Рубрики
Uncategorized

Даме, ки ман Ватан гӯям, ба васфи он сухан гӯям…

Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон 23 феврали соли 1993 таъсис ёфтааст. Бинобар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид»,  23 феврал ҳамчун Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад

 Дар арафаи 28-умин солгарди Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз дар қисмҳои ҳарбии  дар ҳудуди шаҳри Бӯстон буда, вохӯрии Раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон ва Раиси шаҳри Бӯстон Раъно Ҳошимзода бо афсарон сурат гирифт. Зимни вохӯри Раъно Ҳошимзода сарбозонро бо Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборакбод намуд. Исмоилзода Зуфар Муртазохон бобати нуктаҳои Паёми Пешвои миллат, ғамхорию таваҷҷуҳи ҳамарӯзаи Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар боби тақвияти артишу таъминоти моддию техникии он ëдовар шуд. Мавсуф зикр намуд, ки барои ҷавонон яке аз муҳимтарин мактаби обу тоби ҳаёт-хизмат ба Ватан аст. Хизмати ҳарбӣ ба ҷавонон дарси матонат, шуҷоат ва мардонагӣ омўзонида, барои мукаммал ба воя расиданашон мусоидат мекунад.

 Дар ин рӯзи шодмонӣ МИҲД дар шаҳри Бӯстон бо ҳамбастагӣ бо Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон  ба афсоарон даструхонӣ идона ороста маводҳои хӯрока тақдим намуданд.

Рубрики
Uncategorized

ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ПОЯГУЗОРИ АРТИШИ МИЛЛӢ

Ба ифтихори солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд дар ҳамкорӣ бо Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи тиҷоратии Тоҷикистон мизи мудаввар таҳти унвони “”Пешвои миллат – поягузори Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон” бо иштироки  мудири шуъбаи кор бо ҷавонон ва роҳбари намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар шаҳри Хуҷанд Исоев Эҳсон мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷрояи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Манонова Заррина,  доктори илмҳои иқтисод Абдумавлон Азимов, роҳбари Ташкилоти ҷамъиятии иштирокчиёни барқароркунандагони сохти конститутсионии  “Сипари сулҳ”  Ахмедов Фахриддин  ва аъзоёни Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” баргузор гардид.

Чорабинӣ бо сухани ифтитоҳии Эҳсон Исоев оғоз гардид. Мавсуф оид ба роҳи тайкардаи Артиши миллии кишвар дар фосилаи 28 соли арзи ҳастӣ карданаш суханронӣ намуда, баён дошт, ки Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияташро аз сифр оғоз намуда, имрӯз ба як ниҳоди пурқудрат табдил ёфтааст.

Абдумавлон Азимов аз талошу ҷонбозиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат ҷиҳати расидан ба зиндагии шоиста ҳарф зада, қайд намуд, ки амну осиштагии давлат ба шарофати таваҷҷуҳи рӯзафзуни Сарвари давлат, нигоҳи некбинонаашон ба рушди Артиши миллӣ ба даст омад. Мавсуф ҳамзамон аз бандҳои Паёми Сарвари давлат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдовар шуда, паёмро роҳнамои зиндагии ҳар як шаҳрванд унвон кард.

Заррина Манонова аз таҷрибаи зиндагии худ мисол оварда хотирнишон кард, ки фарзандаш бо амри дил, садоқат ба Ватану ватандорӣ ихтиёран ба хизмати ҳарбӣ рафта, имрӯз онро сарбаландона иҷро мекунанд. Чунин ҷавонони бедордилу ифтихори миллии баланд дошта имрӯз дар ҷомеа хеле бисёранд.

Дар интиҳои мизи мудаввар аз ҷониби ҷавонон изҳор шуд, ки онҳо омодаанд дар баробари таҳсили илм кардан ба дифои марзу бум бархезанд.

Гулчеҳра Аҳророва аз номи Раёсати донишкада кулли иштирокдорони чорабиниро хайрмақдам гуфта, ба  иштирокчиёни барқароркунандагони сохти конститутсионии “Сипари сулҳ” тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуд.

Рубрики
Uncategorized

Бани одам аъзои якдигаранд…

Дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, тибқи супоришҳои Кумитаи иҷроияи Марказию вилоятии ҳизб ва дар асоси нақшаи чорабиниҳои Кумиҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд аёдати собиқадорони меҳнат, барқароркунандагони сохти конститутсионӣ роҳандозӣ гардида истодаст.

Санаи 18 феврали соли 2021 раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Маликисломӣ Наим Мунаввар ва раиси кумитаи иҷроияи ибтидоии «Сомон», ректори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Шарифзода Мӯмин Машокир бахшида ба 28-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо 10 нафар сокинони кумитаи маҳаллаи «Сайҳун»-и шаҳри Хуҷанд вохӯриҳоро доир намуда, ба аёдатшудагон маводҳои хӯрока дастрас намуданд.

Зимни вохӯриҳо ба аёдатшудагон барои хизматҳои содиқонаашон ба Ватан миннатдории Роҳбарияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон расонида шуд. Дар навбати худ собиқадорони меҳнат аз чунин ғамхориҳои давлату Ҳукумат ва Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон изҳори миннатдорӣ намуданд.

Рубрики
Uncategorized

Ватан, ҳар гӯшаатро сарсабз хоҳем кард

       Аз ҷониби ТҶҶ “Созандагони Ватан” Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳристон ва шуъбаи кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Шаҳристон бо ҷалби волонтёрон ва аъзоёни фаъол бахшида ба 30-солагии ҷашни бузурги Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд ҳашари дастаҷамъона барои тоза кардани  атрофи роҳ аз ҳар гуна  партовҳо баргузор карда шуд.

      Барои ободу зебо нигоҳ доштани диёри худ ҳар як фарди мамлакат ҳиссагузор буда, вазифадор аст, ки макон ва ҳар гӯшаи диёри худро обод созад.

Рубрики
Uncategorized

ҲИМОЯТГАРОНИ ВАТАН

       Аз рӯи нақша чорабиниҳо оид ба таҷлили Рӯзи Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини Раис- мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳристон  Ғоибов С.Ф, мудири бахши занон ва ҷавонон Примқулова З.М ва мудири шуъбаи таблиғот ва иттилоот Каримова Ш.Ҳ бо сарбозону афсарони ҳимоятгари ҚС КДАМ-и дар деҳаи Суғдиён ҷойгиршуда вохӯрӣ баргузор намуданд.

       Масъулин табрикоти Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд муҳтарам Исмоилзода Зуфар Муртазохон ва Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳристон Рустам Қодириро бахшида ба таҷлили Рӯзи Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба саҳми ҳамаи сарбозону афсарон расонида, барои хизматҳои содиқонаашон миннатдорӣ баён карданд. Инчунин, барои машғул шудан бо варзиш дар вақтҳои холигӣ ба онҳо тӯбҳои футбол, волейбол ва баскетбол тақдим намуданд.

Рубрики
Uncategorized

ҒОЛИБОН ҚАДРДОНӢ МЕШАВАНД

Бо ибтикори бахши ТҶҶ “Созандагони Ватан” озмуни ноҳиявии иншои беҳтарин дар мавзӯи “Самаранок истифода бурдани нерӯи барқ – масъулияти ҳар як шаҳрванд” баргузор гадида буд, ки имрӯз 18 феврали соли ҷорӣ дар маҷлисгоҳи МДТ Коллеҷи омӯзгории ноҳияи Мастчоҳ ҷамъбаст гардид ва дар он раиси кумиҷроияи ноҳиявии ҲХДТ – Дилшод Зокиров иштирок намуд.

Тибқи шартҳои муқарраргардидаи озмун бояд ҳар як донишҷӯ тарзи дурусти самаранок истифода бурдани нерӯи барқ, аз ҳар гуна асбобҳои гармидиҳиву тафдонҳои худсоз ва дигар омилҳое, ки барои исроф шудани қувваи барқ сабаб мешавад ва роҳи ҳалли чунин амалҳову пешгирии он дар иншо дарҷ гардад.

Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Мастчоҳ – Дилшод Зокиров доир ба ҷанбаҳои муҳими озмуни ноҳиявии иншои беҳтарин дар мавзӯи “Самаранок истифода бурдани нерӯи барқ – масъулияти ҳар як шаҳрванд” ва озмуни ҷумҳуриявии “Илм – фурӯғи маърифат”, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ эълон намуданд, суҳбат кард.

Сипас, ба шахсони арзандаи озмуни ноҳиявӣ – Шикебо Давлатова – ҷои якум, Шукрона Шарифзода – ҷои дуюм ва Анушервон Назирзода – ҷои сеюмро ишғол карданд, бо Диплом ва туҳфаҳои хотиравии КИ ҲХДТ дар ноҳияи Мастчоҳ сарфароз гардонида шуданд.

Рубрики
Uncategorized

Ҳизбиён дар таъмини амнияти озуқаворӣ саҳм мегузоранд

Имрӯзҳо дар тамоми шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд аз ҷумла шаҳру деҳоти Конибодом бо дастуру супоришҳои Раиси вилоят муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода маъракаи кишти саривақтии картошка рафта истодааст, ки дар он тамоми сокинон саҳми худро гузошта истодаанд. Дар ин радиф аъзоёну фаъолони ҳизбӣ ва вакилони маҷлиси вакилони халқи шаҳри Конибодом низ ҷиҳати саҳмгузорӣ дар ин маърака камар баста, бо мақсади истифодаи мақсадноку самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ ва дар ин замина ба роҳ мондани кишти картошка бо сокинони ҳудуди ҷамоатҳои деҳоти Пулодон, ба номи Ғафурҷон Ортиқов, Раҷаб Ҳамробоев корҳои тарғиботиро ба роҳ монданд.

Рубрики
Uncategorized

Мусобиқаи волейбол байни донишҷӯён

Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Конибодом бахшида ба 28-умин солгарди таъсисёбии Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқаи варзишии намуди волейболро миёни донишҷӯёни коллеҷу литсейҳои шаҳр ба роҳ монд. Мусобиқаи мазкур дар толори варзишии литсейи касбии саноатии кишоварзии шаҳр оғоз гардида, айни ҳол дар ҷараёни баргузорист.

Рубрики
Uncategorized

Вохӯрии бо иштирокчии муҳорибаҳои Афғонистон

Тибқи нақша – чорабинии КИ ҲХДТ дар шаҳри Истаравшан бахшида ба 28 – солагии таъсисёбии Артиши миллӣ вохӯрии иштирокчии муҳорибаҳои Афғонистон Олимов Мирзо ва муҳофизи сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Иброҳимов Эҳром бо толибилмони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №3, ба номи М.Бобоҷонов баргузор гардид. Дар вохӯрӣ полковник М.Олимов дар бораи иштирок дар набардҳои Ватани ҳамсоя – Афғонистон сухан ронда, ҷавононро баҳри дӯст доштани Ватан ва муқаддасоти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳифзи сулҳу осудагии кишвар ҳидоят намуд. Иброҳимов Э. низ дар баромади худ аз ҷавонон даъват ба амал овард, ки чун ҳомиёни ояндаи Ватан дӯстдори ин марзу буми аҷдодӣ бошанд. Мудири шӯъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар шаҳри Истаравшан М.Абдуваҳҳобова дар назди устодону шогирдони дабистон зикр намуд, ки сулҳу суботи Тоҷикистонро ҳифз намоянд ва фарзандони гумроҳи хоинони Ватан нагарданд. Дар мактаб бо баҳои аъло хонда, дар оянда баҳри хизмат ба Ватан тайёр бошанд.Ҷамъомадро хонандагони муассиса бо хондани шеърҳо дар васфи Ватан, суруду саҳнаҳои ҷолиб шукӯҳи тоза бахшиданд.

Рубрики
Uncategorized

МУЛОҚОТ БО НОМЗАД БА ВАКИЛИИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН

      Дар мактаби санъати шаҳр мулоқоти номзад ба вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Гулистон аз ҳавзаи интихоботии Сарбанд №6 Худойназар Амонзода бо интихобкунандагони ҳавзаи интихоботӣ доир гардид.

       Ба мулоқот раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон Муслимахон Ҷамолиён ҳусни ифтитоҳ бахшида,  қайд намуд, ки имрӯзҳо омодагӣ ба интихобот, ки санаи 21-уми феврали соли равон баргузор мегардад, бомаром ҷараён дорад.

      Шахси боэътимоди номзад ба вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Гулистон Абдуллоев  Ғуфрон Нуруллоевич оид ба шарҳи ҳол ва шарҳи мухтасари Барномаи пешазинтихоботии номзадро манзури интихобкунандагон гардонид.

        Барномаи номзад дар асоси Барномаи пешазинтихоботии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таҳия ва омода гардида, дурнамо ва ҳадафҳоеро дар бар мегирад, ки дар партави амалӣ намудани нуктаҳои муҳими Барномаи мазкур қарор гирифтааст. Роҳандозии ҳадафҳои барномавии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон пеш аз ҳама, ба ҷалби аъзои ҳизб ба корҳои созандагию бунёдкорӣ ва ширкати фаъоли онҳо дар ҳаёти сиёсиву ҷамъиятӣ марбут аст.     

      Дар поёни вохӯрӣ интихобкунандагон таклифу пешниҳодҳои худро баён намуданд.