Рубрики
Асосӣ Мақола

ИСТАРАВШАН: “ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – РОҲНАМОИ МО ҶАВОНОН!”

     Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки санаи 23-юми соли 2022 ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардид, ҳамчун ҳуҷҷати муҳими барномавӣ, сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ шинохта шуда ифодакунандаи рушду таҳкими соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи мамлакат арзёбӣ мегардад. Паём муҳимтарин барномаи дорои хусусиятҳо, созандаю сафарбаркунанда буда оғози ҳама гуна фаъолияти бунёдкорӣ дар он ифода меёбад. Дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии кишвар Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибрози “Тоҷикистон худ кишвари ҷавонон аст” аз мардуми сарбаланди кишвар бобати таълиму тарбияи дурусти ҷавонон, пешгирию шомилшавии  ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳо, гурӯҳҳои террористию экстримистӣ ва нақши модарро дар таълиму тарбияи фарзанд басо муҳим арзёбӣ намуданд.

Ҳамасола Паём чун роҳнамо ба мардуми сарбаланди тоҷик бо фарогирии ҳама самтҳо ва тамоми қишрҳои ҷомеа пешниҳод гардида бо беҳтарин суханҳои саршор аз меҳру муҳаббати падарона манзур гашта, ҳар фарди соҳибақлро бо дарки масъулияти баланди ватандорӣ равона месозад. Танҳо саъю талоши содиқонаву софдилона, ҳисси баланди масъулият дар назди халқу Ватан ва иқдому ташаббусҳои созанда моро ба ҳадафҳои олиамон наздик мерасонад.

      Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки “Ҷавонони Тоҷикистони соҳибистиқлол неруи созандаи Ватан буда, нақши онҳо дар тараққиёти ҳамаи соҳаҳои ҳаёти давлат ва ҷомеа бисёр арзишманд ва назаррас мебошад. Мо бо ҷавонони кишвари худ ифтихор дорем, зеро онҳо дар рушди давлат ва ободии Ватан фаъолона саҳм мегузоранд, марзу буми сарзамини аҷдодиро ҳимоя мекунанд, ватандӯсту ватанпараст, бонангу номусанд ва ба халқу давлати Тоҷикистон содиқ мебошанд. Маҳз ҷавононанд, ки дар оммавигардонии варзиш нақши асосӣ дошта, ба шарафи пирӯзиҳои онҳо парчами Тоҷикистони маҳбуби мо дар гӯшаҳои гуногуни дунё парафшонӣ мекунад”.

     Мақсаду вазифаи тарбияи миллӣ ташаккули инсони комил, соҳиби ватан, нангу номуси миллӣ, ифодагари симои зеҳниву маънавӣ, ахлоқӣ, фарҳангӣ ва арзишҳои дигари инсонӣ мебошад. Бахусус, дар шароити ҷаҳонишавӣ ва рушди технологияҳои иттилоотӣ, ки воридшавии унсурҳои бегонаро ба фарҳанги миллӣ осон гардонидааст, рӯ овардан ба таърих ва огоҳ будан аз аслу насаби хеш барои ҳар як фарди миллат, хусусан, насли наврасу ҷавон зарур ва ҳатмӣ мебошад. Яке аз супоришҳои наҷиби Пешвои миллат ин буд, ки  волидайн аз ҷумла занонро зарур аст, ки дар тарбияи ҷавонон яъне фарзандон диққати ҷиддӣ дода, онҳоро аз амалҳои ношоиста аз ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстремистӣ пешгирӣ намоянд.

Мо бояд ватандӯст бошем ва ҳаргиз фаромӯш насозем, ки эҳсоси гарми ватандӯстӣ ва ҳисси баланди миллӣ омили асоситарин ва роҳи муҳимтарини рушди давлат ва ҷомеа мебошад.

      Ҳар яки мо бояд минбаъд низ мафҳумҳои «ватандӯстӣ» ва «рушд»-ро шиори кору фаъолияти ҳаррӯзаи худ қарор диҳем.

     Бо боварии комил метавон гуфт, ки мардуми шарифу сарбаланд, ҷавонони ватандӯсту ватанпарвар ва қавииродаву заҳматдӯсти мо аз уҳдаи иҷрои ҳама гуна амалҳои нек ва бартараф намудани тамоми мушкилот баромада, Тоҷикистони азизамонро боз ҳам ободу зебо ва пешрафта гардонида ва барои зиндагии шоиста саҳми арзандаи хешро мегузоранд.  Ҳамин тариқ, паёми Президент барои кулли мо тоҷикон, хусусан, мо ҷавонони саодатманди диёр роҳнамо ва дастури бебаҳою муқаддас аст.                                  

Аъзои фаъоли ТҶҶ “Созандагони Ватан”-и назди КИ ҲХДТ шаҳри Истаравшан- Зоҳирзода Муҳаммадалӣ

Рубрики
Асосӣ Мақола

ПАНҶАКЕНТ : Паём – роҳнамои зиндагии шоиста Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фарогирии самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат ироа гардида, вазифаҳои мардуми кишварро барои соли 2023 муқаррар намуд. Паёми мазкур барномаи рушди ҷомеа ва давлат ба ҳисоб рафта, самтҳои асосии ҳаёти иҷтимої, иќтисодї, сиёсӣ ва фарҳангии мамлакатро муайян менамояд. Пешвои миллат дар аввали паёми худ ќайд намуданд, ки ба душвориҳо нигоҳ накарда, бо шарофати заҳмати содиќонаи мардуми кишвар раванди созандагиву ободкорӣ бомаром идома ёфта истодааст. Дар Паёми худ Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба баланд шудани сатҳи некуаҳволии мардуми кишвар суханронӣ намуда, иброз доштанд, ки даромади пулии аҳолӣ аз 41,1 миллиард сомонии соли 2018-ум ба 87 миллиард сомонӣ дар соли 2022 расонида шуд. Бо назардошти бештар намудани вазъи иҷтимоии аҳолии кишвар аз 1-уми марти соли 2023 музди меҳнати кормандони маќомоти ҳифзи ҳуқуқ, хизматчиёни ҳарбӣ 25% ва дигар кормандон 20% зиёд карда мешавад. Аз 1-уми июли соли 2023 музди меҳнати кормандони соҳаи маориф ва илм, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ ва стипендияҳо 20% зиёд мегардад. Пешвои миллат дар паёми худ ба соҳаи маориф диќќати махсус дода, ќайд намуданд, ки дар сиёсати пешгирифтаи давлату ҳукумати мамлакат соҳаи мазкур маќоми шоиста ва муҳимро касб менамояд. Воќеан, дар сиёсати иҷтимоии давлату ҳукумат рушди бонизоми соҳаи маориф яке аз самтҳои афзалиятнок дониста мешавад. Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба баланд бардоштани мавќеи занону бонувон суханронӣ намуда, иброз доштанд, ки шумораи хизматчиёни давлатӣ ба 25%, кадрҳои роҳбарикунанда ба 20% расидааст. Дар соҳаи фарҳанг низ мо бо дастгирии Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дастовардҳои бузург ноил гаштем. Бо ташаббуси Пешвои миллат соли 2021 номбандии муштараки «Роҳи Абрешим: долони Зарафшон – Ќайроќум» нўҳ мавзеи мероси таърихиву фарҳангии Тоҷикистон ба рўйхати ЮНЕСКО ворид гардид. Дигар ташаббуси Пешвои миллат ин густариши муносибатҳои фарҳангӣ бо давлатҳои дигар мебошад. Дар доираи ин моҳи октябри соли гузашта аввалин маротиба дар минтаќаи Аврупо намоиши нигораҳои Тоҷикистон таҳти унвони «Тоҷикистон – кишвари дарёҳои тиллоӣ» дар Фаронса баргузор гардид, ки мардуми Аврупо бо таърихи пурѓановати халќи тоҷик шинос гардиданд. Бо камоли мамнуният метавон изҳор дошт, ки ҳар як Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барнома барои як сол набуда, балки дурнамои рушду нумўи кишвари азизи мо барои солҳои тӯлонӣ мебошад. Ин ташаббусҳо аз он шаҳодат медиҳанд, ки Сарвари давлати мо марди соҳибибтикору хирадманд ва дилсӯзу ватанпарст ҳастанд. Имрӯз мо бо сари баланд ифтихор мекунем, ки чунин марди ватандӯст Роҳбари давлат мебошанд. Паёми навбатии Пешвои миллат чун паёмҳои дигар пур аз ифтихори ватандорӣ мебошад ва бояд ҳар як фарди кишвар онро сармашќи кори худ ќарор диҳад. Мо кормандони соҳаи фарҳанг ҳар як нуктаи Паёми Пешвои миллат, Президенти кишварро мавриди омўзиш ќарор дода, кўшиш ба харҷ медиҳем, ки саҳми худро дар рушди Точикистони азизамон гузорем. Мақсуд Мизробзода Директори Муассисаи давлатии “Осорхонаи ҷумҳуриявии таърихию кишваршиносии ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакии шаҳри Панҷакент”, раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Осорхона”

Рубрики
Асосӣ Мақола

МАСТЧОҲ: Дар партави Паёми навбатии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат

ТОҶИКИСТОН ВА МАСЪАЛАҲОИ ҶАҲОНИИ ОБУ ИҚЛИМ 

Ҷумҳурии Тоҷикистон зери роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар байни дигар кишварҳои минтақа ва ҷаҳон ҳамчун кишвари сулҳофарину ташаббускор мақоми хоси худро дорад. Ба таъкиди Президенти Федертсияи Россия В.В. Путин маҳз ҳамин омил сабаб гашта, ки Президенти маҳбуби мо “ба эҳтироми шоистаи ҳамватанон ва аҳли башари бурунмарзӣ ноил шаванд”.

Антониу Гутерриш,  Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид низ дар як номаи худ ба унвони Пешвои миллат навишта буд, ки “ман ба фаъолияти муассири мамлакати Шумо дар таҳкими Созмони Милали Муттаҳид ва пешбурди талошҳои мо ба сӯи ояндаи беҳтар барои ҳама эътимод дорам.”

Чунин боварӣ ва эҳтироми шоиста ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, албатта, аз замири поку қалби бузурги Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шаҳодат медиҳад. Зеро Ҷаноби Олӣ дарди имрӯзаи башариятро хеле хуб дарк намудаву барои рафъи он чораҳои саривақтиро пешниҳод менамоянд. Яке аз мушкилоти асосии глобалӣ норасоии оби тоза мебошад. Тибқи хулосаи мутахассисон агар норасоии оби тоза то соли 2025 ҳалли худро наёбад,  қариб 3 млрд. аҳолии Замин ба мушкилоти ҷиддӣ рӯ ба рӯ шуда, қурбони фоҷиаи ташнагиву бемориҳои гуногун мешаванд.

Ин дарди башариятро Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз соли 1999 дарк намудаву дар Иҷлосияи 54-уми Маҷмаи Умумии СММ (МУ СММ) пешниҳод намуданд, ки соли 2003 Соли оби тоза эълон карда шавад. Бо ҷонибдории ҷомеаи ҷаҳонӣ 20 сентябри соли 2000 дар Иҷлосияи 55-уми МУ СММ соли 2003 ҳамчун соли байналмилалии оби тоза эълон карда шуд ва рӯзҳои  29 август – 1 сентябри соли 2003  дар шаҳри Душанбе Форуми байналмилалӣ оид ба оби тоза баргузор гардид.

Бо ташаббус ва пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон 23 декабри соли 2003 МУ СММ дар асоси Эъломияи Душанбе Қатъномаи дахлдорро қабул карда, солҳои 2005-2015 –ро ҳамчун Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт” эълон кард. Соли 2013  бошад, ҷомеаи байналмилалӣ, бино бар қатъномаи МУ СММ таҳти рақами  67/204, ки муаллифаш Тоҷикистон аст, Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи обро қайд намуд.

Ҳамин тавр, 21 декабри соли 2016 Маҷмаи Умумии СММ бо қабули  Қатъномаи  дигар солҳои 2018-2028 –ро Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” эълон намуд. Ин  ташаббус  аз ҷониби Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори аввал ҳанӯз  12 апрели соли 2015 зимни Форуми ҷаҳонии об дар шаҳри Тегуи Ҷумҳурии Корея пешниҳод шуда буд.  Даҳсолаи байналмилаии амал “Об барои рушди устувор”  аз 22-юми марти соли 2018 оғоз ёфт ва 22 марти соли 2028 анҷом меёбад. Дар доираи даҳсолаи мазкур бисёр чорабиниҳои сатҳи баланд ва дигар тадбирҳои муҳим оид ба ҳалли мушкилоти мазкур амалӣ мешаванд, ки албатта дар саргаҳи ҳамаи онҳо донишу таҷриба ва муҳаббати бузурги Пешвои муаззами миллат нисбат ба аҳли башар меистад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии мамлакат, ки 23 декабри соли 2022 ироа гардид, таъкид намуданд, ки “Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ ҳамчун кишвари ташаббускор дар ҳалли масъалаҳои марбут ба обу иқлим эътироф шудааст.

14-уми декабри соли ҷорӣ Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар бораи «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» эълон кардани соли 2025 ва 21-уми март ҳамчун «Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо», ки аз ҷониби Тоҷикистон пешниҳод шуда буд, якдилона қарор қабул кард.”

Дар аосси қатъномаи мазкур, чуноне ки дар Паём ишора шуд, дар чаҳорчӯби Созмони Милали Муттаҳид Фонди мақсадноки байналмилалӣ оид ба масъалаҳои ҳифзи пиряхҳо таъсис ёфта, вобаста ба ин мавзӯъ соли 2025 дар шаҳри Душанбе конфронси сатҳи баланди Созмони Милали Муттаҳид баргузор мегардад.

Хушбахтона, ин  панҷумин ибтикори ҷаҳонии кишвари мо оид ба масъалаҳои об ва иқлим дар миқёси Сайёра амалӣ хоҳад шуд, ки албатта боиси шодиву ифтихори бузург аст.

Бо назардошти вазъи ноустувори ҷаҳони муосир, аз ҷумла гармшавии иқлим, ки пайомадҳои гуногуни манфиро дорад, чунин ташаббус муҳиму саривақтӣ буда, амалӣ гардидани он барои ҳифзи Сайёра аз хатарҳои воқеӣ ва ба ин васила боз ҳам баланд бардоштани мавқеъ ва обрӯи Тоҷикистон дар дунё нақши муассир мегузорад.

Бо зикри ин нуктаҳо ҳар фарди худшиносу ватандӯст ба чунин хулоса меояд, ки Тоҷикистон дар самти татбиқи ҳадафҳои умумибашарӣ пешсаф ва Пешвои муаззами мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Пешвои кулли мардуми хайрхоҳи ҷаҳон аст. Мо бо чунин Ватан ва бо чунин Пешвои ташаббускору башардӯст ифтихор мекунем.

Фахриддин ЗОКИРОВ,

узви гуруҳи вакилии ҲХДТ дар Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Мастчоҳ

Рубрики
Асосӣ Мақола

ГУЛИСТОН: ПЕШГИРӢ АЗ ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ

       Бояд қайд кард, ки дар охири асри XX ва ибтидои садаи XXI инсоният ба хатари ҷиддие мисли терроризм ва экстремизм рӯ ба рӯ шуд, ки ба бақои одаму олам таҳдид мекунад. Аммо экстремизм (ифротгароӣ) ва терроризм (даҳшатафканӣ) падидаҳое мебошанд, ки инсониятро дар тамоми тӯли таърих ҳамроҳӣ намудаанд. Зеро ин падидаҳои даҳшатбор реша ба умқи таърих доранд. Чӣ тавре ки коршиносон мегӯянд, дар аҳди қадим, асрҳои миёна ва давраи нав одамони алоҳида ва ҳам гурӯҳҳои муташаккили сиёсию мазҳабие буданд, ки ба воситаи тарсонидану даҳшатофаринӣ мехостанд мақсадҳои худро ба дигарон бор кунанд ва зимни ин одамони бегуноҳ қурбон мешуданд. Махсусан, ибтидои ҳазораи нав амалҳои ифротгароӣ ва даҳшатафканӣ бештар характери сиёсӣ гирифтанд ва доираи фаъолияти террористон васеъ гардид. Бо инкишофи техникаву технологияи муосир шаклу намудҳои нави террористӣ ба вуҷуд омаданд, ки аз рӯи иқтидори харобиовариашон ба амалиёти калони ҷангӣ шабоҳат доранд. Бояд қайд кард, ки дар солҳои баъд аз фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ, ибтидои солҳои ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ дар Тоҷикистон ҳам бар асари таъсири омилҳои айнӣ ва ҳам зеҳнӣ мухолифатҳо ва амалҳои ифротӣ зиёд шуда, гуруҳу созмонҳое ташкил шуданд, ки дар фаъолияти худ аз шеваҳои ифротии мубориза истифода мекарданд ва ниҳоят ба афзоиши амалҳои террористӣ ва ҷанги шаҳрвандӣ оварда расонид. Дар ҷараёни майдоннишиниҳо, ба гаравгон гирифтани вакилони мардумӣ, фишор овардан ба онҳо дар ҷараёни кори Парлумон, сӯиқасд ба ҷони кормандони боломақоми давлатӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ғасби биноҳои ҳукуматӣ ва амсоли инҳо як амри муқаррарӣ шуда буд. Дар ин марҳилаи пурҳаводис гуруҳи осебпазир, пеш аз ҳама ва беш аз ҳама қишри ҳассоси ҷомеа – ҷавонон маҳсуб меёфт, ки ин як фоҷеаи бузург барои миллати тоҷик буд. Фақат хиради азалии мардум, сиёсати сулҳҷӯёна ва инсонпарваронаи Роҳбари муаззами мардуми тоҷик, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дарки амиқи сулҳу субот аз ҷониби роҳбари Иттиҳоди мухолифини тоҷик Сайид Абдуллоҳи Нурӣ, ки манфиати миллат ва Ватанро аз ҳама боло дониста, хатари заволи давлатдории тоҷиконро эҳсос намуданд, имкон дод, то дар муддати нисбатан кӯтоҳ дар кишвари мо сулҳу оромӣ аз нав пойдор ва Истиқлолияти давлатӣ боз ҳам комил гардад. Айни ҳол, мутобиқи нишондодҳои оморӣ ҷавонони синнашон то 30–сола наздики 70 фисади аҳолии ҷамъияти Тоҷикистонро ташкил медиҳанд. Пас, вақте мегӯем «ҷомеа», мо асосан ҷавононро дар назар дорем ва вақте мегӯем «мушкилоти ҷавонон», қабл аз ҳама мушкилоти тамоми ҷомеаи Тоҷикистон мадди назар аст. Яке аз мушкилоти умдаи имрӯза тамоюл ва гароиши ҷавонон ва ҳамин гуна, ҷамъияти асосии мамлакат ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоист. Ин ҷо саволе ба миён меояд: Чаро сарзамини тоҷикон, ки қадимитар аз худи таърих ва нахустин гаҳвораи тамаддуни башарист, дорои мардумоне хайрхоҳу фарҳангдӯст ва соҳиби дину ойини солим аст, бо ин балои осмонӣ ва падидаи шайтонӣ рӯбарӯ шуд? Мутафаккири бузург Эрнест Хемингуэй гуфта буд, ки: «Агар дар оянда ҷанге рух диҳад, он ҷанги байни тамаддунҳо хоҳад буд ва шадидтарин ихтилофу ҷангҳо дар сарҳади байни тамаддунҳо ба вуҷуд хоҳад омад». Аз назари геополитикӣ Тоҷикистон кишварест, ки дар қалби Осиёи Марказӣ ҷойгир шудааст ва дар марзи азимтарин тамаддунҳои дунё қарор дорад. Табиист, ки ҳар кадом аз давлатҳои абарқудрат саъй хоҳад кард, то манфиатҳои сиёсӣ ва арзишҳои идеологии худро дар давлати навбунёди мо пайгирӣ намояд. Ҳол он, ки аз ҷониби давлату Ҳукумати Тоҷикистон ва Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳи ягонаи татбиқи идеяҳои низоми давлатдорӣ, яъне бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ интихоб гардидааст. Барои пешгирӣ ва мубориза бо ифротгароӣ ва хатари он боз ҳам бисёртар баргузор намудани конфронсу маҷлисҳо бо ҷалби қишрҳои васеи аҳолӣ айни муддаост. Дар ин замина, Ҳукумати Тоҷикистон чорабиниҳои зиёд рӯи даст гирифтааст. Яке аз ин чорабиниҳо ҷашнгирии 1310–солагии Имоми Аъзам – Абӯҳанифа Нӯъмон ибни Собит ва соли 2009–ро эълон намудани Соли бузургдошти ин фақеҳи бузург ва пешвои мазҳаби ҳанафӣ буд, ки бо таври хоса ва густурда таҷлил гардид. Ҳамчунин, барои пешгирӣ намудани терроризм ва ифротгароӣ сарчашмаҳои молиявии созмонҳои ифротгаро ва террористӣ ҳам дар дохил ва ҳам дар хориҷи кишвар муайян ва нест карда шаванд, террористон аз сарчашмаҳои ҷалби маблағ, аслиҳа, воситаҳои моддӣ ва ғайра маҳрум карда шаванд, марказҳои таъминоти идеологӣ ва дастгирии террористон, марказҳои тарбияи онҳо мушаххас ва аз байн бурда шаванд, маҳдуд намудани имконияти истифодаи террористон ва ифротгароён аз ВАО барои пешгирӣ аз ин гуна амалҳои даҳшатбор кӯмак карда метавонад. Маълум аст, ки расонаҳои хабарӣ яке аз воситаҳои дастраси таъсиргузорӣ мебошад, ки террористонро ҳамроҳӣ мекунанд. Онҳо бисёр манфиатдоранд, ки аз ВАО истифода намуда, аз як тараф имиҷи худро ҳамчун «муборизон барои озодӣ» ташаккул диҳанд ва ғояҳояшонро паҳн намоянд, аз тарафи дигар, аҳамият ва ҳайсияти худро нишон дода, аҳолиро ба тарсу даҳшат биёранд. Корҳои таблиғотӣ, тарбиявӣ, фаҳмондадиҳӣ, суҳбатҳои инфиродӣ, чопи китобҳо, дастурҳои омӯзишӣ, мақолаҳои таҳлилӣ, тарбияи динию маънавӣ, барномаҳои телевизиониву радиоӣ, мулоқоту вохӯриҳо бо шаклу усули нав ва ғайраҳоро бояд ба роҳ монд. Хулоса, ҳамаи мо вазифадорем, ки пеш аз ҳама, худамон намунаи ибрат бошем, нангу номуси ватандорӣ дошта бошем, мардуми кишварро ба ободу пешрафта гардонидани сарзамини аҷдодӣ ҳидоят кунем, пеши роҳи бегонапарастӣ ва хиёнатро ба манфиатҳои миллат ва давлат гирем, воло будани манфиатҳои миллӣ ва давлатиро пайваста эҳсос карда, ҳамеша ҳушёру зирак ва ватандӯсту меҳанпарвар бошем. Итминони комил дорем, ки таҳти роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Қаҳрамони Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардуми шарафманди тоҷик дар ободӣ ва шукуфоии Ватани азизамон саҳми арзандаи хешро гузошта, баҳри таҳкими сулҳу Ваҳдати миллӣ ва Истиқлолияти комили Ватан хидматҳои шоиста хоҳанд кард ва барои решакан намудани ифротгароиву терроризм тамоми кӯшишу ғайрати худро ба роҳ хоҳанд монд.

Раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Гулистон

Ҷамолиён Муслимахон Ғайбуллозода

Рубрики
Асосӣ Мақола

КОНИБОДОМ: Паёми Пешвои миллат – паёми сарнавиштсоз

     Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фароварди соли барои миллатамон таърихӣ, соле, ки 30 – юмин солгарди Иҷлосияи тақдирсоз бо шукуҳу шаҳомоти хосса ва дастовардҳои беназир таҷлил шуд,  бо фарогирии самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат пешниҳод гардида, вазифаҳои мардуми шарифи кишварро барои соли 2023 муайян намуд.

     Мусаллам аст, ки бурду бохти ҳар як давра дар қиёс бо давраҳои дигар муайян мегардад ва натиҷагирӣ муяссар мешавад. Таҳлилҳои анҷомёфта дар мавриди дастовардҳо ва пешрафтҳои назарраси панҷ соли охир муайян сохт, ки тамоми самтҳои хоҷагии халқи мамлакат новобаста ба мушкилоти мавҷуда, ба натиҷаҳои қобили таваҷҷуҳ ноил гардида, ба таъкиди Пешвои миллат «Ба шарофати заҳмати содиқонаи мардуми кишвар раванди созандагию ободкорӣ бомаром идома ёфта, нақшаву барномаҳои пешбинигардида ҷиҳати таъмин намудани рушди устувори иқтисоди миллӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии сокинони мамлакат ҳадафмандона амалӣ карда шуданд».

 Аз ин хотир, бо мақсади рӯшан гардидани рушду густариши кишвари азизамон ва пеши назар рӯнамо сохтани дастовардҳои бесобиқаи бадастомада Пешвои миллат дар ибтидои Паём соли 2022 – ро барои миллати мо соли бобарор буданашро хуб арзёбӣ намуданд. Тамоми самтҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷи кишварро бо солҳои пешин муқоиса карда, тараққиёту пешравии давлатро бо нишондиҳандаҳои назаррас ёдоварӣ намуданд.

          Дар Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаи самтҳои фаъолияти мамлакат барои давраҳои оянда муайян гардида, оид ба пешбурди сиёсати хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, занон, ҷавонон, варзиш, сайёҳӣ ва ғайраҳо вазифаҳои мушаххас ба миён гузошта шуданд, ки барои боз ҳам рушд ёфтани тамоми соҳаҳо заминаи мусоид фароҳам меоваранд.

          Президенти мамлакат қайд намуданд, ки сарфи назар аз таҳаввулоти дар иқтисоди ҷаҳон идомадошта ва таъсири манфии омилҳои берунӣ ба иқтисоди миллии мо дар натиҷаи андешидани тадбирҳои мушаххас дар панҷ соли охир рушди иқтисодиёти Тоҷикистон  ҳамасола ба ҳисоби миёна  дар сатҳи 7,3 фоиз таъмин гардида, маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ аз 71 миллиард ба 115 миллиард сомонӣ расид ва ба сари ҳар сари аҳолӣ 1,5 баробар афзоиш ёфт.

          Дар Паёми худ Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки дар панҷ соли охир сатҳи некӯаҳволии мардум тадриҷан баланд шуда, даромади пулии аҳолӣ аз 41,1 миллиард сомонии соли 2018 ба 87 миллиард сомонӣ дар соли 2022 расонида шуд, яъне 2,1 баробар зиёд гардид.   Музди миёнаи меҳнат дар кишвар якуним баробар ва андозаи нафақаи ниҳоӣ 1,3 баробар афзоиш ёфт.

          Дар натиҷа сатҳи камбизоатӣ аз 27,4 фоизи соли 2018 ба 22,5 фоиз дар соли 2022 коҳиш дода шуд.

          Дар ин давра беш аз 900 ҳазор, аз ҷумла дар соли 2022-юм 190 ҳазор ҷойи кори нав таъсис дода шуд, ки ин ба беҳтар гардидани вазъи шуғли аҳолӣ дар кишварамон мусоидат намуд.

          Ҳаҷми умумии хароҷоти буҷети давлатӣ ба соҳаи иҷтимоӣ аз 9,1 миллиард сомонии соли 2018 то 14,7 миллард сомонӣ дар соли 2022 ё 62 фоиз зиёд гардид.

          Дар панҷ соли охир танҳо барои рушди соҳаҳои маориф ва тандурустӣ 36 миллиард сомонӣ равона гардида, ҳиссаи маблағгузории соҳаҳои иҷтимоӣ дар ҳаҷми буҷети давлатӣ 44 фоизро ташкил кард.

Дар ҳамин давра 842 бинои муассисаи таълимӣ барои 382 ҳазор хонанда, аз ҷумла дар соли 2022-юм 190 бинои таълимӣ барои 87 ҳазор хонанда сохта, ба истифода дода шудааст.

          Аз ҷумла қайд гардид, ки ҳамзамон бо ин дар 31 соли истиқлоли давлатӣ 3430 муассисаи нави таълимӣ барои қариб якуним миллион хонанда сохта, ба истифода дода шудааст, ки ҳол он ки дар 70 соли замони гузашта ҳамагӣ 3229 муассисаи таълимӣ бунёд гардида буд.

          Ҳамчунин, дар панҷ соли охир аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузории буҷети давлатӣ барои дастгирии табақаҳои осебпазири аҳолӣ тавассути пардохти нафақа, кумакпулӣ ва ҷубронпулиҳо, нигоҳдории муассисаҳои ҳифзи иҷтимоӣ ва уҳдадориҳои дигар зиёда аз 19 миллиард сомонӣ, аз ҷумла танҳо дар соли 2022 – юм 4,3 миллиард сомонӣ равона карда шудааст.

          Дар баробари ин, то охири соли 2022 ба 475 ҳазор шаҳрванди эҳтиёҷманди кишвар, аз ҷумла кӯдакони ятим ва бесаробон, маъюбон, оилаҳои камбизоат ва гирандагони нафақаи иҷтимоӣ кӯмаки молиявии яквақта дар ҳаҷми 600 сомонӣ иловатан пардохт карда мешавад ва ба ин мақсад 285 миллион сомонӣ равона мегардад.

          Ҳадафи олии давлат ва Ҳукумати мамлакат мунтазам баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми азизамон мебошад.

          Вазъи ҳассоси ҷаҳони имрӯза, бахусус, ба танқисии шадиди озуқаворӣ дучор гардидани чоряки кишварҳои дунё моро водор месозад, ки ҷиҳати таъмин намудани ҳадафи стратегиамон – ҳифзи амнияти озуқаворӣ тадбирҳои иловагӣ андешем. Аҳолии кишварро мебояд, ки барои захираи амнияти озуқаворӣ заминҳои наздиҳавлигӣ, заминҳои корам мавриди киштукор қарор дода шавад.   

Ҳамчунин, дар Паёми имсола барои вусъатбахшии корҳои бунёдкориву созандагӣ, ободу зебогардонии ҳамаи гӯшаву канори мамлакат ва дар навбати аввал, таъмин намудани рушди ҳамаҷонибаи деҳоти кишвар ба ифтихори 35-солагии истиқлоли давлатӣ аз ҷониби Пешвои миллат пешниҳод карда шуд, ки гузаронидани озмунҳои шаҳру ноҳия, шаҳраку деҳот,  деҳа, маҳалли аҳолинишин ва хонаи беҳтарин ба роҳ монда шавад.

         Мусаллам аст, ки тамоми тадбирҳое, ки аз тарафи Ҳукумати ҷумҳурӣ андешида мешаванд, маҳз ба хотири некӯаҳволӣ, беҳтар кардани шароити зист ва истиқомати мардуми шарифамон равона шудаанд. Барои касе пӯшида нест, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ зиндагии сокинони кишвар сол ба сол рӯ ба беҳбудӣ ниҳод, шароити зисти мардум хубтар гардид ва иқтисоди хонаводагиаш боло рафт. Дар робита ба ин дар Паём зикр гардид, ки танҳо дар 10 соли охир 7, 2 ҳазор гектар заминҳои наздиҳавлигӣ барои бунёди беш аз 14 миллион метри мураббаъ манзили истиқоматӣ ба аҳолии мамлакат ҷудо гардидааст.

          Дар зарфи солҳои соҳибистиқлолӣ ба 1 миллиону 450 ҳазор оила замини наздиҳавлигӣ барои бунёди манзил ҷудо карда дода шудааст. Бо ин мақсад 139 ҳазор гектар замин ҷудо гардида, беш аз 9 миллион нафар шаҳрвандоним мо имконият пайдо карданд, ки шароити истиқоматии худро беҳтар намоянд, ки ин нишондод дар муқоиса бо 70 соли то замони истиқлол ба аҳолӣ ҳамагӣ 77 ҳазор гектар замин дода шуда буд.

          Давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон ҳанӯз аз оғози соҳибистиқлолӣ пешрафти бомароми соҳаҳои муҳимми ҳаёти ҷомеа –ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, илму маориф,тандурустӣ ва фарҳангро яке аз самтҳои асоситарин ва афзалиятноки сиёсати худ қарор дода, барои расидан ба ин ҳадафҳо ҳамаи тадбирҳои заруриро амалӣ карда истодааст.

          Бо мақсади дастгирии гурӯҳҳои осебпазирии аҳолӣ ба Ҳукумати мамлакат супориш дода шуд, ки аз 1-уми июли соли 2023 то соли 2025 ҳар сол зиёд кардани андозаи кӯмакпулии унвони иҷтимоӣ барои оилаҳои камбизоат, яъне аз 512 сомонии амалкунанда то 836 сомонӣ ва иловатан барои ҳар як кӯдаки оилаҳои мазкур мутобиқан ба ин давра аз 34 сомонӣ то 152 сомонӣ ҷудо кардани маблағҳо чораҷӯӣ намояд. Илова бар ин ,бо мақсади беҳтар намудани вазъи иҷтимоии аҳолӣ пешниҳод гардид, ки аз 1-уми марти соли 2023 музди меҳнати амалкунандаи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ хизматчиёни ҳарбӣ 25 фоиз ва дигар кормандони ин мақомот 20 фоиз, аз 1-уми июли  соли 2023 музди меҳнати кормандони муассисаҳои маориф, илм, тандурустӣ, соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва стипендияҳо 20 фоиз, аз 1-уми июли 2023 андозаи нафақаи заминавӣ ва дигар нафақаҳои амалкунанда 20 фоиз зиёд карда шавад.

          Дар Паёми имсола низ  ба соҳаи маориф таваҷҷуҳ зоҳир намудани сарвари давлат аз сиёсати маорифпарварона дарак медиҳад. Мактабро ба ҳайси  боргоҳи илму дониш, саводу маърифат шахси мафкурасозу тарбиятгари насли наврас эътироф карданд . Бо   ифтихор қайд карданд: «Бунёди миллати мутамаддин аз маориф оғоз меёбад». Аз ин баҳои баланд ва боварии қавӣ мо маорифчиён илҳоми тоза пайдо намудем. Ба ҳамин хотир мо – омӯзгоронро зарур аст, ки пайваста ҷараёни таълиму тарбияи насли наврасро мақсаднок ба роҳ монем. Насли ояндасози миллати тоҷикро дар руҳияи худогоҳиву худшиносӣ, ҳуввияту ифтихори миллӣ тарбия намоем. Зиёд гардидани маоши кормандони соҳаи маориф аз дастгириҳои ҳамаҷонибаи сарвари одил дарак медиҳад.

           Пешвои миллат дар Паёми имсола низ мавқеи занон ва духтаронро дар рушди ҷомеа ба маврид қайд намуданд. Нақши зан-модарро мавҷуди муқаддас шуморида зикр карданд, ки саҳми бонувон дар рушди тараққии ҳама соҳаҳо, дастовардҳои ҷавонон ва дастгирии онҳо, ободии роҳҳо, дӯст доштани Ватан хеле бузург аст. Занону бонувон дар баробари фаъолият дар соҳаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла илму маориф, хизмати давлатӣ, кишоварзӣ ва саноат, инчунин, дар соҳаҳои нақлиёт, энергетика, алоқа, сохтмону меъморӣ, бонкдорӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот ва дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар дар баробари мардҳо содиқона заҳмат кашида истодаанд. Ҷавобан ба ин ғамхориҳо мо занону бонувонро лозим аст, ки дар самтҳои гуногун боз ҳам меҳнати содиқона намуда, барои тараққиёти давлатамон саҳми беназир гузорем.

Дар Паёми худ Пешвои муаззами миллат ҷавонони Тоҷикистони соҳибистиқлолро неруи созандаи Ватан ва  нақши онҳоро дар тараққиёти ҳамаи соҳаҳои ҳаёти давлат ва ҷомеа   хуб арзёбӣ намуданд. Дар ин хусус Пешвои миллат бо тафохур чунин суханонро ба забон оварданд: «Мо бо ҷавонони кишвари  худ ифтихор дорем, зеро онҳо дар рушди давлат ва ободии ватан фаъолона саҳм мегузоранд, марзу буми сарзамини аҷдодиро ҳимоя мекунанд, ватандӯсту ватанпараст, бонангу номусанд ва ба халқу давлати Тоҷикистон содиқ мебошанд». Аз ин сабаб ба  дастгириву ғамхорӣ фаро гирифтани ҷавонон, ҳаллу фасли мушкилоти ҳаёти онҳо ва истифодаи дурусту оқилона аз ин захираи стратегии миллӣ ба хотири ободиву пешрафти Ватан ва таъмини амнияту суботи ҷомеа аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарине арзёбӣ намуданд, ки таҳти таваҷҷуҳи хоссаи Ҳукумати мамлакат қарор доранд.

          Воқеан, Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ Паёми сафобахшу сабзофар буд. Ҳар як Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳаёти мардуми Тоҷикистони соҳибистиқлол марҳалаи тозаеро боз менамояд ва моро боз ба ҳам ба сӯи ватандӯстиву раъиятпарварӣ, дӯст доштани ҳар порчаи замини муқаддас, пос доштани таърихи аҷдодӣ водор месозад. Дар Паёми навбатии хеш низ Пешвои муаззами миллат дар баробари дастоварҳои солҳои қаблӣ ва роҳнамоӣ ба сӯи фардо, инчунин оид ба ҳифзи марзу буми кишвар, пос доштани таърихи куҳан ёдовар шуданд. Мардуми сарбаланди кишварро ба ватандӯстиву ватанпарастӣ ҳидоят намуда, барои боз ҳам ободу зебо  ва пешрафта гардонидани Тоҷикистони соҳибистиқлол софдилонаву содиқона хизмат намуданро роҳандозӣ намуданд. Бо сарварии Пешвои муаззами миллат мо мардуми иродатманди  тоҷикро мебояд, ки бо эҳсоси гарми ватандӯстӣ ва ҳисси баланди миллӣ, бо меҳнату заҳмати сарҷамъонаву ватандӯстона тараққиёти босуръати кишварро ба роҳ монем, давлати худро ободу пешрафта гардонем ва обрӯи онро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баланд бардорем.

Марҳабо Абдуллоева, вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд,        директори МТМУ № 4 ба номи А.Абдураҳмонови шаҳри Конибодом

Рубрики
Асосӣ Мақола

     БОБОҶОН  ҒАФУРОВ: Сада яке аз идҳои қадимаи ориёиҳост. Ин ҷашн панҷоҳ рӯз пеш аз Наврӯз баргузор мешуд. Садаро бо ихтирои оташ аз тарафи шоҳ Ҳушанг нисбат медиҳанд. Сада ҷашни таваллуди оташ аст. Ин рӯзро Обонрӯз низ мегӯянд.

    Пайдоиши  ҷашни Сада, ки марбут ба Хуршед ва  тимсоли он оташ мебошад, хеле қадимӣ буда, ба замони пеш аз ориёӣ ва ҳатто аз он ҳам дуртар мерасад.

     Сада дар забони авастоӣ ба маънои баромадан ва тулӯъ кардан-ро доро будааст. Ин ҷашн ба санаи 29-30 январи мелодӣ баргузор мегардад.

     Ба ақидаи ориёиҳои қадим сармо ба авҷи баланди худ мерасад ва баъдан ҳаво тадриҷан ба самти беҳбудӣ, нармӣ ва гармӣ меравад.

     Аз ин рӯз, барои он ки ба кишту кори онҳо зараре нарасад, оташ меафрӯхтанд, то қувваҳои бадӣ сӯзад.

     Дар оини Зардуштӣ муқаддасоти ҷашни Сада нигоҳ дошта шуда, то асри 12 ҷашн гирифта мешуд, лекин баъдҳо аз байн рафт вале нишонаҳои он ҳанӯз дар байни мардуми тоҷик ба назар мерасад.

Мутахассиси шӯъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳо Муҳаммадчонова М.У

Рубрики
Асосӣ Мақола

ПАНҶАКЕНТ: Ифротгароӣ роҳ ба сӯи гумроҳӣ. Дар ин марҳилаи бурду бохтҳо зиракии сиёсӣ дуст доштани Ватан номуси милию мазҳабӣ ва аз ҳама болотар, фирефтаю бозичаи ақидаҳои бофтаву сохта ва найрангу бозиҳои сиёсӣ, динӣ, мазҳабӣ ва экстремистию қавмӣ нагардидани ҳар як фард барои субот ва оромии ҷомеа зарур аст махсусан дар кишварҳои исломӣ, ки як даъвати аммомадори зархариди мағзтиҳи метавонад ҳазорон фитнаро дар пай дошта бошад, огоҳии сиёсӣ ва миллию мазҳабии насли наврас ниҳоят зарур аст бадбахтӣ ҳам дар он аст, ки даъвати ин равияву ҷараёнҳои экстремистиву динӣ ба мафкураи ҷавонони ноогоҳ таъсири худро гузошта, фирефтаи тахаюлоти аблаҳона кардани онҳо бо назардошти ҷаҳонбинии васеъ надоштани бештари ҷавонон осонтар мебошад. Афзудани сафи гурӯҳои ҷинояткор бо номи Давлати Исломӣ (ДИИШ) дар Сурияву Ироқ, хароб намудани даҳҳо осори таърихӣ дар кишварҳои арабӣ, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Покистон ва кишвари Ҳинд ва дар ҷаҳолат нигоҳ доштани мардумеки зери тасаруфи гурӯҳи ДИИШ дар кишварҳои арабӣ ва Толибон дар Афғонистону Покистон зиндагӣ менамоянд. Намунаи фитнаю фасоти ин гурӯҳҳо тахрибкор мебошанд. Дар мавзеъҳои таҳти тасаруфи экстремистон қарор гирифта, бештари мактабу муассиаҳои томактабӣ баста шуда, китобхонаю театрҳо ва фароғатгоҳҳои кӯдакону наврасон тахриб ва ё пурра аз фаъолият боз монданд. Амну субот аз байн рафта, террор ва даҳшатафганӣ болои мардум бо як амали муқаррарӣ табдил шудааст. Махсусан муаллимону устодон бояд чун зиёии ва ҳидоятгару носеҳ дар ҳар машғулияти берун аз синфию берун аз мактаби, ҷаласаҳои кумитаҳои падару модарон, семинару конфронсҳо дар кушодани ин равияву гурӯҳҳо бо далелҳои қавӣ саҳм бигиранд ва дар пешгирии гаравиши ҷавонон ба ин равияву мазҳабҳои сохташуда нақши бузурги худро гузошта тавонанд. Зулолиддини Зиёвиддин сардори маркази таҳсилоти фосилавии ДОТ дар шаҳри Панҷакент. Узви фаъоли ҳизб

Рубрики
Асосӣ Мақола

ШАҲРИСТОН: ТЕРРОРИЗМ ХАТАР ВА ТАҲДИДҲО БАРОИ ИНСОНИЯТ ВА ҶОМЕА

    Терроризм ва экстремизм яке аз мушкилоти асосии ҷомеаи имруза ба ҳисоб рафта, дар замони имрузаи мо бештар гардидааст. Ин амали хатарбор ба оқибатҳои нохуш оварда расонда,  сабаби барангехтани низои миллӣ ва динӣ гардидааст.

   Тероризм чандин нафаронро бехонаву чандин модаронро бефарзанд ва чандин фарзандонро бемодару падар кардааст. Ин амали нангин  ҷавонони хунсардро қурбони худ кардааст.

   Терроризм ва экстромизм,  вақте ки  чунин ибораро мешунавем, албатта ба майнаамон ва чашмонамон  чунин андешае ва  ҳодисаҳои аз шабакаҳои иҷтимоӣ  шоҳид гаштаамон меояд, яъне  марги чанд нафари бегуноҳ ва тифли бегуноҳ.  Аз шунидани ин ибора ҳамаи мо алакай дилмонда шудаем. Ҳатто намехоҳем дар бораи ин амали  номатлуб андшае ронем. Афсус, ки фикр накаран, ё ғазаби худро оид ба ин  масъала ифшо накардан ғайриимкон аст, ки ин бетараф будани моро нишон медиҳад.

  Агар аз амалҳои экстремисию террористӣ ва таъсири манфии он сухан ронем, садҳо мисолҳо оварданамон мумкин аст, ки вирди забони мо асту имрӯзҳо доир ба ин мавзӯи доғи рӯз, садҳо мақолаву вокуниш, изҳороти мардуми ҷаҳон ва кишварамонро хонда ва ҳам таҳлил карда истодаем. Ин амали нангин  ҳаёти  инсонро барбод медиҳад, аз  фаъолият ва пешравиҳо боз медорад. Аз ҷумла, ба таҳсил намудани наврасону ҷавонон таъсири ҷиддӣ расонида, аз пешравиҳои илм, донишҳои ҳозиразамон бе баҳра мегардонад, ба ояндаи миллат, нест гардидани он таҳдид мекунад. Алалхусус, зарари моддиву маънавӣ ба давлату миллат ва ғайраҳо мерасонад.

    Гурӯҳҳои ифротӣ бо ҳар гуна усулҳои ғаразноки  худ, ҷавонон ва инсонҳои сустиродаро, ки дониши на он қадар хуб доранд, ба арзиши фарҳанги миллӣ намерасанд, ахлоқ ва таълими динии мукаммал надоранд, ба доми чунин афротиҳо банд гашта, минбаъд ба чунин амалҳои зишт  даст мезананд.      

   Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба ин масъала, ки дарди рӯз мебошад, чунин иброз менамояд: “Имрӯз терроризм ва экстромизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст”.

   Барои аз байн бурдани чунин амалҳои номатлуб дар ҷомеа, аввал мо ба сатҳи донишандӯзии фарзандонамон аҳамияти ҷиддӣ дода, ба ояндаи имрӯзу фардои онҳо ва барои босаводу маърифатнок гардиданашон шароити солим муҳайё созем. Вақте ки сухан дар бораи ҳифзи Ватан меравад, беихтиёр вирди забон такрор намудани  қиссаҳо, оид ба корнамои Шераку Спитамен, Абӯмислиму Муқаннаъ, Темурмалику Восеъ ва дигар қаҳрамонони миллатамон ба хотирамон меояд. Темурмалик чӣ гуна Ватанро дӯст медошт?! Чӣ қадар барои ҳимояи Ватан ранҷу заҳмат кашид, барои несту нобуд кардани душман аз хоки Ватан, фидокорона мубориза бурд. Дар набард, майдони ҷанг ҳарбу зарб зад, ба душман зидият нишон дода, то қатраи хуни охирин барои озодии Ватан ҷони худро нисор кард. Ҳисси ифтихори ин корнамоиҳо, ба қадри роҳи пуршарафи қаҳрамонони миллат, далерию ҷасорат, садоқати онҳо нисбат ба Ватан, боис мегардад, ки дар қалби  ҳар як ҷавонмарди тоҷик муҳаббат нисбат ба Ватан, ҳимояи марзу буми кишвар аз хуруҷи қувваҳои беруна боло равад.

    Бинобар ин,  аз корнамоиҳои қаҳрамонони Ватан ибрат омӯзем ва корнамоиҳои онҳоро дар ҳаёт шиори худ намоем. Чи тавре ки гуфтаанд: “Оромиву шукӯҳ ва шукуфоии Ватан ба масъулияти ҳар як сокинони он вобаста аст. Агар Ватан орому осуда бошад, дар саросари он сулҳу субот ҳукмрон мегардад, нозу неъмат фаровон гашта, муҳаббати мардум меафзояд.” Ҳар яки мо бояд дар дили худ ҳисси ватандӯстиро парварида, ба Ватани худ садоқатмандона хизмат намоем.

Мудири бахши иттилоот ва таблиғоти

КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳристон

Муллоева М .        

Рубрики
Асосӣ Мақола

ПАНҶАКЕНТ: ҲИФЗИ ПИРЯХҲО – НАҶОТИ БАШАРИЯТ Об

 ҳамчун омили асосии мавҷудияти ҳаёт яке аз захираҳои асосии табиии бениҳоят муҳими сайёра ба шумор меравад. Истифодаи захираҳои обӣ, масъалаҳои марбут ба он ва ҳифзи захираҳои обӣ ҷузъи ҷудонашавандаи сиёсат, иқтисодиёт, тафаккури ҷамъиятии мардум ва пешрафти давлату давлатдорӣ маҳсуб меёад ва ба манфиати аҳолии кишвар истифода намудани ин сарвати бебаҳо аз савияи касбии кормандони соҳа вобастагӣ дорад. Дар ин замина Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти манфиатҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва муҳити зист на танҳо аҳолии кишвар, инчунин аҳли башар дар минтақа ва сайёра тавассути идоракунии босуботи захираҳои обӣ эътибори хоса медиҳад. Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии хирадмандона ва сиёсати бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳаллу фасли масъалаҳои иҷтимоию иқтисодии кишвар ба истифодаи захираҳои обӣ, ки нақши муҳимро дар рушди устувори кишвар мебозанд, дар заминаи истифодаи оқилонаи онҳо дар раванди баррасии муаммоҳои глобалӣ ҳамкории густурдаро ба роҳ мондааст. Афзоиши аҳолӣ ва дар ин замина норасоии оби нӯшокӣ, ҳамчун мамлакати кӯҳсор камзамин будани кишвар, бар замми он истифодаи оқилонаи захираҳои обии фаромарзӣ ва даҳҳо мушкилотҳои рӯзмарраи дигаре ҳастанд, ки ҳалли онҳо фаъолияти дастаҷамъонаи на танҳо сокинони кишвар ва минтақа, ҳамчунин аҳли башариятро тақазо менамояд. Маҳз ҳамин мушкилоти умумибашарӣ Роҳбарияти сиёсии Тоҷикистонро водор намуд, то таваҷҷӯҳи сокинони сайёраро барои пешгирӣ ва худдорӣ аз паёмадҳои нохуши ин мушкилотҳо равон намуда, роҳбарони давлату халқиятҳоро ба саҳнаи муколама даъват намояд. Баъд аз солҳои 2000-ум дар асоси 4 ташаббуси аз тарафи Роҳбарияти сиёсии Тоҷикистон пешниҳодгардида қатъномаҳои Маҷмаи СММ қабул гардиданд, ки боиси ифтихори ҳар як сокини кишвар аст. Эълон гардидани «Соли 2003 – соли оби тоза», «Даҳсолаи байналмилалии амал», «Об барои ҳаёт, солҳои 2005-2015», «Соли 2013- соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об» ва «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» ташаббусҳое мебошанд, ки боиси баргузории чандин ҳамоишҳои байналмилалӣ, конфронсу симпозиум ва семинарҳои миллӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ дар гӯшаю канори олам гашта истодаанд ва саҳнаи муносиби муколама барои ҳалли мушкилоти обӣ баҳисоб мераванд. Боиси ифтихор ва фараҳмандист, ки дар арафаи соли навиди мелодӣ муждаи наве барои миллати сарбаланди Тоҷик расид. Вобаста ба пешниҳоди навбатии Роҳбарияти сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба эълон намудани Соли байналмилалии пиряхҳо ва ҳифзи пиряхҳо Маҷмааи умумии СММ дар иҷлосияи 77-уми СММ, рӯзи 14 декабри соли 2022 баргузор гардид, қатъномаро оид ба «Соли 2025 – Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» қабул намуда, дар ин замина ширкаткунандагони иҷлосия «Рӯзи 21 март – рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» эълон намуда, таъсис додани Фонди бовари байналмилалӣбарои саҳмгузории ҳифзи пиряхҳо ва соли 2025 гузаронидани Конфронси байналмилалӣоид ба ҳифзи пиряхҳоро дар шаҳри Душанбе дастгирӣ намуданд. Қобили қайд аст, ки бузургтарин анбуҳи майдонҳои яхбандии Осиёи Марказӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгир буда, зиёда аз 80%-и пиряхҳои минтақа маҳз дар кишвари мо қарор доранд. Агар майдони яхбандии минтақаи Осиёи Марказӣ ба 17 ҳазор км2 баробар бошад, 60%-и масоҳати яхбандиҳои минтақа маҳз дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгир гаштаанд. Захираи умумии яхи ин майдонҳои яхбандӣ дар кишвар 845 км3 –ро ташкил медиҳанд. Дар давоми даҳсолаҳои охир таъсири тағйирёбии иқлим ва баланд рафтани ҳарорати ҳаво дар олам, аз ҷумла дар кишвари мо ба захираи яхию обии мамлакат баръало ба мушоҳида мерасад. Тибқи маълумоти мавҷуда дар давоми солҳои 50-90-уми асри гузашта коҳишёбии шидддатноки пиряхҳо тақрибан 0,6-0,8 % дар як сол аз рӯйи масоҳати яхбандӣ ва қариб 0,1% аз рӯйи ҳаҷми яхҳо ташкил медиҳад. Агар ба таърихи майдони яхбандиҳои Тоҷикистон нигарем, онро метавон ба се давра тақсим намуд: I. давраи нисбатан қадимтар, ки 200 ҳазор сол пеш ба вуқуъ омадааст, ва тамоми ҳудуди Помири шарқӣва қисмате аз Помири ғарбиро ишғол намуда буд. Ин давраро давраи яхбандии Тупчак меноманд. Майдони яхбандӣ29570,0 ҳазор км2-ро ташкил дода, нисбат ба майдони яхбандии замони муосир 3,5 маротиба зиёдтар будааст. II. давраи дуюм, ки 100 ҳазор сол пеш ба вуқуъ омадааст, давраи яхбандии Лахш номида мешавад, ки майдони яхбандӣ дар ин давра 24860,0 ҳазор км2-ро ташкил дода, нисбат ба майдони яхбандии замони муосир 2,9 маротиба зиёдтар будааст. Майдони яхбандиҳо дар ин давра дар минтақаи Помири шарқӣду маротиба кам гардида, дар дигар қисматҳои Помир ва қаторкӯҳҳои Ҳисору Олой се маротиба афзудааст. III. давраи сеюми яхбандиҳо майдонҳои яхбандии муосирро дар бар мегиранд, ки майдони он зиёда аз 7864,7 км2 ё худ 6 %-и ҳудуди кишварро ишғол намуда, тибқи феҳрест шумораи онҳо 8492 ададро ташкил медиҳанд. Бузургтарин қисмати яхбандии муосир дар минтақаи Помир воқеъ буда, он аз масоҳати яхбандии тамоми ҳудуди Қафқоз 3,5 маротиба зиёдтар аст. Вобаста ба мавзеи ҷойгиршавӣ, таснифи яхбандиҳо

Рубрики
Асосӣ Мақола

КОНИБОДОМ: ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ПАЁМИ САРНАВИШТСОЗ