Рубрики
top pay day loan Асосӣ

ГУЛИСТОН Конференсияи XXVII ғайринавбатии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Гулистон

дар толори Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон бо садо додани Суруди миллӣ, таҳти Раёсати раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Гулистон Ҷамолиён Муслимахон Ғайбуллозода Конференсияи XXVII ғайринавбатӣ баргузор гардид.

Дар рафти кори Конференсия иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Гулистон Ҳошимзода Раъно, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон ва 110 нафар вакилон аз ташкилотҳои ибтидоии ҲХДТ иштирок доштанд.

Ба баррасии Конференсия се масъала:

1. Пешбарӣ намудани номзад ба вакилии маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд аз ҳавзаи интихоботии “Қайроққум” №15

2. Пешбарӣ намудани номзадҳо ба вакилии маҷлиси вакилони халқи шаҳри Гулистон аз ҳавзаи интихоботии “Ваҳдат” №10 ва “Навобод” №24

3. Интихоби ҳайати нави КИ ҲХДТ дар шаҳри Гулистон мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Пас аз муҳокимаи масъалаҳои Конференсия қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.

Номзадии иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳр Ҳошимзода Раъно ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд аз ҳавзаи интихоботии “Қайроққум” №15 ва ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Гулистон аз ҳавзаи интихоботии “Ваҳдат” №10 пешбарӣ карда шуд. Номзадии Мадаминов Раҳматҷон Ҳусейнович бошад ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Гулистон аз ҳавзаи интихоботии “Навобод” №24 пазируфта шуд.

Пас аз қабули ҳайати нави КИ ҲХДТ дар шаҳри Гулистон Исмоилзода Зуфар Муртазохон раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд баромад намуда, иштирокчиёни Конференсияро барои эҳсоси масъулияти баланд дар татбиқи нишондиҳандаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақоми олии қонунгузори кишвар ва мардуми шарифи Тоҷикистон даъват намуд.

Ҳамчунин иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Гулистон Ҳошимзода Раъно аз дастгирии вакилони Конференсия дар пешбарии номзадиаш аз ҲХДТ изҳори миннатдорӣ намуда, иброз доштанд, ки танҳо бо дастгирии аҳли ҷамоатчигӣ ва фаъолони шаҳр имконияти расидан ба дастовардҳои назаррас вуҷуд дорад. Номбурда аз иштирокчиёни Конференсия даъват намуданд, ки барои расидан ба ҳадафҳои бузург, яъне таъмини зиндагии шоиста ва сазовори мардум бояд сарҷаму муттаҳид ва бо масъулияти баланд корбарӣ намоем.

Бо садо додани Суруди миллӣ ба кори Конференсияи XXVII ғайринавбатии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон хотима дода шуд.

Рубрики
top pay day loan Асосӣ

ХУҶАНД: Фаъолияти КИ ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд дар семоҳаи аввали соли 2022 натиҷагирӣ шуд

Санаи 1 – апрели соли равон маҷлиси ҷамъбастии семоҳаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардид. Дар кори он раисони кумитаҳои иҷроияи ибтидоӣ, ташкилотҳои ибтидоӣ, собиқадорони ҳизб, аъзоёни фаъоли Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” ва аъзоёни фаъоли кумиҷроияи шаҳрӣ ширкат доштанд.

Маҷлисро Раиси кумиҷроияи шаҳр Маликисломӣ Наим Мунаввар ифтитоҳ намуда, иштирокчиёнро бо рӯзномаи маҷлис шинос кард ва оид ба ҷамъбасти фаъолияти Кумитаи иҷроия дар давраи семоҳаи аввали соли 2022 ҳисобот дод. Мавсуф зимни суханронии худ қайд кард, ки давоми се моҳи аввали соли равон 488 нафар аъзо ба сафи ҳизб дохил шуданд. Айни замон аъзои ҳизб дар шаҳри Хуҷанд ба 19 ҳазору 527 нафар расидааст ва аз ин шумора 12 ҳазору 389 нафарро занон ва 8 ҳазору 273 нафарро ҷавонон ташкил медиҳанд.

Дар ин давра 2 ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ таъсис ёфт, ки айни ҳол шумораи ташкилотҳои ибтидоӣ ба 248 адад расид.

Масъалаҳои муҳими сиёсиву дохилиҳизбӣ, аз ҷумла вазифаҳои ташкилотҳои ҳизбӣ, муҳокимаи фаъолияти ташкилотҳои ибтидоӣ, қабул ва тасдиқи низомномаи воҳидҳои сохторӣ, тоза кардани сафи ҳизб аз шахсони тасодуфӣ, супоридани аъзоҳаққӣ, таъсиси ташкилотҳои ибтидоии нав, қабули аъзо ба сафи ҳизб, натиҷаи “Ҳафтаи тақвияти кори дохилиҳизбӣ”, ба низом даровардани ҳуҷҷатгузорӣ ҳафтаи аввали моҳи март бо масъулини 19 ташкилотҳои ибтидоӣ ва монанди инҳо, ки аз дастуру супоришҳои роҳбарияти Олии ҲХДТ бармеоянд, дар рафти баромад таъкид шуданд.

Дар баромад ҳамчунин зикр шуд, ки кумиҷроия ҳамасола тибқи нақшаи кории худ ҷиҳати ташкил ва баргузор намудани чорабиниҳои сиёсӣ, оммавӣ ва фарҳангӣ корҳои назаррасро ба сомон мерасонад. Давоми моҳҳои сипаришудаи соли 2022 низ як қатор чорабиниҳо дар ташкилотҳои ибтидоӣ, муассисаву корхонаҳо ва кумитаи маҳаллаҳои шаҳр роҳандозӣ гардиданд.

Муовини раиси Кумитаи иҷроияи шаҳри Хуҷанд Муҳаббат Ӯрунбоева оид ба роҳандозии вохӯриву мулоқотҳо дар бораи фаҳмондадиҳии Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар семоҳаи аввали соли 2022 гузориш дод. Ӯ қайд кард, ки дар асоси ҷадвали тасдиқкардаи кумиҷроияи шаҳр дар 165 ташкилотҳои ҳизбӣ, муассисаву корхонаҳо ва кумитаи маҳаллаҳои шаҳри Хуҷанд мулоқоту вохӯриҳо доир карда шуд, ки дар онҳо 11240 нафар шунавандагон ҷалб гардиданд. Дар вохӯриҳо намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд, аъзои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд, олимону устодони донишгоҳҳои олӣ, собиқадорон ва фаъолони ҳизб фаълолна иштирок ва баромад намуданд.

Сипас, мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои кумиҷроия Маҳмадсалим Ҳаитов оид ба тасдиқи фармоишҳои раиси кумиҷроия дар давраи семоҳаи аввал маълумот дода зикр намуд, ки дар ин давра фармоишҳои раиси кумиҷроия дар бораи рӯзи ахбори ягонаи сиёсӣ, гузаронидани чорабиниҳои пешгирикунанда аз хуруҷи бемориҳои сироятӣ ва эмгузаронӣ, оид ба сафари хизматӣ, рухсатии хизматӣ, қадршиносии фаъолони ҳизб, таҷлили ҷашни 29 – солагии таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъсиси Ситоди доимоамалкунанда оид ба тарғибу ташвиқи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳафтаи тақвияти кори дохилиҳизбӣ, таъсиси курси захираи кадрҳои назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд, баргузори чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи модар ва Наврӯзи Аҷам ва дигар масъалаҳои дохилиҳизбӣ ба имзо расид ва онҳо тибқи нақшаи чорабиниҳо давра ба давра иҷро шуда истодаанд.

Дар идомаи кори ҷаласа рӯзи баргузории Конференсияи 27 – уми ғайринавбатӣ муаяйн ва ҷадвали баргузории маҷлисҳои ташкилотҳои ибтидоӣ оид ба пешбарии вакилон ба Конференсия тасдиқ карда шуд.

Тибқи рӯзномаи маҷлиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд ба масъалаҳои баррасишуда қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.

Собиқадори ҳизб Ӯғулой Умаралиева аз номи иштирокчиён фаъолияти кумиҷроияро хуб арзёбӣ намуда, ба фаъолияти минбаъда барору комёбиҳо таманно кард.

Рубрики
top pay day loan Асосӣ

ХУҶАНД: Зан – фариштаи осмон

Бахшида ба Рӯзи модар дар ташкилоти ибтидоии “Шифокор” чорабинии идона баргузор гардид, ки дар он Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Маликисломӣ Наим Мунаввар, сардухтури беморхонаи клиникавии вилояти Суғд Фаррух Мақсудзода, аъзоҳои фаъол ва табибону ҳамшираҳои шафқат иштирок доштанд.

Раиси кумиҷроияи шаҳри Хуҷанд Маликисломӣ Наим Мунаввар занону бонувонро бо фарорасии бузургдошти Рӯзи модар табрик намуда, афзуд, ки занону модарони хирадманду оқил, муборизу озодихоҳи тоҷик дар паҳлӯи мардон барои озодиву осоиш ва соҳибистиқлоли сарзамини аҷдодиамон талошу мубориза мебаранд. Саҳми занон дар ҳама соҳаҳои мухталифи кишвар ва хосатан дар соҳаи тандурустӣ бениҳоят назаррас аст. Махсусан, саҳми табибону ҳамшираҳои шафқат дар давраи пандемия хеле бузург буда, дар давраи бисёр ҳассос рисолати худро дар назди халқ ба сомон расониданд.

Дар фарҷоми чорабинӣ ба якчанд фаъолзанон Сипосномаву тӯҳфаҳои кумиҷроияи шаҳр тақдим карда шуд.

Рубрики
top pay day loan

Оғози бунёди марҳилаҳои 1, 2 ва 3-и лоиҳаи роҳи мошингарди Роғун – Обигарм – Нуробод

7 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Нуробод нахуст бо лоиҳаи бунёди роҳи мошингарди Роғун- Обигарм-Нуробод шинос гардиданд.

Татбиқи ин лоиҳаи муҳим дар идомаи иқдомоти давлату Ҳукумати мамлакат ҷиҳати ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон рӯи даст гирифта шудааст.

Лоиҳа ба 3 марҳила ҷудо карда шуда, марҳилаи якуми он роҳи асосии Обигарм-Тагикамар масофаи 30,2 километрро дар бар мегирад.

Зимни муаррифии лоиҳа иттилоъ дода шуд, ки дар ин марҳила сохтмони нақбҳои “Қандак” бо дарозии 1,6 километр ва “Қарағоч” бо 1,7 километр, бунёди 5 пули нав, таҷдиди 1 пул, 28 истгоҳ, пиёдароҳ бо масоҳати 14 ҳазору 860 метри мураббаъ ва гузоштани аломатҳои роҳ бо дарозии 102,5 километр пешбинӣ шудааст.

Маблағгузории марҳилаи якум 178,1 миллион долларро ташкил медиҳад, ки 110 миллион гранти Бонки осиёгии рушд, 40 миллион қарзи фонди Созмони кишварҳои содиркунандаи нафт (ОПЕК) ва 28,1 миллион доллар саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Марҳилаи дуюми лоиҳа аз 44,1 километр роҳи асосии Тагикамар-Нуробод ва аз 45 километр роҳи байнидеҳавӣ иборат буда, ба роҳи нави асосӣ пайваст мешавад.

Дар доираи ин марҳила низ сохтмони нақби “Тагикамар” бо дарозии 2,6 километр, 6 пули нав, таъмир ва таҷдиди 1 пули мавҷуда, 1 пули минтақавӣ, 54 истгоҳ, пиёдароҳ бо масоҳати 27 ҳазору 312 метри мураббаъ ва нишонагузории 107,2 километр роҳ дар назар дошта шудааст.

Инчунин, дар доираи лоиҳа 70 километр роҳҳои маҳаллии ноҳияҳои зикргардида низ бунёду азнавсозӣ карда мешаванд.

Сарчашмаи маблағгузории марҳилаи дуюм аз ҳисоби қарзи Бонки аврупоии таҷдид ва рушд буда, 150 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад.

Марҳилаи сеюми лоиҳаи мазкур сохтмони пули бузург буда, бо дарозии 760 метр бунёд карда мешавад.

Маблағгузории пули бузург аз ҷониби Бонки Осиёии сармоягузориҳои зерсохторӣ амалӣ мегардад, ки ҳаҷми он 50 миллион доллари амрикоӣ мебошад.

Зимни муаррифии лоиҳа ба Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки барои тайёр кардани лоиҳаи муфассал ва асосноккунии техникӣ – иқтисодии пули мазкур созишнома байни Вазорати молия ва Бонки Осиёии сармоягузориҳои зерсохторӣ ба маблағи 3,2 миллион доллар ҳамчун кӯмаки техникӣ ба имзо расонида шудааст.

Ҳамчунин тамоми воситаҳои техникии роҳсозӣ, ки иборат аз мошинолоти пешрафта мебошанд, ба маҳали сохтмони асосӣ дастрас гардидааст.

Маблағи умумии лоиҳа зиёда аз 4,3 миллиард сомонӣ (беш аз 381 миллион доллар)-ро ташкил медиҳад, ки маблағҳои грантӣ ва қарзҳои имтиёзноки шарикони рушдро дар бар мегирад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз шиносоии пурра бо ҷараёни татбиқи лоиҳа дар ҳамин ҷо бо бардоштани парда аз болои санги рамзӣ ба корҳои сохтмонии роҳи мошингарди Роғун – Обигарм – Нуробод расман оғоз бахшиданд.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати оғози бунёди боз як иншооти барои кишварамон бузург дар назди сокинон ва меҳмонони ноҳияи Нуробод суханронӣ карданд.

Сарвари давлат нахуст кулли сокинони водии Рашт, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва ҳамаи ҳозиринро ба муносибати оғози корҳои сохтмонӣ дар ин роҳ, ки боз як иқдоми нек дар раванди бунёдкориву созандагӣ ба ифтихори 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад, табрик карданд.

Таъкид гардид, ки ҳадафи давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз бунёди зерсохтори нақлиётӣ дар минтақаи Рашт аз он иборат аст, ки рушди соҳаҳои мухталифи ноҳияҳои водӣ ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро аз тариқи роҳи алтернативӣ таъмин ва дар ин замина даҳҳо ҳазор ҷойи кории нав таъсис ва сатҳу сифати зиндагии мардум боз ҳам баланд бардошта шавад.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи суханронии худ таъкид доштанд, ки бунёди роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун – Нуробод – Рашт – Лахш бо дастгирии шарикони рушд ҳанӯз соли 2005 оғоз гардида, дар доираи лоиҳаҳои сармоягузорӣ беш аз 310 километр роҳҳои дорои аҳаммияти байналмилаливу ҷумҳуриявӣ ва 138 километр роҳҳои маҳаллӣ ба маблағи умумии 1,9 миллиард сомонӣ сохта, ба истифода дода шудааст.

Пас аз суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбари намояндагии Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд Айтен Рустамова ва сокинони ноҳияи Нуробод баромад кардаанд.

Манъба: http://www.president.tj/node/25859

 

 

 

Рубрики
top pay day loan

Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Нуробод

07.06.2021

7 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо ҷараёни корҳои бунёдкорию созандагӣ ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, оғози корҳои сохтмонӣ дар як қатор иншооти нав ва мулоқот бо сокинону фаъолон ба ноҳияи Нуробод ташриф оварданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар шаҳраки Дарбанд – маркази ноҳияи Нуробод роҳбарият, фаъолон ва намояндагони ҷавонону аҳли фарҳанг бо самимияти беандоза ва руҳияи болида истиқбол намуданд.

Манбаъ: http://www.president.tj/node/25858

Рубрики
top pay day loan

ХУҶАНД: ДАВРИ ШАҲРИИ МАҲФИЛ-ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ “НАҚШИ КИТОБИ “ТОҶИКОН” ДАР ШИНОХТИ АСОЛАТИ МИЛЛӢ”

Баҳри дар амал татбиқ намудани барқияи 37 Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд аз 13 апрели соли 2021 бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти Ҷумуҳрии Тоҷикистон махфил озмуни ҷумҳуриявӣ “Нақши китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров дар шинохти асолати миллӣ” дар маҷлисгоҳи КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд санаи 5 июни соли 2021 даври шаҳри баргузор гардид. Дар озмуни мазкур донишҷӯён муассисаҳои олӣ ва хонандагони синфҳои 10 ва 11 муассисаҳои таълимии шаҳри Хуҷанд иштирок доштанд. Озмуни мазкурро раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд хусни ифтитоҳ бахшида ба иштирокчиён мувафиқият таманно намуд. Озмун аз руйи ду шарт хатти ва шифохи баргузор гардид. Ғолибони озмуни мазкур бо сипоснома ва тӯҳфаи кумиҷроия сарфароз гардонида шудаанд.

Рубрики
top pay day loan

ДЕВАШТИЧ: ҶАМЪОВАРИИ АШЁИ ХОМИ САНОАТӢ

Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Деваштич аз фаъолияти ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии хоҷагиҳои деҳқонии ҳудуди Ҷамоатҳои шаҳраки Ғончц ва Яхтан дидан намуд.

Бояд қайд намуд, ки дар хоҷагиҳои деҳконии Ҷамоатҳои мазкур ҷамъоварии ашёи хоми саноатӣ –пилла оғоз гардидааст.

Аъзоёни фаъоли ҳизбӣ ҷиҳати сазовор таҷлил намудани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар истеҳсоли ин ашёи хоми саноатӣ пурмаҳсул фаъолият намуда, аз ҳар қуттии кирмак то 55-60 килограммӣ ҳосили пилла истеҳсол намудаанд.

Рубрики
top pay day loan

ДЕВАШТИЧ: ЭКСКУРСИЯИ ХАТМКУНАНДАГОН

Яке аз самтҳои асосии фаъолияти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Деваштич тарғибу ташвиқи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии кишвар маҳсуб меёбад.

Дар Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд карда шудааст: «Дар сиёсати давлату Ҳукумати Тоҷикистон танзими муносибатҳои меҳнатӣ, рушди бозори меҳнат ва бо шуғл таъмин намудани аҳолӣ мавқеи асосӣ дорад»

Бо мақсади интихоби касби хатмкунандагони муассисаҳои таълимии ноҳия ва тарғибу ташвиқи ҳадафи чоруми стратегӣ-саноатикунонии кишвар гурӯхи тарғиботчиёни ҳизбӣ ба корхонаҳои саноатии ҳудуди ноҳия экскурсияи хатмкунандагонро роҳандозӣ намуданд.

Хатмкунандагон аз корхонаҳои саноатии ҶДММ «ҲАҶМИС» ва ҶДММ «Спитамен» дидан намуда, аз фаъолияти ин корхонаҳои саноатӣ аз наздик шинос гардиданд.

Зимни экскурсия хатмкунандагон аз ободию сарсабзии кишвари куҳанбунёду соҳибистиқлоли худ ифтихор намуда, бо изҳори сипосу шукргузорӣ қайд намуданд, ки барои ободию сарсабзии Ватан ҳамеша софдилонаву содиқона фаъолият хоҳанд намуд.

Рубрики
top pay day loan

ҶАББОР РАСУЛОВ: КОРҲОИ ТАРҒИБОТӢ ДАР ДЕҲАҲОИ ДУРДАСТ

Дар деҳаҳои Тоҷикобод ва Маданияти Ҷамоати деҳоти Гулхонаи ноҳияи Ҷаббор Расулов корҳои фаҳмондадиҳӣ аз ҷониби кормандони КИ ҲХДТ дар ноҳия оид ба иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҳамчунин пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои экстремистӣ – террористӣ, пешгирии падидаҳои номатлуби ҷомеа, пошхӯрии оилаҳо ва зуҳуроти бегонапарастӣ, самаранок истифода бурдани замини наздиҳавлигӣ, захира намудани ғизои 2 сола ва пешгирии бемории сироятии COVID-19 баргузор гардида истодааст.

Дар вохӯрии мазкур муовини раиси КИ ҲХДТ дар ноҳия Умарзода Ботирҷон ва мутахассиси КИ ҲХДТ дар ноҳия Саматов Исмоилҷон иштирок ва суханронӣ намуданд.

Рубрики
top pay day loan

ҶАББОР РАСУЛОВ: ҲХДТ- ҳамқадами саодати Ватан

Тибқи нақшаи чорабинии шуъбаи занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷаббор Расулов бо занони фаъоли МТМУ №22 мизи мудаввар доир ба фаъолгардонии барномаҳои тақдирсози кишвар ҳамчун мақсади ҲХДТ байни занони фаъоли ҷомеа дар мавзӯи «ҲХДТ- ҳамқадами саодати Ватан» ташкил ва гузаронида шуд.

Дар мизи мудаввари мазкур мудири шуъбаи занон ва ҷавонони КИ ҲХДТ дар ноҳия Алимова Наргиза иштирок намуда, дар баромади худ оид ба амалӣ намудани ҳадафҳои созандаи ҲХДТ-ро таҳти шиори «Барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум» кори аввалиндараҷаи ҳизбиён арзёбӣ намуд. Баъдан корманди Кумитаи иҷроия дар бораи дастовардҳои даврони Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, тарғиби фарҳанги миллӣ, пешгирии хурофоту бегонапарастӣ, риояи Қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешгирӣ намудани ҳолатҳои номатлуб дар байни занон суханронӣ намуд.

Дар фарҷоми чорабинӣ вобаста ба мавъзӯи матраҳгардида аз ҷониби иштирокчиён музокираҳо сурат гирифт.