Рубрики
Uncategorized

ГУЛИСТОН: ТАҚВИЯТИ КОРҲОИ ДОХИЛИҲИЗБӢ ДАР ТАШКИЛОТҲОИ ИБТИДОӢ

        Баҳри дар амал татбиқ намудани ҳадафҳои Оиннома ва Барномаи ҳизб, ҷиҳати тақвият бахшидан ва самаранок пеш бурдани фаъолияти ташкилотҳои ибтидоӣ, дар самти тақвияти корҳои дохилиҳизбӣ инчунин расонидани ёрии методӣ аз ҷониби масъулини Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷиистон дар шаҳри Гулистон фаъолияти ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии “Шаҳраки Сирдарё” ва  “Экспедитсияи комплексии геологии Қайроққум” санҷида шуд.

       Зимни суҳбат бо раисони ташкилотҳои ибтидоӣ ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳо дар самти ҳуҷраи ҳизбӣ, пешбурди кор ва ҳуҷҷатнигорӣ, дуруст ба роҳ мондани супоридани ҳаққи аъзогӣ маслиҳатҳои методӣ расонида шуд.

Рубрики
Uncategorized

ИСТИҚЛОЛ: Ту Каъба чӣ меравӣ, дилеро дарёб.

Арзи сипоси як нафар аз ниёзмандон ба Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Рубрики
Uncategorized

ГУЛИСТОН: КОРҲОИ ТАРҒИБОТӢ

      Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон ҷиҳати риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон“Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим”, “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” дар Ҷамоати шаҳраки Адрасмон бо усули маҳал ба маҳал бо сокинон корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ ва фаҳмондадиҳиро ба роҳ монд.

      Тарғиботчиён зимни баромади хеш ба сокинони шаҳрак иброз намуданд, ки Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханронии хеш тарғиби либосҳои бегона ва анъанаҳои фарҳанги дигарон таъкид намуда буданд:  “Ҳисси бегонапарастӣ ва тақлидкорӣ

дар мавриди сару либос ва рафтору гуфтор дар байни занону духтарон метавонад ба устувории рукнҳои фарҳанги миллӣ таъсири манфӣ расонад”.                                                                                                          

      Агар гуруҳе ба хотири тақлид ба ин тарзи либоспӯшӣ завқ пайдо карда бошанд, баъзеҳо бо мақсади таблиғи ақидаҳои таҳмилӣ ин                    либосро миёни занону духтарони  мо паҳн карда, мехоҳанд дар кишвар боз як ҷараёни нави ифротгароиро ҷорӣ намоянд”. Либоси миллӣ нишон аз фарҳанги мост, моро зарур аст, ки фарҳанги миллиро бо тақлидҳо ба бегонагон фасод насохта, онро бо тамоми нозукиҳояш ба насли оянда мерос гузорем. Либоси миллӣ муаррифгари давлат ва миллат дар арсаи байналмиллалӣ мебошад. Давлатро аз рӯи либос ва фарҳанг мешиносанд. Занону духтарони моро зарур аст, ки фарҳанги миллати худро муқаддас доранд. Ҳамзамон,  ба падару модарон моҳияти қабули Қонунҳо фаҳмонида шуда, риояи ҳатмии он аз сокинон талаб карда шуд. Аксҳо аз ҷараёни корҳои тарғиботӣ.

Рубрики
Uncategorized

ПАНҶАКЕНТ: ТАҚВИЯТИ КОР ДАР ТАШКИЛОТҲО

 Субҳи имрӯз Шириншоҳ Нуруллоев- роҳбари дафтари матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент дар доираи рўзи тақвияти корӣ аз ташкилоти ибтидоии ҳизбии ” Парасту” боздид ба амал овард. Зимни боздид аз ташкилоти ибтидоии ҳизбии мазкур оид ба танзими ҳуҷҷатҳо, зиёд намудани сафи аъзои ҳизб аз ҳисоби шахсони фаъолу арзанда, пардохти саривақтии ҳаққи маблағи узвият ва саривақт пешниҳод кардани ҳисоботҳо ба масъулин дастурҳои методӣ манзур карда шуданд. Дар ин раванд, ҳангоми боздид ҳолати утоқ ва гӯшаҳои ҳизбии ташкилоти болозикр, санадҳои асосии таъсисёбии ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, ҳуҷҷатгузории онҳо мутобиқ ба талаботҳои Оиннома, Низомнома ва дастурамалҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, инчунин саҳми ташкилоти ибтидоӣ дар ободонии идора мавриди омӯзиш қарор дода шуд. Дар идомаи боздид корбарию коргузорӣ, ҳуҷҷатнигорӣ, баргузории соатҳои сиёсӣ, маҷлисҳои ҳизбӣ, рафти иҷрои нақшаи чорабиниҳо, протоколҳо, пешниҳоди ҳисобот ва ахбори сиёсӣ, пешниҳоди ҳисоботи оморӣ ва ҳолати варақаи узви ҳизб ва шаҳодатномаҳои ҳизбӣ мавриди омӯзиш ва корбарӣ қарор дода шуд. Дар охир бобати тақвият бахшидани фаъолияти ҳизбӣ кумаки амалӣ-методӣ расонида шуд. Шириншоҳ Нуруллоев андешаҳои худро пиромуни масъалаҳои муҳими ҷомеа, аз қабили шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, пешгирии падидаҳои номатлуб, пешгири аз ҷиноятҳои коррупсионӣ, баланд бардоштани нуфузи ҳизб дар ҷомеа, интизоми ҳизбӣ ва дигар масъалаҳои ҷорӣ бо таҳлилҳои наҷиб баён дошт. Аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон будан барои ҳар як шаҳрванди ватандӯсти кишвар ифтихор аст. Дафтари матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент

Рубрики
Uncategorized

ПАНҶАКЕНТ: ВОКУНИШ: САГҲО АККОС МЕЗАНАНД !

Имрӯз гирди номи яке аз мубаллиғони ҳизби мамнӯъи Наҳзати ислом Муҳаммадиқболи Садриддин сару садоҳо зиёд ҳастанд. Ӯ тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ба таври худ аз он ки дар филми мустанади “Хиёнат” лоқу парашро ба тавре шамол доданд, “қасос” гирифтан мехоҳад. Ин навбат ин мубаллиғи ношуд даст ба тӯҳмати дигар задааст. Дар шабакаи Ютуб навореро аз сомонаи “Ислом-нет” ё Минбари муҳоҷир гузоштааст, ки саропо нисбати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тӯҳмат аст. Ӯ дар ин наворҳо , ки аз ҳар ҷой барчида, ба қавли мутахассисони телевизион “монтаж” шудаанд, мехоҳад мисли худ сагбаччаҳо пайдо намуда, бо ҳамин роҳ сафи муштариёни худро дар сомонаҳо зиёд намояд. Муҳаммадиқболи Садриддин аслан ба ақли солим коре надорад, Бо супориши хоҷааш Муҳиддин Кабирӣ метавонад сафедро сиёҳ ва сиёҳро бе ҳеҷ андеша сафед гӯяд ва барои ин аз ҳеҷ пастию разилию тӯҳмат рӯй наметобад. Ба умеди он ки кадом хушбоваре ба ин дом меафтад. Хушбахтона, сокинони солимақли меҳан аз кору пайкори фарзанди фарзонаи миллат ки ҳамеша барои оромиву осудагии диёр, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардуми Тоҷикистон, талошҳо ва ҷоннисориҳо баҳри якпорчагии кишвар огоҳу шинос ҳастанд ва ба ин ҳарзаҳои кадом Муҳаммадиқбол бовар намекунанд. Мардум корҳои шоиста ва бунёдкориҳое, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегиранд , бо чашми худ ҳамарӯза мебинанд ва баҳои ҳаққонӣ медиҳанд. Дар урфият мақоле ҳаст: “душман агар гап наёфт, думи сагат каҷ мегӯяд”. Ҳамин маъниро дорад даъвоҳо ва наворҳои ин косалеси хони Муҳиддин Кабирӣ. Ӯро ҳам фаҳмидан мумкин. Ҳамин гуна тӯҳмат накунад, аз буданаш барои хоҷааш чӣ манфиате мерасад? Ва боз: Санги бадгавҳар агар косаи заррин шиканад, Қимати санг наяфзояду зар кам нашавад . Орзуи Комил, узви ҲХДТ

Рубрики
Uncategorized

БӮСТОН: Оила- ошёни меҳр

     “ Он ҷашни хушбахтӣ, ишқ ва вафодорист,  ҷашни нишоти меҳри волидайн, эътимоду боварӣ ва ҷашни бузурги оиладорӣ мебошад, ки бори аввал кудак дар оила онро таҷриба мекунад”.

   Оиларо ошёни меҳр мегӯянд, ошёне, ки дар пояи баланд қарор дораду кулли бурду бохти зиндагиро барои ҳар як инсон меомӯзад, чунки ҳастии инсон маҳз аз оила сарчашма мегирад. Пас, оила бояд ба тавре банду баст карда шавад, ки нуқси ночизи он (камтарин нофаҳмиҳои оилавӣ) низ ҳамчун як ширинии ҳаёт пазируфта шавад.

    Оила ва суннатҳои оиладорӣ дар ойинҳои миллии тоҷикӣ ба фарҳанг ва маърифати ин миллати куҳанбунёд асос ёфта, аз маросим ва суннатҳои дигари рузгори мардуми  тоҷик мисли ҷавонмардиву футувват,озодагиву озодманишӣ, башардустиву адолатпешагӣ сарчашма ва ғизо мегиранд.         Худшиносӣ, маърифати баланди фарҳанги оиладорӣ ва дурандешиву озодманишӣ  ин аст, калиди бахту саодат ва роҳ ба суи комёбиҳо.

    Оила сутуни ҷомеа ва ҷомеа сутуни давлату миллат аст. Ин партав асрҳо инҷониб идома дошта,  пайванди ногусастанӣ дорад, чун оила ҳамеша дар меҳвари сиёсати созандаи хукумати кишвар қарор дорад. Агар оила пойдориаш устувор бошад, метавон гуфт ки ояндаи миллати соҳибтамаддуни мо пайкараи бузургеро дорост.Чун тавонмандии тамоми соҳаҳои кишвар аз оила сарчашма мегирад, яъне тарбияи дурусти фарзандон ва  дар меҳвари онҳо коштани тухми нишот, накукорию нексолорӣ дарак аз маърифати баланди оиладорӣ медиҳад.

      Таҳкими оиладорӣ  ҳамеша дар партави сиёсати созандаи Пешвои муаззами миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Дар яке аз суханрониҳояш таъкид карданд, ки “Масъалаҳои маърифати оиладорӣ, баланд бардоштани масъулияти падару модарон дар таълиму тарбияи фарзанд, омода кардани фарзандон ба ҳаёти мустақилона ва пойдории оила аз ҷумлаи мушкилотҳое мебошанд, ки диққати доимии тамоми мақомоти давлатӣ, муассисаҳои таҳсилотӣ ва кулли аъзои ҷомеаро тақозо мекунад”.   Дар ҳақиқат имрӯз масъалаи оиладорӣ зуҳуроти ҷиддиеро талаб мекунад, яъне асолати мо беҳбуд бахшидан  ба ҳаёти халқ ва баланд бардоштани маънавиёти оила мебошад,  чун муттаҳидии оила ин муттаҳидии миллат мебошад.

   Ҳаёти солимии миллат аз фазои солимии оила маншаъ мегирад.Оила чун зинаи аввали бунёди ҷомеа нақши меҳварӣ дар густариши он дорад.То кадом ҳад вазъи иҷтимоӣ –иқтисодӣ ва фарҳангию ахлоқии оилаҳо дар сатҳи баланд бошад, ҳамон андоза он ба рушд ва пешрафти давлату миллат мусоидат менамояд. Худи таҳкиму таъмини саодати хушбахтии оила як шеваи бархурди инсонгароёна ва яке аз заминаҳои асосии низоми давлатдорӣ ба ҳисоб меравад. Муҳим он аст, ки дар фаросуи ҳаёт рисолати худро дарк намоему пойдевори зиндагии худро ба арҷгузорӣ ба рукнҳои муқаддаси оиладорӣ мустаҳкам намоем.

Рубрики
Uncategorized

ГУЛИСТОН: ИДОМАИ ТАҚВИЯТИ КОРҲОИ ДОХИЛИҲИЗБӢ ДАР ТАШКИЛОТҲОИ ИБТИДОИИ ҲИЗБӢ

Таърихи 07.04.2023 Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон ҷиҳати иҷрои фармоиши Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд аз 5-уми январи и соли 2023 таҳти рақами 1 дар бораи “Ҳафтаи тақвияти кори дохилиҳизбӣ” фаъолиятро идома дод.

Масъулин баҳри самаранок пеш бурдани фаъолияти ташкилоти ибтидоӣ, ба низом даровардани корҳои дохилиҳизбӣ, қабули босифати аъзои ҲХДТ, пардохти саривақтии ҳаққи аъзогӣ ва ҷобаҷогузории ҳуҷҷатгузорӣ аз ташкилотҳои ибтидоии  ҳизбии “Беморхонаи Адрасмон” ва “КБХРМ Адрасмон”дидан намуда,  ҷиҳати пешбурди кори ташкилот дастуру маслиҳатҳои судманд дод.

Рубрики
Uncategorized

АЙНӢ: ТАҚВИЯТИ ФАЪОЛИЯТИ ТАШКИЛОТҲОИ ИБТИДОӢ

Имрӯз аз ҷониби масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Айнӣ дар ташкилотҳои ибтидоии назди кумиҷроия тақвияти корҳои ҳизбӣ гузаронида шуд.

Масъулини кумиҷроия аз самти фаъолияти ташкилотҳои ибтидоӣ дидан намуда, баҳри дуруст ба роҳ мондани ҳуҷҷатгузории ташкилот, тақвият бахшидани корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ, иҷрои Қонунҳои миллӣ, ҷалби фаъолон ба сафи ҳизб, таҳияи дурусти нақша-чорабиниҳо, пешниҳоди саривақтии ҳисоботи оморӣ, иҷрои бандҳои Оиннома ва ва Барномаи ҳизб, пешгирии ҷавонон аз ҳизбу ҳаракатҳо, дарҷи матлабҳои саривақтӣ, баргузории хонишҳои сиёсӣ маслиҳатҳои судманд доданд.

Рубрики
Uncategorized

ДЕВАШТИЧ: БАРГУЗОРИИ ОЗМУНИ “ГУЛДУХТАРОН” БАХШИДА БА “РӮЗИ МОДАР”

     Санаи 3 марти соли 2023 бо ибтикори ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Фарҳангиён” бахшида ба таҷлили ҷашни Рӯзи Модар бо иштироки хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия дар Хонаи фарҳанги ноҳия  озмуни “Гулдухтарон” баргузор карда шуд. Дар он ҷавондухтарон аз рӯи шартҳои озмун баромад намуда, ҳунару маҳорати худро намоиш доданд. 

Бояд қайд намуд, ки озмуни мазкур бо мақсади дар руҳияи ватандустӣ ва хештаншиносӣ тарбия намудани ҷавонон, баланд бардоштани маърифати духтарон, тарғиби либоси миллӣ, эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ва фаъолгардонии нақши бонувон дар ҷомеа ташкил ва баргузор карда шуд.

Дар фарҷоми озмун ғолибон бо Диплому Сипосномаҳо ва тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.

Суратгузориш аз ҷараёни озмуни “Гулдухтарон “:

Рубрики
Uncategorized

ГУЛИСТОН: АКСИЯ ТАҲТИ УНВОНИ МОДАР – ФАРИШТА АСТ

       Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон баҳри иҷрои барқия КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд №9 ҷиҳати дар сатҳи баланд таҷлил намудани “Рӯзи Модар” дар назди маҷмааи Модар аксия таҳти унвони “Модар-фаришта аст”-ро роҳандозӣ намуд.

        Ба хотири арҷгузорӣ ба хизматҳои шоён ва шабонарӯзии бонувони покизакор, ки ҳамарӯза аз субҳи содиқ корро оғоз намуда, барои тозаву озода нигоҳ доштани кӯчаҳои шаҳри Гулистон саҳм мегузоранд, тӯҳфаҳои хотиравии КИ ҲХДТ дар шаҳри Гулистон ва аъзои Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» “Меҳрнома” номаи муборакбодии Кумитаи иҷроияро тақдим карданд.         

       Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон  Муслимахон Ҷамолиён ҳозиринро бо Рӯзи Модар шодбош намуда, барояшон тамоми хушиҳои рӯзгорро таманно кард.      

Суратгузориш аз ҷараёни чорабинӣ.