Рубрики
Uncategorized

ШАҲРИСТОН: Маҷлиси ҷамъбастии ташкилоти ибтидоӣ

Санаи 20.01.2022 дар толори ташкилоти ибтидоии “Маркази саломатӣ” маҷлиси ҷамъбастии ташкилоти ибтидоӣ баргузор гардид.

Дар ҷамъбаст раиси ташкилоти ибтидоӣ Абдурасулов Нарзӣ, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳия Шоахмедов Исматшо, мудири шуъбаи ташкили ва кор бо кадрҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳристон Обидов Илёс, мудирони марказҳо ва бунгоҳҳои тиббии деҳаҳои ноҳия ва аъзоёни фаъоли ташкилот ибтидоии иштирок доштанд.

Дар чорабинии мазкур раиси ташкилоти ибтидоӣ Абдурасулов Нарзӣ баромад намуда, оид ба натиҷаҳои фаъолияти соли 2021 ҳисобот дода барои соли 2022 вазифагузори намуд. 

Рубрики
Uncategorized

ХУҶАНД: Паём – роҳнамои миллат

Аз рӯйи нақша – чорабинии тасдиқнамудаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ дар ҳамаи ташкилотҳои ибтидоии кумиҷроия вохӯриву мулоқот баргузор гардида истодааст.

Субҳи мирӯз гурӯҳи кории тарғиботчиёни кумиҷроия дар ташкилотҳои ибтидоии “Само”, “Султон Ӯрунов” дар назди беморхонаи клиникавии №1, “Нур” дар назди Маркази микроҷарроҳии чашми вилояти Суғд мулоқот бо аъзоҳои фаъоли ҳизб доир гардид.

 Дар мулоқот нуктаҳои Паём шарҳу эзоҳ дода шуда, таъкид гардид, ки Пешвои миллат ба соҳаи тандурустӣ таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намуда, ҳамеша дастгирӣ мекунанд. Ин ғамхориҳои Пешвои муаззами миллат моро водор мекунад, ки баҳри  ободониву бунёкорӣ ва пешрафту тараққиёти Тоҷикистони соҳибистиқлоламон саҳми босазои хешро гзошта бошем.

Рубрики
Uncategorized

ХУҶАНД: Сулҳ мехоҳам ҳамеша бар кишвари барнодилам

Сулҳу ваҳдат бехтарин неъмати хаёти инсон, орзуву армон модарон, тахкими давлат, начоти миллат, рушди точикон, нумуи даврон, хастии инсон дар хар замину замон аст. Вахдат ва сулхи умумибашарии Точикистон чонибдории мамлакатхои хамзамони берунмарзӣ мавкеву макоми онро дар миқёси чахон овозадор менамояд.

Ба ақидаи Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти мамлакат Эмомалӣ Рахмон «Ҳар касе, ки нихоле сабзонда бошад, медонад, дарахт соле як маротиба ҳосил медихад. Аммо ниҳоле низ хаст, ки хамеша меваи ширин ба бор меорад. Мо меваи ширину сабзонидаамонро чашидем, ҷомеаи мо аз он бахравард гардид, мо ҳаргис роҳ намедихем, ки дигар теша ба решаи он рассад».

Он даарахте, ки Президентамон ба сулху вахдат ташбех додаанд, имрӯзхо меваҳои ширину бисёре ба самар оварда истодааст, ки бо онхо мо, точикон фахр мекунем. Муносибати нави давлатӣ, сиёсати сохибистиклол гардидани Тоҷикистон, сохмони роххои нави дохилию берунӣ ва ба хоричӣ кишвар баромадани тоҷиконро ба миён гузошт. Роҳи оҳани Кургонтеппа – Кулоб сохмони шоҳрохи Вахдат ба мамлакатхои Осиё, ба сӯи уқёнуси ҷаҳон, роҳҳои калонтарини хушкигард расонид. Ин аҳвол боиси эҳёи арзишхои миллии роҳи бузурги Абрешим гардид, ки Бохтару Суғдро бо калонтарин давлатҳои ҷахон мепайвандад.

Ин ҳама дастоварҳои ИСТИҚЛОЛИЯТ аст, ки мардуми тоҷик онро бо сарварии Пешвои муаззами худ ба даст овард.

Аммо баъди пойдор гардидани субот дар Тоҷикистон ғазаби хоинони кишвар боз ҳам баландтар шуд. Оҳо аз ҳар тараф истода оромии кишвари моро халалдор кардани ҳастанд. Яке аз ин гуна равияҳо ин ҲНИмебошад, ки аз рӯзҳои нахустини таъсисёбиаш зери ниқоби демократия фикри мардумро олудаи кинаву адоват ва фикрҳои бад кардани буд.

Таъсис ва фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсие, ки нажодпарастӣ, миллатгароӣ, хусумат, бадбинии иҷтимоӣва мазҳабиро тарғиб мекунанд ва ё ба зӯрӣ сарнагун карданисохтори конститутсионӣ ва ташкили гурӯҳҳои мусаллаҳ даъват менамоянд манъ аст.

Сарвари ин ҳизб Муҳиддин Кабирӣ, ки доиммо дар сараш фикри бад дораду ҳамеша аз паи вайрон намудани сохти конститутсионӣ дар кишвари мост тариқи сомонаҳои интернетӣ бар зидди ҳокимияти мо ҳаргуна баромадҳои иғвоангез мекунад. Ҳамаи баромадҳояш сохтакорона ҳастанд. Худаш дар хоирҷаву гӯшаш дар Тоҷикистон. Бо истифода аз фурсатҳои қулай мехоҳад оромии моро бар бод диҳад. Агар мо ба васвасаҳои ин гуна хоинон дода шавем дар кишвари мо ҳам бесару сомониҳо ба амал меояд. Ман ба ҳамаи ҷавонони саодатманди диёр муроҷиат намуда гуфтаниям, ки ба суханони бегонагон дода нашаванд ва зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд.

Сулху вахдат ифтихори миллати сохибдилам,

Васфи онхоро намояд, решаи чону дилам.

Дар миёни кавмхо пайвастагй моро аз он,

Дахр бинмояд ситоиши мардуми барнодилам.

Биоишаи Назар, аъзои

 ТҶҶ “Созандагони Ватан”дар шаҳри Хуҷанд

Рубрики
Uncategorized

ХУҶАНД: Паём – роҳнамои мо!

Маркази Тоҷикстандарт дар вилояти Суғд чун воҳиди сохтори Ҳокимияти давлатӣ ҷиҳати бамеъёрдарории техникӣ, стандартонӣ, баҳодиҳии мутобиқат ва таъмини метрологӣ ва қоидаҳои савдо сиёсати Ҳукумат ва дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро меҳвари асосии фаъолияти хеш қарор дода, нақши худро дар амалӣ гардонидани ҳадафхои созанда ва бунёдкоронаи мамлакатамон мегузорад.

Санаи 19 январи  соли ҷорӣ дар ташкилоти ибтидоии “Сифат”  вохӯрӣ оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ  Раиси  Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомолӣ Раҳмон доир гардид, ки дар он Раиси Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Маликисломӣ Наим Мунаввар ва директори Маркази Тоҷикстандарт  дар вилояти Суғд Мухиддинов Ғайбулло Хайруллоевич ширкат варзида, оиди нуктаҳои муҳими Паём ибрози андеша намуда, зикр намуданд, ки  дар марҳилаи ҳозираи таърихӣ арзишиҳои миллӣ аҳмияти махсус пайдо намудаанд. Тарбияи ҷавонони мамлакат дар рӯҳияи ватандӯстию  ватанпарастӣ, худшиносӣ , меҳнатдӯстӣ омӯзиши илм ва касбу ҳунарҳои муосир, истифодаи самараноки иқтидорӣ зеҳнӣ ва маънавии онҳо ба манфиати ҷомеа буда, масълаҳои муҳимтарини ҷомеа маҳсуб меёбанд.

Рубрики
Uncategorized

ИСТАРАВШАН: Вохӯрии тарғиботчиён

         Ҳайати гурӯҳи тарғиботии КИ ҲХДТ дар шаҳри Истаравшан ҷиҳати баррасии Паёми Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо омӯзгорон ва толибилмони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №13, деҳаи Маҳаллаи Ясӣ вохӯрӣ гузаронданд.

Рубрики
Uncategorized

ИСТАРАВШАН: Эмкунӣ – роҳи наҷот аз беморӣ

Ҳайати гурӯҳи тарғиботии КИ ҲХДТ корҳои фаҳмондадиҳиро дар байни аҳолӣ ҷиҳати ба эмкунии саросарӣ фаро гирифтани аҳолӣ алайҳи бемории сироятии “Ковид-19” вусъат дода истодаанд.

         Дирӯз ҳайати гурӯҳи тарғиботӣ бо омӯзгорони МТМУ №50, деҳаи Обҷувоз вохӯрӣ гузарониданд. Аз омӯзгорон даъват ба амал оварда шуд, ки дар байни падару модарон, сокинони деҳа дар корҳои фаҳмондадиҳӣ ҷиҳати ба эмкунӣ фаро гирифтани аҳолӣ бо ҳайати гурӯҳи тарғиботӣ ёрии амалӣ расонанд.

Рубрики
Uncategorized

ГУЛИСТОН: “Саломатӣ бойгарии инсон – нисбати саломатӣ беаҳамият набошед!”

       

         Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ баҳри пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии коронавирус КОВИД-19  ба гузаронидани чорабиниҳои таблиғотӣ бобати пешгирӣ аз ин беморӣ вусъат бахшид.

          Имрӯз мудирони шуъбаи таблиғоту иттилот,бахши занону ҷавонон ва роҳбари намояндагони ТҶҶ “Созандагони Ватан”  корҳои таблиғотиро ба роҳ монда, дар кӯчаҳои Мирзо Турсунзода, Айнӣ ва Истиқлол бо усули “хона ба хона”, “кӯча ба кӯча” бо истиқоматкунандагон аксия таҳти унвони  “Саломатӣ боигарии инсон – нисбати саломатӣ  беаҳамият набошед!” доир намуданд. Бобати гирифтани ваксина, тозагии маҳалли зист, риоя кардани қоидаҳои гигиенаи шахсӣ, истифодаи маҳлулҳои безараркунанда сӯҳбат намуда,  аъзоёни  ТҶҶ “Созандагони Ватан”  маводҳои таблиғотӣ ва антисептикӣ тақсимот ва насб карданд. Суратгузориш аз ҷараёни корҳои тарғиботӣ.

Рубрики
Uncategorized

БОБОҶОН ҒАФУРОВ: Худ ва дигаронро ҳифз намо!

АКСИЯ: Тавре огаҳӣ дорем, имрӯзҳо ба миён омадани хуруҷи нави бемории сироятии КОВИД-19 ҷомеаи ҷаҳониро нигарон намуда,боиси гирифтор шудани одамон ба ин беморӣ гардидааст.

Аз ин рӯ, Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров тадбирҳои амалӣ ва чорабиниҳои таблиғотиро ҷиҳати пешгирӣ аз ин беморӣ вусъат бахшида, дар ин замина чорабиниҳои фаҳмондадиҳиро миёни аҳолӣ ба таври шоиста роҳандозӣ намуд.Баргузории аксия дар ҷойҳои ҷамъиятӣ шаҳодати гуфтаҳои болоист.

Рубрики
Uncategorized

БОБОҶОН ҒАФУРОВ: Идомаи корҳои фаҳмондадиҳӣ ва ваксинагузаронии аҳолӣ бар зидди бемории сироятии Covid-19

Дар заминаи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи марҳила ба марҳила гузаронидани иммунизатсия бар зидди бемории сироятии COVID-19 байни гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ, ҳамарӯза кормандони кумиҷроияи ноҳиявӣ, корҳои фаҳмондадиҳӣ ва ваксигузаронии байни аҳолӣ гузаронида шуда истодааст.

Рубрики
Uncategorized

БОБОҶОН ҒАФУРОВ: Паёми сарвари давлат – намунаи барҷастаи ахлоқу тарбия

Паёми Президент дар баробари аҳамияти сиёсиву ҳуқуқӣ доштан, инчунин, аҳамияти махсуси ахлоқиву тарбиявӣ низ дорад.Суханону андешаҳои пурмуҳтаво ва пандомӯзи Сарвари давлат зимни ироаи паёмҳояшон дар бораи адлу тадбир, таълиму тарбия, илму маориф, ватандӯстиву ватанпарастӣ, саховату эҳсон,адолати иҷтимоӣ ва амсоли онҳо боиси баланд гардидани масъулият ва ҳисси милливу ватандӯстӣ, маърифати сиёсӣ ва ҳуқуқии аҳолии мамлакат, бахусус, наврасону ҷавонон мебошад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат ,Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба тарбияи насли наврас аҳамияти хоса зоҳир намуда, ҳамеша таъкид мекунанд, ки насли ҷавон ояндаи кишвари мо мебошанд.Барои дар амал татбиқ намудани ин сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат,Ҳукумати кишвар тамоми шароити моддиву маънавиро баҳри ҷавонон фароҳам овардааст.Ҷавобан ба ин ғамхориҳо бояд ҷавонони мо ҳамқадами замони муосир гашта,ба омӯзиши илму дониш ва касбу ҳунар машғул бошанд ва ба роҳи дурусти зиндагӣ қадам гузоранд.

Оила зинаи аввалини тарбияи фарзанд мебошад.Тарбияи фарзанд бошад аз ҳар як падару модар масъулият талаб мекунад.Волидайни бомаърифат фарзандашро аз назари худ дур насохта, робитаро бо муррабиёну муаллимон барқарор мекунад.Ва фарзандони худро ба илмомӯзӣ , касбомӯзӣ,дӯст доштани Ватан, ҳурмати калонсолон барин хислатҳои хуб далолат мекунад.

Омӯзиши Паёми Сарвари давлат ҳамчун намунаи барҷастаи ахлоқу тарбия, рафти иҷроиши Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз дар ҷаласаи падару модарони ташкилоти ибтидоии маҳаллаи Сангин Ҳоҷӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.