Милали Муттаҳид оид ба масоили маориф, илм ва фарҳанг пазируфта шуд.Минбаъд мо барои муаррифии иншооти таърихиву фарҳангии миллати тоҷик талошҳои зиёд ба харҷ додем», – таъкид карданд Сарвари давлат.Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карданд, ки азнавсозии Маҷмааи фарҳангиву таърихии «Қалъаи Хуҷанд», ки имрӯз ифтитоҳ гардид, идомаи ташаббусҳои фарҳангпарваронаи Ҳукумати мамлакат мебошад.Имрӯз дар кишвари мо зиёда аз се ҳазор ёдгории таърихӣ мавҷуд аст, ки ҳар кадоми он таваҷҷуҳи олимони маъруфи ватаниву хориҷӣ ва сайёҳону меҳмононро ба худ ҷалб менамояд. Дар ин раванд, ба истифода додани Маҷмааи фарҳангиву таърихии “Қалъаи Хуҷанд” яке аз рӯйдодҳои муҳимми фарҳангии кишварамон дар оғози соли нави аҷдодӣ мебошад.Дар робита ба вазъи имрӯзаи ҷомеаи ҷаҳонӣ Сарвари давлат изҳор доштанд, ки мо бояд ҳарчи бештар кор кунем, заҳмат кашем, созем, Ватанамонро боз ҳам обод гардонем, истеҳсоли маҳсулотро афзоиш диҳем, коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ бунёд намоем, барои ҳамдиёронамон ҷойҳои корӣ муҳайё кунем ва шиддати муҳоҷирати меҳнатиро то тавонем коҳиш диҳем.Дар фароварди суханронӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо итминон изҳор доштанд, ки мардуми заҳматқарини вилояти Суғд чун ҳарвақта аз уҳдаи ин корҳо ба хубӣ ва бо сарбаландӣ мебароянд.Баъди суханронии пурмӯҳтавои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чорабинии фарҳангӣ оғоз гардид.Чорабинии фарҳангӣ дар саҳни барҳавои Маҷмаи фарҳангиву таърихиии “Қалъаи Хуҷанд” баргузор шуд, ки дар он намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, аҳли ҷомеа, олимон, адибон, таърихшиносон, фаъолон, собиқадорон ва сокинони касбу кори гуногун зиёда аз 6 ҳазор нафар ширкат намуданд.Барномаи фарҳангӣ, театрикунонидашуда доир ба нақшу корномаи поягузори давлати Сомониён – Исмоили Сомонӣ, қироати шеърҳо, панду андарзҳо, гуфторҳои бузургони илму адаб доир ба таърихи халқу миллат, шукӯҳу шуҳрати воло, саодату хушбахтӣ, инсондӯстӣ ва васфи корномаҳои ибратомӯзи фарзандони миллат аз эҷодиёти Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Абулқосими Фирдавсӣ Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ, Мирсаид Алии Ҳамадонӣ, Камоли Хуҷандӣ, Бобоҷон Ғафуров, Садриддин Айнӣ, Мирзо Турсунзода ва иқтибосҳо аз суханрониҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳоди аҳли чорабинӣ гардонида шуд.Барномаи фарҳангӣ дар маҷмӯъ аз 18 қисм иборат буда, дар он бо истифода аз созҳои мусиқӣ, навои дилнишин “Савти муноҷот” бо рақси гулдухтарони ансамблҳои “Чаманоро”, “Маҳастӣ”, “Фалак”, гурӯҳи рақсии Театри давлатии мазҳакаи мусиқии ба номи Камоли Хуҷандӣ, сурудҳои “Шаҳнавози Рӯдакӣ”, “Ватан”, “Тоҷикистон-сарзамини обҳост”, “Ман барои васл кардан омадам”, “Наврӯзатон муборак”, “Қалъаи нанг”, “Ватан дорем”, “Хуш омадед”, “Ҳавасҳои дилам”, “Сомониям”, “Бақои миллат”, “Эҳёгари миллат”, ва ғайра, ки ҳар кадом мафҳуму маънии хоси миллӣ, васфу тараннуми Ватан, таърихи бою пурғоновати халқи тоҷикро инъикос менамуданд, пешниҳоди аҳли чорабинӣ гардонида шуд.Рафти иҷрои суруду таронаҳо ҳамзамон, гулдухтарони ансамблҳои “Зебо” ва “Парниён”, “Маҳастӣ”, ансамбли ба номи “Ғаффор Валаматзода”, “Гулноз”, “Садбарг” рақсу ҳунарнамоӣ намуданд.Дар имрӯза чорабинии фарҳангӣ беш аз 2000 нафар ҳунармандони бахши фарҳанги шаҳру ноҳияҳо, ансамблҳои рақсӣ иштирок ва ҳунарнамоӣ карданд ва ба чорабинӣ шукӯҳу маънии бештар зам намуд.Эҳё ва барқарорсозии Қалъаи Хуҷанд бо шаклу услуби хосаи меъморию миллии асли қадима, суханронии пурмӯҳтаво ва ҳидояту роҳнамоии ҳамагон ба ҳифзи фарҳангу арзишҳои миллӣ, тарғиби он ба ҷаҳониён, пос доштани хотираи неки ниёгон, тарбияи насли ҷавон дар чунин рӯҳияи нек ва баргузории чорабинии фарҳангӣ идомаи мантиқии сиёсати фарҳангпарваронаи Сарвари давлат мебошад.Баргузории чорабинии фарҳангӣ, ифтихори сокинони шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ва кулли мардуми Тоҷикистон аз таваҷҷӯҳи рӯзафзун ба арзишҳои миллию таърихӣ шаҳодати сулҳу суботи комили мамлакат ва фазои ваҳдату осоиштагӣ дар мамлакат мебошад.Дар охир Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таҳиягарон, ҳунармандон барои дар сатҳи хеле баланду пурмуҳтаво барпо намудани чорабинии фарҳангӣ арзи сипос карданд.Барномаи бошукуҳи чорабинии фарҳангӣ дар Маҷмааи фарҳангиву таърихии “Қалъаи Хуҷанд” бо оташфаввораҳои рангин ҳусни анҷом ёфт.

Рубрики
! Без рубрики top pay day loan Uncategorized Асосӣ Барномаҳо Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи

Ифтитоҳи Маҷмааи таърихиву фарҳангии “Қалъаи Хуҷанд” баъд аз таъмиру навсозӣ11.04.2024

11 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рӯзи сеюми сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд ба Маҷмааи таърихиву фарҳангии “Қалъаи Хуҷанд” ташриф оварда, ин иншооти муҳташами таърихиро, ки ҳамчун рамзи мардонагиву диловарӣ ва хештаншиносиву ватандӯстии тоҷикон ном бароварда, дар ҳифзи озодӣ ва ҳаёти осоиштаи мардуми ин қаламрав ҳамчун истеҳкоми боэътимод нақши муассир бозидааст, баъди эҳё ва барқарорсозӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.Дар даромадгоҳи қалъа Пешвои созандаю бунёдкор ва ободгару ваҳдатовари миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сокинони касбу кори гуногуни шаҳри Хуҷанд ва аҳли илму фарҳанги вилоят бо самимияту эҳтироми беандоза истиқбол гирифтанд.Тадбирҳои марбут ба эҳё ва барқарорсозии Қалъаи Хуҷанд дар ҷойи таърихии ин мероси гаронбаҳои бостонии халқи тоҷик бо ибтикору ҳидояти бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар давоми 6 сол бо сатҳу сифати баланд амалӣ гардид. Маврид ба таъкид аст, ки пеш аз оғози корҳои лоиҳакашӣ дар самти эҳё ва барқарорсозии Қалъаи Хуҷанд бо ҷалби мутахассисони Вазорати фарҳанг, Кумитаи меъморӣ ва сохтмон, бостоншиносону таърихнигорон ва этнографҳо дар ҷойи иншоот корҳои археологӣ, муҳандисӣ, топографӣ, геологӣ ва ҳафриёту таҳқиқоти илмию амалӣ гузаронида шуда, хулосаҳои амиқ ва дақиқ пешниҳод гардиданд. Бо ҳамин тартиб дар асоси пешниҳоди олимону мутахассисон корҳои эҳё ва барқарорсозии қалъа сурат гирифта, нишонаҳои таърихии ин ёдгории қадимӣ пурра ҳифз карда шуд.Тибқи маълумот, масоҳати умумии иншооти бунёдёфтаю барқароргаштаи Қалъаи Хуҷанд 6 гектарро ташкил медиҳад.Натиҷаи ковишҳои археологии чанд соли охир ва ба даст омадани бозёфтҳои нодир нишон медиҳанд, ки воқеан ҳам Қалъаи Хуҷанд дорои таърихи кӯҳан буда, ҳифзу нигаҳдории он барои муаррифии таъриху фарҳанг ва маданияти миллати тоҷик амри зарурию муҳим мебошад.Қалъаи Хуҷанд ба ҳайси истеҳкоми боэътимод, ки таърихи се ҳазорсола дорад, бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд эҳё ва барқарор карда шуд.Дар асоси лоиҳа деворҳои атрофи қалъа, арку дарвозаҳои он барқарор гардида, бунёди бинои маъмурӣ, растаҳои ҳунармандон, ошхонаи миллӣ, намунаи хонаву ҳавлиҳои қадимаи шаҳри Хуҷанд, меҳмонхонаву осорхона, чойхона, растаҳои болопӯшида барои омода намудани таомҳои миллии мардуми тоҷик, ҳаммому нуқтаҳои хизматрасонӣ ва дигар иншооти ёрирасон сохта шудааст. Аз ҷумла, дар қисмати ҷанубии Қалъаи Хуҷанд мутобиқ ба талаботи замони имрӯз 8 растаи барҳавои ҳунармандӣ ташкил гардида, дар онҳо маҳсули кори ҳунармандон, ба монанди навъу намудҳои зиёди маҳсулоти қаннодӣ, наққошӣ, кулолгарӣ, кундалнигорӣ, мусаввараҳо, кордҳои гуногун, қолинҳои дастӣ, либосҳои миллии мардонаю занона, адрасу атлас, маснуоти заргарӣ, армуғонҳо ва созҳои миллии мусиқӣ ба намоиш гузошта шудааст.Таъкид гардид, ки дар Суғди бостон аз қадим ҳунар ва маҳсули дасти ҳунарманд арзиши воло дошт ва меросбарони асили ин фарҳангу тамаддун, ки соҳиби маҳбубияти хосанд, дар ҳама давру замон барои рушду эҳёи ҳунарҳои мардумӣ талошу кӯшиши бештарро ба харҷ додаанд. Бо вуҷуди талош ва кӯшишҳои зиёд дар шебу фарози таърих қисми бештари ҳунарҳои мардумӣ ба гӯшаи фаромӯшӣ рафта, қариб буд, ки аз байн раванд. Аммо дар замони соҳибистиқлолӣ бо ташаббусу ибтикороти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳунарҳои мардумӣ эҳё ва барои фаъолияти ҳунармандон шароити мусоид фароҳам оварда шуд, ки яке аз намунаҳои барҷастаи он бунёд ва ташкили растаҳои ҳунармандӣ дар Қалъаи таърихии Хуҷанд аст. Иқдоми беназири Роҳбари давлат боис ба он гашт, ки ҳунармандон дар ин растаҳо ба кори худ машғул бошанд ва ҳам маҳсули ҳунари худро ба меҳмонону сайёҳони зиёде, ки ба шаҳри Хуҷанд ва тамошои қалъаи муҳташами он меоянд, барои намоиш гузошта тавонанд.Мавриди зикр аст, ки имрӯзҳо дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд аз рӯи бештар аз 200 касбу ҳунарҳои мардумӣ маҳсулоти кори ҳунармандӣ истеҳсол карда мешавад ва дар минтақаҳо марказҳои ҳунаромӯзӣ ташкил гардида, пешниҳоди имтиёзу сабукиҳо имконияти фарохро барои рушди соҳа ба вуҷуд овард.Иттилоъ дода шуд, ки дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд имрӯзҳо бештар аз 15 ҳазор ҳунарманд фаъолияти назаррас доранд. Истеҳсоли маҳсулот ва маснуоте, ки аз ҷониби ҳунармандон омода мешавад, дар маҷмӯъ яке аз бахшҳои рушди соҳаи сайёҳӣ ба ҳисоб рафта, ба вазъи иқтисодии ҳунармандон ва некуаҳволии аҳолӣ таъсири амиқ мегузорад.Дар ин мавзеъ таъсиси ошхонаи миллӣ барои ҳифзу эҳё ва муаррифии таомҳои миллӣ муҳиму саривақтӣ арзёбӣ мешавад. Бинои муҳташаму мунаққаши толорҳои намоишии таъриху фарҳанги халқи тоҷик, ки дар масоҳати зиёда аз 3 ҳазору 365 метри мураббаъ қомат афрохтааст, аз як гумбази асосӣ, ду гумбази миёна ва 4 гумбази хурд иборат мебошад. Дар ороиши бино, ки 5 толори намоишӣ дорад, санъати миллии меъмории тоҷик, ба монанди кандакорӣ, наққошӣ, кундалкорӣ, коркарди бадеии чӯб, санг, гачкорӣ, кошинкорӣ, буриш ва ғайра ба таври васеъ истифода шудааст.Дар толори “Ҳавзаи илмӣ – адабии Хуҷанд”, ки бо санъати миллии меъморӣ наққошӣ шудааст, вобаста ба ҳаёту фаъолияти олимони Хуҷандшаҳр, шоирони номвари тоҷик ва ҳунармандони машҳур маълумот гирдоварӣ шуда, дар васфи Хуҷанд ва қалъаи он гуфторҳои олимону зиёиёни замони гузашта ва имрӯз, суханронии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба таърихи қалъа ва дигар маводи зарурӣ мавҷуд мебошад. Дар ҳамин толор муҷассамаи 4 шахси номвари Хуҷанд – Зиёуддини Порсӣ, Шайдои Хуҷандӣ, Садруддини Хуҷандӣ ва Султон Умаров, инчунин нигораҳо вобаста ба илму адаб, аз қабили дастхатҳо, қаламдон, лавҳ, даводдон, кӯзачаву обдастаҳои навиштаҷотдор ба намоиш гузошта шудааст. Толори “Санъати тасвирӣ ва ҳунарҳои амалӣ” харитаи маҳаллаҳои ҳунармандони шаҳри Хуҷанд ва акси ҳунармандони чирадасти вилоят ва қисме аз намунаи ҳунарҳои мардумӣ, ба монанди ҳунари рассомӣ, кашидадӯзӣ, мисгарӣ, кундалсозӣ ва созҳои мусиқиро дар бар мегирад.Толори “Истиқлоли Тоҷикистон” аз барелеф, ки аз тарафи ҳунармандон Даврон Раҳматзод ва Мунира Турсунова омода гардидааст, шурӯъ мегардад. Ин барелеф аз эълон гардидани Эъломияи Истиқлолият оғоз гардида, дар он давраҳои ҷанги шаҳрвандӣ, раванди Иҷлосияи тақдирсози XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари давлат интихоб шудани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, татбиқи ҳадафҳои стратегӣ, таҳкими ваҳдати миллӣ, сиёсати дохилию хориҷии кишвар ва ташабуссҳои ҷаҳонии Пешвои миллат инъикос ёфтааст. Дар қисмати таҳхона толори намоиши бозёфтҳои бостонии минтақаи миёнаоби Сирдарё, сиккаҳои гуногуни давраҳои таърихӣ ва дигар нигораҳо ҷойгир карда шуда, ҳамзамон ҷой барои баргузории конфронсу ҷаласаҳо, мулоқоту вохӯриҳо, ҳуҷраҳои хизматию техникӣ ва устохонаҳои рассомӣ мавҷуд мебошад. Бо назардошти арзиши гарони таърихӣ доштани нигораҳои гирдовардашуда, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъулинро вазифадор намуданд, ки ба хотири ошно намудани шаҳрвандони кишвар, насли наврасу ҷавон ва сайёҳони дохиливу хориҷӣ бо таъриху тамаддуни бой, фаъолияти маҷмааро бештар тарғиб намуда, мутахассисони беҳтаринро барои муаррифии гӯшаҳои он ҷалб намоянд. Ибтикороти дигаре, ки дар қисми шимолу шарқии қалъа амалӣ карда шуд, бунёди маҳаллаи Хуҷанди қадима мебошад. Хонаву ҳавлиҳо асосан мансуби табақаи коргар, тоҷиру ҳунарманд ва дигар қишри ҷомеаи мадании шаҳр буда, эҳё ва бунёди он имкон фароҳам меорад, ки анъанаҳои қадимаи шаҳрнишинӣ дар Хуҷанд ба ҷаҳониён муаррифӣ карда шавад. Бунёди намунаи хонаву ҳавлиҳои қадимии шаҳри Хуҷанд асосан бо маслиҳату тавсияи этнографҳо амалӣ карда шуд. Ин хонаҳо пурра бо маводи табиӣ, аз ҷумла лойу гил ва чӯб сохта шуда, дарвоза, сутун ва сақфи манзилҳои қадима пурра кандакорӣ шудаанд ва амалҳои нақшу нигорро асосан рассомони соҳибтаҷриба иҷро намудаанд. Дар ин маҳаллаи қадима истифодаи самараноку оқилонаи заминҳои наздиҳавлигӣ низ намунаи ибрат ва қобили ситоиш аст. Этнографҳо ба он назаранд, ки ин ҳавлию хонаҳо тарзи ҳаёт, рӯзгордорӣ ва фаротар аз он суннату анъанаҳои сукунати мардуми шаҳрро дар давраҳои таърихӣ инъикос менамояд ва амалӣ намудани ин иқдоми мазкур дар ташаккули санъати миллии меъмории халқи тоҷик, ки ҷаҳониён эътироф кардаанд, нақши бориз дорад. Аз ин пас дар ин 8 ҳавлии қадима, ки масоҳати ҳар кадоми он 6 садяк заминро дар бар мегирад, ҳунармандон ба хаттотӣ, кундалнигорӣ, рассомӣ, наққошӣ, қолинбофӣ, адрасбофӣ, сӯзанидӯзӣ, дуредгарӣ, дӯзандагӣ, сангтарошӣ, оҳангарӣ ва кулолгарӣ машғул мешаванд. Дар ин ҷо ҳамзамон ҳаммом, меҳмонхона ва чойхонаи миллӣ ҳамчун рукни маҳалладории таърихӣ сохта шудааст.Дар чойхонаи миллӣ, ки дар ҳудуди Қалъаи Хуҷанд барои 60 нафар пешбинӣ гардидааст, иҷрои ҳунари волои кандакорӣ, гачкорӣ, кундалнигорӣ ва наққошии бемисл ба зебогии намои берун ва дохили бино шукӯҳи бештар бахшида, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кори ҳунармандон баҳои баланд доданд. Дар шафати чойхонаи миллӣ ҳамзамон растаи омода кардани нону самбӯсаҳои гуногун ва номгӯи зиёди таомҳои миллӣ бо фарогириии чор оташдон ва танӯр сохта шудааст.Майдони қалъа ва роҳравҳои дохили он бо истифода аз сангҳои Хорои Хуҷанд дар масоҳати 12 ҳазору 500 метри мураббаъ оро дода шуда, масоҳати кабудизоркунӣ бошад, 5 ҳазор метри мураббаъро ташкил медиҳад.Дар ҳудуди қалъа бунёди ду фаввораи калон ва чор суҳбаткадаи чӯбӣ, ки аз ҷониби ҳунармандони чирадасти шаҳри Исфараи вилояти Суғд бо роҳнамоӣ ва маслиҳату машварати Усто Бӯрҳон ба таври барҷаста кандакорӣ карда шудааст, ба зебогии ин мавзеи таърихию фарҳангӣ шукӯҳу шаҳомати бештар мебахшад. Дар раванди эҳё ва барқарорсозии Қалъаи Хуҷанд зиёда аз 20 ширкати сохтмонӣ, шумораи зиёди ҳунармандони чирадасти тоҷик иштирок намуда, сифати корҳои марбут ба эҳё ва барқарорсозӣ дар ин иншооти таърихӣ зери назорати доимии фармоишгар – Идораи сохтмони асосии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд қарор дошт. Корҳои созандагиву ободкорӣ ва нигаҳдории ёдгориҳои таърихӣ, ки бо иқдому ташаббусҳои бевоситаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон анҷом меёбанд, таваҷҷуҳи сайёҳону дӯстдорони таъриху фарҳанги бостонии тоҷиконро бештар кардааст.Маврид ба ёдоварист, ки аз таърихи Қалъаи Хуҷанд натанҳо мардуми кишвар, балки ҷаҳониён воқифанд. Дар ҳудуди қалъа дар рафти корҳои ҳафриётӣ як чанд қабатҳои мадании таърихӣ, аз ҷумла боқимондаҳои девори архаикии шаҳри Хуҷанд, боқимондаи ҳуҷраи нигоҳдории зироати ғалладонагӣ ва зарфҳои бузургҳаҷми гилӣ, ки муттааллиқ ба асрҳои ҳафт-чори пеш аз мелод мебошад, пайдо гардидааст. Кашфи қабатҳои мадании таърихӣ дар қисмати поёнии кушки ҳокимнишин бозгӯи он аст, ки Қалъаи Хуҷанд таърихи 3 ҳазорсола дорад. Ёдовар мешавем, ки Қалъаи таърихии Хуҷанд дар маркази шаҳр, дар соҳили рости дарёи Сир воқеъ мебошад. Ҳамзамон бояд гуфт, ки Қалъаи Хуҷанд аз ҷониби Кумитаи рушди сайёҳии мамлакат ба рӯйхати 10 мавзеи ҷолиби сайёҳии Тоҷикистон шомил гардидааст.

Рубрики
! Без рубрики top pay day loan Uncategorized Асосӣ Барномаҳо Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи

Ифтитоҳи Маркази тиббии “Микролаб” дар шаҳри Хуҷанд

11 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд Маркази тиббии “Микролаб”-ро мавриди истифода қарор доданд.Маркази тиббии “Микролаб” бо ташаббуси соҳибкори маҳаллӣ Акмалхон Камолов бо ҷонибдорӣ аз сиёсати бунёдкориву созандагии роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардида, дорои муосиртарин таҷҳизоти соҳавӣ ва шароити хуби ташхису табобат мебошад. Дар маркази мазкур табобати бемориҳои урологӣ – андрологӣ ва гинекологӣ гузаронида мешавад.Маркази тиббӣ 5-ошёна буда, аз ошхона, ҳуҷраҳои физиотерапевтӣ, ултрасадо, қабули беморони амрози занона, уролог – андролог, таҳлилгоҳ ва қайди беморон, ҳуҷраҳои бистарикунонӣ ва ёрирасон, ҳуҷраҳои ҷарроҳӣ ва баъдиҷарроҳии беморон ва қисми болоии бино аз ҳуҷраҳои маъмуриву маҷлисгоҳ иборат мебошад.Марказ бо системаи муосири гармӣ ва сарднамоии дохили бино таъмин аст.Ин марказ аз 96 ҳуҷра, аз ҷумла 11 ҳуҷраи табибон, 31 ҳуҷраи беморон ва 54 ҳуҷраи ёрирасон иборат мебошад. Маркази тиббӣ дорои 54 кат барои беморон аст. Барои бунёду муҷаҳҳазсозии иншоот қариб 6 миллиону 600 ҳазор сомонӣ сарф шудааст.Дар ин ҷо 30 нафар мутахассис соҳиби кори доимӣ гардиданд. 6 табиб ба фаъолият машғуланд, ки баъзе аз онҳо хатмкардаи муассисаҳои олии таълимии хориҷи кишвар мебошанд.Дастгоҳу таҷҳизоти муосири соҳавӣ дар Маркази тиббии “Микролаб” аз давлатҳои Русияву Чин ворид карда шудааст.Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат бо масъулон ва табибони марказ дастур доданд, ки ташхису табобати беморон аз ҷониби мутахассисон дақиқ роҳандозӣ шуда, омӯзиши густурдаи дастгоҳу таҷҳизоти муосири соҳавӣ аз тарафи духтурон ҷиддӣ ба роҳ монда шавад.Таҷҳизоти соҳавии баландсифат ташхису табобати дақиқу ҳаматарафаи беморонро таъмин месозад. Баъзе воситаҳои муоинаву муолиҷаи ин марказ дар мамлакат камназир буда, тавассути онҳо метавон табобати бемориҳои гуногуни мардонаву занонаро сифатан хуб ба роҳ монд.Маркази мазкур бо дастгоҳи муосири эндоскопӣ, таҷҳизоти литориптории пневматикӣ барои майда кардани санги роҳҳои пешобгузар бо усули ҷарроҳии эндоскопӣ ҷиҳозонида шудааст. Дар шуъбаи таҳлилгоҳи марказ таҷҳизоти муосир, ба монанди анализаторҳои насли нав, дастгоҳи иммуноферментӣ ва анализаторҳои хун, пешоб ва микроскопҳои тринокулярӣ насб шудаанд.Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аснои шиносоӣ ба сифати корҳои сохтмонӣ ва иқдоми соҳибкор баҳои баланд дода, аҳаммияти рушду тавсеаи бештари тибби хусусӣ дар ҷумҳуриро махсус таъкид карданд.

Рубрики
top pay day loan Uncategorized Асосӣ Барномаҳо Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи

ЗАФАРОБОД: АКСИЯИ ТАРҒИБОТӢ ТАҲТИ УНВОНИ “ПАЁМ-РАҲНАМОИ МИЛЛАТ”

 Ҷиҳати иҷрои барқияи КИВ ҲХДТ аз 05.01.2024 таҳти рақами 01 ва тибқи нақша чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Зафаробод бо мақсади дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани тавзеҳи Паёми Пешвои миллат байни қишрҳои гуногуни ҷомеа аксияи тарғиботӣ таҳти унвони “Паём-раҳнамои миллат” дар кӯчаҳои марказии ноҳияи Зафаробод баргузор гардид. Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Зафаробод зимни баргузории аксия ба сокинон вобаста ба банду бобҳои Паём, дастури супоришҳои ояндасози Паём ва ҳамчунин оид ба нуқтаҳои асосӣ маълумот дода шуда, ба иштирокчиён варақаҳои иттилоотиву тарғиботӣ тақсим карда шуд. Тавзеҳи нуқтаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон байни сокинони ноҳияи Зафаробод бо маром идома дорад.

Рубрики
top pay day loan Uncategorized Асосӣ Барномаҳо Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи

ХУҶАНД: ПАЁМ – МУЖДАРАСОНИ ТАНСИҲАТИВУ СОЛИМӢ

Тарғиботчиёни Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд вобаста ба шарҳу тавзеҳи Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ, ки санаи 28-уми декабри соли 2024 ироа гардида буд, тибқи нақша мулоқоту вохӯриҳоро байни мардум ва аъзоёни фаъоли ҳизб баргузор намуда истодаанд.

Санаи 15 январи соли равон ҷиҳати фаҳмонидани Паёми навбатии Пешвои миллат дар ташкилоти ибтидоии “Оби тоза” бо иштироки аъзои фаъоли гуруҳи таблиғотии назди кумиҷроияи шаҳри Хуҷанд Хайринисо Темирова ва мудири шуъбаи занони кумиҷроия Дилрабо Қурбонова мулоқот доир гардид.

Мақсад аз ташкил ва гузаронидани чунин вохӯриву мулоқотҳо ин ба мардум шарҳу тавзеҳи Паём нукта ба нукта ва соҳа ба соҳа буда, баҳри расидан ба ҳадафҳои некбинонаи Пешвои миллат барои зиндагии шоистаи мардум мебошад.

Рубрики
Асосӣ Барномаҳо

МАСТЧОҲ: АЁДАТИ СОБИҚАДОРОНИ МЕҲНАТ

Омӯзиш ва арҷгузорӣ ба таҷрибаву хизматҳои бисёрсолаи собиқадорони меҳнат аз ҳидоятҳои созандаи Раиси муаззами ҲХДТ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегирад. Зеро собиқадорони меҳнат тамоми донишу таҷриба ва нерӯи худро барои амалӣ намудани ҳадафҳои созанда ва ободиву пешрафт бахшидаанд.

Аз ин ҷост, ки 12 январи соли ҷорӣ қабл аз маҷлиси ҷамъбастӣ раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Мастчоҳ Муродулло Почозода, муовини раиси ноҳия  Дилшод Зокирзода, сардабири нашрияи  вилоятии ҳизб – ҳафтаномаи “Сухани халқ” Абдусабури Абдуваҳҳоб ва раиси Шӯрои собиқадорони кумиҷроияи ноҳиявӣ Олимхон Исматӣ собиқадорони соҳаи фарҳанг Шокирбек Қосимов, соҳаи маориф Сафар Сафаров ва матбуот Мирзоҳамдам Шарифзодаро аёдат намуда, барои хизматҳои бисёрсолаи онҳо баҳри пешрафту ободии диёру Ватан сипосгузорӣ карданд.

Таъкид гардид, ки таҷрибаи ҳар яки онҳо барои насли имрӯзу фардо сарчашмаи ибрат ва шоистаи пайравӣ буда, моро ба худшиносиву ватандӯстӣ ва хизмати содиқона ба халқу Ватан роҳнамоӣ мекунанд.

Муллошукур ШОКИРЗОДА,

Рустам САЛИМЗОДА,

“Нигоҳи халқ”

Рубрики
top pay day loan Uncategorized Асосӣ Барномаҳо Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи

ИДОМАИ КОРҲОИ СОЗАНДАГӢ ДАР ХОҶАГИИ ЁРИРАСОНИ КИШОВАРЗИИ “30-СОЛАГИИ ҲХДТ”

Бо дастгирии амалии раиси ноҳияи Мастчоҳ Аъзам Ализода ва раиси ташкилоти ибтидоии “Роҳ” Давронбек Миров поёни заминҳои хоҷагии ёрирасони кишоварзии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Мастчоҳ, ки “30-солагии ҲХДТ” номгузорӣ шудааст, тахту ҳамвор гардид.

Бояд гуфт, ки қитъаи мазкур солҳои тӯлонӣ ба теппаҳои  сунъии партовҳо табдил ёфта  буд.

– Аз ҳар як ваҷаб самаранок истифода бурдан супориши Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст. Аз ин рӯ,  кормандону аъзои ҳизб дар ноҳияи Мастчоҳ ҳамеша талош меварзанд, ки аз ҳар қитъаи замин самаранок истифода бурда, дар баробари  ин барои ҳифзи муҳити зист ва тозаву сарсабз нигоҳ доштани атрофи хоҷагӣ тадбирҳои муҳимро амалӣ намоянд, – мегӯяд раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Мастчоҳ Муродулло Почозода.

Олимхон ИСМАТӢ,

мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Мастчоҳ

Рубрики
Барномаҳо

ҲИЗБИ ҲАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН ВА РИСОЛАТИ СОЗАНДАИ ОН

Дар асоси дастури Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати боз ҳам густариш ёфтани фаъолияти ҳизбӣ, ташвиқу тарғиби дастовардҳои навини мамлакат, ба мардум расонидани ҳадафҳои созандаи давлату Ҳукумат ва Барномаву Оинномаи ҳизб ва омӯзиши ҷанбаҳои пешрафти тамоми соҳаҳои иҷтимоӣ, имрӯз дар шаҳри Душанбе, дар бинои бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” бо иштироки раисони кумитаҳои иҷроияи ҳизб дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, фаъолону ҷонибдорон ва намояндагони ТҶҶ «Созандагони Ватан» курси бозомӯзӣ ба кори худ шурӯъ намуд.

Боиси қаноатмандист, ки дар оғози курси навбатии бозомӯзӣ Эмомалӣ Насриддинзода, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор, Раҳим Саидзода, Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рудоба Мустаҷобова, Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, номзади илмҳои филологӣ, Ҳилолбӣ Қурбонзода, Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Абдулло Раҳмонзода, Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Икроми Сироҷиддин, Раиси Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон “Амонатбонк”, Абдухалил Ғафурзода, ректори Академияи идоракунии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ ҳузур доштанд.

Зимни ироаи сухани ифтитоҳӣ муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Азизӣ Абдуҷаббор Абдуқаҳҳор таъкид намуд, ки баргузории ин таҷриба аллакай соли сеюм роҳандозӣ гардида, ҳадаф аз ташкил ва баргузории курс тақвияти маҳорати касбии кормандони ҳизбӣ, омӯзиши роҳу воситаҳои муосири корбарӣ миёни мардум, беҳтар намудани корҳои дохилиҳизбӣ, татбиқи самараноки санадҳои муҳимми вобаста ба ҳизб ва дарёфти тарзу усулҳои фаъолияти муосиру ҷавобгӯй ба талаботи рӯз мебошад.

Нахуст, Эмомалӣ Насриддинзода дар мавзуи «Тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон-омили асосӣ ва роҳи муҳимтарини рушди давлат ва ҷомеа» суҳбат намуд. Мавсуф зикр карданд, ки таъмини фазои орому осуда дар кишвар, таҳкими сулҳу ваҳдат, муттаҳидию якпорчагӣ, муҳайё сохтани шароити хуби зиндагӣ ба ҳаёти осоишта, таҳсил, истироҳат, таъмини ҳифзи ҳуқуқу уҳдадориҳои шаҳрвандон ва дигар нишондиҳандаҳои мусбию манфии ҷомеа маҳз аз соҳибмаърифатӣ, эҳсоси ватандӯстӣ, санъати баланди роҳбарӣ дар идоракунӣ, далерию шуҷоатмандӣ ва кордонию дурандешии Сарвари давлат вобастагӣ дорад. Дар маърӯза факту таҳлил ва пешниҳодҳои ҷолиб ва касбӣ садо дода, аз ҷониби ҳозирин хеле хуш пазируфта шуданд.

Сипас, маърӯзаи Абдуҷаббор Азизӣ, муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, номзади илмҳои педагогӣ дар мавзуи «Вазифаи ташкилотҳои ҳизбӣ дар асоси нуқтаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» шунида шуд.

Дар маърӯзаи муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон зикр шуд, ки таҳлилҳо ва рақамҳои дар Паём зикршуда аз он далолат медиҳанд, ки Роҳбари давлат аз вазъи воқеии масоили иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва дурнамои дигар соҳаҳои калидии кишвар комилан иттилоъ дошта, ҷиҳати бартараф намудани камбудию норасоиҳо ва замина гузоштан барои рушди самтҳои муҳим, ки зиндагии босаодати мардуми кишвар аз он алоқаманд аст, тасмимҳои ҷиддӣ мегиранд.

Дар ин радиф бояд гуфт, самтҳои асосие, ки дар Паёми Пешвои миллат иброз гардиданд, бевосита ба барномаҳои пешазинтихоботии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон алоқаманд буда, пурра бо нақшаҳои барномавӣ мувофиқат мекунанд ва дар бахшҳои муназзам беҳбуд бахшидани ҳаёти сокинони мамлакатро баррасӣ менамоянд.

Дар идома Абдухалил Ғафурзода дар мавзуи «Мактаби давлатдории Пешвои миллат – масъалаҳои ташаккул ва рушд» суҳбати озоду самимӣ анҷом дод. Ӯ суханро аз Иҷлосияи таърихии ХVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз намуда, дар бунёди давлати навини тоҷикон саҳми Пешвои миллатро басо муҳимму саривақтӣ арзёбӣ намуд. Ташаббусҳои байналмилалии Роҳбари давлатро дар масъалаи об ёдовар шуда, бо такя ба далелҳои ҷолиб вобаста ба ин масъала маълумоти муфассал дод. Мавсуф дар баромади худ ёдовар шуданд, ки имрўз Пешвои миллат на танҳо амнияти сохтори конситутсионии кишварро таъмин намуд, балки худ кафил ва ҳомии Конститутсия буда, барои эҷоди Консепсияи сиёсати ҳуқуқии кишвар заминаи боэътимод гузоштааст. Муҳимтарин аркони давлатдорӣ ва заминаҳои сиёсати Президенти кишвар ба сифати Пешвои миллат, бешак, эҳё ва наҷоти миллату давлат, заминагузори давлати навини Тоҷикистон ва такомулбахшии рушди иқтисодию иҷтимоии ин кишвар ба пиндори мо дар нукоти зерин маъниёб гардидааст.

Ҳамзамон, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, номзади илми филология Рудоба Мустаҷобова дар мавзуи «Омилҳои таҳкими ваҳдати миллӣ ва ризоияти ҷомеа дар асоси дастуру нишондодҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон» маърӯзаи пурмуҳтаво намуданд. Аз ҷумла зикр доштанд, ки Ваҳдати миллӣ асолати маънавию ахлоқии халқ, симои дурахшони таърихӣ ва рисолати зиндагисозу фарҳангофарини тоҷиконро кушод. Ҷомеаи Тоҷикистон бо роҳбарии сарвари сазовори хеш Эмомалӣ Раҳмон эҷодгар ва созандаи ин Ваҳдати миллӣ гардид. Мо онро аз касеву дигаре ба орият нагирифтем ва нусха набардоштем, балки бо дилу нияту нек, виҷдони пок, бо мақсади худро шинохтан ва барои ҷомеа ва танҳо баҳри муҳайё намудани зиндагии озодона ва хушбахтона рӯи кор овардем. Рушду инкишоф, неъматҳои зиндагӣ аз берун барои мо ворид намешавад, онро дар замини аҷдодӣ, дар замири худ бояд рӯёнд.

Нақши аҳзоби сиёсӣ, бахусус мавқеъ ва мақоми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки дар ҷомеа нуфузи хосса дорад, барои солимгардонии афкори мардум ва ба самти муайян сафарбар намудани онҳо аҳамияти аввалиндараҷа касб мекунад. Дар ин росто, ҳадафи аслии ҳизби мо ҷалби мардум ба корҳои созандагию бунёдкорӣ, таҳкими сулҳу субот ва таъмини зиндагии шоистаи сокинони кишвар мебошад.