Рубрики
Uncategorized

МАҶЛИСИ ҶАМЪБАСТИИ ҲХДТ ДАР ВИЛОЯТИ СУҒД

Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд фаъолияти яксолинаи худро бо иштироки Раиси вилояти Суғд, узви Кумитаи иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Раҷаббой Аҳмадзода , муовини Раиси ҲХДТ Латифзода Асрор Қурбон, аъзоёни кумиҷроияи вилоятӣ, раисони шаҳру ноҳияҳо, раисони кумиҷроияи ҲХДТ дар шаҳру навоҳӣ, раисони ташкилотҳои ибтидоӣ, аъзоёни Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан”, бонувон, собиқадорон ва аъзои фаъоли ҳизб натиҷагирӣ намуд.

Ҳозирин пас аз тасдиқи рӯзномаи кори ҷаласа, ҳайати котибот, регламентӣ корӣ ба муҳокимаи масъалаҳои дар ҷаласа зикршуда пардохтанд.

Раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон оид ба фаъолияти ҲХДТ дар вилояти Суғд  дар соли сипаришуда ҳисобот дод. Гуфта шуд, ки дар давраи ҳисоботӣ аъзои ҳизб 4948 нафар зиёд гардида, ба 150 ҳазору 595 нафар расид. Аз ин шумора 84 ҳазору 284 нафарро занон ва 57 ҳазору 425 нафарро ҷавонон ташкил медиҳанд. Дар ин давра, кумиҷроияҳои шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд-1120 нафар, Конибодом-575 нафар, Бӯстон-546 нафар, Айнӣ-519 нафар, Исфара-468 нафар, Ҷ.Расулов-467нафар, Б. Ғафуров – 457 нафар ва Панҷакент- 421 нафар сафи аъзоёни ҳизбро зиёд карданд. Тибқи талаботи Оинномаи ҳизб ва дар асоси Низомнома дар бораи бақайдгирӣ ва азқайдбарории узвияти ҲХДТ давоми сол 1238 нафар аз қайди кумиҷроия баровардашуда, 1210  нафар ба қайд гирифта шуданд. Дар давраи ҳисоботӣ, 39 адад ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ зиёд гардида, алҳол шумораи он дар вилоят ба 1365 адад расид.

Раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Гулистон Ҷамолиён Муслимахон Ғайбуллозода, раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент Шукурзода Мурод, дар баромад аз нақши ҳизбиён дар баргузории маъракаҳои муҳими сиёсӣ, раванди ободкориву созандагӣ суханронӣ намуданд.

Сипас, муовини Раиси ҲХДТ Латифзода Асрор Қурбон оид ба фаъолияти пурсамари ҲХДТ дар вилояти Суғд ва  нуктаҳои Паёми Сарвари давлатро ба риштаи таҳлил кашида, зикр сохт: “Сарвари давлат дар Паёми навбатии худ бо халқ будану таъмини зиндагии шоистаро рисолати ҳар як роҳбар дониста, баён доштанд, ки авлоду аҷдоди мо ободкору созанда буданд ва мо инро ба мерос гирифта ҳама якҷо бо заҳмати содиқонаву аҳлонаи худ то ҷашни мубораку муқаддаси сисолагии истиқлолу озодии Тоҷикистони маҳбубамон симои Ватани азизамонро то дурдасттарин гӯшаву канори он боз ҳам ободу зебо мегардонем. Воқеан ҳам дастоварду пешравиҳо маҳсули заҳмати софдилонаи халқи азизи Тоҷикистон буда, моро водор месозанд, ки дар ояндаи наздик низ бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ фаъолият кунем ва барои ҳар як сокини мамлакат зиндагии шоиставу шароити беҳтарро муҳайё намоем”.

Дар идома мавсуф дар бораи вусъат бахшидани фаъолияти ҳизбӣ, ҷоннок намудани корҳои тарғиботию ташвиқотӣ бо ҷалби олимону зиёиён, дар ҳамкорӣ бо аъзои кумиҷроияи вилоятӣ ва вакилон ҳалли мушкилиҳои мардум, рафти обуна ба нашрияҳои ҳизбӣ, таваҷҷуҳи роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ба фаъолияти ҳизбӣ суханронӣ намуд

Раиси вилояти Суғд муовини якуми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода зимни суханронӣ қайд намуд, ки воқеъияти рӯз талаб дорад, ки ба фаъолияти ҳизб аз равзанаи воқеӣ баҳогузорӣ карда шавад. Вазифаи ҷонии ҳар як аъзои ҳизб ин пеш аз ҳама то ба мардум бурда расонидани дастовардҳои даврони соҳибстиқлолӣ, тарбияи маънавии ҷавонон ва дар фазои худшиносӣ тарбия намудани онҳо, мубориза ба амалҳои номатлуби ҷомеа, аз қабили ба таълими ғайрирасмии динӣ ҷалб нашудани наврасон, шомил нашудани наврасону ҷавонон ба ҳизбҳои ғайриқонунӣ бояд бошад.

Дар идомаи кори ҷаласа нақшаи кории кумиҷроияи вилоятӣ барои нимсолаи аввал, нақшаи чорабинӣ вобаста тарғибу ташвиқи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ  тасдиқ гардида, ҳамзамон ба ҳайати кумитаи иҷроияи ва Раёсати кумиҷроияи вилоятӣ тағйироти кадрӣ ворид гардид. Ҳамин тавр Мадина Салимзода муовини раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ва Абдусабур Абдуваҳҳобов сармуҳаррири нашрияи “Сухани халқ” таъин гардиданд.  

Дар фарҷом барои самаранок пеш бурдани фаъолияти ҳизбӣ ва ба истиқболи сазовори  30-солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон якчанд фаъолони ҳизб, ки дар давраи ҳисоботӣ фаъолияти босамар нишон додаанд, бо сипосномаҳои Кумитаи Иҷроияи Марказӣ ва кумитаи иҷроияи вилоятӣ қадршиносӣ гардидаанд. 

Рубрики
Uncategorized

Ба ҷавонон дар бораи Паём

         Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент тибқи нақша силсилаи мулоқоту сӯҳбатҳоро ҷиҳати шарҳу тавзеҳи мӯҳтавои Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат роҳандозӣ намудааст.

           Яке аз  чунин мулоқотҳо  бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мурод Шукурзода ва кормандони масъули Кумиҷроия бо омӯзгорон ва хонандагони зинаи сеюми таҳсили  муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 4-и ҷамоати деҳоти Саразм баргузор шуд.

         Мурод Шукурзода нуктаҳои асосии Паёмро оид ба вазифаҳо ҷиҳати беҳдошти сатҳу сифати таълиму тарбия, тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватандӯстӣ шарҳ дод.

         Мудири шӯъбаи кор бо занон Мавлуда Тоҷиева ва мудири шӯъбаи кор бо ҷавонони Кумиҷроия Қобилҷон Ҷалолов таваҷҷӯҳи ҷавонписарон ва духтаронро ба донишандӯзӣ, дурӣ ҷустан аз амалҳои номатлуб, иштирок дар озмунҳои фаннӣ, омода шудан ба интихоби касб ва дигар масъалаҳои мубрами ҳаёти ҷавонон ҷалб намуданд.

Рубрики
Uncategorized

Паёми Пешвои миллат – раҳнамои халқ

Тибқи нақшаи чорабиниҳои муштараки Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Конибодом бо мақсади муҳокима ва шарҳу эзоҳи Паёми навбатии Пешвои миллат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар коллеҷи технологии ба номи Абдулаҳад Қаҳҳорови шаҳр бо иштироки намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳр Маҳмудов Баҳодурҷон мизи мудаввар таҳти унвони “Паёми Пешвои миллат – раҳнамои халқ” баргузор гардид. Дар рафти чорабинии мазкур тамоми самтҳои Паёми навини роҳбари давлат мавриди омӯзиш ва муҳокима қарор дода шуда, он ҳамчун санади сарнавиштсози миллат ва муайянкунандаи роҳу равиши минбаъдаи давлату Ҳукумат қайд карда шуд. Кадрҳои ҷавони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ  дар рафти чорабинӣ фаъолнокӣ нишон дода, андешаҳояшро бобати самтҳои  мухталифи Паёми тозаи роҳбари давлат мушаххас иброз доштанд. Ҳамчунин Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар самти пешбурди фаъолияти хеш чун роҳнамову дастур арзёбӣ намуданд.

Рубрики
Uncategorized

Аёдати сарбозон

Тибқи нақша – чорабинии КИ ҲХДТ дар шаҳри Истаравшан ба муносибати 28 – солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз аёдати сарбозони қисми ҳарбии 04533 бо иштироки аъзои ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” ва кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Истаравшан баргузор гардид. Дар оғози мулоқот сармуҳаррири нашрияи “Афкори халқ” М.Абдуваҳҳобова, мудири шӯъбаи кор бо ҷавонони кумитаи иҷроияи шаҳрӣ ва роҳбари намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” А.Фозилов, аъзои шӯрои занони кумитаи иҷроия, вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Истаравшан М.Раҳматова, аъзои шӯрои занон, мудири бахши фарҳанги МИҲД Ш.Назарова ва мушовири дифои ҳарбии раёсати маорифи шаҳр Д.Шарипов афсарону сарбозонро бо санаи мубораки 28 – солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик намуда, баҳри хизмати шоиста ба халқу диёри азизи худ комёбиҳо таманно намуданд.Сипас байни ҷавонон ва сарбозон мулоқоти гарму самимӣ доир шуд. Ҷавонони даъватшаванда бо ҳайати сарбозон, тарзи истифодабарии олотҳои ҷангӣ,  тартибу низом дар қисми ҳарбӣ аз наздик шинос гаштанд. Дар охир аз тарафи кормандони бахши фарҳанг дастагули мусиқӣ ба афсарону сарбозон ва ҷавонони даъватшаванда ҳадя гардид. Сарбозон ва ҷавонони “Созандагони Ватан” бо рақсу бозӣ, шодию нишоти худро аз осмони сулҳу саодати Ватани азиз – Тоҷикистони биҳиштосо изҳор намуданд.

Рубрики
Uncategorized

Мусобиқаи ҳарбӣ – варзишии минтақавии “Сипар”

Бахшида ба 28 – солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Гимназияи №4 мусобиқаи ҳарбӣ – варзишии минтақавии “Сипар” бо иштироки варзишгарони шаҳри Истаравшан, Бӯстон, Гулистон, ноҳияҳои Шаҳристон ва Спитамен барпо гардид. Онҳо байни ҳам аз рӯи чунин намудҳо: сафороӣ, сангбардорӣ, турниккашӣ, ҷаҳидан аз ҷои ист, давидан ба масофаи 100 метр, пӯшидани ниқоби зиддигазӣ, тирпаронӣ аз яроқ, кушодан ва пӯшидани автомати Калашников, сафороӣ бо хондани суруди миллӣ, сафороии тантанавӣ қувваозмоӣ намуданд.Дар ин қувваозмоиҳо дастаи Истаравшан бо гирифтани бештари холҳо соҳиби ҷойи якум гашт. Дастаи Бӯстон сазовори ҷойи дуюм гардид.

Рубрики
Uncategorized

Ободонии диёри хеш

    Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Шаҳраки Зарнисор”–и  КИ ҲХДТ дар шаҳри Гулистон бо мақсади тарбия намудани ҷавонон дар руҳияи  эҳтиром ба табиати диёри хеш, ҳифзи муҳити зист ва тозаву озода нигоҳ доштани гирду атроф бо иштироки аъзоёни “Созандагони Ватан” баҳри сазовор таҷлил намудани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои ободониву хуррамгардонӣ доир карда шуд. Дар он беш аз 50 нафар ҷавонписарону ҷавондухтарон иштирок намуда, саҳми худро барои ободонӣ ва тозагӣ гузоштанд.

Рубрики
Uncategorized

Ҳифзи Ватан – қарзи ҳар як ҷавонмард аст

    Намояндаи  кумитаи иҷрояи  ноҳиявӣ бо хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 18-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров   бо мақсади   бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ оиди ҷалби ҷавонписарон барои хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи  Ҷумҳурии Тоҷикистон  мулоқот доир намуд.

     Дар вохӯрӣ мудири кор бо занони КИ ҲХДТ дар ноҳия Солиева Муяссар иштирок намуда, корҳои фаҳмондадиҳиро оид ба хизмат ба Модар – Ватан шарҳ дод.

     Қайд гардид,ки ҳифзи Ватан вазифаи имониву ҷонии ҳар як шахс буда, ин меҳани муқаддасро ҷавонон бояд, дӯст доранду муҳофизат намоянд.Зеро намояндагони миллати соҳибҳунар ва таммаддунофари мо дар тӯли таърих ҳамеша дӯстдори Ватан буданду онро бо баҳои ҷонашон ҳифз намуда, то ба мо оварда расонидаанд. Ҷавонон бояд аз қаҳрамонони фидоии халқамон дарси ибрат гирифта, ҳамеша ватандӯстӣ ҳақиқӣ бошанд.

Рубрики
Uncategorized

Маҷлиси ҷамъбастии КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов баргузор гардид

         Дар толори МИҲД-и ноҳия маҷлиси ҷамъбастии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷаббор Расулов оид ба фаъолияти Кумитаи иҷроия дар соли 2020  зери роҳбарии Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳия Одилзода Рустам бо иштироки муовини якуми раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Шарифзода Аминҷон Абдуғаффорӣ ва муовини раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов Муталибзода Зумрад Муталиб баргузор гардид.

Инчунин дар маҷлис раисони ташкилотҳои ибтидоии ҲХДТ, вакилони халқ, собиқадорон, занон ва ҷавонони фаъол, аъзоёни ТҶҶ «Созандагони Ватан», роҳбарони корхонаю муассисаҳо ва фаъолони ҳизб ширкат варзиданд.

Аз рӯи масъалаи якум ҳисоботи раиси Кумитаи иҷрияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷаббор Расулов Одилзода Рустам оид ба фаъолияти Кумитаи иҷроия дар соли 2020 шунида шуд.

Аз ТИ ҲХДТ «Истиқлол», Тошпӯлотова Назира, аз ТИ ҲХДТ «Гулистон» Ҳалимов Ғолибҷон ба музокира баромада фаъолияти солонаи Кумиҷроияро «қаноатбахш» арзёбӣ намуданд. Ҳамзамон аъзоёни фаъоли ҳизб Шодиев А.А. ва Расулзода Ш.Х. баромад намуда барои ҳиссагузор шудан дар муҳлатҳои пешбинишуда сохта ба истифода додани бинои нави КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов аз ҳамаи аъзоёни фаъоли ҳизб даъват ба амал оварданд.

Аз рӯи масъалаи дуюм маҷлиси раёсат нақшаи кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷаббор Расуловро барои соли 2021 тасдиқ намуд.

Аз рӯи масъалаҳои баррасӣ гардида  қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.

Дар ҷараёни маҷлис муовини якуми раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Шарифзода Аминҷон Абдуғаффорӣ ва муовини раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов Муталибзода Зумрад Муталиб ба сухан баромада  аз дастовардҳои фаъолияти Кумиҷроия, инчунин оид ба пурзӯр намудани фаъолияти ҳар як аъзои ҳизб дар байни мардум пешниҳодҳои зарурӣ доданд.

Дар охир ба ҷавонони ба сафи ҲХДТ аъзо шуда дар вазъияти тантанавӣ шаҳодатномаи ҳизбӣ, ба аъзоёни фаъоли ҳизб сипосномаҳои КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд ва КИ ҲХДТ дар ноҳия ва тӯҳфаҳои хотирмон супорида шуданд.

Рубрики
Uncategorized

МАҶЛИСИ ҶАМЪБАСТИИ КУМИТАИ ИҶРОИЯИ ҲХДТ ДАР НОҲИЯИ СПИТАМЕН

Рӯзи гузашта маҷлиси ҷамъбастии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Спитамен  дар толори Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия баргузор гашт. Маҷлис зери таассуротҳои Паёми  навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  баргузор гардид.

Дар маҷлис Раиси Кумитаи иҷроияи ХҲДТ дар вилояти Суғд муҳтарам Исмоилзода Зуфар Муртазохон ва Раиси ноҳияи Спитамен  Нӯмонзода Темурҷон иштирок доштанд.

         Дар маҷлис се масъала баррасӣ гардида, аз рӯи масъалаи якуми рӯзнома раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Спитамен Ойбек Насруллозода  оид ба фаъолияти Кумитаи иҷроия дар соли 2020 ҳисобот дод. Ба музокира се нафар баромада, фаъолияти Кумитаи иҷроияро дар соли сипаригашта хуб арзёбӣ намуданд.

Дар идомаи маҷлис Раиси ноҳия Нӯмонзода Темурҷон баромад намуда, дар доираи расидан ба ҳадафҳои  ҳизбӣ ва нақши он дар ҷомеъ таҳти сарварии Раиси муаззами  ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  суханронӣ намуд.

Сипас раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд муҳтарам Исмоилзода Зуфар зимни суханронӣ самтҳои гуногуни Паём ибрози назар намуда қайд кард, ки Паём ин санади  тақдирсози  мо аст ва тадбирҳое, ки дар он Пешвои миллат андешидаанд баҳри пешравӣ давлатӣ, роҳнамо мебошад.

 Доир ба масъалаи дуюми рӯзнома роҳбари гурӯҳи вакилии ҲХДТ дар Маҷлиси вакилони халқи ноҳия   Ҷамолиён Раҳбарой гузориш дод.  Оиди масъалаҳои рӯзнома қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.

Дар фарҷом барои фаъолияти пурсамар ба Кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ва дар ноҳияи Спитамен Сипосномаи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Спитамен супорида шуд. Ба узви фаъоли ҳизб Бобоев Наимҷон Сипосномаи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ ва ба як қатор фаъолон Сипосномаҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ вилоятӣ ва ноҳиявӣ супорида шуда, ба 12 нафар наваъзоён дар вазъи тантанавӣ шаҳодатномаи ҳизбӣ супорида шуд.

Рубрики
Uncategorized

Паём- роҳнамо барои рушди деҳот

         Бо раҳнамоии раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри  Панҷакент, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии  Тоҷикистон Мурод Шукурзода  гурӯҳи тарғиботии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии  вилояти Суғд дар ҷамоати деҳоти Хурмӣ бо сокинон сӯҳбат доир намуд.

          Аъзоёни гурӯҳ, устодони Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент Фотима Сироҷзода, Мизроб Ғаффоров, Зафар Мақсудов ва мудири шӯъбаи Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб Бурсибой Лутфуллоев мӯҳтавои Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон , муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Маҷлиси Олии мамлакат ба ҳозирин шарҳ доданд.

          Дар  сӯҳбат аз ҷумла, таъкид шуд, ки дар ин ҳуҷҷати раҳнамо  вазифаҳо барои таъмини рушди  ҳама соҳаҳо муайян шудааст ва дар иҷрои он бояд ба ҳар нафар саҳм гузорад.

          Масалан, дар ҷамоати деҳоти Хурмӣ, ки баҳор барвақттар мерасад, хоҷагиҳои деҳқонӣ, кишоварзон аз ҳоло заминҳоро ба кишт омода намуда, давоми сол ду ҳосил гирифта метавонанд. Ба ин васила  ҳар оила  барои ду сол маводи ғизоӣ захира кардашаш имконпазир аст. Ин нукта низ дар Паём таъкид шудааст.