Рубрики
! Без рубрики top pay day loan Uncategorized Асосӣ Барномаҳо Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи

“ҶАВОНОН ВА ҲИФЗИ МАНФИАТҲОИ МИЛЛӢ”- баргузории мулоқоту вохӯри бо донишҷӯён

Санаи 14 майи соли 2024, дар асоси нақша- чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бо мақсади ба роҳ мондани корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ миёни сокинон ҷиҳати баланд бардоштани ҳисси ватандӯстиву ватанпарастӣ, ваҳдату худшиносии миллӣ, таъмини амнияти миллӣ, ҳифзи тамомияти арзӣ,  роҳ надодан ба тамоюли бегонапарастӣ, пешгирии хурофотпарастӣ, фарҳанги либоспӯшӣ, хизмат намудан дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори факултаи таърих ва ҳуқуқи Донишгоҳи Давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров мулоқоту вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар он, мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Толибзода Мухтор, ходими намоёни ҳизбию давлатӣ, профессор Назира Ғаффорӣ, Шуҳрат корманди Раёсати КДАМ дар вилояти Суғд Ҷамамуродзода, муовини сардори раёсати кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Муяссар Мавлонӣ ва мудири шуъбаи тарбияи ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Маҳмудзода Бахтиёр иштирок ва суханронӣ намуданд.

Масъулин зимни баромади хеш таъкид доштанд, ки яке аз мушкилоте, ки имрӯз аҳли ҷомеаи башариро фаро гирифтааст, ин зуҳури амалҳои номатлуб аз қабили, экстремизму терроризм аст, ки боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуш – таҳдид ё истифодаи зӯроварӣ, расонидани зарари вазнин, бенизомӣ, барангехтани низои миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ мегарданд.

Таъкид гардид, ки ҷавонон хуб дар хотир дошта бошед, ки пуштибонӣ аз чунин афрод хатои бузург ва хиёнат ба давлат буда, баръакс, мубориза бар ин амалҳои номатлуб ва хурофоту бегонапарастӣ  ба хотири ҳифзи манфиатҳои миллӣ, сохти конститутсионӣ ва Истиқлолияти Тоҷикистон вазифаи муқаддаси ҳар фарди бонангу номус мебошад.

Чуноне, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар таъкид доштанд: “… имрӯз мушоҳида мекунем, гурӯҳҳои ифротӣ ва бегонапараст кӯшиш мекунанд, ки барои расидан ба ҳадафҳои нопоки худ бо шиорҳои динӣ моро аз давлату миллати худ, аз асли тоҷик будан ва пояҳои устувори таъриху тамаддуни ниёгонамон дур созанд”.

Бинобар он, насли ҷавон ба сифати як нерӯи пуриқтидори бунёдкору пешбаранда эътироф шудааст, мақоми сиёсию иҷтимоии он низ на фақат нерӯи демократии давлатро балки хусусиятҳои таҳаввулот, стратегияи тараққиёт ва ояндаи кишварро муайян мекунад. Барои насли ҷавони имрӯз арзишҳои умумимиллӣ ва умумидавлатии Тоҷикистон ва ҳифзи онҳо бояд аз ҳамагуна манфиатҳо боло бошад.

Лозим ба қайд аст, ки ин қабил мулоқоту вохӯриҳо дар тамоми муассисаҳои олии вилоят баргузор гардида истодааст.

Рубрики
! Без рубрики top pay day loan Uncategorized Асосӣ Барномаҳо Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи

ЭҲСОСИ ВАТАНДОРӢ АЗ ХУДШИНОСИИ МИЛЛИСТ!

Тибқи нақшаи кории Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва бо дастуру супориши роҳбарият бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар ташкилоти ибтидоии “Сайёҳи меҳанпараст” дар назди Филиали МД “Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон “ дар вилояти Суғд (ш.Хуҷанд) бо аъзои фаъоли ҳизб ва донишҷӯён вохӯрӣ баргузор гардид. Дар вохӯрии мазкур намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Муталиб Маҳмудзода, намояндаи кумиҷроияи шаҳри Хуҷанд Назокат Юсупова, устоди МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров” номзади илмҳои филология, фарҳангшинос Ислом Раҳимов ва намояндаи нашрияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар вилояти Суғд Ғуфронҷон Аминов суханронӣ намуданд. Вохӯриро муовини директори Филиали МД “Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон “ дар вилояти Суғд (шаҳри Хуҷанд) Мунира Обидова ифтитоҳ намуда, ҳадафи вохӯриро ба ҳозирин шарҳ дод. Дар вохӯрии мазкур доир ба ҳифзи дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, нигоҳ доштани фарҳанги ниёгон, маданияти либоспӯшӣ, эҳтироми калонсолон ва волидайну устодон, истифодаи дурусти телефонҳои мобилӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ, даъват ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳидоят намудан ба ободкориву созандагӣ изҳори назар карда шуд.Таъкид гардид, ки дар солҳои охир терроризму ифротгароӣ ҳамчун вабо паҳн гашта, ба ҳаёти ободу осоиштаи ҷомеаи имрӯза зарар мерасонад ва намехоҳад, ки ҷомеаи имрӯза ба сулҳу субот зиндагӣ кунад. Бояд қайд кард, ки гурӯҳҳои ифротӣ бо роҳҳои гуногун ба давлат ва халқ зарари худро мерасонад. Онҳо мавзеъҳои гуногунро метарконанд ва ба дили мардум тарсу ваҳм меоваранд. Дар замони имрӯза масъалаи шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ яке аз масъалаҳои доғи рӯз ба ҳисоб меравад. Дар асри 21, ки асри техника ва технология ба ҳисоб меравад истифодаи самараноки телефони мобилӣ ва дигар техникаву технология, аз даст надодани зиракии сиёсӣ, баланд бардоштани сатҳи донишҳои сиёсӣ ва маърифати ҳуқуқӣ хеле муҳим мебошад. Ҳамчунин дар мулоқот таъкид гардид, ки давлату Ҳукумати мамлакат барои пешрафти ҷавонон тамоми шароитҳои арзандаро фароҳам оварда, ин қишри ояндасози ҷомеа ҳамеша таҳти таваҷҷуҳи ғамхории Пешвои муаззами миллат қарор доранд. Имрӯз ҷавонони бонангу номуси мамлакат сарбаландона хизмати ҳарбиро адо намуда истодаанд, ки боиси ифтихор мебошад. Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон қарзи шаҳрвандӣ, рисолати ҷавонмардӣ, мактаби бузурги худшиносиву худогоҳӣ ва обутоби бадан мебошад. Аз ин рӯ, изҳори умеду боварӣ карда шуд, ки донишҷӯён бо ҳисси баланди ватандӯстиву ватанпарастӣ баъди хатми донишгоҳ ихтиёран ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон шомил гардида, сарбаландона дар ҳифзи якпорчагии Ватан, таъмини зиндагии осоиштаи сокинони кишвар ва рушди ободии мамлакат саҳми худро мегузоранд.Ҳадаф аз баргузории чорабинӣ баланд бардоштани ҳисси хештаншиносию ватанпарастии насли ҷавон, бо дасту қалби пок ва нияти соф адо намудани хизмати Ватан-Модар ва ба ин васила ба натиҷаҳои дилхоҳ ноил гардида, боз ҳам ободу зебо гардонидани кишвар маҳсуб меёбад.

Рубрики
! Без рубрики top pay day loan Uncategorized Асосӣ Барномаҳо Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи

БӮСТОН: ТАВАҶҶУҲ БА ТАРБИЯИ ҶАВОНОН

Дар асоси дастури роҳбарияти олии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо мақсади пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна гуруҳҳои ифротӣ, хурофотпарастӣ, даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон вохурии гуруҳи корӣ дар Донишкадаи куҳию металлургии Тоҷикистон дар шаҳри Бустон баргузор гардид.

         Дар вохурӣ муовини  раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Салимов Фирдавс, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Бустон Ҷалолзода Миршакар Саид, ректори Донишкадаи куҳию металлургии Тоҷикистон Маҳмадалӣ Бахтиёр Набӣ иштирок намуданд.

     Нахуст  раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Бустон Ҷалолзода Миршакар Саид сухани ифтитоҳӣ намуда, ҳозиринро муаррифӣ намуда, зикр карданд ки имруз ҷомеаи моро вабое бо номи хурофот фаро гирифтааст, ки ин зуҳур ба мафкураи насли наврас таъсире манфие мерасонад, чун тавассули ҷаҳл ҷомеа унсури мавҷудимятро гум мекунад.Пас мо ҷавононро лозим аст, ки ин зуҳуротро ҳарчӣ тезтар аз байн барему, ҷомеаи тамаддунсози навинро бунёд кунем, дониш омузем, забонҳои хориҷиро аз худ кунем, фақат роҳзи ба камолот расиданги танҳо тавассути маънавиёт имконпазир аст.

   Дар рафти вохурӣ муовини  раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Салимов Фирдавс суханронӣ намуда, иброз доштанд, ки имруз Тоҷикистон ба марҳилаи наве гомҳои устувореро мондааст, ин созандагию ободкорӣ маҳз аз истиқлоли комилу ваҳдати сартосарӣ аст. Шукуфоӣ ва пешравии Тоҷикистони азиз аз фаъолияти мову шумо вобастагӣ дорад, бештар ҷуёи илм бошем, хурофот масири фаъолиятро суст мегардонад, гуруҳҳои тундраво бо ғаразҳои нопоки худ ҷавонони ноогоҳро ба доми фиреб мекашанд, лекин мо бояд пеши роҳи ин гуна гуруҳҳоро гирему, сиёсати сулҳҷуёнаи Пешвои миллатро чун дастури маънавии ҳаёт истифода намоем.

  Ба ин васила   ректори Донишкадаи куҳию металлургии Тоҷикистон Маҳмадалӣ Бахтиёр Набӣ баромад карда, қайд намуданд, ки ҷавонон пешбарандаи ҷомеаи имрузу фардо мебошанд, унсури асосии маънавиёт танҳо тавассути хиради комил бунёд мешавад.

 Аз ин ру ҳар як ҷавони қавииродаро лозим аст, ки баҳри ватани азизашон хизматҳои шоён намуда, пеши роҳи тамоми хурофотпарастиро гирифта, истиқлолияти Тоҷикистонро чун арзишмандарин неъмат ҳифзу эҳтиром кард.

Дар фарҷом табодулли афкор сурат гирифта, донишҷуён саволҳо пешниҳод намуда, ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.

Рубрики
! Без рубрики top pay day loan Uncategorized Асосӣ Барномаҳо Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи

ХУҶАНД: АКСИЯИ “ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!

Бо мақсади арҷ гузоштан ба фарҳанги миллӣ ва эҳё намудани анъанаҳои неки ниёгонамон баҳри тарғибу ташвиқи либоси миллии тоҷикона аз тарафи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд  аксия доир шуда истодааст.  Он баҳри бедор кардани ҳиссси худшиносӣ ва худогоҳии миллии ҷавондухтарон равона гардида, ба ин васила мо метавонем онҳоро аз бегонапарастӣ огоҳ намуда, дар қалби эшон меҳанпарастӣ ва  ҳувияти хештаншиносиро ҷой карда бошем. Либоси миллӣ ин муаррифгари миллати мост, бо ба бар кардани либоси тоҷиконаи адрасу атлас ва чакан мо  худро ба ҷаҳониён миллати тоҷик буданамонро нишон медиҳем.

Ба ин хотир идомаи аксияи “Тоҷикона мепӯшем” бо роҳбарии мудири шуъбаи занони кумиҷроияи шаҳри Хуҷанд ташкил гардид. Дар аксияи мазкур занони фаъоли ҳизбӣ ва  ҷавондухтарон бо либоси миллӣ иштирок намуда, дар маҳаллаи “Навбаҳор”-и шаҳри Хуҷанд ва ҷойҳои серодам варақаҳои тарғиботӣ тақсим карданд.

Ҳадаф аз ин баланд бардоштани маърифати фарҳангӣ, бохабар будан аз таърихи гузаштаи хеш, роҳ надодан ба бегонапастӣ ва ба роҳи рост ҳидоят  намудани ҷавонон ба ҳисоб меравад.

Рубрики
! Без рубрики top pay day loan Uncategorized Асосӣ Барномаҳо Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи

ХУҶАНД: МО ҶАВОНОН – ПАЙРАВОНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ!

Бахшида ба моҳвораи ҷавонон мудири шуъбаи ҷавонони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Эҳсон Исоев ҳамҷоя бо бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Хуҷанд бо ҷалби аъзои фаъоли ТҶҶ “Созандагони Ватан” аксияи тарғиботӣ таҳти унвони “Мо ҷавонон – пайравони Пешвои милллат” ташкил ва гузаронида шуд. Дар аксияи мазкур ҷавонон бо парчам ва шиору овезаҳо дар маркази шаҳри Хуҷанд бо як эҳсосоти баланди миллӣ давр зада, ба сокинон варақаҳо табрикотӣ тақсим карданд. Воқеан, ҳам давоми солҳои соҳибистиқлолӣ таҳти сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақому мавқеи ҷавонон дар ҷомеа ба маротиб баланд гардида, ҷалби бештари онҳо ба корҳои ҷамъиятиву идоракунӣ саҳми ин қишри фаъоли ҷамъиятро дар пешрафту ободии мамлакат бештар намуд. Ҳамин аст, ки имрӯз чи дар сатҳи вазорату идораҳои давлатӣ ва чи дар корҳои муҳими ҷамъиятӣ ҷавонон нақши пашбарро доранд ва дар пешрафти соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи мамлакат саҳми арзанда мегузоранд.Имрӯз мо бояд ба қадри давлати тинҷу ором расем ва сиёсати Пешвои миллатро дастгирӣ намуда, баҳри ободиву сулҳу субот ва тараққиёти кишвари соҳибистиқлоламонро дарк карда, барои рушду нумуъ ва ободкориву пешрафти ватани маҳбубамон саҳмгузор бошем.

Рубрики
! Без рубрики top pay day loan Uncategorized Асосӣ Барномаҳо Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мақола

КОНИБОДОМ: ЁДЕ АЗ КОРНОМАИ ПАДАРИ ШУҶОЪ

(БА ИФТИХОРИ 79-СОЛАГИИ ИДИ ҒАЛАБА ДАР ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНӢ) Иди Ғалаба яке аз ҷашнҳои бузург ба ҳисоб рафта, онро чун рузи Ғалаба бар фашизми гитлерӣ таҷлил менамоянд. Ин руз рузи гиромидошти 300 ҳазор ҳамдиёронамон, ки дар ин ҷанг иштирок намудаанд ва рузи посдории 55 миллион қурбониҳои ҷанги даҳшатноктарини воқеахои асри XX мебошад. Осори ин ҷанги хонумонсузи соли 1941-1945 дар ҳар як хонадони тоҷик ба мушохида мерасад. Аз шаҳри Конибодом низ садҳо нафар ҷавонони далеру гаюр ба ҳимояи Ватан ба майдони набард рафтанд. Яке аз ин мардони шучоъ ва ватандуст падари хонадони мо- Исоев Юсуфчон мебошанд. Ин марди шариф зодаи Ҷамоати деҳоти Пӯлодони шаҳри Конибодом буда, солҳои 1932-1941 дар мактаб-интернати шаҳрӣ бо ахлоқи намунаву хониши аъло тахсил намудааст. Соли 1942 дар синни 18-солагӣ ба хизмати Ватан даъват карда шуда, то соли 1947 хизмати Модар-Ватанро идома дод. Хоҳараш устоди пахта, собиқадори соҳаи кишоварзӣ ва ҷанг дар ақибгоҳ Исоева Адолат масъулияти оиларо бар душ гирифта, бародарашро дастгирӣ намуд. Исоев Юсуфҷон дар қатори ҳазорон нафар фарзандони халқҳои Шуравӣ барои ҳимояи марзу буми Ватан ба ҷанг меравад. Исоев Юсуфҷон дар қисми ҳаракаткунандаи ҷангии 202-юм корпуси танкӣ, бригадаи танкии фронти сеюми Украина бар зидди фашистони истилогар ҷасурона ҷангид. Дар озод кардани Украина, Белорусия, Полша, Германия иштирок намуда, иди Ғалабаро дар остонаи шаҳри Берлин ба даст овард. Ҷавони нотарсу ҷасур фарсахҳо дур аз зодгоху пайвандон дар майдони набард ба муқобили душман мубориза бурдааст. Барои шуҷоат ва мардонагӣ бо 18-ордену медалҳо мукофотонида шудааст, ки дар байни онҳо барои гирифтани Кенигсберг низ мебошад, ки аз Тоҷикистон 4 нафар сазовори чунин мукофот гардидаанд. Фаъолияти меҳнатиаш дар соҳаҳои гуногуни кишварамон дар ҳайси роҳбарии чандин ташкилоту муассисаҳо қобили қайд аст. Дар арафаи ҷашни 79-солагии Иди Ғалаба бар фашистони истилогар ин марди майдон ва Падари азизу бузургворамон Исоев Юсуфчонро ба хотир овардан барои мо фарзандон, наберагону аберагон ва дустони хонадонамон шарафи бузург аст. Шараф ба шуҷоату қаҳрамонии чунин падарони дар роҳи озодӣ заҳматкашида. Шараф ! Шараф! Шараф!

Рубрики
! Без рубрики top pay day loan Uncategorized Асосӣ Барномаҳо Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мақола

ИСТИҚЛОЛ: ИДИ ҒАЛАБАРО САЗОВОР ТАҶЛИЛ МЕНАМОЕМ

Санаи 7-уми моҳи майи соли ҷорӣ бобати сазовор таҷлил намудани ҷашни 79-умин солгарди Рӯзи Ғалаба бар фашизми гитлерӣ дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945, Ситоди шаҳрии тадорукот дар назди Муҷассамаи ёдгории шаҳидон доир гардид. Сароғоз муовини якуми Раиси шаҳр М.Алабердиён оид ба сазовор ҷашн гирифтани Иди Ғалаба ба аъзоёни Ситоду роҳбарони ташкилоту муассисаҳо дастур дод. Ҳамзамон, муовини Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Истиқлол М.Бурҳонов, муовини Раиси шаҳр М.Ниёззода дар бораи аҳамияти таърихии ин ғалабаи бузурги инсоният ба фашизми хунхор маълумоти муфассал доданд. Ҳамчунин, шахсони болозикр оид ба масъалаҳои мубрами рӯз, аз қабили: тарғибу ташвиқи Паёми Сарвари давлат, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмоалӣ Раҳмон, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, даъвати ҷавонон ба хизмати Ватан, бартараф намудани тамоюли бегонапарастӣ ва ғайра, ибрози ақида намуда, ҳозиринро ба пурзӯр намудани корҳои таблиғотӣ миёни сокинони маҳаллаҳо даъват намуданд.

Рубрики
! Без рубрики top pay day loan Uncategorized Асосӣ Барномаҳо Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи

ХУҶАНД: АКСИЯИ ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМБО ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ “МАДАД”

Либоси миллӣ як рукни фарҳанги миллат ба шумор рафта, ёдгоре аз гузаштагон аст, ки дар тўли қарнҳо зебоиашро гум накардааст ва минбаъд низ гум нахоҳад кард. Ҷойи хурсандист, ки солҳои охир таваҷҷўҳи роҳбарияти мамлакат ба эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, ташвиқу тарғиби либоси миллӣ зиёд гардидааст ва ин, бешубҳа, сабаб дорад.“Вақтҳои охир тамоюли бегонапарастӣ ва ба фарҳанги бегона майл намудани занону духтарони кишвар, ташвиқи либосҳои бегона дар баъзе шаҳру ноҳияҳои мамлакат низ ба як раванди ташвишовар табдил ёфтааст. Ҳисси бегонапарастӣ ва тақлидкорӣ дар мавриди сару либос ва рафтору гуфтор дар байни занону духтарон метавонад ба устувории рукнҳои фарҳанги миллӣ таъсири манфӣ расонад. Агар иддае ба хотири тақлид ба ин тарзи либоспўшӣ завқ пайдо карда бошанд, баъзеҳо бо мақсади таблиғи ақидаҳои таҳмилӣ ин либосро миёни занону духтарони мо паҳн карда, мехоҳанд дар кишвар боз як ҷараёни нави ифротиро ҷорӣ намоянд”.Мо тарафдори либоси миллии тоҷикон ҳастем ва аз ҷавонон даъват ба амал меоварем, ки ҳеҷ гоҳ бегонапарастӣ накарда, ба фарҳангу тамаддун ва арзишҳои милии тоҷикон эҳтиром гузоранд ва фирефтаи афкори як идда бадхоҳону бадандешон дар хориҷи кишвар нагарданд.

Рубрики
! Без рубрики top pay day loan Uncategorized Асосӣ Барномаҳо Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мақола

ПАНҶАКЕНТ: ҶОМЕАИ СОЛИМ АЗ ОИЛАИ СОЛИМ САРЧАШМА МЕГИРАД

Фалсафи ҳаёт ин аст, ки ҳар як инсон дар оила ба дунё омада, ба воя мерасад. Оре, бунёди оилаи солим, таъмини зиндагии орому осоишта ва бартараф намудани мушкилиҳо дар ҷомеаи муосир яке аз талаботҳои асосии пешрафти он буда, ҷиҳати баланд бардоштани маърифати оиладорӣ, омода намудани ҷавонон ба ҳаёти мустақилона ва пешгирии зуроварӣ дар оила ва вайроншавии онҳо чораҳои доимӣ бояд андешида шавад. Оила барои ҳар як шахс сарчашма барои рушди минбаъдаи ӯст. Бинобар ин дар байни ҳамаи чизҳои ҳаёти инсонӣ муҳимтарин ин оила мебошад. Ба вуҷуд омадани давлат низ аз оила оғоз мегардад. Аз ин ҷиҳат аз давраҳои қадим оила барпо намудан аз суннати деринаи иҷтимоист. Объекти асосии оила зану шавҳар ҳастанд. Онҳо баду неки зиндагиро мефаҳманд, пасту баландии ҳаётро бо ҳам тақсим мекунанд, аз буду набуди зиндагӣ сабр мекунанд ва барои зиндагии шоистаи худ пайваста талош меварзанд. Яъне хушбахтии зану шавҳар дар ҳамдигарфаҳмиву эҳтиром аст. Дар тавлиди оила никоҳ асоси он маҳсуб меёбад. Ҳам дини ислом ва ҳам қонунҳои давлат аз қайди никоҳ гузаштанро ҳатмӣ медонанд. Аммо сад афсӯс, ки ҳоло ҳам баъзе аз оилаҳо бе қайди ақди никоҳ оила барпо мекунанд, ки зидди қонуни давлат аст. Қонуни давлат бояд ҳамеша риоя карда шавад, зеро маҳз қонун ҳимоятгари ҳар як инсон аст. Бадтар агар ин гуна оилаҳо пош хӯранд, вақто ба мақомотҳои лозима барои ҳуқуқи фарзандонашон муроҷиат менамоянд, қонун ҳуқуқи онҳо ва фарзандони онҳоро чӣ тавр ҳимоя намояд? Охир онҳо расман аз рӯи қонун аз қайди никоҳ нагузаштаанд. Агар пурсед мегӯянд, ки мо никоҳи мусалмонӣ карда будем. Лекин ин барои барпо намудани оила ва мустаҳкамии он кифоя намекунад. Бояд ҳар як оила, ки асоси давлат аст аз қайди никоҳи давлатӣ гузаштанаш лозим. Зеро аз оила ҷамъият сар мешавад. Он сарчашмаи муқаддастарини ҳаёт, мактаби ҳаёт ва асоси рушди ҷамъияту давлат аст. Аз ин лиҳоз мо бояд кушиш кунем, ки оилаҳо солим бошанд ва хушбахтона умр ба сар бурда фарзандони аз ҷиҳати руҳи солим, меҳнатдӯст, ватанпарвар, умуман дорои хислатҳои ҳамидаи инсонӣ доштаро тарбия намоянд. Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тадбирҳои хуберо барои ҳимои генофонди миллӣ, оилаи солим, таъмини зиндагии орому осоиштаи мардум эътироф кардаанд. 19 марти соли 2013 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон “Қонун дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила” қабул гардидааст. Мақсади Қонун ҳимояи ҳуқуқии оила ҳамчун асоси ҷамъият, танзими ҳуқуқии муносибатҳои вобаста ба пешгирии зӯроварӣ дар оила, мусоидат намудан ба татбиқи сиёсати давлатӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила мебошад. Бибиам мегуфтанд, ки дар оила муаммоҳои гуногуни ҳаёт зиёданд, ин мушкилотҳоро танҳо дар ҳамдигарфаҳмӣ, оромона сӯҳбат кардан, ва ҳурмату эҳтироми ҳамдигар ҳал карда мешавад. Мушоҳида мекунам, ки имрӯзҳо дар оилаҳои ҷавон самимият, муҳаббат, ҳамдигарфаҳмӣ, эҳтиром ба ҳуқуқи ҳамдигар кам андар кам аст. Агар зану шавҳар муносибатҳои хуби оилавиро иҷро намоянд, ин рафтор ба фарзандон фарзандон таъсири худро мегузорад ва агар баръакс ҷангу ҷидол, сарзаниши ҳамдигар, айби туву айби ман гӯён моҷароҳо сар занад фарзандон парешонтахотир, асабӣ ва сустирода ба воя мерасанд, ки ба пошхӯрии оилаҳо этиологияи асосӣ шуда метавонад. Бадбиниҳо аз нифоқ хезад, Пирӯзи аз иттифоқ хезад . Ту ноз куниву ёри ту ноз, Чун ноз ду шуд талоқ хезад.

Рубрики
! Без рубрики top pay day loan Uncategorized Асосӣ Барномаҳо Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мақола

ЗАФАРОБОД: ИСТИҚЛОЛИЯТ-ҲАДИЯИ БЕБАҲОИ ТАЪРИХИСТ

Итиқлолият неъмати бебаҳост. Агар ба таърих назар андозем дар роҳи истиқлолияти давлатиро ба даст оварданд чи қадар фарзандони фарзонамиллати тоҷик ҷони худро аз даст додаанд, ки аз зумраи онҳо Спитамени шуҷоъ, Темурмалик, Деваштич ва садҳо дигар қаҳрамонон мебошанд. Баъд аз пош хӯрдани давлати Сомониён тоҷикон асрҳо зиёд дар зери таъсири дигар давлатҳо ҳаёт ба сар мебурдан. Гузаштагони мо машаққатҳои сангинро паси сар намуда зиндагони менамудаанд. Баъд аз пош хӯрдани ИҶШС хушбахтона соли 1991 Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳибистиқлол гашт. Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон дар шароити мураккаби таърихӣ ташкил ёфта, ҳаёти навини худро оғоз намуд. Дар чунин давраи ҳассос кувваҳои гуногуни сиёсӣ роҳҳои ғайриконститутсиониро пеш гирифта, гирдиҳамоиҳои шадидро давом дода,соҳибистиқлолии ҷумҳуриро зери хатар гузоштанд.Халқи меҳнаткаши тоҷик ҳоло шаҳди итиқлолияти давлатиро начашида дар Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон соли 1992 ҷанги шаҳрвандӣ сар зад. Ҷанги шаҳрванди ҷангест, ки дар дохили як давлат шаҳрвандони як давлат бар зидди якдигар силоҳ мебардоранд. Аз ҷанги ҷаҳонӣ хаф ва хатари ҷанги шаҳрвандӣ калон аст, агар пеши роҳи ҷанги шаҳрвандӣ гирифта нашавад давлат аз байн меравад ва халқ пароканда мешавад. Маҳз бо хизматҳо Эмомалии Раҳмон соли 1997 бо ба имзо расидани аҳдномаи сулҳи тоҷикон ҷангӣ шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон ба охир расид. Халқи тоҷик бо чунин роҳбари тавоно ва одил истиқлолияти давлатиро ҳифз ва пойдор намуд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин бора чунин гуфтаанд: “ Орзуи ба даст овардани мустақилияти миллӣ амали гашт. Истиқлолият ҳадияи бебаҳои таърих буда,устувору пойдор нигоҳ дошта тавонистани он масъулияти таърихии наслҳои имрӯза мебошад”.Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда 190 давлати дунё эътироф намуда аст. Ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистонро зарур аст, ки ба қадри як каф хоки ватан бирасанд ва истиқлолияти давлатиро ҳифз намоянд.