Рубрики
Uncategorized

Ҷавонон ба кору зиндагӣ омода бошанд

          Тибқи нақшаи ҳафтавори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент мудири шӯъбаи кор бо занон  Мавлуда Тоҷиева ва мудири шӯъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроия Қобилҷон Ҷалолов бо донишҷӯёни коллеҷи омӯзгорӣ ва хонандагони зинаи сеюми МТМУ № 15 дар мавзӯъҳои муҳими рӯз сӯҳбат оростанд.

          Ҷавонон ба кору зиндагӣ чи гуна омода шаванд, чи тавр ба тарғиботи ифротӣ ва хурофотӣ  дода нашаванд? Ба ин саволҳо донишҷӯёну хонандагон аз диду андешаи худ ҷавоб гуфтанд. Кормандони Кумитаи иҷроия ин ҷавобҳоро таҳлил намуда, таъкид доштанд, ки  онҳо ба ояндаи неки худ аз ҳоло бо андӯхтани дониш, боло бурдани сатҳи маърифату ҷаҳонбиниашон замина мегузоранд.

          Пешвои миллат,муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо таваҷҷӯҳи пайваста ба рушди соҳаи маориф, роҳандозии озмунҳо ҷавононро ба ин ҷода раҳнамун месозанд.

Рубрики
Uncategorized

ҲАМКОРИИ КИ ҲХДТ ДАР ВИЛОЯТИ СУҒД БО ВАО ГУСТАРИШ МЕЁБАД

Таҷлили Рӯзи матбуот, ки бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 1995 арзи вуҷуд намуд, нишонаи арҷгузорӣ ба меҳнату заҳмати аҳли қалам аст. Рӯзи матбуот ба чопи нахустин рузномаи тоҷикии “Бухорои шариф”, ки 11-марти соли 1912 интишор ёфтааст, алоқамандии зич дорад.

Ба ифтихори 109 – солагии таъсисёбии Рӯзи матбуоти тоҷик дар толори хурди КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд бо иштироки намояндагони Васоити ахбори омммаи вилоят мулоқоти озоду самимии Раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон доир гардид. Мавсуф зимни суханронӣ қайд намуд, ки воқеан ҳам дар замони соҳибистиқлолӣ бо ташаббус ва иқдоми бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои пешрафт ва фаъолияти озодонаи воситаҳои ахбори омма тамоми заминаҳои ҳуқуқӣ фароҳам оварда шудаанд ва пайваста такмил дода мешаванд. Чун Пешвои миллат зимни суханронӣ дар маросими 100-солагии матбуоти тоҷик қайд карданд, ки матбуот ва воситаҳои ахбори омма ба ташаккули афкори ҷомеа таъсири муқтадир ва муассир мерасонанд. Онҳо, хусусан, дар замони таҳаввулот ва тағйирёбии самтҳои рушди ҷомеа, бадалшавии идеологияҳо ва ташаккули диди нави иҷтимоӣ аҳамияти хоса пайдо мекунанд. Дар идомаи сухани хеш Исмоилзода Зуфар Муртазохон аз таърихи пайдоиши матбуот, дирӯз, имрӯз ва фардои он ёдовар шуд.

Рӯзноманигор Абдулмаҷиди Бобоҷониён оид ба таърихи матбуот ва имрӯзи матбуот сухан карда, аз дастгириҳои ҳамешагии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҲХДТ ҷиҳати пешрафти матбуот ёдовар шуд.

Директори генералии ШТР “Диёр” Фирӯза Мирҷумаева оид ба фаъолияти гуруҳи ташаббускорони бонувони журналист “Садоқат” маълумот дода, пешниҳод кард, ки дар оянда низ лоиҳаи “Садоқат” аз ҷониби Кумитаи иҷроияи вилоятии ҲХДТ дастгирӣ карда шавад.

Дар фарҷом Раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон барои фаъолияти самарабахш рӯзноманигоронро бо иди касбиашон табрику муборакбод намуда, онҳоро бо сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ қадршиносӣ кард.

Рубрики
Uncategorized

НОМАИ муборакбодии Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ИСМОИЛЗОДА Зуфар Муртазохон бахшида ба 109-солагии Рӯзи матбуоти тоҷик

Мӯҳтарам кормандони васоити ахбори омма.

Қаламкашони гиромӣ!

Тарғибу ташвиқи ҳадафҳои миллӣ, дастовардҳои истиқлоли давлатӣ, озодӣ, давлатдории миллӣ ва рушди минбаъдаи Тоҷикистон васеъ ҷалб намудани воситаҳои ахбори омма, рушди маънавиёти ҷомеа, инкишофи фарҳанг, иттилоот, баланд бардоштани завқи зебоипарастии шаҳрвандон аз ҳадафҳои меҳварии Барномаи пешазинтихоботии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон маҳсуб меёбанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар маросими 100-солагии матбуоти тоҷик қайд карданд, ки матбуот ва воситаҳои ахбори омма ба ташаккули афкори ҷомеа таъсири муқтадир ва муассир мерасонанд. Онҳо, хусусан, дар замони таҳаввулот ва тағйирёбии самтҳои рушди ҷомеа, бадалшавии идеологияҳо ва ташаккули диди нави иҷтимоӣ аҳамияти хоса пайдо мекунанд.

Воқеан ҳам дар замони соҳибистиқлолӣ бо ташаббус ва иқдоми бевоситаи Сарвари давлат барои пешрафт ва фаъолияти озодонаи воситаҳои ахбори омма тамоми заминаҳои ҳуқуқӣ фароҳам оварда шудаанд ва пайваста такмил дода мешаванд. Ҳоло фаъолияти воситаҳои ахбори омма тавассути Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма», «Дар бораи телевизион ва радиошунавонӣ», «Дар бораи табъу нашр», «Дар бораи иттилоотонӣ», «Дар бораи ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот», «Дар бораи ҳифзи иттилоот», «Дар бораи реклама» ва дигар санадҳои меъёри ҳуқуқӣ танзим карда мешавад. Ҳадафи аслӣ аз ташкили нишастҳои матбуотие, ки тибқи Амри Президент дар вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ соле ду маротиба ва дар сурати ба миён омадани масъалаҳои қобили баррасии фаврӣ ба таври пайваста баргузор мегарданд, таъмини дастрасии бештари воситаҳои ахбори омма ва шаҳрвандони кишвар ба иттилооти расмӣ мебошад. Ин тадбир як падидаи нодирест, ки на дар ҳамаи кишварҳои олам ба қайд гирифта шудааст.

Дар сатҳи вилояти Суғд низ таҳти роҳбарии Раисми вилояти Суғд, Муовини аввали Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода ҳамкорӣ бо намояндагони Васоити ахбори омма васеъ ба роҳ монда шуда, дар таъмини шаффофият ва гирифтани иттилоъи воқеӣ ягон мушкилӣ нест.

Матбуот дар ҳар давру замон инъикоскунандаи вазъи воқеии ҷамъият маҳсуб ёфта, ҳамзамон минбари озоди баёни фикру матлаб аст. Махсусан, дар шароити ҷаҳонишавӣ саҳми матбуот ҳамчун воситаи иттилоърасонӣ барои мардум нақши калон дорад. Тавре аз таърих бармеояд, нақши нашрияҳо дар муттаҳидсозии афкору андеша мавқеи хоса бозида, тавасассути ин минбар даҳҳо нобиғагон идея ва нақшаҳои худро амалӣ намудаанд.

Хушбахтона, бо шарофати Истиқлолият дар ҷумҳуриамон сафи нашрияҳо ва дигар воситаҳои ахбори оммаи хусусиву соҳавӣ рўз то рўз меафзоянд. Имрўз қариб соҳае нест, ки нашрияи худро надошта бошад, ё ки шаҳру ноҳияе нест, ки телевизион ва радиои худро надошта бошад. Хосатан, дар кишвари мо, ки мардум бештар ба маънавиёт рў меоранд, васоити ахбори омма ҷойгоҳи махсус доранд. Ҳар кадоме аз онҳо бо сабку услуб, мавзўъ ва мундариҷаи худ дар рушду нумўъ ва пешрафти матбуот нақши муайян мебозанд.

Матбуоти имрӯзаи тоҷик аз лиҳози банду баст, мазмуну мундариҷа ва мӯҳтавояш хеле ҷолиб аст ва дар баъзе мавридҳо ҳама хабарҳо сари вақт ба мардум расонида мешаванд.

Боиси ифтихори кулли ҳизбиёни вилоят аст, ки нашрияҳои маҳбуби Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон – «Минбари халқ» ва «Сухани халқ» дар рӯзгори сокинон мақоми хоса доранд. Зеро дар саҳифаҳои нашрияҳо умдатарин масоили рӯз ба табъ расида, муштариён аз матолиби хонданиву таҳлилии рӯзноманигорон, баҳои коршиносон ба ин ё он ҳаводиси рӯз огоҳии комил меёбанд.

Итминони комил дорам, ки рӯзноманигорон минбаъд низ ба иҷрои рисолати худ содиқ монда, дар инъикоси воқеии ҳаводиси ҷомеа, дастовардҳои навини истиқлоли миллӣ саҳми арзанда мегузоранд.

Ба кулли кормандони васоити ахбори омма, пеш аз ҳама, тансиҳатӣ, хотири ҷамъ, илҳомии саршор аз меҳр ва бурдбориҳоро таманно дорам.

Рӯзи матбуоти тоҷик, муборак!

Рубрики
Uncategorized

Кумитаи иҷроия рӯзноманигоронро қадршиносӣ намуд

            Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мурод Шукурзода имрӯз як гурӯҳ рӯзноманигоронро  ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик дар Кумитаи иҷроия пазироӣ намуд.

             Дар сӯҳбате, ки бо рӯзноманигорон доир шуд, Мурод Шукурзода дар бораи таърихи нашри нахустин рӯзнома ба забони тоҷикӣ дар Осиёи Миёна- “Бухорои шариф”, ҷойгоҳи васоити ахбори умум, рӯзноманигорон дар иттилоърасонӣ, ташаккули афкори созанда дар ҷомеа, тарғиби сиёсати  Пешвои муаззамаи миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳадафҳои ҲХДТ нақл намуда, робитаи густурдаи Кумитаи иҷроияро бо васоити ахбори маҳаллӣ дар фаъолияти он хуб арзёбӣ намуд ва ҳамаи рӯзноманигорон ва кормандони васоити азбори умумро бо иди касбиашон табрик гуфта, ба онҳо тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуд.

             Зимнан, Кумитаи иҷроия бо  васоити ахбори умуми маҳаллӣ вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ робитаи хуб дошта , яке аз панҷ ниҳоди ҳизбии  шаҳру навоҳии вилояти Суғд аст, ки  нашрияи худро бо номи “Фарвардин” ба табъ мерасонад. Мулоқот бо рӯзноманигорон арафаи Рӯзи матбуоти тоҷик бошад анъанаи хубест, ки Кумитаи иҷроия солҳо боз  роҳандозӣ менамояд.

Рубрики
Uncategorized

Ҳафтаи тақвияти кори дохилиҳизбӣ

     Масъулини Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон баҳри иҷрои фармоиши Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд аз 1 феврали соли 2021 таҳти рақами 8 дар бораи “Ҳафтаи тақвияти кори дохилиҳизбӣ” аз фаъолияти ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Беморхонаи маркази шаҳр” дидан намуда, ҷиҳати пешбурди кори ташкилот ва ҳуҷҷатнигорӣ дастуру маслиҳатҳои методӣ расонид.

Рубрики
Uncategorized

Бонувон бояд таҳсилдида бошанд

          Ин маънӣ дар мулоқоти мудири шӯъбаи кор бо занон Мавлуда Тоҷиева ва мудири  шӯъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент Қобилҷон Ҷалолов бо хонандагони муассисаи таҳсилоти асосии умумии рақами 1  таъкид шуд.

         Дар сӯҳбат бо хонандагон ёдоварӣ шуд, ки бо сабабҳои гуногун, аз ҷумла, таваҷҷӯҳ надоштани волидон қисме аз духтарон баъди хатми синфи 9 таҳсилро дар зинаи сеюм ва баъдан коллеҷу донишкадаҳо идома намедиҳанд, касбу ҳунареро азбар намекунанд. Ин бошад дар зиндагии  оянда онҳоро ба дастнигар табдил медиҳад, аз ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои худ оҷиз мемонанд.Ҳамчунин, таъкид шуд, ки сатҳи поини маърифати умумӣ ва сиёсӣ боиси гароиши онҳо ба ақидаҳои хурофотӣ ва ифротӣ низ шуда метавонад. Аз духтарон даъват шуд, ки  таҳсилро баъди хатми мактаб дар омӯзишгоҳу коллеҷҳо ва донишкадаҳо идома диҳанд, соҳиби касбу ҳунар шаванд, то дар зиндагӣ комёб бошанд.

Рубрики
Uncategorized

Модар сарчашмаи ҳаёт ва тарбиятгар

    Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши занонро дар ҳаёти ҷомеаи башарӣ тимсоли офарандаи ҳаёт, пайвандгари наслҳо ва низомбахши  рӯзгор бениҳоят бузург арзёбӣ намуда, рисолати занонро дар камолоти маънавию ахлоқии фарзанд барҷаста ва муайянкунанда медонанд. Рӯзи гузашта дар толори бахши фарҳанги ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Шаҳраки Адрасмон” бахшида ба сазовор ҷашн гирифтани Рӯзи модар чорабинии бошукӯҳ таҳти унвони “Модар сарчашмаи ҳаёт ва тарбиятгар” баргузор гардид.  

Рубрики
Uncategorized

Бонувони собиқадор қадршиносӣ шуданд

         Анзурат Аёзова, ки солҳои зиёд ҳамчун омӯзгор ва хидматчии давлатӣ  меҳнат кардааст, дар Рӯзи модар аз боздид бо кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент, ки ба муборакбодиаш омада буданд, изҳори хушнудӣ кард.

          Дар ин рӯз муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ  Парвина Тошева ва мудирони шӯъбаи кумиҷроия  ҳафт нафар бонувони собиқадорро, ки солиёни зиёд дар соҳаҳои гуногун садоқатмандона заҳмат кашида, соҳиби обрӯ ва эҳтиром гаштаанд, бо Рӯзи модар муборакбод намуда, ба онҳо тӯҳфаҳои идонаи Кумитаи иҷроияро тақдим намуданд.

         Бонувони собиқадор ҷонибдориашонро аз сиёсати оқилонаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ғамхорӣ ва арҷгузорӣ ба занону бонувон дар меҳвари он қарор дорад, изҳор намуданд.

Рубрики
Uncategorized

Мулоқот бо ҳунарҷӯён

         Бозори меҳнат, касбҳои коргарӣ, симои маънавии коргари соҳибтахассуси оянда, зиракии сиёсӣ, тарғиботи гурӯҳҳои ифротӣ- аз мафҳумҳое буданд, ки  дар сӯҳбати бо ҳунарҷӯёни соли аввали литсеи касбӣ- техникии шаҳри Панҷакент, кормандони масъули Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент шарҳу тафсир намуданд.

          Дар ин бора муовини раиси Кумитаи иҷроия  Парвина Тошева, мудирони шӯъбаи Кумиҷроия  Бурсибой Лутфуллоев, Мавлуда Тоҷиева ва Қобилҷон Ҷалолов сухан карда, ба ҳунарҷӯён нуктаҳои асосии  Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олиро  нисбат ба сиёсати ҷавонон шарҳ доданд.

Рубрики
Uncategorized

Духтарони тирандоз

          Бо ибтикори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент дар ҳамкорӣ бо ташкилоти  ҷамъиятии мададгори мудофиа ба ифтихори Рӯзи модарон байни духтарон- муҳассилини муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳр мусобиқаи тирпарронӣ аз яроқи пневматикӣ баргузор шуд.

          Дар ин мусобиқа , ки 12 дастаи муассисаҳои таълимӣ ширкат доштанд, хонандагони МТМУ № 1 соҳиби ҷои аввал, МТМУ № 29- ҷои дуюм ва МТМУ № 14 сазовори ҷои сеюм гардиданд.

          Ғолибони мусобиқа  бо сипоснома, нишон ва тӯҳфаҳои таъсиснамудаи КИ ҲХДТ қадршиносӣ карда шуданд.