Рубрики
Асосӣ Мақола

ИСТАРАВШАН: Истиқлолият ба осонӣ ба даст наомадааст.

АНДЕШАҲО: Ман ҳамчун корманди собиқадори Кумитаи амнияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бевосита шоҳиди ҳамаи ҳодисаҳои солҳои 1990-1991, баъди пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ ва солҳои баъдӣ, аз ҷумла Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошам. Расман қайд менамоям, ки Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мо ва мардуми заҳматкаши мо қабл аз ҳама роҳбари хирадманду доно, инсони комил, марди бузург ва фарзанди фарзонаи даврон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмонро дод, ки дигар ҳамаи пешравию дастовардҳо маҳз бо саъю талошҳои ин инсони бузург робитаи мустаҳкам доранд. Агарчи 1-уми сентябри соли 1991 Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон расман эълон гардида бошад ҳам, то барпо гардидани Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ дар моҳи ноябри соли 1992 ва интихоб гардидани Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Раиси Шӯрои Олӣ давлати мо пурра соҳибихтиёр набуд ва ба майдони дастёбии манфиатҳои сиёсиву иқтисодии давлатҳои гуногун ва ҳизбу ҳаракатҳои ифротиву боғараз мубаддал гашта буд. То Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ ягон рукни давлатдорӣ кор намекард, вазорату муассисаҳо ва ҳатто сохторҳои қудратӣ фалаҷ гардида буданд ва танҳо дар рафти Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ тамоми рукнҳои давлатдорӣ аз сари нав ба по монда шуда, ба фаъолияти вазифавии худ шурӯъ намуданд. Барпо намудани чунин як Иҷлосияи таърихсоз кори осон набуд, барои ҷамъ намудани тарафҳои муқобил, таъмин намудани амнияти чӣ тарафдорони давлати демократӣ ва чӣ мухолифин аз тарафи роҳбарони мақомоти қудратӣ, дӯстони беғараз аз давлатҳои ҳамсоя заҳмати зиёдеро талаб мекард. Ман ҳамчун роҳбари муҳофизони собиқ Президенти кишвар Раҳмон Набиев дар рӯзҳои аввали Иҷлосия ӯро ҳамроҳӣ мекардам, бовар надоштам, ки Иҷлосия ба қабул намудани қарорҳои зарурӣ ноил мегардад ва Раҳмон Набиев ба истеъфои худ розӣ мешаванд. Хушбахтона, Раҳмон Набиев вазъияти ногувори ба амал омадаро ба назар гирифта, мардонавор баҳри таъмини якпорчагии кишвар ва ояндаи миллати тоҷик аз вазифа даст кашида, ба сарвари тозаинтихоби Ватанамон Эмомалӣ Раҳмон фотиҳаи нек доданд. Интихоби ҳамкори мо Саидамир Зуҳуров ба вазифаи Вазири амният низ боиси ифтихори мо гардида, суханҳои аввалини Раиси Шӯрои Олӣ Эмомалӣ Раҳмон ба ҳамаи мо – кормандони амният, ки аз бесарусомонӣ ва таназзули давлат хеле азоби руҳӣ ва ҷисмонӣ кашида будем, хеле маъқул ва ҷонбахш буданд. Дар ҳақиқат ман дар симои Эмомалӣ Раҳмон соҳиби тавонои давлатро, ки аз байни халқи оддӣ баромадааст, дидам. Буданд ашхосе, ки Эмомалӣ Раҳмонро роҳбари муваққатии Шӯрои Олӣ меҳисобиданд. Хушбахтона, тири онхо хок хӯрда, худашон ҳам аз вазифа ва ҳам аз мамлакат бебозгашт дур рафтанд.Рӯзе, ки оши оштӣ барпо гардид ва тарафҳо Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистонро бӯса мекарданд, мо беихтиёр ашки шодӣ рехтем ва сари мизи дӯстона нишаста худо мегуфтем, ки ояндаи мамлакати мо обод бошад. Ҳаминро ҳам қайд карданӣ ҳастам, ки бадхоҳони Ватанамон ҳатто дар Иҷлосияи баъдӣ, ки бояд 24-уми декабри соли 1993 баргузор мегардид, низ халал ворид намуда, намегузоштанд, ки вакилони мардумӣ барои иштирок дар Иҷлосия ба шаҳри Душанбе парвоз кунанд ва бо таркондани кӯпруки ағбаи Анзоб мехостанд якпорчагии Ҷумҳурии азизамонро аз байн баранд. Ҳазорон шукр, ки Пешвои миллатамон, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон ва муҳофизони сохти конститутсионӣ, сохторҳои қудратӣ, ба хусус, чекистони ҷумҳурӣ дар ҳамаи лаҳзаҳои ҳассоси таърихӣ далериву шуҷоат ва ақли солимро истифода намуда, аз вазъиятҳои хеле душвор сарбаландона берун гашта, оромиву осудагии кишвар ва умуман истиқлолияти кишвари азизамонро таъмин намуданд.Бинобар ин гуфтаниам, ки Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба осонӣ ба даст наомадааст. Дар роҳи ба даст овардани Истиқлолияти воқеъии мамлакат аз роҳбари давлат сар карда то ҳамаи муҳофизони сохти конститутсионӣ ҷонбозиҳои зиёд намуданд. Дар натиҷаи саъю кӯшишҳои Пешвои миллат ва фарзандони содиқи Ватан қабл аз ҳама сулҳу ваҳдати миллӣ ба даст омад ва дар заминаи ҳамин Тоҷикистони мо ба дастовардҳои бузурги иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ноил гардид.

Мирзо Олимов, полковники мустаъфии амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон

НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТИ ТОҶИК Дар миёни ҷашнҳои миллии мо Рӯзи Истиқлолияти давлатӣ мақом ва ҷойгоҳи махсусро дорост ва сол ба сол қимати таърихиаш боло рафта истодааст. Зеро ин санаи таърихӣ дар саҳифаҳои соҳибистиқлолии кишвар яке аз воқеаҳои нодири таърихист. Дар давоми сӣ соли соҳибистиқлолӣ ҳаёти иҷтимоиву иқтисодии кишвар ба куллӣ тағйир ёфта, масъалаҳои муҳими хоҷагии халқ бо эҷоди ташаккули давлатдории миллӣ тадриҷан ҳалли худро пайдо намуданд. Сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ дастовардҳои таърихии халқи тоҷик мебошад, зеро бо шарофати ин неъматҳо мардуми мо аҳлона заҳмат кашида, то имрӯз садҳо иншоотҳои хурду бузургро бунёд намуданд, фаъолияти корхонаҳои саноатиро аз нав барқарор карданд, ба соҳаи кишварзӣ таккони ҷиддие бахшиданд. Мо, омӯзгорон, бояд доимо ба шогирдон дар бораи дастовардҳои солҳои Истиқлолият ҳарф занем, аз ҷавонон даъват ба амал орем, ки ба қадри сулҳу субот ва истиқлоли миллӣ, амнияти диёри азизамон, осмони софу беғубори он бирасанд. Ба донишҷӯён фаҳмонем, ки ҳар як шаҳрванди Тоҷикистони соҳибистиқлол шукри ҳар як ваҷаб хоки муқаддаси ин сарзамини офтобрӯяро кунад. Зеро Сарвари мамлакат барои аз бар намудани илму дониши замони муосир тамоми шароити таҳсилро фароҳам овардааст.

Раиса Фозилхонова, омӯзгори Коллеҷи тиббӣ

Дар зарфи 30-соли соҳибистиқлолӣ мардуми тоҷик ба як силсила дастовардҳои бузург ноил гардид, ки онҳо имрӯзу ояндаи миллат ва пешрафти минбаъдаи кишвари азизамонро ба сӯи ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ кушода доданд.Солҳои соҳибистиқлолӣ ба ҳукумати мамлакат муяссар гардад, ки ба бунёди роҳу нақбҳо, нерӯгоҳу хатҳои интиқоли барқ машғул шуда, садҳо корхонаҳои саноатӣ, зерсохтори асосии коммуникатсионӣ ва энергетикиву саноатии кишварро эҳё намуда, барои болоравии нуфузу эътибори Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳон замина гузорад. Обод гардидани садҳо километр роҳҳо, эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, қомат афрохтани даҳҳо иншоотҳои ҷашнӣ, даҳҳо корхонаҳои нави истеҳсолӣ аз дастовардҳои солҳои соҳибистиқлолӣ мебошад.Ин дастовардҳо шаҳодати равшани он аст, ки мо дар ватани биҳиштосои худ бо меҳнати софдилона ва кору фаъолияти созандаву ободкорона дар солҳои наздиктарин барои ҳар як фарди кишвар зиндагии шоиста ва ободу озод фароҳам меорем.Имрӯз ҳар як фарди Тоҷикистон ба хубӣ дарк менамояд, ки Истиқлолият муқаддастарин неъмат, рукни асосии давлати озоду обод, рамзи шарафу номуси ватандорӣ, кафолати хонаободиву саодатмандӣ, сарбаландиву осоиштагӣ ва нерӯи тавонбахши ҳаёт мебошад.

Азизулло Маҳмадуллоев- вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Истаравшан

Истиқлолият неъмати бебаҳо ва пурарзишу муқаддас мебошад. Бисёр қавму миллатҳо, ки шумораашон миллионҳо нафарро ташкил медиҳанд, бо баробари орзуи давлати соҳибистиқлолро доштан, ба он расида наметавонанд. Маҳз бо шарофати соҳибихтиёриву соҳибистиқлолӣ ба мо мушарраф гардид, ки анъана, фарҳанг, таърихи ниёгонро дубора эҳё намоем. Аз ҳама муҳимтар мо ҳаллу фасли тақдири худро ба дасти худ гирифтем.Тӯли 30-соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди кишварамон бисёр дигаргуниҳои куллии иқтисодӣ – иҷтимоӣ, илмӣ – фарҳангӣ ба вуқӯъ пайваст. Дар ин давра дар мамлакат теъдоди зиёди корхонаҳои саноатӣ, шоҳроҳҳои байналмиллалӣ, нақбу роҳҳои оҳан сохта ба истифода дода шуданд.Мамлакат дар натиҷаи амалӣ гардидани ҳа-дафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз бумбасти коммуникатсионӣ баромад, истиқлолияти энергетикӣ ба даст оварда шуда, амнияти озуқаворӣ таъмин гардид. Одилона қайд бояд кард, ки ҳамаи ин корҳои бузург бо ҷаҳду талош ва кӯшишу ғайрати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иҷро шуд.

Зебонисо Раҳимова – раиси ташкилоти ибтидоии «Сино»

Рубрики
Асосӣ Мақола

Тӯҳфаи бебаҳо

АНДЕША: Дар арафаи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров ба ҳар як оилаи тоҷик тақдим гардид.

Баробари ба даст гирифтани ин китоби муқаддас дар вуҷуди ҳар як фарди ватандӯст ҳисси ифтихормандӣ ва ҳувияти миллӣ бедор мегардад. Беҳуда нест, ки С.Айнӣ нашри ин китобро “ҳодисаи бузург” номида буданду Пешвои Миллат онро “шиносномаи миллат” гуфтанд.

Ҳар як саҳифаи ин китоби муқаддаси халқи тоҷик таърихи гузаштаи аҷдодонамон мебошад, ки бо корнамоиҳо ва ҷонсупориҳои худ хоки муқаддаси гузаштагонамонро ҳифз намуда, ба мо мерос гузоштаанд.

Президенти кишварамон Эмомалӣ Раҳмон дар сарсухани ин китоб муроҷиат намуда, ҷунин вазифадор кардаанд: “Моро зарур аст, ки давраҳои таърихии рӯзгори халқамонро бо  диққати том мутоила намоем, аз ҳар саҳифаи гузаштаи ниҳоят пурфарозаш  сабақ омӯзем, аҷдоди номбардори худро шиносем, аз решаҳои қадимаи миллати хеш огоҳ бошем, ба мардуми фарҳангиву тамаддунсоз, ҳунарманду эъҷодкор ва соҳибмаърифат будани халқамон ифтихор кунем, таърих, забон, фарҳанг ва суннату анъанаҳои миллиро ҳифз намоем”.

Инчунин қайд кардаанд, ки дар чунин шароити ҳассоси ҷаҳонишавӣ мо бояд ба иштибоҳу хатоҳое, ки дар таърихамон рух додааст, роҳ надиҳем, дар атрофи халқу Ватани азизамон муттаҳид гардида,сарзамини аҷдодии худро чун    гавҳараки чашм эҳтиёт намоем, зиракии сиёсиро аз даст надиҳем, рамзҳои давлатиро арҷ гузорем ва дар пойдорию устувории давлати миллии худ саҳмгузор бошем.

Оре, ҳар як суханони Пешвои Миллат моро водор менамояд, ки ба қадри миллат, давлати соҳибистиқлоли худ расида, софдилона меҳнат намоем.

Имрӯз китоби “Тоҷикон”-и Б.Ғафуровро варақгардон намуда, бори дигар дарк менамоям, ки дар ҳақиқат мо миллати қадимтарини дунё буда, бо меҳнати  даҳчандаи  аҷдодони худ соҳиби чунин сарзамин, касбу ҳунар ва фар-ҳанги Ғанӣ гардида, ба шарофати фарзандони шарафманди  миллати хеш дар арсаи ҷаҳонӣ дар қатори дигар халқу миллатҳо ҷой гирифтаем. Ин ҳама ифтихори мост.

Матлуба Тоҷибоева- омӯзгори

гимназияи №5 ш.Истаравшан

Рубрики
Асосӣ Мақола

ПАНҶАКЕНТ: Зиракии сиёсиро набояд аз даст диҳем

         МАҚОЛА: Ҳар як давру замон дар баробари кашфиёти наву тоза, пешрафт ва комёбиҳо аз падидаҳо ва воқеоти номатлуб низ орӣ нест. Воқеан, ин ҷаҳон доимо пуртазод будааст ва инсони солимақл аз бархўрди андешаҳо ва ҳодисоти гуногун онро мепазирад, ки ба пешрафти ҷомеа ва рушди инсони комил созгор аст.

         Имрўз ҷаҳон беш аз пеш пур аз мушкилот , ихтилофу зиддиятҳост. Яке аз сабабҳои ин нооромиҳо афзудан ва густариш ёфтани терроризм, экстремизм, ифротгароӣ, барангехтани низои миллӣ, иҷтимоӣ, динӣ, кўшиш ба ғасби ҳокимият мебошад.

         Моҳияти масъала дар он аст, ки баъзе кишварҳои пешрафтаи Ғарб бо ин роҳ, яъне бо таъсири равонӣ ва барангехтани низоъҳо ҳадафҳоти нопоки худро аз қабили ҳукмронии бештар ва ба даст овардани сарвати зиёд амалӣ намуданӣ ҳастанд.

         Баъди ба даст овардани Истиқлолият, ки он аз пурарзиштарин неъматҳои мардуми Тоҷикистон дар фазои кишвари мо аст,  барои озодии дину имон шароит фароҳам овард.

         Бо заҳмату талош ва ҳидоятҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳкими сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ба роҳ монда шудааст, ки ба ободию пешравии Ватани маҳбуби мо ва зиндагии осоиштаи ҳар як шаҳрванд нигаронида шудааст.

         Қисми зиёди аҳолии Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳанд, ки бо таъкидҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон онҳо ояндасози кишваранд.

         Онҳо ҳар қадар донишманду соҳибмаърифат, соҳиби касбу ҳунар ва худогоҳу хештаншинос бошанд, Ватан ҳамон қадар обод мешавад ва нерўмандии давлат меафзояд. Бинобар ин, ҷавонони моро, ки хушбахтона ба ҳамаи навгониҳои илму техникаи муосир дастрасии комил доранд, лозим аст ки зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд. 

Бешубҳа, Пешвои муаззами миллат ҳамчун ҳомӣ ва раҳнамои мо бар пояи шиносои намудани шахсиятҳои таърихӣ ҷавононро ба саҳифаҳои пурифтихори миллати тоҷик  ошно намуда, ба  омўзиши таҷрибаҳои гузашта имкон фароҳам меоранд, то ҷойгоҳи мустаҳками худро дар ҷаҳони муосир  пайдо кунем.

Ҳамаи ҷавонон имрўз ифтихор мекунем, ки  Президенти кишвар  ба ҷавонони даврони истиқлол эътимоди бузург доранд  ва барояшон  тамоми шароиту имкониятҳои заруриро фароҳам месозанд, то ҳамчун насли бунёдкор зимоми фардои  давлат, Ватан ва халқи худро ба даст гиранд, сарзамини аҷдодиро  соҳиби кунанд, онро обод созанд, яъне кори Пешвои ҷавонпарвари миллатро ба хотири пешрафту ободии Тоҷикистони маҳбубамон идома диҳанд.

                                                                       Қобилҷон Ҷалолов,

               мудири шӯъбаи кор бо ҷавонони КИ ҲХДТ дар шаҳри              

                                                                        Панҷакент

Рубрики
Асосӣ Мақола

ИСТАРАВШАН: Ҷавононро ҳифзнамоем

АНДЕША: Давраи фоҷиабор ва ғамангези солҳои навадум, ки даҳҳо ҳазор талафоти ҷонӣ дода будем, аз ёд намеравад ва он барои ҳама як умр бояд дарс бошад. Биноҳои обод хароб гаштанду нафарони зиёде овораву сарсон. Имрӯз ҳодисаҳои он солҳоро санҷида, бо тахлили амиқ ҳақиқатро дарёфтем, дӯсту душманро шинохтем, аз ин рӯ дар ҳифзи пойдории Истиқлолияти давлатӣ, сулҳу суботи ҷомеа саъю кӯшиш менамоем.

Имрӯз, дар замоне, ки ифротгароӣ ва терроризм ба хатари бузург табдил ёфтаву ҷаҳонро ба ташвиш овардааст, мо бояд ба тарбияи  насли наврас аҳамият диҳем, онҳоро ба роҳи дурусти зиндагӣ барем, таваҷҷӯҳашонро ба донишандӯзӣ ҷалб намоем, то дар байни ҷавонон ба ин вабои аср ҷой набошад.

Ташвишу нигоронии мо дар он аст, ки даҳҳо шаҳрвандони ҷумҳурии мо бо силоҳ дар  хориҷ аз кишвар ҳамроҳи намояндагони ташкилоту гурӯҳҳои ифротӣ меҷанганд, ҷавонони моро ин гурӯҳҳо бо «мағзшӯӣ» тобеи худ мекунанду ба иҷрои   амалҳои номатлуб раҳнамоӣ мекунанд. Ин қотилон бо воситаи шабакаҳои иҷтимоӣ истифода аз техникаву технологияи навин ба ҳар хонадон роҳ ёфта, бо тарғибу ташвиқҳои бардурӯғ ҷавонро ба сӯи худ ҷалб мекунанд.

Ҳамаи ин амалҳои номатлуб мо – падару модарон, омӯзгоронро ҳушдор медиҳад, ки дар тарбияи фарзанди худ дар доираи иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» диққати ҷиддӣ диҳем.

Бояд назорат барем, ки фарзандонамон бо киҳо, чӣ тоифа одамон шинухез ва ё гуфтугӯ мекунанд, аз кадом шабакаҳои иҷтимоӣ истифода мебаранд, бо кадом гурӯҳҳо иртибот доранд. Волидайн дар раванди таълиму тарбия, аз ҷумла назорати сатҳу сифати таълим ва донишандӯзии фарзандон дар муассисаҳои таълимӣ бевосита иштирок намоянд.

Ҳамаи мо медонем, ки таълиму тарбияи фарзанд нахуст аз оила оғоз мегардад.

Таърих, миллату давлат моро ҳеҷ намебахшад, агар фарзандони носолим, бемасъулият, ки рисолати инсонӣ надоранд, ба ҷомеа тақдим намоем. Аз ин гуна фарзандон ҳатман хиёнат сар мезанад.

Пас, бояд ба тарбияи фарзандон дуруст эътибор диҳем, ки беҳтарин воситаи пешгирии онҳо аз шомилшавӣ ба гурӯҳҳои ифротӣ мебошад.

 Ҳ.Раҳимов, директори МТМУ №51

Рубрики
Асосӣ Мақола

АНДЕША: Истиқлолият дастоварди бузурги миллати тоҷик

АШТ: Яке аз руйдодҳои  муҳим дар тӯли соҳибистиқлолӣ ин ба ҳам омадану ба ҳам пайвастани миллати тоҷик аст. Зеро халқи тоҷик боз аз нав соҳиби тахту тоҷ, давлат, суруди миллӣ, нишон, парчам ва дигар муқаддасоти Ватан гардид, ки ин неъматҳои бузург маҳз тавассути сиёсати оқилонаву одилона, ҳадафҳои раиятпарварона ва бо ҷидду ҷаҳд, талошу ташаббусҳои созандаву бунёдкори марди хираду шуҷои Ватан, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст.

Истиқлол ба мардуми мо, пеш аз ҳама, неъмати бузурги ҳаёт озодиро эҳдо намуд. Маҳз истиқлолият имконият фароҳам овард, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ миллати моро шиносад. Моро водор намуд, ки барои имрӯзу ояндаи худ тасмим гирифта, масъулият эҳсос намоем. Аз ҳама муҳим, истиқлол чашми мардумро боз кард ва имкониятҳои бузургро барои миллат кушод.

Сулҳи деринтизор дар кишвар танинандоз ва  Парчами давлатии  Тоҷикистон дар тамоми гӯшаву канори Тоҷикистон  парафшон гардид, Тоҷикистонро беш аз 150 давлати ҷаҳон шинохт. Бунёду азнавсозии корхонаҳои саноатии истеҳсолӣ, эъмори иншоотҳои бузург, мактабу бунгоҳҳои тиббӣ гулгашту хиёбонҳо ва дигар иншоотҳои маишиву фарҳангӣ  қомат  афрохта, ба диёри кӯҳанбунёди тоҷикон ҳусуну таровати нотакрорро зам намуд, ки ин ҳама дастоварди бузург маҳз самараи даврони истиқлолият мебошад.              

Албатта, қайд кардан бамаврид аст, ки имрӯз мо ҳама мардуми тоҷик аз хурд то бузург аз обу ҳавои диёр нафас мекашему, ба созандагиву бунёдкориҳои гӯшаву канори ватан назар меафканему меболем, ифтихор аз он менамоем, ки тоҷик ҳастему, дар фазои тинҷиву оромии кишвар  зиндагии осударо паси сар менамоем.

Ва имрӯз вазифаи ҳар яки мо аз таҳкими сулҳу ваҳдат , хизмати содиқона ба халқ, саҳм гузоштан дар ободиву шукуфоии сарзамин, беш аз пеш боло бардоштани сатҳи зиндагии мардум, пойдориву устувории ватани азизамон – Тоҷикистони соҳибистиқлол иборат мебошад. Аз ин лиҳоз, ҳимояи манфиатҳои миллии давлат вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон мебошад.

Рубрики
Асосӣ Мақола

АНДЕША: Чиҳил сол бо ифродгароӣ

(Мушкилот ва дурнамои сиёсати дохилӣ ва берунаи Афғонистон)

Сарҳади Тоҷикистону Афғонистон, ки сарҳади ҷанубии амнияти Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мебошад, ҳамеша зери санҷиши гурўҳҳои экстремистию террористӣ ва қочоқбарони гуногун, аз ҷумла маводи мухаддир ва силоҳ қарор мегирад.

Дар назди сарҳад гурўҳҳои гуногуни мутааллиқ ба ҳаракати «Толибон», ДИИШ ва дигар гурўҳҳои радикалӣ, ки дар сафи онҳо шаҳрвандони ИДМ низ меҷанганд, такрор ба такрор пайдо мешаванд.

Эмомалӣ РАҲМОН

ҶУМҲУРИИ ИСЛОМИИ АФҒОНИСТОН

Ҷумҳурии исломии Афғонистон (ҶИА) – давлатест, ки дар қитъаи Осиё, қисми ҷанубу ғарбии Осиёи Марказӣ ҷой гирифтааст.

Дар самти шимол бо Тоҷикистон, Ўзбекистон ва Туркманистон дар ғарб бо Эрон, дар ҷануб бо Покистон ва Ҳиндустон, дар шимолу шарқ бо Хитой ҳамсарҳад мебошад. Пойтахти Афғонистон шаҳри Кобул мебошад. Афғонистон 34 вилоят, 354 вулусволӣ ва 31440 деҳа дорад. Забонҳои давлатӣ – дарӣ ва пашту аст.

ТАРКИБИ МИЛЛИИ АФҒОНИСТОН

Дар ҶИА бештар аз 30 забон аст, ки ба гурўҳҳои гуногун тақсим мешаванд. Забони дарӣ (забони тоҷикон) (дар минтақаҳои шимол, ғарб ва марказ ва умуман дар тамоми кишвар), пашту (дар ҷануб ва ҷанубу ғарбӣ); балуҷӣ (дар ҷануб) – Ҳилманд, инчунин ҳиндӣ, узбекӣ, туркманӣ, сомӣ, дравидӣ, муғулӣ, арабӣ, қирғизӣ; забонҳои помирӣ –шуғнонӣ, язгуломӣ, вахонӣ, санглечӣ, зебокӣ ва ғайра ҳарф мезананд.

Тибқи шумориши аҳолии Афғонистон, ки дар соли 1396 (2017) сурат гирифтааст, дар он тоҷикон наздик ба ду баробар аз паштуҳо бештар буда, аксариятро ташкил медиҳанд.

Шумори тоҷикон дар Афғонистон баробари ҷамъи шумори се қавми бузурги дигари ин кишвар-паштуҳо, ҳазораҳо ва ўзбекҳо аст.

Бинобар такя ба ин омор дар 17 вилоят: Бодғис, Бадахшон, Бағлон, Балх, Парвон, Тахор, Панҷшер, Сарипул, Самангон, Ғўр, Фароҳ, Қундуз, Майдонвардак, Кобул, Кописо, Луғар, Ҳирот нуфузи тоҷикон бештар мебошад.

Паштуҳо дар 12 вилоят: Пактиё, Пактико, Хест, Зобул, Ғазнӣ, Кандаҳор, Нимрўз, Нангарҳор, Нуристон, Ҳилманд, Кунар, Лағмон аксариятро ташкил медиҳанд.

Ҳазораҳо дар Бомиён ва Дойкундӣ нуфузашон бештар аст.

Тоҷикон асосан дар вилоятҳои Кобул (бештар аз 4 миллион), Бадахшон (бештар аз 1 миллион), Ҳирот (наздик ба 1 миллион), Ғўр ва Балх (бештар аз 600 ҳазор), Сарипул (бештар аз ним миллион) зиндагӣ мекунанд.

Миллатҳои Ҷумҳурии исломии Афғонистон

Дар маҷмўъ, тоҷикон 45,6 %, паштуҳо 26,4%, ҳазораҳо 13,1%, узбекҳо 7,1%, туркманҳо 2,2% ва дигар миллатҳо 5,5 % — и аҳолии ҶИА-ро ташкил медиҳанд.

ФАЪОЛИЯТИ ҲИЗБҲОИ СИЁСИИ ҶИА

Дар Афғонистон якчанд ҳизбу ҳаракатҳо вуҷуд доранд, ки меҳвари асосии сиёсати давлатии Афғонистонро ташкил медиҳанд. Аз ҷумла, Ҳаракати миллӣ дар Афғонистон, Ҳаракати ваҳдати миллии Афғонистон, Ҳизби халқии исломӣ, Ҳизби сотсиал-демократии Паштоон, Ҳизби халқии Афғонистон, Ҳизби демократии Афғонистон (ҳизби ҳоким), Ҳизби парастории афғон, Ассотсиатсияи исломии Афғонистон, Ҳизби миллии Конгресси Афғонистон.

Ҳизби халқӣ-демократии Афғонистон (ҲХДА) соли 1965 аз тарафи намояндагони зиёии кишвар бо сардории Муҳаммад Зоҳиршоҳ таъсис ёфт ва дар муддати кўтоҳ ба ду ҷилоҳи алоҳида – «Халқ» ва «Парчам» тақсим шуд. Соли 1973 бар асари табаддулоти мусаллаҳона сохтори давлатдории монархия барҳам дода шуда, ба ҷои он сохтори мардумии республика (аз лотинӣ рес-кор, публика-халқ) рўи кор омад.

Соли 1992 ҲХДА ҳам аз байн рафт. Аз ин ба баъд ҳазорон аъзои ҲХДА мамлакат¬ро тарк намуданд ва моҳи апрели 1992 Ҳукумати интиқолии муҷоҳидини мамлакат номи Давлати исломии Афғонистонро гирифт. Ҳукумати интиқолии муҷоҳидин, ки дар Пешовар ташкил шуда буд, ҳокимиятро ба даст гирифт, вале ҷанги шаҳрвандӣ ҳамоно давом мекард. Миёнаи солҳои 90-ум ҳамчун мухолифи ашаддии ҳукумати мавҷуда, ташкилоти бунёдгароии мусулмонӣ – «Толибон» арзи вуҷуд кард.

Бо ишғоли Кобул толибон Наҷибуллоҳ, сарвари давлатро, ки дар бинои СММ паноҳ ёфта буд, ваҳшиёна ба қатл расонданд. Баъди ин ҳодиса Афғонистон ба як давлати ҷангзада мубаддал гашт. Соли 2001 фармондеҳи аршади низомӣ, вазири дифои Афғонистон Аҳмадшоҳи Масъуд, ки ба рамзи қаҳрамонӣ ва шуҷоату ватандўстӣ табдил гардида, ба муттаҳид намудани неруҳои муқовимат камар баста буд, аз тарафи ду террористи араб, ки ба ҳайси хабарнигор ба Афғонистон омада буданд, ба шаҳодат расид. 11 сентябри 2001 дар ИМА Маркази бузурги тиҷорати Манхеттен тарконда шуд ва бо истифода аз ин ҳодиса ИМА ва муттаҳидинаш онҳо муқобили гурўҳҳои террористии «Ал-қоида» ва «Толибон» амалиёти шаддиди ҳарбӣ шурўъ кард. Аз он рўз то ба кунун Созмони Паймони Атлантикаи Шимолӣ (НАТО) дар Афғонистон ҳузур пайдо карда, вале ҷанг дар ин кишвар хотима наёфтааст ва ҳаракати «Толибон» ҳамчунон ба зидди давлати қонунӣ ҳанўз меҷангад. Дар ин миён аҳолии зиёди осоишта қурбони ҷанг шуданд.

ТОЛИБОНИ ИФРОТГАРО

«Толибон» як гурўҳи тундрави мазҳабист, ки дар миёнаҳои солҳои 90-и асри гузашта дар фазои сиёсии Афғонистон арзи вуҷуд карда, соли 1996 шаҳри Кобул ва аксари қаламрави кишварро зери тасарруфи худ даровард. Режими «Толибон», дар манотиқи таҳти назораташ хавфдошта меъёрҳои шадиди мазҳабиро ҷорӣ карда, охири соли 2001 аз сўи эътилофи байналмилалии таҳти раҳбарии Амрико пароканда шуд. Дар ин миён чандин афсарону сарбозони ИМА ва артиши ҳукуматии ҶИА ҷони худро аз даст доданд. Аммо ин ҷунбиши террористӣ ба муқовиматаш идома дод ва баъди хуруҷи неруҳои ҷангии эътилоф дар ду соли қабл ба пешрафтҳое ноил шуд, имрўз манотиқи ҳаммарз бо Тоҷикистонро зери тасарруф доранд.

ДАБИРИ КУЛЛИ СААД ДАР БОРАИ ХАТАРИ АФЗОИШИ ГУРЕЗАҲО АЗ АФҒОНИСТОН БА ТОҶИКИСТОН ГУФТ

Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ бори дигар аз вазъи мушкил дар марзи Тоҷикистону Афғонистон изҳори нигаронӣ кард

Станислав Зас, дабири кулли СААД дар бораи хатари эҳтимолии вуруди густардаи гурезагон ба кишварҳои Осиёи Марказӣ гуфт.

Ҳамчунин дар паёми паҳнкардаи ин созмон, Станислав Зас аз хатари вуруди созмонҳои байналмилалии террористӣ аз Афғонистон ба Тоҷикистон изҳори нигаронӣ кардааст.

“Пас аз хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ ва шариконаш аз Афғонистон, вазъ дар ин кишвар ба таври назаррас бад шуд. Ин кишвар бо ҳам бештар ба бетартибиҳо рӯ ба рӯ мешавад. Эҳтимоли хатари вуруди густардаи паноҳандагон ба қаламрави Тоҷикистони ҳамсоя ва воридшавии ашхоси вобаста ба созмонҳои террористӣ вуҷуд дорад”, – гуфт дабири кулли СААД ҳангоми сафари худ ба Арманистон.

Станислав Зас ҳамчунин гуфт, ки СААД вазъ дар марзи Тоҷикистону Афғонистонро бодиққат назорат дорад.

Ёдрас мешавем, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои гурезагон урдугоҳҳои махсус сохта мешаванд. Дар ояндаи наздик дар Кушониен ва Хоруғ ду анбор кушода мешавад, ки дар онҳо хаймаҳо, бистарҳо, маҳсулоти гигиенӣ ва ғизо захира карда мешаванд.

ВАЗИРОНИ МУДОФИАИ ДАВЛАТҲОИ АЪЗОИ СҲШ АЗ БАДШАВИИ БОСУРЪАТИ ВАЗЪ ДАР АФҒОНИСТОН ИЗҲОРИ НИГАРОНӢ КАРДАНД

Дар ҷаласа Вазиирон масъалаҳои таҳкими сулҳ, субот ва амниятро низ баррасӣ карданд. Бо изҳори нигаронӣ аз бадшавии босуръат вазъ дар Афғонистон, зарурати пешгирии ташаннуҷи вазъ дар фазои СҲШ-ро тазаккур дода, афзоиши назарраси фаъолияти ташкилоти террористиро дар минтақа пас аз хуруҷи неруҳои СПАШ ва кишварҳои дигар аз Афғонистон таъкид намуданд.

Вазирони мудофиа бо мақсади таҳкими дӯстӣ ва ҳамсоягии нек байни давлатҳои аъзои СҲШ, пойдории сулҳ, амният ва субот дар минтақа доир ба таҳкими ҳамкории амалии СҲШ ва ташкилотҳои шарики минтақавӣ табодуули афкор намудаанд.

Роҳбарони ҳайатҳо ҳамчунин Нақшаи ҳамкории вазоратҳои мудофиаи давлатҳои аъзои СҲШ-ро барои солҳои 2022–2023 тасдиқ карданд.

Дар ҷаласа инчунин ба ташкилу баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ, аз ҷумла фестивали оркестрҳои ҳарбӣ, ки 18-23 октябри соли равон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон ба нақша гирифта шудааст, таваҷҷуҳ зоҳир карда шуд.

Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки минбаъд низ ҳамкориро бо мақсади таъмини суботи минтақавӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди устувори боэътимоди СҲШ густариш диҳанд.

Қарор қабул карда шуд, ки ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони мудофиаи давлатҳои аъзои СҲШ соли 2022 дар Ҷумҳурии Узбекистон гузаронида шавад.

ИСЛОМҲАРОСӢ ДАР ҶАҲОН АВҶ МЕГИРАД?

Тибқи таҳқиқот дар ҷаҳон бештари давлатҳо мубталои «исломҳароси» шудаанд. Он шахсоне, ки бо либоси арабӣ, ҳиҷоб ва риш дар кишварҳои ғайиримусулмонӣ гашту гузор мекунанд, миллатҳои ғайримусалмон ба онҳо эътимоду бовар надоранд.

Маврид ба зикр аст, ки бештари террористон ва шахсони хавфнок дар ҳолати террор кардан калимаи «Аллоҳу акбар» -ро истифода мебаранд. Вақте ки мо аз тариқи шабакаҳои телевизонӣ ва дигар шабакаҳо рўйдодҳои мусаллаҳонаи Афғонистонро тамошо мекунем, мебинем, ки аз ин тараф ва аз он тараф гуфтори «Аллоҳу акбар» -ро истифода мебаранд. Шахси бинанда ба фикр меафтад, ки ин чӣ гуна мусулмонӣ аст? Давлати Афғонистон давлати исломӣ буда, дар доираи шаръи шариф амал менамоянд, ҳамаи мардум мусулмонанд, пас суоле ба миён меояд, ки толибон ва ДИИШ бар зидди кӣ меҷангида бошанд?

ДАР РЎИ ДУНЁ ПАНҶ ҲАЗОР ДИН АСТ

Илми имрўза собит намудааст, ки дар дунё панҷ ҳазор дин ва боварҳо вуҷуд дошта ва одамон ба онҳо эътиқод доранд. Динҳое мавҷуданд, ки нисбат ба динҳои хурд мавқеъ ва нуфузи зиёд доранд, аз ҷумла ислом, масеҳӣ, буддоӣ, яҳудӣ, синтоӣ, динҳои анъанавии Африқо, шинтоизм, шаманизм ва ғайра.

Кантслери Олмон Ангела Меркел дар як суханронии худ зикр карда буд, ки дар дунё панҷ ҳазор дин арзи ҳастӣ дорад ва ду миллиард аҳолии рўи замин дини исломро қабул карда, тибқи шариати он амал мекунад. Аммо мушоҳидаҳои ахир нишон медиҳад, ки бисёри онҳо дар вақти ҷанг байни мусулмон ба мусулмон калимаи «Аллоҳу акбар» -ро истифода мебаранд. Яъне аз ин тараф мусулмон ва аз он тараф низ мусулмон, дин як, маҳзаб як ва Худо низ якто, онҳо бо кӣ ҷанг мекарда бошанд? Ў инчунин зикр кардааст, ки дар давлатҳои Хитой ва Ҳиндустон зиёда аз ду ҳазор дин арзи ҳастӣ дорад, вале байнашон ягон ҷангу хунрезӣ нест, чаро?

ОЁ ТОЛИБОН ВА ДИИШ БА ҚОНУНҲОИ АМАЛКУНАНДАИ АФҒОНИСТОН МУХОЛИФАТ МЕКУНАНД Ё НА?

Тавре маълум аст дар давлати ҳамсояи мо қариб 40 сол аст, ки ҷанг байни ифротиён-террористҳо ва давлати исломӣ рафта истодааст. Аммо сабаб чист, ки то ба имрўз дар ин давлат оташи ҷанг хомўш намешавад? Фикр мекунем, ки ҳар яке аз ин гурўҳҳо мазҳаб ё идеологияи исломпарастиро ба мардум бор карданианд ва ин гурўҳҳо дар ин макон реша давонда, мактабҳои махсуси террористии худро кушодаанд. Барои аз байн бурдани чунин гурўҳҳо дар ин давлат вақти хеле зиёд лозим меояд, ки ба мисли мо, тоҷикон, бо таври осуда зиндагонӣ намоянд. Барои осуда ва озодона зиндагӣ кардан пеш аз ҳама роҳбари хуб, дилсўз ва донишманде зарур аст, ки тарҳи мусолиҳаи миллиро дар Афғонистон татбиқ кунад.

Як гурўҳ ҷавонони гумроҳи тоҷик низ бо роҳнамои ТЭТ ҲНИТ мехостаанд дар Тоҷикистон давлати исломӣ созанд.

Барои пеши роҳи сели андешаҳои ифротиро гирифтан лозим аст, низоми таълим бояд дар муассисаҳои таълимии кишвар бештар рушд ёбад. Бояд дар дохили ҷумҳурӣ таълими асосҳои фанни диншиносӣ ба таври васеъ ба роҳ монда шавад. Ҷавонон бояд дар бораи ҳама динҳо иттилои муфассал дошта бошанд ва дар ин радиф арзишҳои миллию ахлоқии худро фарқ карда тавонанд ва ба мафҳуми неку бад сарфаҳм раванд.

ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТӢ

Ҳомид Карзай дар ду давра интихоботи президентӣ ғолиб омада, сарвари давлат интихоб гардид.

Саввумин интихоботи Афғонистон соли 2014, ки ба даври навбатӣ кашида шуд, мушкилиҳои зиёде дошт. Нахуст ин ки бар асоси иродаи нухбагони қудрат (на иродаи мардум) бидуни ин ки касе дар даври дувум барандаи интихобот эълом шавад, ба ташкили ҳукумати ваҳдати миллӣ пардохта шуд. Албатта дар ибтидо мехостанд Муҳаммад Ашраф Ғанӣ-ро ғолиб эълом кунанд. Аммо пойфишорӣ ва бархўрдҳои ғайри интизори тарафдорони Абдуллоҳ Абдуллоҳ, аз ҳамсангарони Аҳмадшоҳ Масъуд ва чеҳраҳои таъсиргузори тоҷикон дар Афғонистони имрўз сабаб шуданд, ки баҳси ҷудо кардани орои поку нопок ба миён биёяд.

Комиссияи мустақили интихоботии Афғонистон Ашраф Ғанӣ Аҳмадзайро барандаи интихоботи президентии ин кишвар эълон кард. Аҳмадюсуфи Нуристонӣ, раҳбари ин ниҳод бидуни ифшои натиҷаи овоздиҳии даври дуввум гуфт, натиҷаро дар ихтиёри ҳарду номзад – доктор Абдуллоҳ ва Аҳмадзай гузоштааст. Доктор Абдуллоҳ ва Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай 21 сентябр дар Арк ё Кохи раёсати Ҷумҳурии Афғонистон зери тавофуқномаи ташкили давлати ваҳдати миллӣ имзо гузоштанд. Бар асоси ин санад, ки иборат аз чор саҳифа аст, оқои Аҳмадзай ба унвони раиси ҷумҳур эълон шуда, доктор Абдуллоҳ симмати раёсати Ҳукуматро дар ихтиёр дорад.

СИЁСАТИ ДОКТОР АБДУЛЛОҲ

Доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ 5 сентябри соли 1960 дар шаҳри Кобул дар оилаи тоҷик ба дунё омадааст. Ў донандаи хуби соҳаи тандурустӣ ва сиёсат буда, яке аз ҳаммаслакони Қаҳрамони миллии Афғонистон Аҳмадшоҳи Масъуд аст. Абдуллоҳ ду маротиба дар интихобот иштирок дошт ва бинобар сабабҳои бади вазъияти сиёсӣ ў дастболо нашуд. Абдуллоҳ Абдуллоҳ дар фаъолияти кориаш дар чандин вазифаҳои давлатию ҷамъиятӣ, аз ҷумла солҳои 2001-2006 Вазири корҳои хориҷӣ, аз соли 2014 ин ҷониб ба ҳайси сарвазир фаъолият дорад. Доктор Абдуллоҳ дар гузашта дар қатори фармондеҳони Эътилофи шимол, ки дар саргаҳи он тоҷикони Афғонистон қарор доштанд, борҳо ба Тоҷикистон сафар кардааст. Нахустин сафари расмии доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ ба унвони Раиси иҷроияи ҳукумати Афғонистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳошияи “Ҳамоиши байналмилалии об барои ҳаёт”, ки рўзҳои 9-11 июни соли 2015 дар шаҳри Душанбе баргузор гардида буд, сурат гирифт.

ДАР АФҒОНИСТОН СУЛҲ МЕШАВАД?

Афғонистон ҷашни садсолагии Истиқлолияти худро ҷашн гирифт. Дар ин муддат ҶИА чандин табаддулот, ғасби ҳокимият ва таҷовузи миллиро аз сар гузаронидааст. Истеҳсоли рўзафзуни маводи мухаддир сол то сол миллати афғонро ба нестӣ оварда расонида истодааст. Ин ба давлати мо, ки ҳамсояи наздики Афғонистон аст, хатари ҷиддӣ дорад ва маҳз ба ин хотир сарҳади Тоҷикистон хатти марзи буферӣ ном гирифтааст.

Ин ҷо мо якчанд омили манфии хатарзо дар ин ҳамсоякишварро меорем:

Ø терроризм;

Ø гурўҳи террористии бо номи «Ал-қоида»;

Ø гурўҳи террористии бо номи «Толибон»;

Ø гурўҳи террористии бо номи «Давлати исломӣ», ДИИШ;

Ø кишт ва истеҳсоли маводҳои мухаддир (чарс, бангдона, афъюн, героин, ва ғайра);

Ø ғайриқонуни ба савдо гузоштани маводи мухаддир;

Ø гаравгонгирии хориҷиён, соҳибкорон ва шахсиятҳои бонуфуз;

Ø зархаридии гурўҳҳои террористӣ;

Ø ғайриқонунӣ нигоҳ доштан ва ба фурўш гузоштани яроқу маводҳои ҷангӣ;

Ø машғул шудани баъзе мардон ба корҳои асримиёнагӣ ва ғайраҳо.

Дар баробари ин, боз ҷиноятҳое ҳастанд, ки аз тарафи давлатдорони имрўзаи ҶИА ба миён омадааст.

Ø заиф шудани сохтори давлатдорӣ;

Ø амн набудан;

Ø дар сатҳи баланд қарор гирифтани коррупсия;

Ø қонуншиканӣ аз тарафи кормандону роҳбарони Ҳукумат;

Ø низоъҳо байни миллату қабилаҳо;

Ø мушкилии маҳзабӣ ва ба монанди инҳо.

Барои ҳалли ин мушкилот давлат ва ҳукумати Афғонистонро зарур аст, ки пеши барои бартараф кардани ин қазияҳо, ки дар ин кишвар ҷой дорад, тадбирҳои судмандеро андешанд.

Ин мушкилоти ҶИА қазияи ҳамсоякишварҳо ҳам мебошад, чунки чиқадар зиёни он ба ҳамсоякишварҳо низ мерасад. Чӣ дар риштаи сиёсат, чӣ дар соҳаи иқтисодиёт.

Агар Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо ҶИА қиёс кунем, кишвари мо дар зарфи 30 соли истиқлолият, сиёсат ва иқтисодиро мутобиқ ба стандарти байналмилалӣ гузаронида, рў ба рушди уствор овардааст. Яке аз объекти калоне, ки назираш дар ҷаҳон кам аст, – ин иншооти асрро дар 30 соли Истиқлолият бунёд ва итмом расонида истодаем, ки ба иқтисоди Тоҷикистон хеле такони ҷиддӣ медиҳад. Ин нерўгоҳи обии Роғун мебошад. Ин иншооти бузург барои ҳамсоякишварҳои мо низ фоидаи калон дорад, аз ҷумла ҶИА, ки то ба имрўз аз қувваи барқ танқисии ҷиддӣ мекашад. Афғонистон метавонад, қувваи барқро, бо нархи арзон ва аз ҷиҳати экологӣ тоза аз ҶТ дастрас намояд.

Як бори дигар ханда ба лаб мешуда бошад?

Дар кишвари мо базму тараб мешуда бошад?

Ашур Сафар

Мисраҳои шоири шинохтаи тоҷик барои мардуми шарифи тоҷикон буд, ки он вақт (1996) ҷангӣ шаҳрвандӣ дар авҷ буд ва дарди дили ин шоирро худованд шуниду ба мо роҳбари оқилу доноро раво дид. Мо низ хоҳонем, ки мардуми афғон ба мисли мо тоҷикон чунин шоиру чунин роҳбари оқил, давлати озоду тинҷ дошта бошанд. Сулҳу ваҳдат пойдор бошад.

Мушкилоти асосӣ ва ҷаҳони Афғонисон ин пеш аз ҳама ва беш аз ҳама ба даст овардани сулҳи саросарӣ ва хотима бахшидан ба ҷанги 40 сола мебошад. Ин масъаларо борҳо Асосгузори сулҳу ваҳдат – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаҳои бонуфузи байналмилалӣ матраҳ карда буданд, ки барои ҳамзистии осоиштаи кишварҳои мо аҳмияти калони сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ дорад.

Ҳарсол ҳазорон одам аз дасти террористон теракт меаванд.

Ҳар рўз аз шабакаҳои интернет, телевизону радио ва дигар манбаъҳои иттилоотӣ хабар медиҳанд, ки дар Афғонистон куштор ва ҳодисаҳои террористӣ вуқўъ омад, дар натиҷа чанд низомӣ ва одамони осоишта ба ҳалокат расиданд ва чандин нафари дигар ҷароҳати вазнин бардоштанд. Ин даҳшатҳо – агар пеши роҳашон гирифта нашавад, домани паҳн карда, то кишварҳои ҳамсоя мерсад.

Созмони Милали Муттаҳид вазъи хушунатҳо ва талафот дар соли гузашта дар ин кишварро баррасӣ кардааст. Бар асоси ин гузориш, шумораи кушташудаҳои ғайринизомӣ дар соли 2020 зиёда аз 10 ҳазор нафар будааст.

Бинобар таҳлили гузоришгар аз ин миқдор терактҳо 42 дарсади ҳамлаҳо ба ҷангҷўёни «Толибон», 10 дарсади он аз сўи гурўҳи “Давлати исломӣ” ё ДИИШ, 13 дарсад ниманизомиёне мухолифи давлат ҳастанд, ки раҳбари муайяне надоранд, анҷом дода шудааст.

Аз рўи таҳлили Созмони Милали Муттаҳид соли оянда маргбортарин сол барои Афғонистон ба ҳисоб меояд. Чунки гурўҳҳои ифротгаро мавқъеи худро тағйр дода, якчанд вилояту вулусволиро тасарруф хоҳанд намуд.

Ин мушкилоти аср – фақат мушкилии Афғонистон набуда, бояд тамоми давлатҳои абарқудрати дунё бар зидди чунин гурўҳҳои террористию экстримистӣ фаъолият бурда, дар ҳамбастагӣ ин мушкилиро ҳал намоянд. Тавре, ки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон вазъияти низомӣ-сиёсии Афғонистонро хуб медонад ва ҳамавақт такид мекунад, ки барои мубориза бо терорризм, қочоқи маводи мухаддир, кишварҳои минтақа бояд иқдомоти муштарак анҷом диҳанд. Эмомалӣ Раҳмон зикр намудааст, ки дар Афғонистон танҳо бо равишҳои низомӣ наметавон терорризму ифротгароиро решакан кард. Имрўз бояд омилҳои иҷтимоӣ ва иқтисодӣ дар мубориза бо ин зуҳурот ба кор гирифта шаванд.

Тоҷикистон аз кўшишҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ ва мардуми Афғонистон барои ҳалли ҳамаҷонибаи мушкили ин кишвар пуштибонӣ мекунад. Тоҷикистон имрўз ба Афғонистон нерўи барқ, маводи сохтмонӣ, маҳсулоти кишоварзӣ, маводи ғизоӣ ва нуриҳои маъданӣ содир мекунад.

ЯК МИЛЛИОН ЗАН МУБТАЛО БА МАВОДИ МУХАДДИР

Дар баробари мардон, дар миёни занони афғон одати баде пайдо шудааст, ки онҳо бинобар гузориши СММ, аз маводи мухаддир низ истеъмол мекунанд. Аз рўй истеҳсоли ин вабои аср Афғонистон дар ҷои аввал қарор дорад ва миллионҳо одамон қурбонии он шудаанд.

Вазорати беҳдошти Афғонистон ахиран эълом кард, ки ҳудуди як миллион зан дар ин кишвари ҷангзада мўътоҷе наркоманон шудааст. Дар асоси ҳисоботи соли гузаштаи ин вазорат, шумори афроде, ки дар Афғонистон аз маводи мухаддир истифода мекунанд, зиёда аз 3 миллион нафар будааст.

Чунонки ишор шуд, Афғонистон бузургтарин истеҳсолкунандаи маводи мухаддир буда, то соли 2001 ин кишвар 200 тонн маводи мухаддир истеҳсол мекард, баъди ворид шудани қувваҳои низомии ИМА ба он, давоми ҳабдаҳ сол ҳаҷми истеҳсоли он 65 маротиба афзоиш ёфта, ба 11000 тонна расидааст, ки ҳамаи ин ба давлатҳои дуру назди интиқол дода мешавад.

КАДОМ ОМИЛҲО ҶИА-РО БА КИШВАРИ БУФЕРӢ ТАБДИЛ ДОДААСТ?

Давлатҳои буферӣ – ин кишварҳое, ки дар миёни қабули ин ё он низоми сиёсӣ қарор доранд (дар аққалиятҳои ҳарбӣ ва геополитикӣ) мегўянд, ки онҳо алоҳида ва аз ин рў, набудани сарҳадҳои умумӣ ва ё таъмин накардани сарҳад бо сарбозон. Инчунин артиши зайф душмани дохилии худро нест карда наметавонад. Онҳо аксар вақт аз ҷониби қувваҳои манфиатҷўй истифода мешаванд, ки “Бозиҳои калон”-ро эҷод мекунанд. Ин дуруст ба роҳ намондани сиёсати давлаторӣ, пурқувват набудани артиш, мутахассиси хуби сиёсат ва ба ҳамин монанд ба мувофиқа нарасидани давладорони кишвар бо ҳам. Дар ҷаҳони имрўз дар рўйи замин як чанд давлатҳое, мавҷуд аст, ки ба давлатҳои буферӣ мубадал гаштааст.

НАМУНАИ ДАВЛАТҲОИ БУФЕРӢ ИНҲОЯНД:

• Ҷумҳурии исломии Афғонистон дар оғози асри XX ҳамчун давлати тасаруфшаванда байни империяи Русия ва Бритониё, ки дар ин нома мухолифат мекунад, “Бозиҳои калон”-и сиёсиро ба вуҷуд овард, ки тамоми сохтори давладорӣ зайф шудааст. Дар ин давлат кадом кишвари абарқудрат хоҳад, он силоҳе, ки нав истеҳсол намудааст, аз санҷиш гузаронад. Дар натиҷаи санҷиш чандин шахсони бегуноҳ ҷони худро аз даст медиҳанд. Тамоми вирусҳои замони нав, аз ҷумла, вируси сиёсӣ, вируси одам, вируси ҳайвонот, вируси компютерӣ, шабакавӣ, телефонӣ ва ғайра, санҷида мешавад;

• Ҷумҳурии арабии Сурия, дар оғози солҳои 2011 ба давлати буферӣ мубадал гашт. Дар ин давлат аллакай байни Федратсияи Русия, ИМА, Паймони Шартномаи Атлантикаи Шимолӣ ва давлатҳои арабӣ «Бозиҳои калон”-и сиёсиро ба вуҷуд овард, ки ҶАС миллиардҳо доллари ИМА зарари иқтисодӣ дида, дар баробари ин миллионҳо шаҳрвандон муҳоҷири сиёсӣ шуда, хонаҳо оташ гирифта ба давлатҳои дуру наздик куч бастанд;

• Ҷумҳурии арабии Ироқ низ ба як кишвари буферӣ мубаъдал гаштааст, ки дар инҷо давлатҳои абарқудрат бо «Бозиҳои калон”-и сиёсӣ рў ба рў шуданд.

ҲНИ ГУРЎҲИ ТЕРРОРИСТӢ ЭЪТИРОФ ШУД?

Пас аз фурўпошии Ҳукумати Шўравӣ даҳшатҳои зиёдеро аз сар гузаронидем. Ҷанги таҳмилии бародаркуш бояд барои мо сабақ мешуд. Лекин афсўс, одамӣ шири хом хўрда, андешаи пасу пеши худро намекунад. Аз қабили чунин афрод, шахсоне ёфт шуданд, ки дини исломро ба сиёсат омехта, шахсони калавандаро сўи худ кашида, дар ин замина ҳизби худро муаррифӣ намуданд ва ин ҳизбро Ҳизби наҳзати ислом номгузорӣ карданд. Дар тоҷикон як мақол аст: Шермардон музаҳояшонро наъл заданд ва қурбоққа ҳам пояшро ба наъл задан пешниҳод намуд. Мехҳои наъл ба пойи қурбоққа чунон халиданд, ки худро ба чор тараф ҳавола додан гирифт. Аз бадию бахилӣ қурбоққа хост шермардонро ҷазо диҳад ва ба ин мақсад ҳаммаслакони худро дар атрофаш ҷамъ карда, ба онҳо мубориза бурданро оғоз кард. Ин қабил ҳаммаслакон Ҳоҷӣ Ҳалим ва шарикони ў буданд.

Дар баробари ин ҲНИ бо роҳбарии Муҳиддин Кабирӣ давлат ва миллатӣ тоҷикро ба мисли давлати ҳамсояи мо ҶИА-II мубадал гардонидан мехостанд, вале пеши роҳи ин ҷинояткорро сарбозон ва ҷасурронӣ миллат гирифтанд.

Сулҳе, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Тоҷикистон овард, нодиртарин ва қимматтарин неъмат мебошад. Ба мо зарур аст, ки ин ваҳдати миллӣ ва сулҳро чун гавҳараки чашм ҳифз кунем. Нагузорем, ки нохалафе фазои ороми Тоҷикистонро ғуборолуд созад.

ҲНИ ГУРЎҲИ ТЕРРОРИСТӢ ЭЪТИРОФ ШУД?

Пас аз фурўпошии Ҳукумати Шўравӣ даҳшатҳои зиёдеро аз сар гузаронидем. Ҷанги таҳмилии бародаркуш бояд барои мо сабақ мешуд. Лекин афсўс, одамӣ шири хом хўрда, андешаи пасу пеши худро намекунад. Аз қабили чунин афрод, шахсоне ёфт шуданд, ки дини исломро ба сиёсат омехта, шахсони калавандаро сўи худ кашида, дар ин замина ҳизби худро муаррифӣ намуданд ва ин ҳизбро Ҳизби наҳзати ислом номгузорӣ карданд. Тоҷикон мақоле доранд: Шермардон музаҳояшонро наъл заданд ва қурбоққа ҳам пояшро ба наъл задан пешниҳод намуд. Мехҳои наъл ба пойи қурбоққа чунон халиданд, ки худро ба чор тараф ҳавола додан гирифт. Аз бадию бахилӣ қурбоққа хост шермардонро ҷазо диҳад ва ба ин мақсад ҳаммаслакони худро дар атрофаш ҷамъ карда, ба онҳо мубориза бурданро оғоз кард. Ин қабил ҳаммаслакон Ҳоҷӣ Ҳалим ва шарикони ў буданд.

Дар баробари ин ТЭТ бо роҳбарии Муҳиддин Кабирӣ давлат ва миллатӣ тоҷикро ба мисли давлати ҳамсояи мо Афғонистони ҷангзада мубаддал гардонидан мехостанд, вале пеши роҳи ин ҷиноятҳо гирифта шуд.

Сулҳе, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Тоҷикистон овард, нодиртарин ва қимматтарин неъмат мебошад. Ба мо зарур аст, ки ваҳдати миллӣ ва сулҳро чун гавҳараки чашм ҳифз кунем. Нагузорем, ки нохалафе фазои ороми Тоҷикистонро ғуборолуд созад.

Тоҷикистони азизи мо дар арафаи 30-солагии Истиқололияти Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад, ки дар тамоми шаҳру ноҳияҳо ба ҷашни бузурги миллӣ хурду калон бо як рӯҳияи баланд омодагӣ гирифта истодаанд.

РОҲИ ҲАЛЛИ ҚАЗИЯИ АФҒОНИСТОН КАДОМ АСТ?

1. Тағйир додани низоми давлатдорӣ дар Афғонистон ва ба дунявӣ табдил додани он;

2. Барои осуда ва озодона зиндагӣ кардан, пеш аз ҳама роҳбари хуб, дилсўз ва донишманде боястӣ, ки пеши роҳи ҳама гуна ҷиноятҳоро бигирад;

3. Миёни се абарқудрати ҷаҳон: Амрико, Русия ва Хитой доир кардани ҳамоиши байналмилалӣ оид ба ояндаи Афғонистон;

4. Коҳиш додани таъсири давлатҳои теократӣ ба сиёсати дохилии Афғонистон;

5. Тадбиқи сулҳи Тоҷикистон ба фазои ҷангдида, ташкил кардани давлати мусолиҳаи миллӣ ва ҳифзи ягонагии марзу буми Афғонистон;

Салим Сайвализода -таҳлилгар

 

 

Рубрики
Асосӣ Мақола

АШТ: Занон нерӯи созандаи ҷомеа

        АНДЕША: Тоҷикистон аз нахустин рӯзҳои ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ нуфузу мақоми занро дар ҷомеа баланд бардошта, таваҷҷуҳу ғамхорӣ нисбат ба занон бештар гардид.

         Дар Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо таҳлилу баррасӣ, авзои сиёсию иқтисодӣ ва амнияти ҷаҳони муосир, ҷиҳати баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа ва тамоми самтҳои фаъолияти ҷомеаи мо ба риштаи таҳлил кашида шуд.

         Сарвари давлат доир ба сиёсати давлатии занон таъкид намуданд, ки “Мо ин сиёсатро дар оянда низ давом дода, занонро ҳамчун чароғи оила, нерӯи тавоною созандаи ҷомеа ва ҳимоятгару идомабахши беҳтарин анъанаҳои миллӣ дастгирӣ менамоем ва дар сохтору мақомотҳои давлатӣ сафи онҳоро бештар мегардонем…”

         Дар ҳақиқат, ба тавсиб расидани як қатор қарору қонунҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, ки дар таърихи соҳибистиқлолии мо мавқеи махсуси худро дорад, симои ҷовидонаву қаҳрамонии онҳоро нишон медиҳад. Зеро зани тоҷик барои бақои меҳру муҳаббати самимонаи худ мубориза мебарад.

Имрӯз занону бонувони кишвар ҳуқуқи ширкат дар ҳама сохторҳои давлатиро соҳибанд, инчунин дар майдони ҳунару истеъдод, майдони меҳнату фидокориҳо ва умуман дар ҳама соҳаҳо  саҳми онҳо хеле назаррасанд.  Занон бо вуҷуди оне, ки зан-модар буда, сириштаи рӯзгор ва таълиму тарбияи фарзандро бар дӯш доранд, ба ҳамаи ин нигоҳ накарда саҳми босазои худро дар рушду нумӯъ ва созандагиву ободии кишвар мегузоранд. Бинобарин зан-модари тоҷикро бахшояндаи меҳру садоқат ва офарандаи ҳаёт мехонандаш.

Бояд зикр кард, ки бузургиву матонат  ва нерӯи созандаи занон дар роҳи расидан ба Истиқлолияти давлатӣ хеле калон буда, онҳо баробари мардон ҳам дар ҷодаи сиёсат ва ҳам дар ҷодаи иқтисодиёту ичтимоиёти кишвар қадами устувор мезананд. Ва умуман зан-модари тоҷик тамоми бақову меҳри худро барои ободии оилааш ва ҳамчунин барои бунёди ҷомеаи навини тоҷик бахшидааст.

Натиҷа ин аст, ки  Пешвои муаззами кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳояшон ҳамеша дар самти занон таъкид менамоянд, ки “То оне ки ҳастам, ҳамеша модарону бонувони Тоҷикистони азизамро пуштибонӣ ва дастгирӣ хоҳам кард.”

Ин ғамхориву дастгириҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро мо занону бонувони тоҷик зери назорати доимӣ қарор дода, барои гулугулшукуфии Тоҷикистони азиз ва  дар тарбия намудани насли наврас кӯшиш менамоем, то дар оянда аз онҳо кадрҳои баландихтисос ба камол расида, ба давлату миллати хеш содиқона хизмат намоянд.

Мудири шуъбаи кор бо занони

КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ашт                                     Зиёбиддинова Г.

Рубрики
Асосӣ Мақола

МАСТЧОҲ: ХИРС МУЛЛО МЕШАВАД…

АНДЕША:  Муддати зиёдест, ки дар сомонаҳои интернетӣ наворҳои ошӯбгарони гурӯҳи 24 чарх мезананду, ҷавонони гумроҳу нодон ва аз шарру шӯри дунё бехабар худро ровии барномаҳои зиддиҳукуматӣ муаррифӣ ва пуштибони халқ меҳисобанд, ки агар як шаҳрванди одии Ҷумҳурии Тоҷикистон хоҳад, ки бо онҳо ба баҳсу муҳокимаи амалҳои нопокашон шуруъ кунад, аз чанд тараф ба ӯ ҳамла намуда, дар охир агар ӯро ба қавли маъруф “мот” накунанд, телефонашро қатъ мекунанд.

Гуруҳи 24, ки аз соли 2012 инҷониб яке созмонҳои террористӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардидааст, дар давлатҳои Аврупо бо теъдоди хеле кам, он ҳам дар доираи 5 ва ё 6 нафар ба тарзу усули давлату давлатдории мо – тоҷикон санги маломат мезанад. Ҳол он ки ин нафарон худ ё намедонанд ё шояд бесаводанд ва ё донистан ҳам намехоҳанд, ки тайи 30 сол пешравиҳои бузург дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳама самтҳои гуногуни давлатдорӣ ба мамлакати мо даст дод, ки ин ҳама бо сиёсати сулҳдӯстонаву сулҳҷӯёнаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва мардуми тоҷик аз хурд то бузург ҳамеша аз Пешвои миллат миннатдору сипосгузор буданду ҳастанд ва мемонанд. Бармегардем ба асли матлаб.

Ҳоло дар шабакаҳои интернетии гурӯҳи 24 Беҳрӯз Тағойзода (ё Салмон Холиқов) барномаҳои муғризонаи худро қариб ҳаррӯз пеш мебарад. Падари ин шахс – Тағоймурод Холиқов аз писари худ чи умеду орзуҳое, ки надошту баҳри сарбаландии оила бо кадом азобу машаққат калонаш карданд, вале ба доми гурӯҳи террористию экстремистӣ афтода имрӯз барои хоҷагони хориҷии худ хидмат мекунад. Ҳатто падараш барои ӯ насиҳат карда, ки ба ватан баргардаду пушаймон шавад, то ҳукумат аз гуноҳи ӯ бигзарад. Аммо то имрӯз аз насиҳату ғамхориҳои оила, меҳан ва атрофиён сар печида, то ҳол хидмати хоҷагонро авло медонаду халос. Ин беадабии ӯ то ҳадде расида, ки ҳатто аз ҳайвонигарӣ ҳам гузаштааст. Лекин фарқи Беҳрӯз ва ҳайвон дар он аст, ки ҳайвон бо насиҳат ва гоҳ-гоҳ бо зарби чӯб ром мешаваду ба инсон фармонбардор:

Хирс мулло мешавад бо зарби чӯб,

Беадабро ҳар куҷо дидӣ бикӯб.

Бале, ин беадабро бояд бикӯфт, то намунаи ибрати дигарон гардад. Чунки ӯ худ кӯдаки дирӯза буда, дар давраи ҷанги шаҳрвандӣ чочакеро дар даҳон гирифта, бо эзори тар, рӯи лой, ва бо ифлосиҳои анаҳамин Тоҷикистони танқидмекардааш омехта шуда мегашт. Акнун ӯ калон шуда бо ҳампаймонҳои дурӯғинаш санги маломат ба сари тоҷику тоҷикистониён мепартояд. Вай таҷрибаи бузург, ки надорад ва бо каллаи бемағзаш ба ҳар тараф бинӣ мехалонад, ва худро мусалмон мегирад на саводи динӣ ва на саводи дунявии кофӣ дорад, то вориди баҳс гардад.

Дар наворе аз барномаҳояш дидам, ки Беҳрӯз Холиқов бо яке аз омӯзгори одии ноҳияи Ёвон – Зулфия Муродова вориди баҳс гаштанд. Дар аввали суханҳояшон муаллими ҷасур бо борони суханҳои обдору коғазпечаш ончунон ба рӯяш мерехт, ки дар ҷавоб Беҳрӯзи худро ба якборагӣ гумкарда танҳо бо дасти чапаш ришашро мемолиду халос.

Зулфия Муродова дар ҳақиқат саволҳое ба Беҳрӯз Холиқов доду суханҳое гуфт, ки вай ҳеҷ ҷавоб дода натавонист ва бесаводиву ягон хидмат накарданашро ба мардуми тоҷик бори дигар ба таври равшану возеҳ ифшо намуд.

Дар асл, ӯ чикор ҳам карда метавонад? Ҳеҷ кор карда наметавонад, ягон манфиат ба миллати тоҷик оварда наметавонад. Чунки хоҷагони хориҷиаш намегузоранд, то барои мардум кӯмаке кунад. Ӯ ва дигар афроди монандаш танҳо фиребу найранг ва бадбинӣ нисбати шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешравиҳои мамлакати азизамон мебошанд.

Зарифа ИМОННАЗАРОВА,

узви гурӯҳи вакилии ҲХДТ дар маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Мастчоҳ

Рубрики
Асосӣ Мақола

ИЗҲОРОТ: Фитнаҳои ТТЭ ҲНИ

Ташкилоти террористи ва экстремистии Ҳизби наҳзати исломи ки фаъолияти он ҳануз соли 2015 дар Тоҷикистон расман мамнуъ гардидааст, ташкилотест, ки дар зери сояи Эрон дар асри гузашта арзи ҳасти карда, дар муддати начандон тулонии ташкилёбияш барои бештар пиёда кардани ҳадафҳои нопоки худ байни миллат ва бо мақсади ҷоҳталабию мансабталаби миллати тоҷикро ба ҷони ҳам андохт дар натиҷа як ҷанги хонумонсузу бародаркуше ба миён омад, ки миллат ва давлати тоҷикро аз дигар кишварро ба қадри 50- то 100-солаҳо ба ақиб кашонд.

Агар танҳо дар масъалаи иқтисодиёту пешрафт халал расонида бошад чи хуб моли дунёро метавон боз аз пайяш талош карду пайдо кард, вале ҷойи таассуф онаст, ки қариб миллионҳо одамони бегуноҳ, беҳтарин донишмандону мардони шуҷоъи ватан ва занону кӯдакони нозанин ҷон доданду қурбони фитнаҳои иддае аз ҷаҳолатпарасту мансабпараст шуданд.

Санаи 15-апрели соли ҷори маҷлиси ҳисоботи ТТЭ ҲНИ ва роҳбари он Кабирӣ доир гардид ва онро тариқи шабакаҳои иҷтимои намоиш дод. Дар ҳисоботи наҳзомези худ хоҷапараст Кабирӣ аз пешрафти фаъолияти худ, ҷалби сармои нав барои корҳои наҳсаш, ва аз мақому манзалату пирузиҳои ташкилоташ гуфт. У аз пирузии Инқилоби Эрон низ ҳарф зад ва бармалою ошкоро яке аз хоҷагону пуштибони ҳадафҳои нопокаш яъне Эронро фош кард. Аз як тараф гирем у дуруст мегуяд, ки ТТЭ ҲНИ дар кишвари як пирузии хуб дошт ин ҳам бошад ҷанги хунини соли 90 дар кишвар ва овораву сарсонии миллати тоҷик буд дигар чи пирузи мувафақият дорад? Бо вуҷуди дар давраи соҳибистиқлоли ва сиёсати созандаю хирадмандони Пешвои муаззами милат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз хиёнати онҳо чашмпуши шуд ва онҳо озода дар кишвар кор кардан ва то толори парлумони роҳ ёфтаву изҳори ақида мекарданд. Чун дар дилашон кина буд бадхоҳи буд ва ин буғзро ҳамеша парвариш мекарданд билохира соли 2015 тавассусти яке аз шахсиятҳои намоёни соҳаи низомии мамлакат бори дигар иғво ба по карданд.

Идома дорад….

Рубрики
Асосӣ Мақола

АШТ: ЗАНОН НЕРӮИ СОЗАНДАИ ҶОМЕА

МАҚОЛА: Тоҷикистон аз нахустин рӯзҳои ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ нуфузу мақоми занро дар ҷомеа баланд бардошта, таваҷҷуҳу ғамхорӣ нисбат ба занон бештар гардид.

Дар Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо таҳлилу баррасӣ, авзои сиёсию иқтисодӣ ва амнияти ҷаҳони муосир, ҷиҳати баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа ва тамоми самтҳои фаъолияти ҷомеаи мо ба риштаи таҳлил кашида шуд.

Сарвари давлат доир ба сиёсати давлатии занон таъкид намуданд, ки “Мо ин сиёсатро дар оянда низ давом дода, занонро ҳамчун чароғи оила, нерӯи тавоною созандаи ҷомеа ва ҳимоятгару идомабахши беҳтарин анъанаҳои миллӣ дастгирӣ менамоем ва дар сохтору мақомотҳои давлатӣ сафи онҳоро бештар мегардонем…”

Дар ҳақиқат, ба тавсиб расидани як қатор қарору қонунҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, ки дар таърихи соҳибистиқлолии мо мавқеи махсуси худро дорад, симои ҷовидонаву қаҳрамонии онҳоро нишон медиҳад. Зеро зани тоҷик барои бақои меҳру муҳаббати самимонаи худ мубориза мебарад.

Имрӯз занону бонувони кишвар ҳуқуқи ширкат дар ҳама сохторҳои давлатиро соҳибанд, инчунин дар майдони ҳунару истеъдод, майдони меҳнату фидокориҳо ва умуман дар ҳама соҳаҳо саҳми онҳо хеле назаррасанд. Занон бо вуҷуди оне, ки зан-модар буда, сириштаи рӯзгор ва таълиму тарбияи фарзандро бар дӯш доранд, ба ҳамаи ин нигоҳ накарда саҳми босазои худро дар рушду нумӯъ ва созандагиву ободии кишвар мегузоранд. Бинобарин зан-модари тоҷикро бахшояндаи меҳру садоқат ва офарандаи ҳаёт мехонандаш.

Бояд зикр кард, ки бузургиву матонат ва нерӯи созандаи занон дар роҳи расидан ба Истиқлолияти давлатӣ хеле калон буда, онҳо баробари мардон ҳам дар ҷодаи сиёсат ва ҳам дар ҷодаи иқтисодиёту ичтимоиёти кишвар қадами устувор мезананд. Ва умуман зан-модари тоҷик тамоми бақову меҳри худро барои ободии оилааш ва ҳамчунин барои бунёди ҷомеаи навини тоҷик бахшидааст.

Натиҷа ин аст, ки Пешвои муаззами кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳояшон ҳамеша дар самти занон таъкид менамоянд, ки “То оне ки ҳастам, ҳамеша модарону бонувони Тоҷикистони азизамро пуштибонӣ ва дастгирӣ хоҳам кард.”

Ин ғамхориву дастгириҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро мо занону бонувони тоҷик зери назорати доимӣ қарор дода, барои гулугулшукуфии Тоҷикистони азиз ва дар тарбия намудани насли наврас кӯшиш менамоем, то дар оянда аз онҳо кадрҳои баландихтисос ба камол расида, ба давлату миллати хеш содиқона хизмат намоянд.

Мудири шуъбаи кор бо занони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ашт Зиёбиддинова Гулчеҳра