Рубрики
Uncategorized

Истаравшан: Ҳамоиши ҷавонон дар Истаравшан

Бо иштироки зиёда аз 600 нафар ҷавонон бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар шаҳри Истаравшан таҳти унвони “Тоҷикистон ба пеш!” барпо гардид. Ҳамоиш зери сарварии раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Истаравшан Комил Мирзоев баргузор гардида, дар кори он Раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Зуфар Исмоилзода ва раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода ва мудири шӯъбаи кор бо ҷавонони КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Фирдавс Салимов, аъзои фаъоли ТҶҶ “Созандагони Ватан”, раисони ташкилотҳои ибтидоӣ, сарбозони хизматро ба итмом расонида иштирок намуданд. Сараввал меҳмонон бо дастовардҳои варзишгарони шаҳри Истаравшан, намунаҳои ҳунарҳои миллии ҷавондухтарон, маҳсули дасти онҳо, ихтироотҳои техникони наврас аз наздик шинос гашта, ба ҳунари ҳунармандони ҷавон баҳои баланд доданд. Сипас намоиш бо садо додани суруди миллӣ оғоз гардид. Сипас Раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Истаравшан дар бораи дастовардҳои ҷавонон дар 30-соли Истиқлолият, ташаккули сиёсати давлатии ҷавонон, дастгириҳои пайвастаи Пешвои миллат ҷиҳати рушди ҷавонон сухан ронд. Раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Исмоилзода З.М. баромад намуда, доир ба ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти сиёсати ҷавонон, таъмини суботи ҷомеа, даъват ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ, таъсисёбии ТҶҶ “Созандагони Ватан”, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ сухан ронд. Дар чорабинӣ раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода низ баромад намуда, доир ба таъсисёбии ТҶҶ “Созандагони Ватан” гуфта, иброз намуд, ки ӯ аввалин раиси ТҶҶ “Созандагони Ватан” буд. Маъмурзода А аз ҷавонон даъват ба амал овард, ки пайрави арзандаи Пешвои миллат бошанд, Ватани азизи худро дӯст доранд ва баҳри хизмат ба он ҳамеша омода бошанд. Аъзои фаъоли ТҶҶ “Созандагони Ватан” Фарзона Орифова дар мавзӯи “Пешвои миллат – роҳнамои ҷавонон”, собиқ сарбози хизмати ҳарбиро ба охиррасонда Акмал Абдуллозода дар мавзӯи “Хизмат ба Ватан шараф аст” ва Юсуфҷон Алимбеков дар мавзӯи “Терроризмро ҷавонон маҳкум менамоянд” баромад намуданд. Сипас, маросими савгандёдкунии 10 нафар аъзои ба тозагӣ ба сафи ТҶҶ “Созандагони Ватан” дохилгашта баргузор гардид. Ба онҳо шаҳодатномаҳои аъзогии ТҶҶ “Созандагони Ватан” супорида шуд. Тибқи дастуру супоришҳои КИМ ҲХДТ мусобиқаи хурд байни дастаҳои ғайрикасбии шаҳру ноҳияҳо баргузор гардида буд, ки дар он дастаи “Навобод”-и шаҳри Истаравшан дар мусобиқаи вилоятӣ сазовори ҷойи дуюм гардид. Ба ин ғолибони даври вилоятӣ Сипосномаҳои КИ ҲХДТ дар шаҳри Истаравшан ва ба 10 нафар аъзои ба тозагӣ ба сафи ҲХДТ дохилгашта шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуд. Иштирокчиёни ҳамоиши ТҶҶ “Созандагони Ватан” таҳти унвони “Тоҷикистон ба пеш” ба ҷавонони шаҳри Истаравшан Муроҷиатнома қабул намуданд. Бо садо додани суруди миллӣ қисми аввали ҳамоиш ба охир расид. Дар қисмати дуюми он ҳунармандони ҷавони шаҳри Истаравшан дар назди ҳозирин бо барномаи рангини ҳунарӣ баромад намуданд.

Рубрики
Uncategorized

Кӯҳистони Мастчоҳ: ПРЕЗИДЕНТӢ МАРДУМӢ

Шуруъ аз соли 2016 тибқи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рузҳои ид» дар баробари дигар иду ҷашнвораҳои миллӣ, 16-ноябр ҳамчун Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардидааст. Ҳамасола 16 ноябр дар соросари кишвар ҳамчун рӯзи Президент ҷашн гирифта мешавад. Амалкарди вазифа ё мансаби Президентӣ дар кишвари мо аз оғози солҳои 90-ум шуруъ шуда буд ва аввалин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 30-ноябри соли 1990 аз ҷониби Шӯрои Олии мамлакат интихоб гардида буд. Ба канори садҳо идҳои миллию давлати ворид намудани рӯзи Президент бе ҳадаф набуда, балки нишонаи арҷгузори ба мансаби Олии давлатдорӣ мебошад. Ба ҳамагон маълумаст, ки дар солҳои 90-уми асри гузашта ба сари миллати тоҷик чи ҳаводис омад ва он замон ин мансабро соҳиб шудан аз кас, ҷоннисориву сарсупрдагиро тақозо мекард. Ҳаминаст, ки дар радифи мушкилиҳои давр ва нооромиҳо Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сари қудрат омада, миллату давлати тоҷикро аз вартаи нобуди наҷот доданд ва бобати корнамоиҳову сарсупурдагиҳои ин абармарди таърих, ки баҳри расидан ба ваҳдати миллӣ чи талошҳое накарданд, ҳамаги огаҳи дорему, ин заҳматҳоро қадр мекунем.Пешвои миллат Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 20 августи соли 2019 дар аснои сафар ва вохурияшон бо сокинону фаъолони Кӯҳистони Мастчоҳ чунин таъкид доштанд, ки «Агар шахс ба кадом коре ки набошад азму иродаи қави ва сидқ дошта бошад, он кор ва нияти хостааш амали мешавад». Аз ин маълум мешавад, ки Пешвои миллат, баҳри расидан ба ин мансаби Олӣ ва пеш аз ҳама ба сарҷамъу муттаҳид намудани миллати тоҷик азму иродаи қавӣ доштаанду, бо чунин матонати устувор миллатро ба рӯзҳои нек расонидаанд. Пас аз чунин ҳол шоистааст, ки дар баробари дигар иду ҷашнвораҳо Рӯзи Президент низ ҳамчун иди боарзиши миллӣ истиқбол шавад. Албатта наметавон дар як матлаб тамоми корнамоии Президенти кишварро баён кард, аммо ба таври кутоҳ мехоҳам чанд нуқтаи ҷолибро бобати Президентӣ мардумӣ будани Пешвои миллат ишора намоям.Дар оғози ба сари қудрат омадани Президенти муҳтарами мамлакат Эмомалӣ Раҳмон то кунун доимо бо мардуманд ва ба ҳар куҷо ки сафар накунанд нахуст аз ҳоли ятимону бепарасторон ҷуёи аҳвол мешаванд. Дар ҳар баромадашон бобати дастгирии барҷомондагон, тарбияи дурусти ҷавонон дар руҳияи ватандӯстӣ таъкидҳо менамоянд. Дар давоми 30-соли соҳибистиқлоли Тоҷикистони азизи мо аз як кишвари ҷангзада ба гулистон мубаддал шуд; анъанаҳои миллӣ таърихи ниёгони мо дубора эҳё шуд; рӯзгори мардум хеле беҳтар гардид. Дар масири гулистон кардани кишвар ҳамин ободониву бунёдкори ва таъсиси шаҳру навоҳии нав дар даврони соҳибистиқлолиро метавон мисол овард. Инчунин дар ин замон анъанаҳои миллӣ, рушди ҳунарҳои мардумӣ, эҳёи анъанаҳои суннати миллати тоҷик, арҷ гузоштан ба расму оини миллати тоҷик мебошад. Рӯзгори мардум нисбати солҳои 90- ум даҳҳо зина боло рафт. Рӯз аз рӯз симои шаҳру деҳот зебо шуд истодааст. Дар баробари ин ҳатто дар дурдастарин манотиқи мамлакат мардум хонаҳои наву замонавӣ, ҳатто хонаҳои баландошиёна доранду пушида истодаанд. Имрӯз фарзандони мардуми тоҷик дар донишгоҳҳои муътабари байналмилӣ таҳсил доранд, ки ин ҳама шаҳодат аз рӯзгори зебои миллати тоҷик дарак медиҳад. Ҳамчунин дар ин даврони ҳукмронии Роҳбари Оқилу фарзонаи мамлакат қонунҳое барҳри некуаҳволии мардуми тоҷик аз ҷумла қонун « Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», қонун «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва дигар асноду санадҳое руи кор омаданд, ки ҳамаги баҳри некуаҳволии мардум равона карда шудаанд. Агар Роҳбар Президент дар канори мардум набошад чигуна метавонад дарди мардумро эҳсос кунанд. Маълум мешавад, ки Роҳбари муззами мо дар канори мардум ҳастанд ва ҳамаҷониба паҳлуҳои рӯзгори мардумро эҳсос мекунанд. Тавре дар боло гуфтем ки дар як матлаб наметавон корнамоиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонрро баён кард. Ба ҷои хулоса ҳаминро метавон гуфт, ки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо чунин корнамоиҳо ва сиёсати оқилонаи хеш, ҳамчун Роҳбари маҳбубу ғамхор дар дилу дидаи мардум ва дар саҳифаи таърихи миллати тоҷик бо ҳарфҳои заррин ҳамчун “Президентӣ мардумӣ” сабт хоҳад шуд. Мо сиёсати хирадмандона ва оқилонаи Пешвои миллатро ҳамаҷониба дастгирию пуштибони менамоем. Ҷашни Рӯзи Президент муборак ба Президентӣ мардумӣ ва ба мардумӣ шарифу сулҳпарвари Тоҷикистон.

Саидвоҳид Ҳоҷизода

КИ ҲХДТ Кӯҳистони Мастчоҳ

Рубрики
Uncategorized Нашрияи сухани халқ

Шумораи навбатии рӯзномаи “Сухани халқ “

Дар шумораи навбатии рӯзномаи “Сухани халқ “Суханронии Пешвои миллат дар ҷаласаи Панели сатҳи баланд оид ба масъалаҳои об ва иқлим, Машварати кории Раиси вилоят Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, Натиҷа бардори аз “Мактаби сарварони ҷавон” ва ғайраро метавонед мутолиа намоед.

Рубрики
Uncategorized

Ашт: “Конститутсия–кафили таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон”

Масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ашт дар ташкилоти ибтидои ҲХДТ дар назди ҶДММ “РАХШ–Р.М”-и ноҳияи Ашт таҳти мавзӯи “Конститутсия–кафили таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон” бо иштироки кормандони ташкилот хониши сиёсӣ баргузор намуд.Хониши сиёсиро муовини раиси ташкилоти ибтидоӣ Шералиев З. кушода, бобати қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аҳамияти таърихии он маълумот дод.Баъдан оиди ин мавзӯъ аъзои фаъоли ҳизб Икромова Мутриба ба сухан баромада қайд намуд, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон арзиши олии инсон ва ҳуқуқу озодиҳои инсон мебошад. Ҳамаи ин тағиру иловаҳо ба Конститутсия аз он шаҳодат медиҳад, ки ҷомеаи мо давлати мо зина ба зина инкишоф ёфта истодааст ва мо бояд ҳамчун шаҳрвандони ин давлат барои рушду нумӯи он ҳамеша кӯшиш намоем ва саҳми худро гузорем.

Рубрики
Uncategorized

Гулистон: Амали хайр

Дар ташкилоти ибтидоии “Шаҳраки Консой” Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 50 нафар оилаҳои камбизоат, модарони фарзангумкарда, иштирокдорони сохти кон ститутсионӣ бо маводи яквақтинаи хӯрока аёдат карда шуданд

Рубрики
Uncategorized

НАЗАРЕ БА ОИНА

Бо ташаббуси КИ ҲХДТ дар вилоятии Суғд дар ҳамкории бо идораи телевизион ва радиои вилояти Суғд барномаи “Назаре ба оина” таҳти унвони “Бону ва варзиш” баргузор гардид. Ровии барнома Муҳайё Шарипова иштирокдорони барномаро хайрамақдам намуда коршиносони барнома, чемпиони ҷаҳон оид камонварӣ Зебинисо Рустамова, устоди варзиш оид ба каратэ-до Фирӯза Ахмедова, мудири шуъбаи занони КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Заррина Раҳмонро муаррифӣ намуд. Инчунин дар барнома варзишгар занон, парчамбардорони Тоҷикистон ширкат намуданд. Чемпиони ҷаҳон оид ба камонварӣ Зебинисо Рустамова фикру ақидаҳои хешро дар барномаи “Назаре ба оина” чунин баён намуд: Бо дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои-миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои охир саҳми занон ва духтарон дар рушди варзиш ва оммавигардонии он ва тарғиби тарзи ҳаёти солим дар миёни аҳли ҷомеа назаррас мебошад. Ба хотири ҳавасманд намудани варзишгарон соли 2015 Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи варзиш таъсис дода шуд, ки то имрӯз қариб 200 нафар варзишгарони ҷавон соҳиби он гардидаанд. Сипас устоди варзиш оид ба каратэ-до Фирӯза Ахмедова оид ба иншоотҳои варзиши сухан намуда қайд, ки агар то соли 1991 дар мамлакат ҳамагӣ қариб ҳазор иншооти варзиш фаъолият дошта бошад, пас соли 2020 шумораи онҳо ба 10220 расонида шуд.Яъне шумораи иншооти варзиш дар даврони соҳибистиқлолӣ беш аз нӯҳ баробар зиёд гардидааст. Аз ин лиҳоз мо занон ва духтарон имконият дорем, ки бештар бо варзиш машғул буда дар олимпиадаҳо чемпионатҳои ҷаҳон иштирок намуда парчамбардори кишварамон гардем. Дар фарҷоми барнома духтарон тарзи усули каратэдоро ба иштирокдорони барнома намоиш додаанд.

Рубрики
Uncategorized

НИҲОДИ МАЪНАВӢ ВА ИРОДАТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ-МЕҲВАРИ ҲАМА ПИРӮЗИҲОИ МИЛЛАТИ ТОҶИК

Санаи 9 сентябри соли 1991 дар харитаи сиёии ҷаҳон Ҷумҳурии Тоҷикистон – ҳамчун кишвари соҳибистиқлол тавлид гардида, барои давлати навини тоҷикон марҳилаи эҳё ва созандагӣ оғоз гардид. Вале касе гумон надошт, ки ин марҳилаи нав миллати куҳанбунёдро ба «драмаи миллӣ» дучор месозад.Замоне, ки давлати абадқудрати Шӯравӣ вопасин рӯзҳои худро ба cap мебурд ва дар саросари қаламрави он оташи низоъҳои сиёсӣ аланга мезад, Иҷлосияи дувуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (даъвати дувоздаҳум), дар таърихи 24 августи соли 1990 Эъломияи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистонро пазируфт ва дар сарнавишти Тоҷикистон марҳилаи тозаи таърихиро ифтитоҳ, бахшид.Кишвари тозаистиқлоли тоҷик ҳамчун давлати собиқи Шуравӣ, низоми сиёсии кӯҳнаро мерос гирифт, ки ба тағйиротҳои демократӣ ҷавобгӯ набуд. Тараққиёти сусти иқтисодии минтақаҳо, суст ҷалб намудани инвеститсияи хориҷӣ, ислоҳоти сусти низоми сиёсӣ, рақобатҳои геополитикии давлатҳои абарқудрат ва ҳамсоягӣ бо кишвари ҷангзадаи Афғонистон боиси сар задании низои сиёсии тоҷикон гашт.Он рӯзҳо солҳои (1992 -1997) ҳеҷ кас андеша намекард, ки ин «драмаи миллӣ» кадом роҳи ҳалли худро дорад, баъзе гурӯҳҳои навмед, ҳатто фикр мекарданд, ки на лидери сиёсӣ ҳаст ва на қуввае, ки халқро ором намуда, ба ваҳдат биёрад.Саҳифаҳои таърих шоҳид аст, ки дар даврони бесарусомониҳо, рӯзгори нобасомон ва шикастаруҳии мардуми мо тақдир башорати баргузории Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун ҳадяи таърих ва пайки наҷот ба миллати тоҷик ато кард ва ҷараёни ин анҷумани саодати халқ ҳодиву раҳкушову раҳнамо ва мубашшири ин наҷотро ҳамчун туҳфаи олитарини тақдиру сарнавишти миллати тоҷик дар симои фарзанди сарсупурдаву меҳанпарасти хеш – Эмомалӣ Раҳмонро Худованд насиб гардонид.Замоне, ки намояндагони мардуми кишвар Эмомали Раҳмонро ба маснади Роҳбари Тоҷикистон пазируфтанд, ҳамагӣ 40 сол дошта дар миёни роҳбарони кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ва ҷаҳон ҷавонтарин чеҳраи сиёсии маҳсуб меёфтанд. Зуҳури Эмомалӣ Раҳмон дурахши истеъдоди нодире буд, ки аз вуҷуди ин мардум ва ин марзу бум берун омад ва ҷумлаи фазилатҳояшро, ки қаблан ёд кардем, дар вусъати ҳадафҳои олии миллӣ ангезиш дод ва қудрати амал ато намуд.Аввалин сухани Эмомалӣ Раҳмон дар мақоми Раиси Шурои Оли ва Сарвари тозаинтихоби Ҷумҳурии Тоҷикистон «Ман ба Шумо сулх, меоварам… Мо хама бояд ёру бародар бошем» паёме аз хираду заковати халк буд, ки дар фитрат ва дилу нияти поки фарзанди фарзонаи баргузидааш тачассум ёфта буд.Дар ин гуфторҳои самимиву пурмеҳр, ки дар фазои ғуборолуди яъсу ноумедиҳо бо ихлосу муҳаббат, бо имону эътиқод садо дод, як ҷаҳон маънӣ ва калиди кушоиши ҳама гиреҳи мушкилот нуҳӯфта буд. Гардиши айём, ки фарҳанги сулҳ дар ниҳоди маънавӣ, ҷаҳонбинӣ ва иродати ахлоқиву инсонии Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун шӯълаи умед, назаре ба ояндаи дурахшон ва мувозинату оромишро дар вуҷуди миллати ба таҳлука афтода фурӯзон намуд. Он вақт ҳамчун раиси тозаинтихоби Шӯрои Олии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин суханҳои таърихиро низ баён намуда буданд: «Ман ҳамчун сиёсатмадор аз рӯи тақдир ба шароити таърихии худ ба сарварии Тоҷикистони соҳибистиқлол дар лаҳзаҳои душвори муқовимат омадам, ки ҳар рӯзи ҷангро аз байн бурдан, ба Ватан ҳар чӣ зудтар сулҳ ва созиш овардан, ин мақсади олии ман буд, ки барои ба даст овардани он ҳеҷ чизро дареғ намедоштам» .Файласуфи Юнони қадим Афлотун дар китоби хеш бо номи «Давлат», овардааст, ки «дар давлат бояд ҳикмат, шуҷоат, иффат ва адолат ҳукмфармо бошад». Ба ин маънӣ бо ҳидояти хирадмандонаи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон халқи Тоҷикистон бо эҳтиром гузоштан ба озодӣ, ҳуқуқи инсон ва шаҳрванд, бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона марҳилаи тозаи қонунгузориро дар қаламрави кишвари хеш асос гузошт. Дар саргаҳи ин ибтикорот қабули Конститутсияи нави мамлакат қарор дошт, ки бори аввал дар таърихи давлатдории тоҷикон аз тариқи раъйпурсии умумихалқи сурат гирифта, дар он андухтаҳои тамаддуни башарӣ дар робита ба озодии инсон, ҳуқуқ шаҳрванд, ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ таҷассуми равшан пайдо намуд ва ҳамчун хуҷҷати рахнамои як давлати комилҳуқуқ аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳони эътироф шуд. Яъне, ин марди бонангу ор ва ҷонфидои Ватан ба ҷаҳониён исбот намуд, ки аз як кишвари гирифтори оқибатҳои вазнини ҷанги шаҳрвандӣ миллати тоҷикро ҳамчун давлате, ки татбиқи рукнҳо ва арзишҳои демократии идоракунии ҳаёти ҷомеаро пеш гирифтааст, табдил хоҳад дод. Дар натиҷа миёни Тоҷикистон ва мамолики гуногуни ҷаҳон муносибатҳои дӯстонаи дипломатӣ барқарор гардида, давлати мо ба аксарияти ташкилоту созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ пазируфта шуд. Ба ибораи дигар, азму иродаи ин марди поксиришт, фарзанди фарзонаи миллат вобаста ба ташкили давлати муосири демократӣ ба кишварҳои пешрафтаи олам эътимод бахшид, ки бо Тоҷикистон робитаҳои дӯстонаву ҳасана барпо кардан ба манфиати ҷомеаи ҷаҳонист.Интиҳои соли 2018 ва нимаи дуввуми соли 2019 барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмон воқеан таърихӣ аст, зеро ин замонест, ки як миллати кучак тавонист бо нерӯи созандаи Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон ва сарҷамъиву саъю кӯшиши мардуми меҳнатқарини тоҷик агрегати якуми бузургтарин нерӯгоҳи барқи обӣ дар минтақаи Осиё – “Роғун”-ро ба кор андозад. Ин нерӯгоҳ иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон мебошад, ки ба шарофати он орзуи чандинсолаи мардуми кишвар амалӣ гардид. Ин руйдод ибтидои гардиши куллӣ дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол ва як қадами устувору бузурги кишвари мо дар самти расидан ба ҳадафи якуми стратегии миллӣ – истиқлолияти энергетикӣ ба ҳисоб меравад. Ҳамин тариқ, чуноне, ки навиштаҳои боло собит менамоянд, хислатҳои руҳиву маънавӣ, шаҳрвандӣ ва идеологии шахсӣ, муҳаббату самимяти фарзанди фарзонаи миллат-Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба халқу Ватани маҳбубамон намунаи ибрати мост, зеро ақидаҳои ватандӯстӣ ва гуфторҳои хирадмандонаи сарвари давлат қувваи бузургест, ки тамоми мардуми кишварро барои ба даст овардани мақсадҳои иҷтимоӣ муттаҳид месозад.

Шамсиев Фурқат Каримович-дотсенти кафедраи менеҷменти ДДҲБСТ-аъзои ҲХДТ

Абдураҳмонова Мавлуда Муҳаммадҷовна-ассистенти кафедраи менеҷменти ДДҲБСТ-аъзои ҲХДТ

Рубрики
Uncategorized

Мақоми зани тоҷик дар Тоҷикистони соҳибистиқлол

Баъд аз пош хӯрдани давлати абарқудрати Иттиҳоди Шӯравӣ собиқ ҷумҳуриҳои узви он, аз он ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон 9 сентябри соли 1991 соҳибистиқлол гардид. Риштаҳои иқтисодиву фарҳангӣ, ки ҷумҳуриҳои собиқи шӯравиро ба ҳам мепайвастанд аз ҳам ҷудо шуданд ва Тоҷикистон ба мушкилиҳои зиёде бархӯрд ва истиқлолият бо камбудиву душвориҳои сангин вориди кишвар гардид.Тоҷикистон ва мардуми он ҳанӯз шаҳди истиқлолиятро начашида, гирифтори ҷанги шахрвандӣ гардид. Ҳазорҳо мардони бегуноҳ ҳалок шуданд, қисми дигар тарки Ватан карданд ва Ҷумҳурии Тоҷикистон ба бӯҳрони сиёсӣ, иҷтимоию иқтисодӣ дучор гардид. Дар ин кори пойдор намудани сулху салоҳ ва оромӣ дар кишвар занон ҳиссаи арзандаи худро гузоштанд.Имрӯз вақте, ки он саҳифаҳои мудҳиши таърихро варақ мезанем, беихтиёр шукри онро мекунем, ки боз рӯзҳои нек, оромию осоиштагӣ насиби халқи тоҷик гардид.Дар натиҷаи ҷанги шаҳрвандӣ 25 ҳазор занон бешавҳар ва 55 ҳазор тифл ятим монд. Чи тавре, ки Президенти кишвар Э.Раҳмон дар анҷумани сеюми иттиҳодияҳои занон ва созмонҳои ғайридавлатии ҷумҳурӣ 26 апрели соли 1997 қайд кардааст: «Ба болои ҳамаи ранҷу азобҳо бори гарони масъулияти тарбия, таъминот ва нигоҳубини оилаҳои минтақаҳои ҷангзадаи мамлакат ба дӯши занон афтод». Бо тақозои замон сиёсати давлат ҳам нисбати занон дигаргун шуда, мавқеи эшон дар ҷомеа ва дар оила ҷои муносибро ишғол мекунад. Занони Тоҷикистон бошанд дар раванди маъракахои муҳими сарнавиштсози баъди истиқлолият, хусусан муҳокимаи умумихалқии Конститутсия, интихоби Президент, татбиқи ислоҳоти иктисодӣ, дар маъракаҳои ҳалъи силоҳ, таъмини покизагии маънавию ахлокии ҷомеа нақши созандаро бозиданд.«Асостарин ва муҳимтарин меъёри Конститутсияи мамлакатбунёди ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ, ки шоҳрохи пешрафту тараққии Тоҷикистони навин мебошанд, маҳз бо шарофати ҳамовозию дастгирии фаъолона ва қотеъонаи занони Тоҷикистон мавқеи устувори пойдори худро пайдо кард», қайд карда аст Президенти кишвар Эмомалӣ Рахмон [1].Чӣ тавре, ки бузургон гуфтаанд, ҷомеаи, ки ба зан модар ғамхорӣ менамояд, ба ояндаи худаш ғамхорӣ мекунад. Давлате, ки нисбат ба модар ин сарчашмаи ҳаёт ва бақои насли инсони бепарво бошад, ояндаи худро аз даст медиҳад. Аз ин лиҳоз, занони тоҷик дар корҳои давлатдорӣ ва сиёсат фаъолона иштирок доранд.Мавқеи занон дар сиёсат, иқтисодиёт ва фарҳанг дар ҳама соҳаҳои ҳаёт аз тарафи сарвари давлат – Президент бо фармонҳои махсус дастгирӣ ва мустаҳкам шуда истодааст.Тоҷикистон яке аз аввалинҳо шуда, ҳанӯз 27 декабри соли 1993 Созишномаро оид ба барҳам додани ҳама гуна маҳдудиятхои ҳукуки занон имзо карда буд ва аз нуқтаи назари хукуқ дар Тоҷикистон нисбати занон ягон маҳдудияте аз тарафи давлат вуҷуд надорад.Масалан, дар тӯли давраи истиқлолият ҳукумати кишвар якчанд барнома таҳия намудааст, ки ба фароҳам овардани шароити мусоид баҳри рушди ҳамаҷонибаи зани тоҷик равона шудаанд. Аз ҷумла:1. Нақшаи миллии тадбирҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба баланд бардоштани нақши занон барои солҳои 1998-2005.2. Фармони Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон таҳти №5 аз 3.12.1999 «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани нақши занон дар ҷомеа».3. Барномаи давлатии «Самти асосии сиёсати давлатӣ оид ба таъмини ҳуқуқу имкониятҳои баробари мардон ва занон дар Ҷумхурии Тоҷикистон барои солхои 2001-2010».4. Боби иловагӣ ба Барномаи давлатии «Дастрасии занони деҳот ба замин» (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, №196 аз 30.04.2004).Конун «Дар бораи кафолати давлатии ҳуқуқҳои баробари мардон ва занон ва имконияти баробари татбиқи онҳо» №89, ки аз ҷониби парламенти кишвар 1 марти соли 2005 ба имзо расид, боз як шаҳодати майли мамлакат ба расидан барои майл шудан ба баробарӣ ва баробарҳуқуқӣ мебошад.Тавре таърих исбот кардааст, ҷое, ки зиндагӣ ва муҳити зан ором бошад, он кишвар дар такомулу гулгулшукуфӣ қарор дорад, чунки зан оинаи оила ва миллат аст. Бинобар ин, маҳз бо баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа ва оила мо метавонем, ҷамъияти устувор, боадолатона ҳаматарафа тараққикардаро бунёд намоем.Масалан, дар конфронси Байналмиллалии занони Осиёи Марказӣ, ки моҳи январи соли 1999 дар шаҳри Самарқанд таҳти унвони «Занон дар раванди гузариш» шуда гузашт, тахминан 50 маърӯза шунида шуд, ки ҳамаи ин маърӯзаҳо ба ҳалли проблемаи занон бахшида шуда буд. Аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам 5 нафар намояндагон аз Созмонҳои ҷамъиятии занон иштирок намуда, бо маърӯзаҳои пурмазмун баромад карданд.Аз мазмун ва хулосаи ҳамаи он конфронсҳо, ки чӣ дар берун ва чӣ дар дохили ҷумҳурӣ баргузор гаштанд, чунин маълум мешавад, ки вазъи занони кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ, ҳамранг ва муштарак мебошад. Ин мушкилот дар маърӯзаҳо чунин зикр ёфтаанд: дар аввал паст будани дараҷаи ҳаёти иктисодӣ ва болоравии қашшокӣ, бо кор таҳмин набудани зан ё аҳли оилаи ӯ, дилхоҳ набудани хизматрасонии тиббӣ ва соҳаи маориф, болоравии ҷинояткорӣ ва паст будани кори органҳои низомӣ, паст будани дониши ҳуқуқии занҳо, ки боиси зери фишор афтодани онҳо мегардад ва ғайра.Бояд гуфт, ки барои ҳалли мушкилоти дар боло зикр шуда, ҳатман тамоми нерӯҳои солими ҷамъият, ба хусус занон, созмонҳои ҷамъиятӣ бояд ба ҳам оянд. Дар урфият мегӯянд, ки ҳар кас табиби дарди худ аст. Дарди ҷомеа, пеш аз ҳама дарди зан аст, ки аз ҳама пеш ба модар зарба мезанад, бинобар ин занон бояд, ки муборизаро бар зидди ҳама гуна беадолатӣ, зӯроварӣ, ҷинояткорӣ аз оилаи худ оғоз намоянд, то ки ҷамъияти ҳукуқбунёди демократӣ бо маънои комил бунёд ёбад.Аз рӯи маълумоти мавҷуда оиди афзоиши теъдоди аҳолӣ дар 10 соли охир аз 5 млн. 500 ҳазор ба 6 млн. 250 ҳазор нафар расида ва дар соли 2010 -ум бояд то ба 8 млн. рафта расад [2].Мо бояд дар хотир дорем. ки 93 фоизи кишвари мо кӯҳистон буда. танҳо 7 фоиз замини водӣ дорем. Дар мамлакат аз ҳама сатҳи баланди қашшоқӣ дар деҳот, ба назар мерасад. ки он ҷо 70 фоизи аҳолии кишвар ҷой дорад. Айни замон суръати афзоиши аҳолӣ он ҷо аз ҳама тез мебошад.Бинобар ин танзим накардани оила, яъне таваллуди зиёд, афзоиши мунтазами табиӣ яке аз сабабҳои асосии пастравии сатҳи зиндагии мардум хоҳад гашт. Қашшоқӣ метавонад сабабгори ба вуҷуд омадани баъзе проблемаҳои дигар ҳам гардад ва ба пешрафти ҷомеа монеъ шавад.Оиди ҳифзи саломатии занон ва кӯдакон қайд карда шудааст, ки масъалаи ҳифзи саломатии модару кӯдак, тарбияи наслҳои солим ва таъмини ояндаи неки онҳо бояд ҳамеша дар мадди аввал бошад, чунки аз рӯи маълумоти мавҷуда имрӯз аз 60 фоизи заноне. ки гирифтори ҳар гуна касалиҳо дар давраи ҳомиладорӣ ҳастанд. 85% онҳо ба касалии камхунӣ дучоранд.Барои ҳалли масъалаи баробарҳуқукии зану мард дар ҳаёти сиёсию иқтисодӣ ва фарҳангӣ монеа вуҷуд надорад ва барои ичрои он аз тарафи давлат ва кумитаҳои кор бо занон шароит фароҳам оварда шуда истодааст.Аз он ҷумла, бояд гуфт, ки имрӯз дар мақомоти олии ҳукумати ҷумхурӣ ҳам, занони соҳибхираду фозил фаъолият доранд.Дар тамоми кишварҳое, ки барои нақшу манзалати занонро боло бурдан эътибори махсус медиҳанд ва онҳоро ба корҳои масъул ҷалб кардаанд, аз ин ҷомеа танҳо бурд кардааст ва чуноне. ки Шиллер гуфтааст: «Ба занон бо эҳтиром бингаред, онҳо гулҳои осмониро дар ҳаёти заминӣ мекоранд, ҷомеаи дилпазиру зебои ишқро мебофанд ва эҳсосоти латифро мепарваранд».Дар шароити соҳибистиқлоли мо ба иқтисоди бозоргонӣ рӯ овардаем ва ҳар касро шароити кунунӣ маҷбур менамояд, ки бо ҳар роҳу тариқа худро ба ин марҳила мутобиқ гардонад. Бинобар он, дар ин марҳилаи ҳасос лозим аст, ки ба занон ҳаматарафа имконият фароҳам оварда шавад. Ҳадди имкон онҳо бештар ба кор қабул карда, қобилияту истеъдодашон дар бунёди ҷомеаи демократӣ пурра истифода бурда шавад.Барои ҳалли ин муаммо дар миқёси ҷумҳурӣ тадбирҳои таъхирнопазир андешида шудааст, ки аз он чумла дар фармони Эмомалӣ Раҳмон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 1999 «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» чунин гуфта шудааст: «Бо мақсади таъмини иштироки фаъолонаи занон дар ҳаёти ҷамъиятӣ ва идораи давлат, баланд бардоштани мақоми иҷтимоӣ зан ва солим гардонидани генофонди миллӣ, болоравии нақши зан дар таҳкими пояҳои ахлоқию маънавӣ ва сулҳу ваҳдат, мутобиқи моддаи 64, 69 ва 70 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумхурии Тоҷикистон фармон медиҳам:1. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баланд бардоштани мақоми занон. татбиқи воқеии ҳукуқу озодии коститутсионии онҳо. таъмини масъулияти воқеии волидайн дар тарбияи кӯдакон, бартарафсозии хурофот ва урфу одатҳои иртиҷоӣ, ташаккули оилаи солим тадбирҳои амалӣ андешида, то 1 майи соли 2000-ум барномаи давлатии «Мақоми зан дар ҷомеа»-ро таҳия намояд.2. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мақомоти ҳокимият ва идораи давлати занонро бо дар назардошти салоҳиятнокӣ ва сифатҳои касбию кордоннашон ба ҳайати роҳбарикунандаи вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, мақомоти ҳокимияти иҷроияи маҳаллӣ, ҷамоатҳо, мақомоти прокуратура ва суд. таълимгоҳҳои олӣ ва дигар муассисаҳои маориф таъин намоянд [4].Бо назардошти ин, то 1 марти соли 2000-ум аз ҳисоби занони ботаҷрибаву лаёқатманд ва соҳибихтисосу салоҳиятнок дар вазифаи яке аз муовини роҳбарӣ:а) вазоратҳо (ба истиснои сохторҳои қудратӣ), кумитаҳои давлатӣ, кумитаҳо ва саридораю агентҳои назди Ҳукумати ҷумҳурӣ, идора ва муассисаҳо, ассотсиатсия ва ширкатҳо. консерну корпоратсияҳо, иттиҳодияҳо ва ташқилоту корхонаҳои давлатӣ; б) вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва шаҳраку ҷамоатҳо;в) мақомоти суд ва прокуратура;г) таълимгоҳҳои олӣ ва миёнаи махсус, дигар муассисаҳои маориф, маданият ва нигаҳдории тандурустӣ таъин карда шаванд.3. Прокуратура. Вазорати адлия. Вазорати корхои дохилӣ муборизаро бар зидди ҳодисаҳои таҳқир ва зӯроварӣ нисбати зан. бисёрзанӣ ва алайҳи маҳдуд кардани ҳуқуқи занону духтарон пурзӯр намоянд.4. Вазоратҳои маориф. меҳнат ва шуғли аҳолӣ. кумитаи кор бо занон ва оила. ҳукуматҳои вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба масъалаи иқтисодчӣ. муҳандис. духтур. агроном. муаллим дар деҳоти ҷумҳурӣ чун ба як рукни сиёсати давлатдорӣ ва фишанги тавонои пешбурди ҷамъият муносибат намоянд. Ба ин хотир, ҳангоми кабул ва таҳсил дар мактабҳои олӣ ва миёнаи махсус бо назардошти талаботи замон ва тавсияи ҳукуматҳои маҳаллӣ барои тайёр намудани кадрҳо аз миёни духтарони ноҳияҳои кӯҳистон бояд шароити имтиёзнок муҳайё карда шавад.5. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи интихоб ва ба вазифаҳои масъул таъин кардани занон, тарбияи наслҳои ҷавони кадрҳои роҳбарикунандаро аз ҳисоби занону духтарон, махсусан дар маҳалҳо зери назорати доимӣ қарор диҳад.6. Мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати кадрҳо назорати интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳоро тақвият бахшида, ҷиҳати таъмини занон ба мансабҳои дар банди 2 ҳамин фармон зикр гардида, бо назардошти салоҳиятноки, сифатҳои касбӣ ва кордонии онҳо, тадбирҳои зарурӣ андешад»[4].Бояд гуфт, ки Кумитаи кор бо занон ва оилаи вилояти Суғд таи солҳои охир ба масъалаҳои тарбия, тарғибу ташвиқ, баланд бардоштани маърифатнокӣ ва дониши ҳуқуқии занон, роҳҳои пешгирии ҳар гуна ҳодисаҳои номатлуб, мустаҳкам намудани оила корҳои зиёдеро ба анҷом мерасонад. Қобили зикр аст. ки Барнома – накшаи кории нашршудаи он дастраси кумитаҳои занони шаҳру ноҳияҳо шуда, хеле ҷолиби диққат мебошад.Барномаи мазкур таҳти унвони «Нақшаи амали Ҳукумати вилояти Суғд оиди татбиқи барномаи давлатии «Самтҳои асосии сиёсати давлатӣ оид ба таъмини ҳуқуқу имкониятҳои баробари мардон ва занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2001-2010» чоп шудааст, ки он иборат аз шаш бахш мебошад.Бахши якум «Сиёсати давлатӣ оид ба таъмини ҳуқуқҳо ва имконияти баробари мардон ва занон», буда ин бахш гувоҳии онро медиҳад, ки устуворшавии мавқеи занро дар ҷомеа ва ҳам дар оила зина ба зина то соли 2010 -ум мустаҳкам намуда, ҳиссагузории занон барои сохтмони ҷомеаи демократӣ имкониятҳои хуб фароҳам оварда мешавад. Тибқи Барнома дар навбати аввал баланд бардоштани дараҷаи дониш маърифатнокӣ ва сатҳи дониши сиёсии онҳо чӣ дар шаҳр ва чӣ дар деҳот дар назар аст.Умуман дар ин бахш ҷавобгӯи сиёсати давлат ва мусоидати ӯ барои занон пеши назар аст.Бахши дуюм «Занон ва сиёсат» буда, ҳадафи асосии он таъсиси системаи мукаммал ва комплекси тайёр ва пешбарӣ кардани занони фаъолу чолоки Ҷумҳурӣ мебошад, ки усули татбиқи он ҷалби занони лаёқатманд ва соҳибихтисос ба корҳои сиёсӣ, аз он ҷумла ба мақомоти роҳбарикунанда дар ташкилоту муассисаҳои давлатӣ ва ба мақомоти ҳифзи ҳуқук ва сохторҳои қудратӣ мебошад.Сиёсати давлатӣ оид ба таъмини ҳуқуқ ва имкониятҳои баробар бидуни иштироки баробарҳуқуқонаи мардон ва занон дар ташаккулу татбиқи он метавонад муваффақиятнок бошад. Вобаста ба ин масъалаи ташкнл ва таъмини шароит барои ҷалб кардани занон ба ҷараёни қабули карорҳо дар ҳамаи сатҳҳо муҳим аст.Барои ҳаллу фасл кардани ин масъала Фармони Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 1999 «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» нақши муҳим бозид. Аз рӯзи интишори Фармон то 15 апрели соли 2000-ум ба мансабҳои роҳбарикунанда дар мақомоти марказии идороти давлатӣ 12 нафар зан таъин ва 2 нафар зан аъзои ҳайатҳои мушовараи вазоратҳо тасдиқ гардиданд. Дар мақомоти маҳаллии ҳокимият ба мансабҳои роҳбарикунанда 13 нафар зан таъин карда шудаанд. Аз ҷониби вазирон ва роҳбарони идораҳои ҷумҳурӣ фармонҳо содир шудаанд, ки тибқи онҳо оид ба ичрои Фармони мазкур тадбирҳои мушаххас тасдиқ гардидаанд. Аз ҷумла занон барои пешбарӣ намудан ба мансабхои роҳбарикунанда ҳайати эҳтиётии кадрҳо ташаккул дода шудааст.Сиёсати хадафманди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бобати пешбарӣ кардани занон ба муваффақияти олӣ дар интихоботи Маҷлиси Олӣ ва ҳамчун натиҷаи он ба афзудани сафи намояндагии занон дар парлумони касбӣ мусоидат намуд. Дар палатаи поёнии парлумон – дар Маҷлиси намояндагон 8 нафар зан 12.7%-ро аз шумораи умумии намояндагон (63 нафар), дар палатаи болои Мачлиси Миллӣ 4 нафар занон 11,7%-ро ташкил медиҳанд [3]. Ин нишондиҳандаҳои намояндагии занон дар мақомоти олии Қонунгузорӣ дар Тоҷикистон нисбат ба бисёр мамлакатҳои ИДМ ва давлатҳои Аврупо баландтар аст.Нишондиҳандаҳои иштироки занон дар мақомоти намояндагии маҳаллии ҳокимият низ беҳтар гардидааст. Агар занон дар ҳайати вакилони пештараи сатҳи вилоят 4,4%-ро ташкил медоданд, пас ҳоло 11,6% ҳастанд; ҳамин таносуб дар шаҳри Душанбе 12,8% ва 31,4%. Дар ноҳияҳои шаҳри Душанбе 21.6% ва 24,8% баробар аст.Хулоса ва натиҷаи кори ҳар як иттиҳодияҳои ҷамъиятии ғайридавлатӣ ва масоили баҳсу музокироти конфронсу семинарҳои аз тарафи иттиҳодияиои ҷамъиятӣ доир намуда дар маҷаллаҳои «Бонувони Тоҷикистон», «Фирӯза», «Ноҳид» дар вилояти Суғд ба воситаи кумитаҳои кор бо занон ва оила ба тамоми занони ҷумҳурӣ дастрас мегардад ва ин албатта имконият медиҳад, ки аз фаъолияти иттиҳодияҳои ғайридавлатии занон дигарон огоҳӣ ёфта, барои худ аз таҷрибаи эшон баҳра бардоранд. Ҳамин тариқ, занон бояд дар аввал фарзандони солимро ба дунё овардаву онҳоро хушахлоқу бомаърифат ба камол расонанд, чунки пойдевори ояндаи давлату давлатдории мо ҷавонони солиму бомаърифат ва дорои ахлоқу маданияти баланд бошанд ва танҳо чунин ҷавонон метавонанд ҷомеаи демократиро рушд диҳанд.Занон ҳамеша созандагони шахсиятҳои бузург ва ҷавҳари ҷомеа, нимаи беҳтарини башарият маҳсуб мешаванд. Аз ин лиҳоз бори масъулият ба дӯши зан-модар бештар аст. Чуноне, ки Лоиқ дар васфи модар гуфтааст:Дару девори ҷаҳон худ дару девори зан аст,Кори дунё ҳама дар пайравии кори зан аст.Занон оинаи миллату Ватан мебошанд ва сатҳи хираду маърифат, одобу ахлоқи ҳамида пешрафту камолоти дирӯзу имрӯзаро дар худ таҷассум мекунанд. Бузургони замон гуфтаанд, ки «ҳассосият, ишқ, таҳаммул ва фидокорӣ зиндагии занро ташкил медиҳад». Оре, ба занҳои тоҷик ин хислатҳо хос аст ва занони соҳибмаърифати мо барои ояндаи дурахшони Тоҷикистони соҳибистиқлол дар раванди демократикунонии ҷомеа, барои хушбахтии ҳозираю ояндаи фарзандон низ ҳиссагузор хоҳанд буд.

Саидова М.ААссистенти кафедраи сиёсатшиносии ДДХБСТ -аъзои ҲХДТ

Рубрики
Uncategorized

ПЕШВОИ МИЛЛАТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – САРВАР ВА ҒАМХОРИ ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН

Таърихи 30-солаи Истиқлолияти давлатӣ собит менамояд, ки дар бунёди давлати демократию дунявӣ мақоми ҷавонон бағоят бузург аст. Зеро дар тамоми кишварҳои дунё ҷавонон ба сифати як нерӯи ниҳоят пуриқтидори бунёдкор ва пешбарандаи ҳаёти ҷомеа шинохта ва эътироф шудаанд.“Дар давраи Истиқлолияти давлатӣ, – менависанд муаллифони китоби “Пешвои миллат бо ҷавонон”, – дар ҳаёти ҷавонони Тоҷикистон дигаргуниҳои зиёд ба вуқӯъ омаданд – пастию ноумедӣ, рӯҳафтодагӣ, гаронӣ ва роҳҳои бисёри ноҳамвори зиндагӣ онҳоро дучор омад, ки ҳар қадам, давра ба давра ва дар ҳалли ҳар як мушкилот Сарвари мамлакат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамроҳи ҷавонон буданд ва онҳоро дастгирӣ ва пешвоӣ мекарданд: дар пастиҳо падарвор дастгири ҷавонон буданд; ҷавонони ноумеду рӯҳафтодаро ҳамчун намуна бо ёдоварӣ аз тазодҳои ҳаётӣ ва созгории хеш умед мебахшиданд; гаронии рӯзмараи шахсони ҷавонро ҳамчун бародар ва сарвар сабук ва ҳал менамуданд; ҷавононро дар роҳҳои ноҳамвори зиндагӣ ҳамчун дӯст, рафиқ ва пешво ҳамроҳӣ ва ҳидоят мекарданд, ба онҳо роҳ мекушоданд. Хулоса, Пешвои миллат бо ҷавонон буданд ва ҳастанд”. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо ҷавонони кишвар 21-уми майи соли 2021 гуфта буд: “Ҳукумати Тоҷикистон барои ҳалли мушкилоти ҷавонон, роҳандозии тадбирҳои амалӣ вобаста ба тақвияти фаъолияти онҳо дар ҷомеа, таъмин кардани иштироки фаъоли ҷавонон дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар, тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ дар ниҳоди ҳар як намояндаи насли имрӯза давра ба давра иқдомоти мушахассро амалӣ намуд. Мо ҷавононро неруи созандаву бунёдкор ва пешбарандаи ҷомеаи навини кишварамон ва ояндаи халқамон эълон кардем ва дар ҳалли масъалаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат то имрӯз ба онҳо такя мекунем”. Дар тақвияти ин гуфтаҳо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон борҳо ибрози андеша намуда, аз ҷумла қайд карда аст: “Қобили зикри махсус аст, ки Тоҷикистони мо тибқи таҳлилҳои Хазинаи нуфуси Созмони Милали Муттаҳид аз ҷумлаи кишварҳои дорои афзалияти ҷавонон буда, синну соли миёнаи аҳолии он 22,5 солро ташкил медиҳад.Дар баробари ин тибқи маълумоти оморӣ зиёда 70 фоизи аҳолии кишварро ҷавонони то 35-сола ташкил медиҳанд ва маҳз ба ҳамин зотир Тоҷикистон мамлкати ҷавонон ба ҳисоб меравад”. Бо назардошти ин, дар Тоҷикистон аз солҳои аввали ба даст овардани истиқлолият ба татбиқи сиёсати давлат доир ба ҷавонон ҳамчун нерӯи фаъоли ҷомеа афзалияти бештар муқаррар шудааст.Бо ин мақсад даҳҳо қонуну қарорҳо ва барномаҳои давлатӣ, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон” қабул карда шуданд, ки онҳо барои муттаҳид намудани ҷавонон ва дар пешрафти кишвар, ҳимояи марзу буми он, таҳкими пояҳои давлатдорӣ ва корҳои созандагиву ободкорӣ фаъолона ширкат кардани онҳо роҳи васеъ кушоданд. Омўзиш ва таҳлили татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон собит менамояд, ки вай марҳалаҳои гуногунро тай кардааст:Марҳалаи якум – аз моҳи марти соли 1992 то моҳи июни соли 1997. Ин марҳала аз қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон» оғоз гардида то баимзорасии Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ идома меёбанд.Дар ин марҳала саҳифаи навинро дар инкишофи ҳаракати ҷавонон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13-уми марти соли 1992 «Дар бораи сиёсати ҷавонон» боз намуд. Ташаккул ва муайянсозии роҳу равиши минбаъдаи сиёсати давлатии ҷавонон баъди Иҷлосияи XVI таърихии Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифт. Сарвари Тоҷикистони соҳибистиқлол Эмомалӣ Раҳмон 2 феврали соли 1993 бо ҷавонон мулоқот намуд. Он вақт оташи ҷанг ҳанӯз хомӯш нагардида, дар баъзе ноҳияҳо садои тиру туфанг ба гӯш мерасид. Сарвари мамлакат Эмомалӣ Раҳмон нутқи пурмазмуни барномавии худро чунин оғоз намуда буд: “Имрӯз дар ин толор ман аз чеҳраи кушоди шумо гармии чеҳраи ҷавонони ҷумҳуриро эҳсос мекунам. Мақсад доштам қаблан бо падарону пирони барнодили рӯзгордида мулоқоте доир намоям, чунки онҳо зиндагиву ҳастии худро барои обод намудани ҷумҳурӣ сарф кардаанд. Аммо ҷавонии шумо ақидаамро дигар кард, маро водор сохт, ки аввал бо шумоён вохӯрӣ намоям.Мехоҳам, ки дар ин сӯҳбати рӯёрӯй андешаҳои худро иброз дошта, ҳадафҳоямро фаҳмонам. Дар ин толор ҷавонони ҳастанд, ки барои пешравии ҷомеаи мо маслиҳату пешниҳоди муфид медиҳанд”. Эмомалӣ Раҳмон 4-уми сентябри соли 1993 дар ҷамъомади Шўрои марказии Иттифоқи ҷавонони Тоҷи¬кистон, 17-уми марти соли 1994 дар Анҷумани якуми Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон ширкат варзида, ҷавононро вазифадор кард, ки манфиати халқу давлатро нисбат баҳадафҳои рўзмарраи гурўҳҳо, ҳизбҳо ва созмонҳои алоҳида болотар гузоранд ва чун як тан барои ягонагии Тоҷикистон, осоиш ва некўаҳволии халқ саъю талош намоянд.“Идеали сиёсии мо ваҳдати миллӣ, муттаҳидию ягонагӣ, дӯстию бародарӣ ва пешрафти Ватани азизамон мебошад” – таъкид карда буд роҳбари мамлакат. Бори нахуст дар таърихи давлатдории миллии тоҷикон 6-уми ноябри соли 1994 бо тариқи райъпурсии умумихалқӣ Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид, ки дар он ҳуқуқ, озодӣ ва вазифаҳои асосии ҷавонон ба таври возеҳ муайян карда шудааст.Воқеаи фаромўшнашавандаи таърихии ҳаракати сиёсии ҷавонон – мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷи¬кистон Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони ҷавонони ҷумҳурӣ 23-уми майи соли 1997 буд.Ин мулоқот ба даврае рост омад, ки раванди расидан ба оштии миллӣ ба фарҷоми мантиқии худ расида буд. Ҷараёни нобоварию мухолифат бар марҳилаи ҳамкорӣ дар роҳи бунёди давлати демократии Тоҷикистон табдил ёфт.Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳи бунёдкорӣ ворид сохтани ҷавононро яке аз масъалаҳои муҳим ба шумор овардааст. Ӯ ҷавононро қувваи бузурги бунёдкорони ояндаи Тоҷикистони соҳибистиқлол меҳисобад. Ин аст, ки Эмомалӣ Раҳмон ба тарбияи ватанпарастӣ, муносибати эҳтиромона ба гузаштаи таърихӣ таваҷҷӯҳи махсус дода ҷавононро таъкид менамояд, ки аз фаъолияти қаҳрамононаи насли калонсол ибрат гиранд. “Вақте ки ҷавононро барои бунёди роҳи оҳани Термиз-Душанбе, азхудкунии заминҳои Вахш, каналҳои калони Фарғонаю Ҳисор, роҳи мошингарди Душанбе-Хоруғ, сохтмонҳои азиме чун нерӯгоҳи барқии Норак ва ғайра сафарбар карданд, онҳо бо фидокорӣ ва қаҳрамонии беназири худ ҷаҳониёнро дар ҳайрат гузоштанд”. [9, 6]Бо мақсади амалӣ гардонидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон» Эмомалӣ Раҳмон 23-уми майи соли 1997 фармонро «Дар бораи баъзе чораҳои беҳтар намудани кор бо ҷавонон» имзо намуд. Тибқи фармон ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон супориш дода шуд, ки масъалаи таъсис додани Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро баррасӣ намояд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 27-уми майи соли 1997 дар бораи таъсис додани Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор қабул кард.Дар Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис¬тон бошад шўъбаи сиёсати ҷавонон ба фаъолият шурўъ кард.Таъсис ёфтани Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳуку¬мати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳалли масоили сиёсати давлатии ҷавонон оғоз гардидани марҳилаи нав буд.Марҳалаи дуюми татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон (аз июни соли 1997 – моҳи июни соли 2004) аз баимзорасии Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ то қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» дар таҳрири навро дарбар мегирад.Бо имзорасии Созишномаи умуми истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон марҳилаи муҳими тақдир¬соз шурўъ шуд ва табақаҳои гуногуни аҳолӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дар якҷоягӣ бо мақомоти сохторҳои давлатӣ баҳри татбиқи сулҳ, ваҳдати миллӣ, баланд бардоштани обрўи байналхалқии кишварамон кўшишҳои арзандаю назаррас ба харҷ доданд.Самти дигари сиёсати ҷавонон дастгирии соҳибистеъ¬додҳои ҷавон мебошад. Баҳри дастгирии онҳо 26-уми феврали соли 1998 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъсиси стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷи¬кистон барои хонандагони мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ, литсейҳо, омўзишгоҳҳои касбӣ-техникӣ, техникумҳо ва коллеҷҳо», 20-уми марти соли 1998 «Дар бораи таъсис додани ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавоне, ки дар соҳаи илм ва техника корҳои намоён анҷом додаанд» ба тасвиб расид.16-уми майи соли 1998 мулоқоти Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо ҷаво¬нони лаёқатманд баргузор гардида, рўзномаи «Ҷавонони Тоҷикистон» баъди танаффуси тўлонӣ ба фаъолият оғоз намуд.Омили муҳими марҳилаи мазкур ба корҳои роҳбари¬кунанда пешбарӣ кардани ҷавонон буд.Тавассути Қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷи¬кистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлис¬ҳои маҳаллии вакилони халқ» намояндагони арзандаи ҷавонон сазовори мандати вакилӣ гаштанд.Аз ҷумла Тоҷиниссо Маҳмадова, Мирзодавлат Одинаев, Абдуманнон Холиқов, Давлатаҳмад Саидов, Лайлӣ Бобоева, Ёқубҷон Исмоилов, Раъно Самиева вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуданд.Санавбар Хоҷаева, Қосимҷон Қосимов, Рашид Мирзоев, Ҳамидулло Алишеров узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон гардиданд. Дар заминаи ташаббуси қонунгузории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Қарори Маҷлиси Олии кишвар 23 май «Рўзи ҷавонони Тоҷикистон» эълон карда шуд.Марҳалаи сеюм аз қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» дар таҳрири нав (июли соли 2004) ибтидо гирифта то таъсиси Шўрои миллии кор бо ҷавонон дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон идома ёфтааст.Баъди қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон» (13-уми марти соли 1992) дар муносибатҳои ҷамъиятӣ ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷи¬кистон таҳаввулоти иҷтимоию сиёсӣ ва ислоҳоти иқтисодӣ гузаронида шуд. Бо мақсади ба танзим даровардани муноси¬батҳои нави ҷамъиятӣ, такмили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ин замина қувватгирии сиёсати давлатии ҷавонон, фароҳам овардани фазои мусоидаткунандаи меъё¬рию ҳуқуқии сиёсати давлатии ҷавонон зарурати даровардани тағйиротҳо ба Қонуни асосии ҷавонон ба миён омад.Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 1-уми марти соли 2004 бо истифодабарӣ аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ мутобиқи моддаи 58 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон»-ро барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуд. 9-уми июни соли 2004 дар иҷлосияи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» дар таҳрири нав қабул гардид.8-уми июли соли 2004 Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон»-ро ҷонибдорӣ кард.«Вобаста ба тақозои замон, – қайд намуда буд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар вохўрӣ бо намояндагони ҷавонони мамлакат 21-уми майи соли 2005, – соли гузашта Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» дар таҳрири нав қабул гардид, ки барои ҳалли масъалаҳои марбут ба ҷавонон заминаи боэътимод фароҳам овардааст…Сиёсати давлатии ҷавонон сиёсатест, ки татбиқи он аз сохторҳои гуногуни ҳукумативу ҷамъиятӣ фаъолияти муштаракро тақозо менамояд.Аз ҷониби дигар масъалаҳои ҷавононро бо истифодаи нерўи созандаи онҳо ба манфиати рушди давлату ҷомеа бо роҳи фароҳам овардани шароит ҷиҳати иштироки фаъолонаашон дар ҳаёти иқтисодиву сиёсӣ ва иҷтимоиву фарҳангии мамлакат метавон ҳаллу фасл кард. Инкишофи маънавию ҷисмонии ҷавонон ва нерўи солими онҳо барои давлату миллат омили муҳим аст». 23-юми майи соли 2013 мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо ҷавонони кишвар доир гардид. Мулоқоти Президенти кишвар бо намояндагони ҷавонон ҳамчун идомаи марҳалаи амалигардонии сиёсати давлатии ҷавонон мебошад.Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои амалӣ намудани «Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2020», «Консепсияи миллии сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар барномаҳои соҳавӣ дар маҷмўъ 840 миллион сомонӣ равона кардааст.Марҳалаи чорум аз таъсиси Шўрои миллии кор бо ҷавонон дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (19-уми июли соли 2015) оғоз меёбад. Таъсиси Шўро иқдоми навбатии мақоми олии сиёсии мамлакат дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, дар оянда робитаи бевосита ва самарабахши ҷавононро бо роҳбарияти кишвар таъмин менамояд.Тағйиру иловаҳои ба Конститусияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (22-юми майи соли 2016) воридшуда барои фаъолияти ҷавонон майдони боз ҳам фарох кушода, ҷиҳати иштирок дар идоракунии давлат ва интихоб ба мақоми роҳбарии шохаҳои ҳокимият заминаи мусоид фароҳам овард.Ҳам замон як қатор имкониятҳои конститутсионии ҷавонон дар ҳама ҷабҳаҳои зиндагӣ, аз ҷумла дар самтҳои фаъолияти соҳибкорӣ (моддаи 12), иштирок дар ҳаёти сиёсӣ ва идораи давлат (моддаи 27), меҳнат (моддаи 35), истироҳат (моддаи 37)ҳифзи саломатӣ (моддаи 38) иштирок дар ҳаёти фарҳангии ҷомеа (моддаи 40), таҳсил моддаи (41) ва монанди инҳо амалӣ гардида истодаанд.Бо мақсади ҳамоҳангсозии масъалаҳои ҷавонон дар Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Кумитаи оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, ҳифзи сиҳат, илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати байни ҷавонону занон дар ҷомеа, дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Кумита оид ба оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати байни ҷавонон ташкил карда шудааст.Инчунин дар Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ Комиссияи доимӣ оид ба масъалаҳои илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати байни ҷавонон амал мекунад.Боиси тазаккур аст, ки дар интихоботи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (1-уми марти соли 2020) сиёсатмадори ҷавони умедбахш раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ узви Маҷлиси миллӣ интихоб шуд. Аъзои Маҷлиси миллӣ якдилона Рустами Эмомалиро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб карданд.Мувофиқи маълумоти оморӣ дар соли 2020 шумораи ҷавонони то синни 35-сола дар байни хизматчиёни давлатӣ 8347 нафар ё худ 45,5 фоиз ва дар ҳайати кадрҳои роҳбарикунанда 1279 кас ё 22,6 фоизро ташкил медиҳад. Далели ин гуфтаҳо ба вазифаҳои раиси шаҳри Душанбе таъин шудани Рустами Эмомалӣ, раиси ноҳияи Ашт Зариф Мирдадо, раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода, муовини раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ ва дигарон мебошанд.Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон олимони ҷавону лаёқатманд Қобилҷон Хушвактзода, Шукрулло Хайрзода, Убайдулло Асрорзода ректорони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон, Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат таъин гардиданд. Вобаста ба таҳсил Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои наврасону ҷавонон тамоми имкониятҳоро фароҳам овардааст, то насли ояндасози миллат аз илм, техника ва технологияҳои замони муосир баҳравар бошанд ва давлати хешро дар арсаи ҷаҳонӣ сазовор муаррифӣ намуда, парчамбардор ва посдори фарҳанги миллӣ бошанд. Дар ин замина гирифтани таҳсили ройгон дар ҳамаи зинаҳои муассисаҳои таълимии кишвар ва таҳсилоти олӣ дар хориҷи мамлакат кафолат дода шудааст. “Имрӯз шумораи муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ба 41, донишҷӯён ба 245 ҳазор ва бо иловаи донишҷӯёне, ки дар хориҷи кишвар таҳсил мекунанд, ба 285 ҳазор нафар расидааст…Таҳсили ҷавонон дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва илмии кишварҳои хориҷӣ яке аз ибтикороти муҳимми Ҳукумати мамлакат дар самти рушди илму маориф маҳсуб меёбад.Ҳоло дар хориҷи кишвар зиёда аз 40000 нафар донишҷӯ, магистр ва аспирантҳои мо ба таълим фаро гирифта шудаанд.Мо бояд тавассути стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дурахшандагон», барномаҳои байналмилалӣ ва дигар имконоти мавҷуда таҳсили ҷавонони боистеъдодро дар хориҷи мамлакат вусъат бахшем”. Ширкати хонандагони Тоҷикистон дар олимпиадаҳои сатҳи ҷаҳонӣ бештар гардида, дастовардҳо низ дар ин самт зиёданд. Агар дар соли 2016 хонандагони тоҷик аз олимпиадаҳои байналмилалӣ 133 медал – 21 тилло, 33 нуқра ва 79 биринҷӣ ба даст оварда бошанд, пас дар соли 2017, хонандагони тоҷик дар 26 олимпиадаи байналмилалӣ иштирок намуда, 165 медал, аз ҷумла 34 тилло, 57 нуқра ва 74 биринҷӣ ба даст оварда, парчами Ватанро дар арсаи ҷаҳонӣ баланд бардоштанд.Дар соли 2019 бошад, хонандагони кишвар, дар олимпиадаҳои байналмилалӣ, ки дар чандин давлати пешрафтаи дунё баргузор гардидан, фаъолона иштирок карда, сазовори 251 медал, аз ҷумла 67 тилло, 66 нуқра ва 118 биринҷӣ гардиданд. Соли 2020 дар асоси дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо масъулонои соҳаи илму маориф ва аҳли зиёи кишвар шумораи стипендияи Президентӣ аз 400 ба 3000, шумораи чунин стипендияҳо дар муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ аз 100 ба 500 ва барои аспирантони муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва илмӣ аз 15 ба 50 расонида шуд.Бояд тазаккур дод, ки аз шумораи умумии стипендияҳои президентӣ 70 фоиз ба фанҳои табиӣ, риёзӣ ва дақиқ равона гардидааст. Аз соли 2017 инҷониб дар назди Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш бо ҷалби гирандагони Стипендияҳои президентӣ маҳфили доимоамалкунандаи “Стипендиантҳои ҷавон” фаъолият намуда истодааст. [16]Яке аз механизмҳое, ки айни замон ҷавонони соҳибилмро гирди ҳам овардааст, ин дар фазои илмии кишвар фаъолият намудани Шӯрои олимони ҷавонони Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Дар соли 2015 Низмономаи Шӯрои олимони ҷавон аз нав қабул шуд, ки дорои 18 бюро буда, айни ҳол 200 нафар олимону муҳаққиқони ҷавон узви он мебошанд. Инчунин солҳои охир шумораи ихтирокорони ҷавон рӯ ба рушд буда, шумораи ихтироъкорони ҷавон (аз 21 то 30 сола) то санаи 3 сентябри соли 2018 – 92 нафар мебошанд. Илова бар ин бо мақсади дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии бештари олимони ҷавон шумораи ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимон ва муҳаққиқони ҷавон зиёд карда шуда, ҳар сол 12 нафар ба ин ҷоиза сарфароз гардонида мешавад ва то ба имрӯз 160 нафар олимони ҷавон соҳиби ин ҷоиза гардидаанд. Иштирок ва суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи якуми Шўрои миллии кор бо ҷавонон дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (27-уми майи соли 2016) саҳифаи зарринро дар таърихи ҳаракати ҷавонони кишвар ибтидо гузошт.Сарвари давлати тоҷикон, Раиси Шўрои миллии кор бо ҷавонон Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ стратегияи нави ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозии фаъолияти давлатиро бо ташкилоту созмонҳои ҷавонон бо таври возеҳу равшан муайян ва чунин иброз намудааст: “Имрӯз масъалаҳои зиёди ҳаётан муҳим, аз ҷумла таҳкими пояҳои давлатдорӣ, рушди устувори кишвар, бунёди роҳҳо ва нақбу пулҳо, нерӯгоҳҳои хурду бузург, сохтмони садҳо иншооти иҷтимоӣ, инчунин чорабиниҳои фарҳангиву варзишӣ ва дигар корҳои шоиставу созанда ҷавонони моро интизоранд.Барои амалӣ гардидани ин корҳои бузург аз ҳар як ҷавони ватандӯсту ватанпарвар дониши амиқ, ҷаҳонбинии замонавӣ ва муҳимтар аз ҳама, ҳисси баланди миллӣ ва худогоҳиву худшиносӣ тақозо мегардад.Умед дорем, ки ҷавонони мо аз уҳдаи иҷрои ин вазифаҳо мебароянд ва минбаъд низ кӯшиш мекунанд, ки ба нафъи давлату ҷомеа содиқона хизмат намоянд». Ҷавонони Тоҷикистон дар сохтмони иншооти бузурги аср – Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” фидокорона меҳнат кардаанд. Мурод Саъдуллоев – муовини директори техникии ин иншоот чунин арзёбӣ намудааст: “Ман албатта дар ҳамин андеша ҳастам, ки ҷавонон дар ҳама давру замон ояндаву ояндасози давлату миллатҳо буданд, ҳастанд ва мемонанд. Ва насли бузургсолтарро мебояд дар тарбияву ба камолрасонии насли ҷавон пайваста заҳмат кашанд, то эшон нисбат ба насли пешини худ хубтару донишмандтару бомаърифаттар бошанд. Дар ҷавонони мо албатта ин чиз ҳис карда мешавад. Агар нақши эшонро дар бунёди нерӯгоҳ ҳисоб кардан хоҳем, бесобиқа хоҳад буд. Ман дар ҳақиқат ба ин боварам, ки бидуни нақши ҷавонони боору ватандӯст мо наметавонистем ба ин чиз даст ёбем”. Дар тақвияти ин гуфтаҳо Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон қайд менамояд: “Қобили зикр аст, ки мо иштироки фаъолонаи ҷавонони мамлакатро дар сохтмони иншооти азиму тақдирсози кишвар, аз ҷумла неругоҳи барқи обии “Роғун” ва дар тамоми корҳои бунёдкориву созандагӣ бараъало мушоҳида менамоем.Аз 11 ҳазор нафар бунёдкорони иншооти азими аср – неругоҳи барқи обии “Роғун” беш аз 40 фоизашон ҷавонони то 40-сола мебошанд”. Саҳифаи навро дар ҳаёти ҷавонони мамлакат пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (22-уми декабри соли 2016) боз намуд, ки дар он омадааст: “Бо дарназардошти саҳми ҷавонон дар рушди ҷомеа ва иштироки фаъолонаи онҳо дар ҳаёти сиёсиву иқтисодии мамлакат пешниҳод менамоям, ки соли 2017 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Соли ҷавонон эълон карда шавад.Ҷавонони мо дар ҳар ҷое, ки бошанд, бояд ҳисси баланди миллӣ дошта бошанд, бо Ватан, миллат, давлати соҳибистиқлоли худ ва забону фарҳанги миллии хеш ифтихор намоянд ва барои ҳимояи онҳо ҳамеша омода ва ҳушёру зирак бошанд”. Соли 2017-ро барҳақ метавон дар асл Соли ҷавонон, таҷлили 25-умин солгарди ташаккулёбии сиёсати давлатии ҷавонон ва 20-умин солгарди фаъолияти мақомоти ваколатдори давлатии соҳаи кор бо ҷавонон номид. ин иқдом дар татбиқи сиёсати давлатӣ оид ба дастгирии ҷавонон нақши назаррас бозид.Ташаббуси мазкур, инчунин, барои боло рафтани ҳисси ватандӯстӣ, ташаккули тафаккури ҷавонон доир ба масъалаҳои ифтихори миллӣ ва худогоҳиву худшиносӣ такони ҷиддӣ бахшид. “Бо назардошти саҳми ҷавонон, – таъкид менамояд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, дар рушди ҷомеа ва иштироки фаъолонаи онҳо дар ҳаёти иқтисодиву сиёсии мамлакат мо соли 2017-ро “Соли ҷавонон” эълон карда будем, ки ба таҳкими бештари нақши ҷавонон дар ҷомеа ва фароҳам овардани шароити беҳтар барои онҳо мусоидат намуд.Ин иқдом татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон ва фазои кору фаъолияти онҳоро дар муҳмтарин самтҳои ҳаёти ҷомеа, алалхусус, сиёсат, иқтисод ва фарҳанг тавсеа бахшид”. 21 майи соли 2021 мулоқоти навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо ҷавонони кишвар баргузор гардид. Сарвари давлати тоҷикон дар ин мулоқот ба мавқеи ҷавонон аз ҷумла қайд намуд: “Ҷавонон мояи ифтихор ва сарбаландии Тоҷикистони азиз мебошанд. Мо ба ҷавонон эътимоди комил дорем, дастгирии самимонаи онҳоро аз сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумат қадрдонӣ менамоем ва нақши арзишмандашонро дар ҳамаи ҷанбаҳои ҳаёти кишвар эҳсос менамоем”. Ҷавобан ба талошҳои пайгирона ва ҳамвора бо ҷавонон будани Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, насли ҷавони кишвар, бахусус ҷавонони соҳибистеъдоду лаёқатмандро мебояд тамоми нерӯ ва тавоноии хешро баҳри рушди устувори Ватани хеш – Тоҷикистон, татбиқи босамари дастуру ҳидоятҳо ва сиёсати пешгирифтаи Сарвари давлат, пос доштани таъриху тамаддун ва арзишҳои миллӣ, дастовардҳои давраи Истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати миллию суботу осудагии ҷомеа равона карда, зимнан, ба наслҳои дигар онҳоро мерос гузоранд.

Набиев В.М., доктори илмҳои таърих, профессори кафедраи таърихи Ватан ва археологияи ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров

Рубрики
Uncategorized

Шаҳристон: Мулоқот бо наврасон ва ҷавонон

Санаи 3-юми ноябри соли 2021 роҳбари ТҶҶ “Созандагони Ватан”-и назди Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳристон Обидов Илёс бо мақсади зиёд намудани ҷавонон ба сафи аъзои ТҶҶ “Созандагони Ватан”мулоқот бо наврасон ва ҷавонон-фаъолони муассисаҳои ноҳия баргузор намуд. Дар мулоқот намояндагони кумиҷоияи ноҳия ба ҷавонон маълумот дар бораи ТҶҶ “Созандагони Ватан” маълумот дода, бо онҳо суҳбат гузарониданд.